JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 07 Октябри 2024 08:54

Аз ёдҳо (ёде аз ҳамсабақи фозил Сайиднуриддин Шаҳобиддинов)

Муаллиф: Комил Бекзода
Комил Бекзода ва Саиднуриддин Шаҳобиддинов дар майдони назди Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Комил Бекзода ва Саиднуриддин Шаҳобиддинов дар майдони назди Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ.

 Матлаби мазкур, ки аз хилоли хотироти мост. Он чанд соли қабл, дақиқтараш соли 2017 навишта шудааст. Баъди навиштан ба Сайиднуриддин манзураш кардам ва иҷозати чопашро хостам.  Хонд, як хандиду бо ваҷоҳати ба хъд хос гуфт, ки чопаш накунам. Мутаассифона, мо ҳам пофишории Сайиднуриддинро мадди назар гирифта, чопаш накардем. Ҳамин тариқ, Сайиднуриддин ҳам аз дунё даргузашт ва бо гузаштаи чанд сол матлабро бидуни таҳрир барои пахшу нашр манзур намудем. Ба ин маъно, он чи ки дар қолиби як матлаби хотиротӣ пешкаш мегардад, навиштаи соли 2017 аст.

 Сайиднуриддин Шаҳобиддинов дар деҳаи Роҳатӣ зода шуда, дар Душанбе зиндагӣ мекард. Дар хонавода 4 бародар буданд. 3 бародар аз як модар ва Сайиднуриддин аз модари дигар буд. Ба гуфтаи аммаи Сайиднуриддин -- модари Ҷаъфари ҳамсояи мо, асли авлодиашон аз Ҳирот будааст. Ҳоло ҳам дар хона бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ гап мезананд. Ҳар се бародаронаш вафот карданд. Дар ин сол (2017) танҳо худаш мондааст. Соли якуми донишҷӯӣ бо ҷелаки (яктаии) рах-рах (полосатий) ба дарс меомад ва сараш бо теғ тарошидагӣ. Мо ба ӯ унвони “Шайх” додем ва то ҳол байни якдигар ӯро “Шайх” меномем. Хату саводи форсӣ  ва арабиро дар хонавода омӯхта буд. Дарсҳои “Таърихи Тоҷикистон” ва “Таърихи партия”-ро бо хатти арабӣ конспект мекард...

 Ҳамаи дарсҳоро аз худ мекард ва ҷавоб медод. Мавзуе, ки аҳли синф намедонистанд, Шайх ҳам мегуфт, ки намедонам. Вале дар асл медонист. Дар имтиҳонҳо бештар баҳои 4 мегирифт. Баҳоҳои 3 ва 5 ҳам дошт. Фаъол набуд. Танҳо бо ишораи муаллим бармехост ва ҷавоб медод.

 Сайиднуриддин, ки дар хонавода бародари хурдӣ ба шумор мерафт, зери тарбияи бародарбузургаш Саидакбар Ҳоҷиев қарор дошт. Саидакбар як шахси ҷасур, суфимашраб ва фаъол буд. Сайиднуриддин дар давраи аспирантура ба кумаки Мавлавии Ҳиндустонӣ китоби суфии араб Ибни Форизро ба тоҷикӣ тарҷума кард ва ин корро ҳамчун омодагӣ барои ҳимоя анҷом дод. Вале ҳимоя накард. Чун устодаш Демидчик Владимир Павлович ногаҳон вафот кард. Устоди дигар наёфт, чаро ки мавзуъ мушкил буд. То имрӯз дар Институти шарқшиносӣ (ҳозира Маркази мероси хаттӣ) кор мекунад. Дар солҳои аввали донишҷӯйӣ ману Сайиднуриддин ҳамроҳ чанд бор ба деҳаи Роҳатӣ ба зиёрати модараш рафтем. Сайиднуриддин зоҳиран ба модараш монанд аст. Ахлоқаш низ. Фаъолиятҳои илмиаш пурбор аст. Китоби “Ал-Қонун”-и Ибни Сино (дар 7 ҷилд)-ро аз арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума кард. Ду бор ба нашр расид. Чандин китобҳои дигари исломиро таҳия ва таҳрир намуд. Бо матбуоту радио ва телевизион ҳеҷ гоҳ робита надошт. Ахлоқи суннатии диниро риоя мекунад. Дар Академия ва Институти шарқшиносӣ (ҳозира Маркази мероси хаттӣ) ҳама ӯро сахт эҳтиром мекунанд, асосан ба хотири тарҷумаи “Ал-Қонун”-и Ибни Сино.

 Сайиднуриддин ҳамсабақи донишҷӯйӣ (солҳои 1962-1967) ва ҳамсояи ман тайи солҳои баъдина дар маҳаллаи “Меҳробод” (Калинини собиқ) дар Душанбешаҳр буд. Замони донишҷӯйӣ бо ҳам баъзан шӯхиҳо мекардем ва ҳангоми фаъолият дар муҳити Академияи илмҳо (ҳозира Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ҳам ҳолатҳое иттифоқ меафтад, ки ҳамдигарро мебинему айёми донишҷӯйиро ба ёд оварда, соате хотирот тоза мекунем.

 

 

 Комил Бекзода ва Саиднуриддин Шаҳобиддинов дар майдони назди Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ.

 

Комил Бекзода

 
Хондан 453 маротиба