JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 06 Сентябри 2024 11:00

Ифтихор аз ошноӣ бо ту дорам, ифтихор! (хотироте дар заминаи истиқболи ҳаштодсолагии файласуфи миллӣ, устод Комил Бекзода)

Муаллиф: Мирзодавлат Нидозода

  Ман, Мирзодавлат Нидозода сокини Ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷам.  18 феврали соли 1971 дар деҳаи Турдишайхи Ҷамоати деҳоти Сармантой (ҳозира Ҷамоати деҳоти Озодагон) дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омадаам. Факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси муаррих ва муаллими таърих хатм кардаам. Солҳои дароз дар мактабҳои миёнаи умумии №4, 2, Литсейи давлатӣ ва Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ аз фанни таърих дарс додаам. Феълан омӯзгори фанни таърихи Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ мебошам.

  Ба воситаи дӯстам Нозим Нурзода бо донишмандону муҳаққиқону зиёиёни саршиноси миллию ватанӣ бо шумули устод Комил Бекзода, равоншод Мирзо Боқӣ, Меҳр Собириён, Нуриддин Шаҳобиддин, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, Исомиддин Шарифзода, Номвар Қурбон, Меҳрдод Субҳонӣ, Фирдавс Ниёзӣ, Назрӣ Асадзода, Бозорбой Ибодӣ, Нурмуҳаммад Сафарзода, Алии Муҳаммадӣ, Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, шодравон Саъдулло Раҳим ва садҳои дигар шинос шудам ва ошноӣ бо бузургони ҷумҳуриро ҳамчунон идома медиҳам.

  Рости гап, ошноӣ бо файласуфи фарзонаву озодаи тоҷик устод Комил Бекзодаро ҳадяи сарнавишт мешуморам, зеро ки баъди шиносоӣ ва чанд дидору мулоқот бо ин симои намоёни фалсафаи муосири миллӣ ва шахсияти барҷастаи фарҳангӣ, ки дар донишу маърифат ва хоксорию тавозуъ дар қаламрави мамлакат ҳамто надорад, худро бакуллӣ дигар хел дарёфта, дар зиндагии шахсию ҷамъиятиам таҳаввулоти назаррасеро эҳсос намудам. Ҳар замоне ки ошноиамро бо ин шахсияти нодири фалсафа ва фарҳанги муосири тоҷик ёд меоварам, ногузир маро эҳсосоти хушоянде фаро мегирад. Эҳсосоте, ки руҳу равонамро болида месозад ва қудрату тавоноии фикрию эҷодиамро тақвият мебахшад.

  Дар яке аз суҳбатҳои ахирӣ бо Нозим Нурзода, ки 20 августи соли ҷорӣ дар ҳавлии мо сурат гирифт, масъалаи таҳияи ёддошту хотирот роҷеъ ба шахсияти устод Бекзода пеш гузошта шуд ва бо маслиҳату машварати дӯстам Нозим Нурзода тасмим гирифтам, хотиротамро мухтасаран рӯйи коғаз биёварам. Ва ҳоло ки дар арафаи ҳаштодсолагии устод Комил Бекзода қарор дорем, хотироту ёддоштамро аз ин шахсияти истисноии илму фалсафаи миллӣ дар чанд нуктаи мухтасар баён менамоям. Ёдовар мешавам, ки ошноии банда бо устод Комил Бекзода дар чанд марҳила ва ба истилоҳ лаҳзаи хотирмон иттифоқ афтодааст. Бинобар ин, ба назарам, баёни матлаби ёддоштӣ бо таъкиди марҳилаҳои шиносоӣ ва лаҳазоти хотирмони зиндагӣ айни муддаост. Пас, аз он мароҳил ва лаҳазоти ширини зиндагӣ шуруъ мекунам.

