JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 14 Октябри 2024 07:23

Инсони маданӣ ва рисолати инсонӣ

Муаллиф:

  (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи иқтисодшиноси миллӣ  Нуралӣ Собирзода)

   Мусалламан, тасаллут дар илми иқтисод ва равандҳои иқтисодӣ, ки аз ҷумлаи қисматҳои муҳимми зиндагию рӯзгори инсонист, кори саҳлу осоне нест. Аз тарафи дигар, омӯзишу таҳқиқи ҷиддии иқтисоди миллию ҷаҳонӣ ва ташхиси мушкилоту муаммоҳои соҳавӣ, ки ба болоравии сатҳи зиндагии фардию ҷамъӣ оварда мерасонад, рисолати касбӣ-ҳирфавии иқтисодшиносони банангу баҷуръату боғурури миллию ватанӣ маҳсуб мешавад. Яке аз нафарони сазоворе, ки дар самти омӯзишу таҳқиқи мушаххасоти иқтисоди миллӣ ва равандҳои иқтисодӣ саҳми муносиб гузоштааст, доктори илми иқтисод, профессор Нуралӣ Собирзода мебошад.

   Нуралӣ Собирзода хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба таври зинавӣ рисолати касбиро муваффақона иҷро карда, аз ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодӣ (солҳои 2003-2009) шуруъ намуда, батартибу бомаром  дар вазифаҳои мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон (солҳои 2004-2005), муовини декан оид ба таълими факултети баҳисобгирию иқтисодӣ (солҳои 2005-2011), мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирию иқтисодӣ (солҳои 2011-2012), муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва хоҷагидории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (солҳои 2012-2020), муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2020-2022), профессори кафедраи баҳисобгирии бахгалтерии факултаи баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2022), муовини аввали раиси Донишгоҳи миллӣ (солҳои 2022-2024) фаъолият намудааст. Феълан Нуралӣ Собирзода симати муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  умумиро ифо намуда истодааст.

   Ба ин тартиб, профессор Нуралӣ Собирзода дар баробари фаъолияти педагогию тарбиявию идорӣ, ҳамчунин ба омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои ҳалталаби иқтисоди хоҷагии қишлоқи мамлакат дар шароити нави бозорӣ машғул шуда, ҳосили бардоштҳои илмӣ-пажуҳишиашро дар қолиби рисолаҳои алоҳидаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонидааст. Мавсуф тайи фаъолияти илмӣ-пажуҳишӣ сари масъалаи такмили механизми танзими давлатии хоҷагии қишлоқ дар шароити бозорӣ тамаркуз карда, бардошту натиҷагириҳои илмӣ-ихтисосиашро дар доираи монографияи ҷудогонаи илмӣ ба табъ расонидааст.

    Нуралӣ Собирзода дар баробари муҳаққиқ-иқтисодшиноси хуб будан, ҳамчунин инсони хубу хушахлоқест, ки дар ҷараёни муносиботу муошироти рӯзмарра ҳамеша аз отифату самимият кор мегирад. Ҳатто бо нафароне, ки аслан намешиносад, бо илтифоту самимият рафтор менамояд. Аллакай тайи чанд моҳи фаъолият дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода миёни ҳайат-персонали идорӣ-иҷроӣ, фаннӣ-техникӣ ва илмӣ-пажуҳишӣ ҳамчун як шахсияти самимию отифӣ, менеҷери хуби ҳирфаӣ ва инсони маданӣ соҳибэҳтиром гардидааст.  Муҳимтар аз ҳама, Нуралӣ Собирзода рисолати касбӣ ва масъулияти идории худро бар мабнои мушаххасоти ҳайсиятию маданӣ иҷро менамояд ва дар ин замина то имрӯз муваффақ ҳам ҳаст.

        Имрӯз – 14 октябр Нуралӣ Собирзода зодрӯз дорад ва аз фурсати муносиб истифода карда, ба мавсуф  хушбахтию саодати умр, сиҳатию тандурустӣ, хонаободӣ ва тавону қудрати идорию илмию эҷодиро таманно менамоем.

     Зодрӯз муборак, Нуралӣ Собирзодаи гиромӣ!

 

         Маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

         ш. Душанбе, 14 октябри соли 2024 

Хондан 344 маротиба