JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 06 Октябри 2026 07:46

Хислатҳои умда ва бунёдии Пешвои муаззами миллат

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

  Қобили қайд аст, ки дар ҳама давру замон нақши ҷомеасозиро шахсиятҳое бозидаанд, ки дар лаҳзаҳои вазнину сарнавиштсзи давлатдорӣ тақдири давлату миллати хешро бар души худ гирифта ононро ба масири ободиву созандагӣ баргардонидаанд. Воқеан ҳамин гуна хидматро барои миллати мо дар даврони Истиқлоли сиёсӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом додаанд. Ин гуна шахсиятҳои давлатсозу сиёсатмадор иддае аз қобилиятҳо ва сифотеро дороанд, ки дар муваффақ будани онҳо ҳамин гуна сифатҳо метавонанд нақши калидӣ дошта бошанд. Шояд дар шахсияти Сарвари давлат қобилияту сифатҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо ба назари инҷониб умдатарин ва бунёдитарини онҳо сифатҳои фаросат,ҷасорат, устуворӣ ва мардумият ба ҳисоб мераванд, ки дар тамоми даврони фаъолияти ин бузургмарди миллӣ ифода гардидаанд. 

Пушида нест, ки оғози солҳои 90-уми асри 20 дар сиёсати ҷаҳонӣ тағйироти куллие, ки ба вуқуъ пайваст ва иттиҳоди шуравӣ ба ҳайси як давлати абарқудрати олам  аз байн рафт ва дар заминаи он давлатҳои нави миллӣ зуҳур намуданд. дар баъзе аз кишварҳои паҳнои собиқ шуравӣ қувваҳои гуногун ҷиҳати дарёфти ҳокимияти сиёсӣ мухолифату муборизотро шуруъ намудаанд. кишварҳои тоза ба истиқлол расида дар пайи тақсими мероси аз шуравӣ боқӣ монда шуғл меварзиданд, вале қувваҳои сияҳкоре ки бе банду бориро дар Тоҷикистон ба вуҷуд оварданд, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо пули бегонагон ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ба роҳ монданд ва сабаби ғорат шудани дороии кишвар ва маҳрум мондан аз ҳама он мероси шуравӣ буд. Дар ҳамин вазъ ки акнун мардуми кишвар дар оворагиву дар ба дарӣ ва нокомию ноумедӣ қарор дошт миллатҳои дигар ки сокинони кишвар буданд, Тоҷикистонро тарк карданд ва муқимнишинони мамлакат дар тарсу таадӣ қарор доштанд ва дар хонаҳои худ паноҳ бурданд. Кучаҳои шаҳр холӣ гардида дари корхонаю муассисаҳо ва мактабу маориф баста гардид. Мардум аз минтақаҳои дар гирд фарор карда худро ба ҳар кую пуштае ки нисбатан амр бошад, паноҳ мебурданд. Аз ҳама ҷо садои тиру гулула ва буи хун ба машон мерасид. Акнун дигар ҳарфи қонунро силоҳ мегуфт.

 Алангаи ҷанги бародаркуш дар кишвар доман паҳн мекард. Мардуми кишвар аз гуруснагию беморӣ ранҷ мебурданд. Амалан баргузории иҷлосияи Шурои Олӣ дар пойтахт  имкон надошт. Ҳамин замон буд, ки қувваҳои солимфикри ҷомеа иҷлосияи 16-уми Шӯрои олиро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намуданд ва ин иҷлосияи сарнавиштсоз вазъро минбаъд дар кишвар дигар сохт. Ин замон замоне буд, ки нафарон аз ба душ гирифтани масъулияти роҳбарӣ тарс доштанд, ҳар нафаре ҷасорат надошт то масъулияти роҳбариро бар души хеш бигирад.

Дар ҳамин гуна вазъи ҳассосу мураккаб сари қудрат омадани ҷавоне  бо ҷасорати том масъулияти  роҳбариро бар душ гирифт.  Бо баробари пазируфта шудан аз аввалин паёми умедворкунандаро, ки аз фаросати азимаш дарак медод ва дар ин иҷлосия аз тарафи ин роҳбари ҷавон садо дод он буд, ки ман ба кишвар сулҳро бармегардонам ва то як нафар фарориро ба кишвар баргардондан худро осуда намеҳисобам. Ин паём дар дили мардум дубора шуълаи умедро равшан сохт ва ин ҷавон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи гузоштаи хеш устуворона даст ба кор шуд. Ҳамин буд, ки аз аввалин корҳоеро, ки Эмомалӣ Раҳмон баробари ба қудрат расидан анҷом доданд  ба кишвар овардани сулҳ буд.

