JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 28 Сентябри 2024 15:13

Сисолагӣ муборак, Бозор Ибоди Миллат! (шодбошӣ ба ифтихори сисолагии мелоди дӯсти ҷавону умедбахши мо Бозор Ибодӣ)

Муаллиф:

 Дӯсту ҳамрафиқи азизу гиромӣ,

   Ҳар сол рӯзи мелоди Шумо мо-дӯстону ҳампешагон ва ҳамрафиқону ҳамшарикон зиёд майна об мекунем, ки чанд ҷумлаи шоистае рӯйи саҳафоти сомонаӣ ва фейсбукӣ бикорем, то ифодагару арзандаи ҳайсияту шахсиятатон бошад. Мутаассифона, шахсияти Шумо ончунон ҷаззоб ва ба истилоҳ, харизматик аст, ки тасвир ва наққошии он мушкил мебошад ва ноилоҷ таманниёти ҷамъиро ба як қолиб дароварда, дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахшу нашр менамоем, ба умеди ин ки писанди ҳамандешону озодагон омада бошад. Ҳоло ки дар ҷараёни ҷашни сисолагиатон қарор дорем, албатта, ҳиссиёту ҳаёҷонотамон низ хеле зиёд аст. Ба ҳар сурат, мекӯшем чанд ҷумлаи отифию дӯстонаро манзур намоем, шояд ки писанди хотири шахси шумо гардад.  

     Ва аммо дар имтидоди ҳамкорию ҳамшарикие, ки бо Шумо дорем, симо ва чеҳраи иҷтимоӣ, ихтисосӣ, фаннӣ, илмӣ, эҷодӣ ва миллиатонро ба қадри кофӣ шинохтаем. Ба синнусоли ҷавонӣ нигоҳ накарда, дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ ончунон сахткӯшу фаъолед, ки ҳар нафар ангушти ҳайрат мегазад. Дар бисёр маворид, махсусан дар ғайби Шумо мо-дӯстон миёни худ суҳбат карда, ҳамагӣ аз чустӣ, чолокӣ, маҳорати вежаи фардӣ, тезфаҳмӣ, хурдабинӣ, хушзеҳнӣ ва амалгароиатон тамҷид менамоем. Баъзан рашкамон боло мегирад, ки ҳамкори азизи мо ин қадар имкон, ин қадар энержӣ ва ин қадар вақту замонро аз куҷо пайдо мекунад, ки дар як они воҳид сарриштаву калобаи ҳар кореро оҷилан дармеёбад, дар пайи ҳалли он мешавад ва дар сатҳи баланди ҳирфаӣ анҷом медиҳад. Дар зимн, вежагиҳои шахсӣ-ҳувиятие назири сахткӯшӣ, тезкорӣ, дурусткорӣ, дақиқкорӣ, мӯшикофӣ ва рамузфаҳмӣ мунҳасир ба фарди Шумо – Бозори гиромӣ ҳастанд. Аз ин ҷост, ки ахлоқу одоб, фарҳанги гуфтор, такаллум, муошират ва муносибати вежаатон сазовори тақлиду тамҷиду таҳсину офарин аст.

    Дар зимн, Шумо дар пайгирии пайвастаи масъалаҳои иқтисодӣ, донистани барномаҳои навтарини компютерӣ, дастёбӣ ба гузинаҳои гуногуни расонаӣ, дарёфти нодиртарин маълумоту иттилооти роёнаӣ, муаррифии шоистаи сомона ва пойгоҳи иттилоотию таҳлилии “ravshanfikr.tj” маҳорату малакаи вежа доред. Омӯзиши бардавоми манобеи илмию ихтисосӣ, бозомӯзӣ дар курсҳои махсуси ихтисосӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷопону Чин Шуморо миёни насли ҷавони ҷомеаи илмию ихтисосӣ ҷойгоҳ ва мақоми шоиста бахшидааст. Аз ташрифи теъдоди зиёди корафтодагон ва ихлосмандон дар утоқи кории Шумо маълум мегардад, ки аллакай дар миёни қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ихтисосӣ, фаннӣ ва илмӣ соҳибэҳтир гардидаед. Хуш ба ҳолатон!

   Ногуфта намонад, ки иқтидор, потенсиал, неру ва зарфияти илмию эҷодӣ ва фаннӣ-техникии Шуморо дар хориҷ аз кишвар қадр кардаву мекунанд. Аз ин ҷост, ки Шумо имрӯз омӯзишу таҳсилоти  хешро дар заминаи навовариҳои илмӣ-фановарӣ дар беҳтарин маркази илмӣ-фаннии Осиёию ҷаҳонӣ – Пажуҳишгоҳи илмӣ-фановарии Ҷопон ҳамчунон бомуваффақият идома дода истодаед. Аз тарафи дигар, чархонидани сомона-пойгоҳи “ravshanfikr.tj” ва танзиму такмили он аз тариқи ворид кардани маводи хуби омӯзишӣ, таҳлилӣ, пажуҳишӣ, илмӣ-оммавӣ, бадеӣ ва эҷодӣ кори саҳлу осоне нест, вале Шумо бо такя ба дониш, биниш, маҳорат, малака ва таҷрибаи барномасозӣ аз уҳдаи ин кори мушкил бармеоед. Ин аст, ки мо-ҳамагӣ на танҳо ба Шумо эътимоду бовар дорем, балки бо исми Шумо ифтихор мекунем, то ҷое ки:

Ки то мардум раҳад аз бесаводӣ,

     Шудастӣ илму донишро мунодӣ,

Дар ин сӣ соли умрат ҷумла шодӣ

Биёвардӣ ба мо Бозор Ибодӣ!

   Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҷашни мелод – 30-солагиатонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи хонаводагӣ, иҷтимоӣ, таҳсиотӣ ва илмию эҷодиатон муваффақияту комёбиҳо таманно мекунем. Фикр мекунем, ки дар пораи зерини манзум шахсияти Шумо ба тамоми маъно таҷассум ёфтааст:

 

Бинҳодаӣ аз аввал по бар раҳи фазилат,

Оварда рӯ ба сӯйи худбошию асилат,

Овардаӣ паёме бар рағми заъфу зиллат,

Ҳастӣ яқин Ватанро фарзанди некхислат,

Сисолагӣ муборак, Бозор Ибоди Миллат!

          

       30-солагии умр фархунда ва хуҷаста бод, Бозор Ибодии гиромӣ!          

           

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе,

28 сентябри соли 2024

Хондан 539 маротиба