  Якум. Дар бораи устод Комил Бекзода ва шахсияти фалсафию фарҳангию ахлоқию отифии ӯ охири солҳои навадуми садаи бист (солҳои 1998-1999) ва ибтидои солҳои дуҳазоруми асри бисту як аз забони як тан аз дӯстону фарҳангиёни он замон ҷавони деҳотӣ Нозим Нурзода, ки ифтихори шогирдии устод Бекзодаро доштанду доранд, зиёд шунида будам. Бо Нозим Нурзода аз охири солҳои ҳаштодуми асри бист дӯстӣ дорам ва дӯстии мо дар имтидоди солҳо то ба дараҷаи бародарӣ ва хешу таборӣ расидааст. Он замон бо Нозим зиёд атрофи масъалаҳои гуногуни таърихию фалсафию фарҳангӣ суҳбат мекардем. Нозим аснои суҳбат дар бисёр мавридҳо аз сатҳи баланди донишу биниши дӯстону шарикдарсони донишгоҳиаш Ҳафиз Холиқзода, Нуриддин Шаҳобиддин, Абдусабури Абдусамад (Озод) ва Усмон Камолиён, ки аъзои фаъоли маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”-и устод Бекзода ва аз муассисони маҳфили илмию адабии “Зиндарӯд”-и факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳсуб меёфтанд, ёд карда, бахусус аз фарзонагию озодагӣ ва шеваи суханварию салиқаи фалсафии садри маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” устод Комил Бекзода сухан дар миён оварда, ғолибан хислату мушаххасоти ахлоқӣ, ҳувиятӣ, маърифатӣ, фалсафӣ, илмӣ, адабӣ ва инсонии мунҳасир ба фарди устод Бекзодаро васфу ситоиш менамуд. Ман, ки таърифу ситоиши устод Бекзодаро аз забони Нозим шунида будам, бештару бештар мароқ зоҳир мекардам, то бо ин шахсияти бузурги фалсафию илмӣ аз наздик ошно шавам. Ин  буд, ки ҳар бори гуфтугӯю мулоқот бо Нозим ҳисси кунқковиам роҷеъ ба устод Бекзода боло гирифта, аз Нозим суолоти зиёде атрофи файласуфи озодаву фарзонаи миллӣ мекардам. Аз  тарзи ҷавобу посухгӯйии Нозим ба пурсишҳои мутааддиди банда хиёлан қиёфа, тарҳи рӯйю андом ва портрети устодро дар зеҳни худ тарсим мекардам ва  чеҳраи нуронӣ ва пур аз отифати Бекзодаро дар тасаввури худ ҷо дода, дар олами руъёи шахсӣ ҷараёни сухангӯйӣ, симои отифӣ, забони суфтаю сода ва баёни фалсафии мавсуфро бо кайфияти тамом тамошо мекардам.

