JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Панҷшанбе, 28 Сентябри 2023 05:37

Шиорат “Огаҳӣ, Озодию Ободӣ” бошад

(шодбошӣ ба муносибати зодрӯзи Бозор Ибодӣ)

Дӯсту ҳамандеши гиромӣ Бозор Ибодӣ,

       Дар давоми чанд соле, ки бо Шумо ҳамкорию ҳамшарикӣ дорем, симо ва чеҳраи иҷтимоӣ, ихтисосӣ, фаннӣ, илмӣ, эҷодӣ ва миллиатонро ба қадри кофӣ шинохтаем. Ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ ончунон фаъолед, ки кас ангушти ҳайрат мегазад. Гоҳо дар набуди Шумо миёни худ баҳс мекунем ва, ростӣ, рашкамон ҳам меояд, ки ҳамкори азизи мо ин қадар имкон, ин қадар энержӣ ва ин қадар вақту замонро аз куҷо пайдо мекунад, ки дар як они воҳид сарриштаи ҳар кореро дармеёбад, дар пайи ҳалли он мешавад ва дар сатҳи баланди ҳирфаӣ анҷомаш медиҳад. Дар зимн, вежагиҳои шахсӣ-ҳувиятие назири сахткӯшӣ, тезкорӣ, дурусткорӣ, дақиқкорӣ, мӯшикофӣ ва рамузфаҳмӣ мунҳасир ба фарди Шумо – Бозори гиромӣ ҳастанд. Аз ин ҷост, ки ахлоқу одоб, фарҳанги гуфтор, такаллум, муошират ва муносибати мунҳасир ба фарди Шумо сазовори таҳсину офарин аст.

(шодбошии Маҳфили фалсафии «Ҷаҳони андеша» ба ифтихори зодрӯзи Раиси Фарҳангистони миллии Тоҷикистон)                                   

    Раиси муҳтарами Фарҳангистони миллӣ Фарҳод Раҳимӣ!

   Солҳост, ки Шумо аз тариқи ташаббусу ибтикороти фардӣ ва неруи хастагинопазири эҷодӣ дар масири илму маориф ва фарҳанги миллӣ ҳадафмандона ва бардамона гом бармедоред. Дар ин муддат бо такя ба дониш, биниш, мушоҳида, андӯхта ва таҷриба ба таври шоиста дар самти рушди маорифи миллӣ ва илми ватанӣ бидуни вақфа заҳмат кашида, роҳро барои ташаккули тафаккури илмӣ, дидгоҳи мантиқӣ ва мавқеъгирии миллӣ ҳамвор сохта, дар ин ҷодаи мушкилписанди зиндагӣ бурдборона талош меварзед. Хамираи шахсиятии Шумо бар мабнои мушаххасоти ҳувиятие мисли ҷуръат, ҷасорат, муҳаббат, отифат, фаросат, садоқат, саховат, мурувват ва фикрат сиришта шуда, бо сифату хасоиси миллӣ пероста гардидааст.

  Моҳи августи соли ҷорӣ шумораи 7-уми маҷаллаи илмӣ-назариявии “Санъатшиносӣ” - (нашрияи Шуъбаи санъатшиносии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) аз чоп баромад.

  Дар маҷалла мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии олимони соҳа аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон ва муаллифон –аҳли ҳунар аз ҷумла: Ализода Абдурашид Хӯҷамқул, Далер Миҳтоҷов рассоми маъруфи Тоҷикистон, Сабзали Муродзодаи Шариф рассоми халқии Тоҷикистон, Саидкаримов Б.А. ва Манонова М.Т. (номзадҳои илми санъатшиносӣ), инчунин олимони давлатҳои хориҷи Баҳора Хуррамова (номзади илми санъатшиносӣ), дотсенти кафедраи санъатшиносии Донишгоҳи Давлатии Самарканд ба номи Шароф Рашидов, Мухторова Г.С. (проректор) ва Дадирова А.А. (устоди кафедра) - кормандони Донишгоҳи давлатии санъат ва фарҳанги ш. Остона (Ҷумҳурии Қазоқистон), ба нашр расиданд. Муҳтавои мақолаҳои мазкур асосан ба проблемаҳои таърих ва назарияи самтҳои мухталифи илми санъатшиносӣ - санъати мусиқӣ, санъати тасвирӣ, кинематография, санъати театрӣ, актёрӣ, санъати ороишӣ-амалӣ ва ғайра бахшида шудаанд.

 Дӯсту бародари гиромӣ, Раҷаби Мирзо!

     Ҷомеаи маданӣ ва қишри рӯзноманигории ватанӣ солҳост Шуморо минҳайси журналисти баистеъдод, ҳирфаӣ ва бофарҳангу баномуси миллӣ мешиносанду эътироф мекунанд. Бидуни тардиду таоруф, ҳар қадар синнусолатон боло меравад, ҳамон қадар огоҳтар, донотар, мушоҳидакортар, ҷиддитар, баҳавсалатар, шоистатар ва фарҳехтатар мешавед. Ин навъ нишонию аломотро на дар ҳама инсонҳо ва шахсиятҳои варзида метавон мушоҳида кард. Аммо Шумо бо ҷустору такопуҳои бардавом, саъю талошҳои фаровон ва руҳияи интиқодгарию интиқодпазирии мудавом сол ба сол дар бозсозию худсозии фардӣ саҳм мегиред ва дар ин масир аз чизеву касе намеҳаросед. Гузашта аз ин, дар нигоштаву назароти Шумо мутлақгаройӣ ва яксӯянигарӣ мушоҳида намешавад ва ҳар нуқтаназареро, ки бар мабнои далелу арқом дар шакли катбию шифоҳӣ ироа медоред, қобили радду бадал, баҳсу ҷадал ва нақду баррасӣ мешуморед. Ин аст, ки ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва институтҳои мадании ватанӣ Шуморо  сидқан дӯст медоранду эҳтиром мекунанд.

Китобҳо