Қобили қайд аст, ки дар он рӯзгори пур аз яъсу навмедӣ, ки силоҳ сухан мегуфт ва ҷаҳлу хашм ҳамаро фаро гирифта буд ва ҳарфи мардӣ ва қонунро туфангмардон мезаданд, ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ кори соддае набуд. Ин роҳбари ҷавон тайи чор сол бо бедорхобию часпу талошҳо аз худ гузаштану ҳадафи ба ҳам овардани давлату миллатро дар сар парварида, ба ҳама тарафҳои даргир дасти бародарӣ дароз намудан ва ба назди ҳар нафаре новобаста аз мақому шахсияташ рафтан ва ба онон гуфтушунид намудан аз ҷасорат ва фаросати азими муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳамин аз худ гузаштанҳо ва устувор будан ба ҳадафи худ боиси он гардид, ки дар ҳафт раванди гуфтушунид ахиран 27-уми июни соли 1997 ба ҳадафи ниҳоӣ яъне имзои Созишномаи Сулҳ ва Ризоияти Миллӣ расиданд ва кишварро аз вартаи нобудӣ берун оварданд. Ҳамаи ин бозгукунандаи он аст, ки Сарвари давлат  дорои фаросати баланди сиёсӣ буда, ҳанӯз бо баробари ба ин арса ворид шудан, дар кору амали ӯ ин сифат зуҳур намуда буд. Аз ин рӯ аз ибтидои ворид шудан ба сиёсат илми фаросатро ба по гирифта, корҳои давлатдориро ором ором ва дилпуронаву босаброна дар кишвар татбиқ сохтанд. Бо ин фаросати азим тавонистанд кишварро аз вартаи нобудӣ берун оварда,  сулҳи сар то сариро дар кишвар ба миён пойдор намоянд.  

Қобили қайд аст, ки агар сулҳу салоҳ дар кишвар ба миён намеомад, аз байн рафтани Тоҷикистон ба ҳайси давлати мустақил яқин буд, зеро ин ҳадафро кайҳо баъзе аз қувваҳои хориҷӣ дар сар мепарварданд. Ҳамин фаросату ҷасорат ва устувориву мардумияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонистанд кишварро аз вартаи нобудӣ раҳонида онро аз як кишвари дар ҳоли парокандагиву аз байн рафтан ба як давлати пешрафтаву амн табдил диҳанд.

 Сифатҳои фаросату ҷасорат ва устувориву мардумият дар ҳама кору амали Эмомалӣ Раҳмон муҷалло ба назар мерасанд. Ононро ҳамеша дар тамоми мавриди роҳбариаш нигоҳ доштаанд, ки онро метавон муфассал мавриди омӯзиш қарор дод. Ин ҷо ба тарзи иҷмолӣ баъзе аз паҳлуҳои онро метавон ҳамчун мисол зикр кард. Агар амалкардҳои имрӯзаи ӯро низ ба назар гирем ин сифатҳо ҳанӯз ҳам бо ин ки як сиёсатмадори таҷрибадору варзидааст ва ҷойгоҳи муҳимеро ҳамчун шахсият дар ҷомеа дорост, вале ин сифатҳо ҳанӯз дар кору амалаш чун сифатҳои меҳварӣ  қарор гирифтаанд. Яъне чун номбурда ба ҳайси як сиёсатмадор аз байни мардум бархоста буданд, ҳамон мардумиятро барои ҳамешагӣ дар худ нигоҳ доштаанд.

Пӯшида нест, ки имрӯз ҳам фаросату ҷасорат ва устуворию мардумиятро, ки дар дарозои фаъолияти худ аз онҳо истифода намудаанд, ҳанӯз идомат мебахшанд. Ҳеҷ гоҳ аз мардум фосила нагирифта, ҳамеша дар ҳама вазъ бо мардум ва дар бари мардум қарор гирифтаанд, чи дар лаҳзаҳои хурсандӣ ва чи дар лаҳзаҳои мушкилу дармондагӣ бо мардум буданду ҳастанд. Сарвари давлат мунтазам ба минтақаҳои кишвар сафар мекунанд, бо мардум мулоқот меороянд ва ба хонаи мардумони оддӣ рафта меҳмон мешаванд. Аз дарди мардум огоҳ ва бо ғаму шодии мардум шариканд.

Ҳамон сифатҳои аслии ҷасорат, мардумият ва фаросату устувориро, ки бунёдию табиӣ дар Сарвари давлат мавҷуданд, боис гардидаанд, ки бо мардум бошанд, ҷасорат дошта бошадн ва ҳамшарики ғаму андуҳи мардум худ бошанд.

Ҳамин сифатҳои аслӣ ва хислатҳо буёдии Пешвои миллатро дар тасмимгирии марбут ба воқеаҳои сатҳи байналхалқӣ низ метавон мушоҳида намуд, ки ҷасуронаву қотеъона новобаста аз назари қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ бо назардошти манофеъи миллӣ мавзеъгирии кишварро баён  менамоянд.

Сарвари давлат  дар тамоми даврони фаъолияти хеш, ҳанӯз аз ибтидои марҳилаи ба сиёсат пайвастан, ҳам замони хеле ҷавон будан ва ҳам даврае ки  сиёсатмадори варзида, Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои Миллат мебошанд, дар  арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудаву маъруфанд, то ҳанӯз сифати самимияту мардумиятро нигоҳ доштаанд. Пешвои муаззами миллат ҳамеша бо мардуманд ва мардум ба ӯ маҳбубият дорад. Зеро ӯ ҳамеша такягоҳ ва муттакои ҳар фарди кишвар аст. Маҳбубияти ин марди фозил то дараҷаест, ки хурду бузурги кишвар, пиру барно ҳама ӯро дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд ва барои ҳар нафар ҳамчун шахси наздик  ба ҳисоб мераванд.

 

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа

Хондан 35 маротиба