  Дуюм. Бояд ёдовар шуд, ки дӯстам Нозим Нурзода ҳар тобистон ба аёдати падару модар, додару хоҳарон, хешу ақрабо ва ёру дӯстонаш ба деҳа меомад ва омадани ӯ барои мо дӯстону ҳамнишинон василаи хуби суҳбат ва ба истилоҳ, чақчақҳои фарҳангӣ буд. Бо омадани Нозим фарҳангиёну рӯшангарони маъруфи деҳотӣ шодрамон Давлатёри Азиз (1930-2007, аз ҷумлаи муаллимони машҳури минтақа ба шумор рафта, то расидан ба синни нафақа дар вазифаи омӯзгори таъриху ҷамъиятшиносии мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Панҷ фаъолият карда, Аълоҷии маорифи халқи Иттиҳоди Шуравӣ буд), Аҳтамшоҳ Авазӣ (1938-2006, донишманд ва равшанфикри шинохтаи деҳотӣ, ҳамсабақи устод Бозор Собир буд ва солҳои тулонӣ вазифаи мудири қисми таълими мактаби миёнаи №4-и деҳаи Турдишайхро ба уҳда гирифта, солҳои охири ҳаёт вазифаи директории мактаби миёнаи №20-и деҳаи Сафедорони Ҷамоати деҳоти Озодагонро бар уҳда дошт), Шамси Раҷаб (1931-2013, мактаби олӣ нахонда буд, вале марди ҳунару мутолеа ва донишманди ҳоҳиирҷавоб буда, тоби шунидани дурӯғу музахрафоту хурофотро надошт ва бо табақаи хурофотию мутаассиб доимо даргир мешуд ва аҳли таассубу хурофот аз неши забони ӯ метарсиданд), Раҳматулло Нидозода (1929-2019, рӯшангари машҳури музофотӣ, ки солҳои дароз вазифаи директории мактабро бар дӯш дошта, дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони минтақа саҳми муносиб гузоштааст) ва Искандар Абдураҳмонов (1924-2016, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюби дараҷаи якум, танҳо маълумоти синфи ҳафтумро дошт, аммо пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вазифаҳои котиби Ҷамоати деҳот, муншии Хоҷагии дастҷамъӣ (колхоз), мудири бахши чорводории Хоҷагии ба номи Дзержинскийи ноҳияи Панҷ, сардори бахши мудофиаи шаҳрвандии Хоҷагии ба номи Дзержинскийи ноҳияи Панҷ фаъолият карда, бо мавқеъгирии давлатӣ ва ҷаҳоншиносии хуби сиёсӣ миёни доираҳои расмию давлатӣ ва мадании минтақа обруманд буд) ба хонаи падариаш ташриф меоварданд ва нишастҳои ҷолибе бо ҳузури эшон сурат мегирифт. Ман низ аз ин гуна суҳбату нишастҳо зиёд баҳра мебурдам ва маъмулан, шабҳо, пас аз масруфиятҳои хонаводагӣ, ҳамроҳи Нозим нишаста, соатҳои тулонӣ, ҳатто то як поси шаб дар хусуси масъалаҳои адабию фарҳангию фалсафию илмию иҷтимоӣ суҳбат мекардем. Дар ҷараёни ин гуна суҳбатҳои тулонӣ ҳам, Нозим бо тақозои мавзуъ ва масъалаи баҳсӣ аз устод Бекзода ёдовар мешуд ва тазаккур медод, ки яке аз вижагиҳои ахлоқию ҳувиятии устод он аст, ки ба аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” (муассиси маҳфил худи устод Бекзода буданд ва онро соли 1993 таъсис додаанд) ва умуман, ҳаводорони илму маърифат китобҳои заруриро барои мутолеа медиҳад. Ин хислати наҷиби устод боиси он шудааст, ки садҳо ва ҳазорон ихлосмандони илму фалсафа ва фарҳангу маънавиёт назди устод меоянд ва ба баракати саховати маънавии ӯ аз илму фалсафаи миллию ҷаҳонӣ огоҳ шуда, масири худшиносию худогоҳиро мепаймоянд.

 Сеюм. Ҳамин тариқ, июли соли 2000-ум таври муфассал бо шахсияти илмию фалсафии устод Бекзода аз тариқи суҳбати дӯстам Нозим ошно шудам. Тафсилоти мухтасарро меоварам. Нимаи аввали рӯзи 21 июли соли 2000-ум ба дидори дӯстам Нозим Нурзода, ки ба аёдати падару модар ва ёру бародар ба зодгоҳаш омада буд, ба манзили падариаш рафтам ва Нозимро масруфи анҷом додани баъзе умури хонаводагӣ дарёфтам. Нозим ба ҷамъ овардану мураттаб ба коҳдон ҷо кардани ғарами коҳ машғул буд ва пас аз салому алайк аз саломатию кору бори дӯстони душанбегиаш пурсон шудам. Нозим пас аз салому алайк ба кори худ идома дода, аз вазъи маърифатию мадании пойтахт гап кушода, бадеҳатан дар бораи равиши кор, сабки андеша, шеваи мутолеа ва фалсафаи устод Бекзода сухан кард. Ман, ки қаблан дар хусуси ин шахсияти бузурги миллӣ ва илму фалсафаи ватанӣ аз забони Нозим суханҳои муқаддимотие шунида будам, зуд ба суолу пурсиш гузаштам ва барои беҳтар ошно шудан бо ин симои нотакрори илму фалсафаи тоҷик кунҷковиҳо намудам.

  Ба ҷунбуҷули Нозим, ки аз ҷамъоварию ба коҳдон мураттаб ҷо кардани анбуҳи коҳ иборат буд, кумак карда, ҳамзамон оромонаю иштиёқмандона ба суханони ӯ гӯш медодам ва дар мавориди зарурӣ суволот пеш меовардам. Нозим гоҳе бо ҷиддият ва гоҳе ба шӯхтабъӣ, ки аз устод Бекзода бевосита омӯхтааст, ба суолоту пурсишоти ман ҷавоб медод ва аз кору пайкори фикрию фарҳангии устод қисса мекард. Махсусан, нақлу қиссаҳои Нозим дар хусуси маҳорати арабидонии устод Бекзода дар Донишгоҳи Қоҳираи Миср, ошноӣ бо файласуфони бузурги Донишгоҳи маъруфи Қоҳира, тарзи тадрис дар донишгоҳҳои арабӣ, сатҳи донишу биниши донишҷӯёни мисрӣ, маҳорати фавқулодаи тарҷумонии ӯ дар Яман ва батамом хондани китобхонаи яке аз шаҳрҳои Яман, ки устод  онҷо тарҷумонӣ мекард, хеле ҷолибу хотирмон буданд. Суҳбати назди коҳдон ончунон мароқовару ҷолиб буд, ки ҳар ду гузашти вақтро эҳсос накардем ва ҳамин тур, наздик ба  чаҳор соат, бидуни танаффус гуфтугӯ намудем. Дар меҳвари гуфтугӯҳои мо, албатта, шахси Бекзода қарор дошт ва симои меҳварии гуфтумонамон маҳз ӯ буд. Ба ин маъно, нахустин маротиба 21 июли соли 2000-ум ба таври муфассал дар бораи устод Бекзода тавассути дӯстам Нозим Нурзода маълумоти дақиқ пайдо кардам ва шуълаи иштиёқи дидору мулоқот бо ӯ дар дилам фурӯзон шуд.

  Чорум. Декабри соли 2004, ҳангоми интизор шгудани нақлиёти ҷамъиятӣ дар истгоҳи Боғи ҳайвонот (он замон дар шуъбаи ғоибонаи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекардам), тасодуфан  шахсеро дидам, ки дар сар кӯлоҳ ҳамроҳи нафари дигаре суҳбаткунон пойи пиёда ҷониби маҳаллаи Қарияи Боло қадам мезанад. Нақлҳои Нозимро ба ёд оварда, тахмин задам, ки марди кӯлоҳбасар шояд устод Бекзода бошад, чаро ки дӯстам ҳамеша аз тарзи фавқулодаи пӯшидани кӯлоҳи устод зиёд таъриф мекард. Оромона дунболи кӯлоҳбасар ва нафари ҳамсафараш равон шудам ва ба суҳбатҳои мусоҳибон нозукона аҳаммият додам, то ин ки шахсияти марди кӯлоҳбасарро дақиқ намоям. Аз тарзи гуфтугӯйи самимона ва тавзеҳоти олимонаи кӯлоҳбасар дақиқ кардам, ки устод Бекзода аст, вале ҳамоно ҷуръат намекардам, ки пештар оям ва худро шиносонам. Хушбахтона, дар маҳаллаи Қарияи Боло мусоҳибин ҳар ду хайрухуш карданд ва марди кӯлоҳбасар ҷониби маҳаллаи Калинин (ҳозира Меҳробод) қадамзаниро идома дод. Фурсатро ғанимат шумурда, ҷуръат пайдо намуда, ба кӯлоҳбасар муаддабона салом додам ва суол кардам:

Бубахшед, Шумо устод Бекзода нестед?

 Устод як ба ҷониби ман назар андохта, ҷуръатмандона гуфтанд:

- Бале, ман Бекзода ҳастам, вале шуморо нашинохтам. Аз куҷо маро мешиносед?

Ман, ки аз дуруст баромадани гумонам хушнуд шуда будам, бо эҳсосот гуфтам, ки ғоибона дар бораи шахсияти Шумо аз тариқи нақлҳои дӯстам Нозим Нурзода ошноям ва чун орзуи дидори Шуморо доштам, дидан замон пайгириатон кардам ва бо ёфтани фурсати муносиб худро шинос намудам.

  Устод Бекзода бо шунидани исми Нозим ва яқин кардани он ки аз ҷумлаи дӯстони ӯ ҳастам, симои кушодаи худро кушодатар намуда, пурсупосро бо ман давом дод ва ҳамин тур, то маҳаллаи Калинин ҳар ду суҳбаткунон рафтем. Аз он лаҳза ба баъд ошноии мо ба таври айнию ҳузурӣ оғоз ёфт.

  Панҷум. Нимаи дуюми ҳоҳи июни соли 2008 ба Душанбе барои анҷом додани баъзе корҳо омадам ва зуҳри 21 июни ҳамон сол дар барномаи мустақими телевизионии “Пайванд” (дар шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон) суҳбати дӯстам Нозим Нурзодаро дар мавзуи “Шахсияти фалсафии устод Рӯдакӣ ва мушаххасоти шеъри фалсафии замони Сомонӣ” тамошо кардам ва баъди анҷоми барнома зуд зангаш задам, то ки табрикаш намоям. Тамос гирифта, табрикаш намудам ва арз доштам, ки дар Душанбе қарор дорам ва бегоҳ ба аёдатат мерасам. Нозим арзи сипос намуда, хабарам дод, ки баъди ним соат дар Кӯли ҷавонон ҳозир шавам. Онҷо устод Бекзода ҳамроҳи дӯст ва шарикдарси донишгоҳии Нозим Нуриддин даъват шудаанд. Бо Нозим хайрухуш карда, зуд гӯширо ҷояш гузоштам ва тарафи Кӯли ҷавонон роҳ паймудам. Аллакай соати 13:30 дар истгоҳи Кӯли ҷавонон ҳозир шудам ва баъди чанд дақиқа Нозим омад ва ҳар ду барои мулоқот бо устод Бекзода ва Нуриддин ба ошхонаи Кӯли ҷавонон ворид гардидем. Дар ошхонаи Кӯди ҷавонон аллакай устод Бекзода ва Нуриддин машғули чойнушӣ буданд. Ин дувум маротиба буд, ки бо устод Бекзода вомехурдам. Бо ҳам даст додем ва ҳолпурсӣ намудем. Бори дигар Нозим маро бо  устод Бекзода ва дӯсту шарикдарси донишгоҳиаш Нуриддин шинос намуд.

 Нишасти онрӯзаи мо, ки чаҳор соат идома ёфт, дар хотирам сахт нақш бастааст. Онҷо устод Бекзода ва Нуриддини Шаҳобиддин, ки имрӯз аз ҷумлаи файласуфони матраҳи миллист, дар боби нақши фалсафа ва огоҳӣ дар рушди зеҳнии миллат ва таҳаввулоти фикрию иҷтимоии башар суҳбати ҷолиб карданд. Ростӣ, ба суҳбати гуворою дилкаши устод Бекзода бодиққат гӯш медодам ва аз тарзи суҳбаторойӣ, калимасозӣ, ҷумлабандӣ ва фаҳмондадиҳии устод лаззат мебурдам. Дар ҷараёни нишасти онрӯза устод баъзан аз ман ҳам суол мекард ва аз вазъи фарҳангу маорифу рӯшангарии деҳотӣ мепурсид. То он ҷо ки медонистам ва масоили пурсишро дарк мекардам, посух медодам ва бо ироаи нуқтаназарҳои содаю обшустаи худ ба баҳсу мунозираҳо ворид мегардидам. Устод бо тамкину тавозуъи ба худ хос ба суханҳои содаи банда гӯш медод ва ба дафтарчааш нукоте ёдддошт мекард ва қайду ишороте ҳам менамуд. Одати устод ҳамин будааст, ки бардошташро аз ҳар мулоқоту вохуриҳо мухтасаран сабт мекард ва ҳар нуктаи муҳиммеро, ки зарур мешумурд, дар дафтарчааш ёддошт менамуд. Хулласи калом, аз дидору мулоқоти онрӯза (21 июни соли 2008) ҳаловат бурдам ва то имрӯз муҳтавои он нишастро ба ёд оварда, афсус мехурам, ки чаро имкони сабти он лаҳзаҳои ҷовидониро наёфтам.

  Рӯзи дигар (22 июни соли 2008) бо хиёлоти рангин ва қаноатмандии тамом ба деҳа баргаштам. Пас аз як ҳафта Нозим хабарам дод, ки муҳтавои суҳбати онрӯзаро устод Бекзода дар ҳафтаномаи мустақили “Зиндагӣ” таҳти рубрикаи “Зиндагӣ чӣ мегӯяд?” ба нашр расонида, зимни баёни матолиб аз мани содаи музофотӣ ба унвони “рӯшангари деҳотӣ” ёд кардааст. Нусхаи ҳафтаномаро Нозим ба ихтиёрам вогузошт ва чун саҳифаи махсуси онро варақ задам, ҳуш аз сарам парид. Устод он чанд калимаи сарупо шикастаи маро  обутоб дода, чунон таъриф кардааст,  ки хиҷолатзада шудам. Акнун бубинед, устод чӣ сон шахсияти фавқулода аст ва чӣ гуна хайрхоҳӣ мекунад?! Аз ин пас, меҳру муҳаббатам нисбати устод ҳазорон маротиба афзуд ва ҳар гоҳ ки ба Душанбе меомадам, ҳатман ба аёдати устод мерафтам, то ҷойе ки дидорбинию хабаргирӣ ба урфу одати ҳамешагиам табдил ёфтааст.

  Шашум. Лаҳзаи дигари хотирмоне, ки бо диидору мулоқоти устод иртиботи бевосита дорад, 18 феврали соли 2012 иттифоқ афтодааст. Дар курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира Бохтар) қарор доштам ва хостам бо дӯстонам Нозим ва Сорбон ҷашни зодрӯзамро дар шаҳри Душанбе таҷлил намоям. Ба ин муносибат, саҳари 18 феврали соли 2012 аз масъулини курси такмили ихтисос вва бозомӯзии муаллимони шаҳри Қурғонтеппа ҷавоб гирифта, озими Душанбе шудам ва дар Душанбе Нозимро вохурда, якҷо тарҳи ҷашнро кашида, тадорукоти мелодиро муҳайё намудем. Дӯсти мо Сорбон (Сорбони Зиёратшоҳ аз зумраи ҳуқуқшиносон ва рӯшангарони деҳотист, ки солҳои зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Панҷ кор карда, феълан дар Руссия қарор дорад) ҳам омад ва қарор додем, ки маҳфили ҷашниро дар маҳаллаи Калинин (Меҳрободи имрӯза) дар ҳавлии бародарам Назруллоҳ Нидозода (бародари азизам Назруллоҳ Нидозода собиқадори мақомоти умури дохилӣ буда, солҳои тулонӣ дар гӯшаву канори шаҳри Душанбе масъулиятҳои ихтисосӣ анҷом дода, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятии пойтахт то имрӯз саҳми муносиб мегузорад) гузаронем. Шоми 18 феврали соли 2012 устод Бекзода ва писаркучакашон Дидавар Бекзодаро ба ҷашни мелод даъват намудем ва дар манзили бародарам Назруллоҳ нишасти хуби илмию фарҳангӣ бо ҳузури фаъоли устод Бекзода доир гардид (дар нишасти хуби оншаба дар баробари Мирзодавлат Нидозода, Нозим Нурзода ва Сорбони Зиёратшоҳ, ҳамчунин иддае аз ҷавонони бофарҳанги деҳотӣ бо шумули Фозилҷон Нурзода, Файзуллоҳ Нидозода ва амсоли онҳо низ ҳузур дошта, аз суҳбатҳои ҷолиби устод Бекзода баҳра бурданд). Он шаб табъу руҳам хеле болида буду сарам ба осмон мерасид, чаро ки дар хонаи мо файласуфи озода ва фарзонаи миллӣ Бекзода ҳузур доштанд ва бо суҳбатҳои гуворо хотири моро шоду болида мегардониданд. Ҳар қадар маҳфил тул мекашид, ҳамон қадар ҳозирин аз гармии суҳбати устод ҳаловат мебурданд. Ҳаво сард буд, аммо гармии сухани устод хонаву ҳозиринро гарм нигоҳ медошт ва сардии зимистониро ба гармои баҳорӣ иваз менамуд. Табъи устод Бекзода ҳам хеле болида буд: бо мароқи тамом суҳбат мекард, ёддошту хотироташро ироа менамуд, қиссаҳои ҷолибу шуниданӣ нақл мекард, аз рӯзгори бузургони фалсафа сухан ба миён меовард, бо шӯхтабъии махсус ширинкорӣ мекарду латифаҳои ҷолиб мегуфт ва хотири ҳамагонро шод медошт. Аҷаб маҳфилу нишасте...

  Ҳафтум. Дар он нишаст (манзур нишасти 18 феврали ссоли 2012 аст) бо устод наздиктар ошно шудам, то ҷойе ки минбаъд устодро дар базму сурҳои хонаводагии бародарам Назруллоҳи Нидозода даъват менамудам ва дар яке аз чунин базмҳо устод Бекзодаро бо падарам Раҳматуллоҳи Нидозода шинос кардам. Падарам Раҳматуллоҳ Нидозода (1929-2019), ки як умр муаллимӣ ва раҳбарӣ карда, аз шахсиятҳои сиёсию фарҳангии ноҳияи Панҷ ва қаламрави кӯҳистон маҳсуб мешуд, ба таърих ва фарҳанги миллию ҷаҳонӣ зиёд мароқ дошта, баҳсу мунозираҳоро дар атрофи масъалаҳои муҳимми зиндагӣ дӯст медошт, аз суҳбатҳои гуворои устод лаззат бурда, нисбат ба ин шахсияти илмӣ ихлосу самимияти хосса пайдо намуд. Ҳар гоҳ ки Душанбе мерафтам, падарам исрор меварзид, ки ҳатман устод Бекзодаро мулоқот намуда, салому паёмҳои роӯшангарони минтақаро расонам.

  Ҳаштум.  23 ва 24 марти соли 2019 устодро бо ҷумлаи дӯстони душанбегӣ бо шумули Дидавар Бекзода, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, Исомиддин Шарифзода, Нурмуҳаммад Сафарзода дар деҳаи меҳмон гирифтем. Нимаи дуюми рӯзи 23 марти соли 2019 меҳмонони душанбегиро дар ҳавлии Пирмуҳаммади Нур истиқбол гирифтем ва то суҳбату гуфтугӯҳои фарҳангию мадании устод Бекзода ва ҷамъи меҳмонон то як поси шаб идома ёфт. Рӯзи дигар меҳмондорӣ бар уҳдаи банда вогузор шуд ва суҳбату гуфтумонҳои илмию адабию фарҳангии устод Бекзода дар сатҳи баланд давом кард.

   Дар ҷараёни ду рӯзи меҳмонӣ аз ҳузури устод Бекзода зиёд истифода бурдем ва аз суҳбати ширину гуворои ӯву меҳмонони душанбегӣ, воқеан, завқи бадеию эстетикии худро тақвият додем. Суҳбат дар шакли ширу шакар сурат гирифт, ба ин маъно ки устод  аз тариқи суҳбатҳои ҷолиби фалсафӣ ва латифаҳои намакини мардумӣ моро ба ваҷд меоварданд ва дар айни замон, ҳунарманди варзидаи маҳаллӣ равоншод Абдушукур Сафарзода (1938-2023) бо суруду оҳангҳои дилнишини касбию халқӣ хотири ҳозиронро шод мегардониданд. Махсусан, субҳи рӯзи 24 марти соли 2024 меҳмононро барои тамошо ба кӯҳсори ноҳия бурдем ва дар он муҳити афсонавии баҳорӣ устод Бекзода бо табъи баланди шоирона ва ҷуръати файласуфона сари масъалаҳои гуногуни вуҷудию фарҳангӣ гуфтугӯ карда, бо таҳлилу арзёбиҳои фалсафию илмӣ маҳфилу нишасти моро рангинтар сохт. Шоми ҳамон рӯз ба манзил баргаштем ва дар ҳавлии мо бо ҳухури меҳмонони душанбегӣ ва пирони маърифатпарвари деҳа Пирмуҳаммади Нур, Раҳматуллоҳ Нидозода, Абдушукур Сафарзода ва дигарон суҳбати мондагоре иттифоқ афтод. Он ду шаб, дарвоқеъ, ифтихор мекардем, ки файласуфи фарзонаи миллӣ ҳамроҳи шогирдони мактаби фалсафии “Ҷаҳони андеша” меҳмони мо ҳастанд. Аз ин ба баъд худро шогирду пайрави мактаби фалсафию инсонии устод Бекзода меҳисобам ва аз ин тасмим меболам.

   Нуҳум. Устод ба мо китобҳои зиёде барои мутолеа ройгон додааст ва феълан чандин китоби илмию тадқиқотӣ ва оммавии устод Бекзода рафҳои китобхонаамро зеб медиҳанд. Аз ҷумла китобҳои файласуфи рус Николай Фёдоров, файласуф ва орифи ҳиндӣ Шри Раҷниш Ошо, муҳаққиқ ва сиёсатмадори амрикоӣ Фредерик Старр ва дигар бузургони илму фалсафаи ҷаҳонӣ дар китобхонаи шахсиам маҳфузанд, ки онҳоро бароям устод Бекзода ройгон туҳфа кардаанд. Ба тариқи ошноӣ бо устод Бекзода сари мутолеаи китобҳои ҷиддӣ тамаркуз карда, ҷаҳонбиниамро сифатан тағйир додам ва ҳангоми дар Федератсияи Руссия қарор доштанам, ба чандин китобхонаҳои шаҳрӣ роҳ ёфта, дар баробари асарҳои таърихию фарҳангӣ, аз осори файласуфони маъруфи аврупоӣ Артур Шопенҳауэр, Фридрих Нитше, Ҷон Пол Сартр, Албер Камю, Мартин Ҳайдеггер ва дигарон огоҳ шудам. Аз сӯйи дигар, ҳамнишинӣ бо устод Бекзода дари фалсафа ва донишҳои фалсафиро ба рӯям боз кард ва мероси арзишманди файласуфони ҷаҳониро ҳар куҷое бинам, харидорӣ мекунам ва мавриди мутолеа қарор медиҳам. 

   Даҳум. Дар ҳақиқат, аз ошноӣ бо ин ҳаким ва файласуфи муосири миллӣ ифтихор мекунам. Зимнан, устод Бекзода на танҳо ифтихори мо шогирдон, балки ифтихори миллатанд, зеро ки тамоми талошу ибтикороташонро ба хотири огоҳию бедории миллат кардаанд ва дар ин роҳи мушкилписанди зиндагӣ то имрӯз бардамона гом бармедоранд. Дар охир, бо истифода аз фурсат ба устод Бекзода сиҳҳатию саломатӣ, умри бардавом ва саодату хушбахтии рӯзгорро таманно мекунем. Воқеан:

            Зинда бошӣ, эй ҳакиму файласуфи ин диёр,

            Ифтихор аз ошноӣ бо ту дорам, ифтихор!

 

                        Мирзодавлат Нидозода,

            омӯзгори Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ.

            26 августи соли 2024, душанбе, соати 17:17

 
Хондан 496 маротиба