JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 15 Августи 2024 05:58

Дин абзори сиёсат дар барандозии Ҷамшед дар “Шоҳнома”

Муаллиф:

 

Чакидаи мақола:

“Шоҳнома” мероси сутурги эрониён, дорои мазмунҳоест, ки гоҳ ба рамз омадааст ва ҳамин вижагӣ онро барои тамомии давраҳои таърихӣ коромад мекунад. Дар навиштори пеши рӯ, такияи пажуҳиш ба лиҳози истидлолӣ, матни аслии “Шоҳнома” дар бахши асотирӣ аст ва талош бар он аст, ки андешаи сиёсии лояҳо (қабатҳо)-и пинҳони сухани Фирдавсӣ ошкор шавад. Нақши дин ва намуди он ба шакли фарраи эзадӣ бознамоӣ гардад. Ин фарзия матраҳ мешавад, ки дар бахши асотирии “Шоҳнома”, дин бар сиёсат асари мустақим дошта ва гоҳ таъйинкунандаи рафторҳои сиёсӣ будааст. Ниҳоди дин ба унвони як ниҳоди қудрат ва гоҳ ба унвони абзоре дар дасти сиёсатмадороне метавониста дар азлу насби шоҳон асаргузор бошад.

Ин мақола ба равиши таҳлилӣ-тавсифӣ кӯшидааст то қароин (нишонаҳо)-и дахолат ва асари мӯбадон бар тағйири сарнавишти кишвар дар бахши подшоҳони пешдодӣ, бавижа дар ҷобаҷойии қудрат аз Ҷамшед ба Заҳҳокро нишон диҳад.

Муқаддима ва баёни масъала

Дар мавқеъиятҳои мухталифи фикрӣ, ковишҳои “Шоҳнома”, овардаҳои нав ба ҳамроҳ дорад. Лояи зоҳирӣ пӯшишест барои мафҳуми жарфи он, чунонки сарояндааш мефармояд:

Ту инро дурӯғу фасона мадон,

Ба яксон равиш дар замона мадон.

Аз ӯ ҳар чи андар хӯрад бо хирад,

Дигар бар раҳи рамзу маънӣ барад.

Ва дар оғози достони Аквондев низ дубора таваҷҷуҳи моро ба лояҳои зерини матн ҷалб мекунад:

Хирадманд к-ин достон бишнавад,

Ба дониш гарояд бад-ин награвад.

Валекин чу маънияш ёд оварӣ,

Шавад рому кутаҳ кунад доварӣ.

Ин навиштор бо текники пажуҳиш дар манобеи китобхонаӣ, ду қудрати шоҳӣ ва қудрати мӯбадӣ дар подшоҳони пешдодӣ, бавижа Ҷамшед, робитаи ҳокимият ва динро баррасӣ мекунад.

Гӯӣ аз рӯзи нахуст машруияти салтанат бо қудрати дин сурат гирифта. Асари дин ва мақбулияти он дар зеҳни мардум амре мусаллам дида мешавад. Дин намоди қудрати маънавӣ ва подшоҳ намоди қудрати заминӣ аст.

Шояд битавон яке аз аркони муҳими сохтори сиёсии Эрони бостонро, ки дар мутуни адабии барҷомонда аз он даврон, бадон пардохта шуда, пайванди дину сиёсат ё ба забони имрӯзӣ, ҳамбастагии дину давлат донист. Дар мутуни Авастоӣ ишорати бисёр ба ин мавзуъ шудааст; ҳамчунон ки фарраи эзадӣ, нишонест устувор аз вуҷуди робитаи ногусастанӣ миёни ҳокимият ва дин. Муғон ё ҳамон мӯбадон, ки уҳдадори маросим ва иҷрои ҳудуди шаръӣ дар ойини Зартушт буданд, тавонистанд бо таваҷҷуҳ ба фарраи эзадии шоҳон, пои худро ба дарбор боз кунанд ва аз ҳамон нахустин лаҳза салтанате мазҳабӣ барпо доранд (Фазлуллоҳ Разӣ).

Манобеъ ба мо мегӯянд, ки шоҳони асотирии “Шоҳнома”, дар ҳолае аз қидосат ҳастанд. Онҳо ба таъйиди динию илоҳӣ, қабола (санад)-и салтанатро ба даст гирифтаанд. Дину шаҳриёрӣ ҳамвора бо ҳам пеш мераванд ва ба ҳам вобастаанд. Барои дарёфти мафоҳими зерин ин иртибот дар бахши асотирӣ бояд варои зоҳир, бо нигоҳе дигар, бияндешем.

Эрих Фромм, равонков ва файласуфи иҷтимоии олмонӣ муътақид аст, ки устура монанди рӯё, ақоиду афкори фалсафӣ ва мазҳабию воқеиро, ки дар замону макон иттифоқ афтодаанд ва низ таҷрибаҳои равонии муҳимми инсонро ба забони символизм баён мекунад. Агар натавонем маънои воқеии асотирро дарк кунем, маҷбур хоҳем шуд онҳоро тасовире пеши по афтода ва бадавӣ аз таърихи дунё талаққӣ кунем ва дар беҳтарин ваҷҳи мумкин онҳоро фаровардаҳое шоиронаву зебо аз тахайюли инсонӣ бидонем.

Раванди шаҳриёрӣ ва сиёсати канорагирӣ ё халъи салтани Ҷамшед, ба содагӣ бар асоси зоҳири абёт қобили пазириш нест ва пурсишҳоеро дар зеҳн меоварад, ки дар посух ба он бояд ниҳодҳои қудратро дар сатҳи калон пайдо кард. Иртибот миёни мӯбадону шоҳон ва шеваҳову текникҳои бозии қудрат дар дастгоҳи дину сиёсат қобили баррасӣ аст то посухи пурсишҳо ошкор шавад:

— Оё дар бахши асотирии “Шоҳнома” дин ба унвони абзоре дар дасти сиёсатмадорон қарор гирифт?

— Дин чигуна тавонист дар интиқоли қудрат муассир бошад?

— Оё фарраи эзадӣ барсохтаи мӯбадон барои маҳори қудрат буд?

— Се омили дин, сиёсати хориҷӣ, сарвату сармоядорӣ читур метавонист дар интиқоли қудрат муассир бошад?

— Ҳадаф аз даъвати бегонае матмул(сарватманд, тавонгар, молдор) барои шоҳӣ бар Эрон ба ҷои Ҷамшед чӣ буд?

Устурашиносӣ ё мифология (илми тафсири устура ва афсона) таърихи фарҳанги моддию маънавии аввалияи ҳар миллат аст. Нахустин бахши “Шоҳнома” таърихи устураи Эрон аст. Аҳаммияти “Шоҳнома” дар ин бахш танҳо ин нест, ки ақидаи эрониро дар бораи офариниши ҷаҳон, сард шудани замин ва пайдоиши гиёҳу ҷонвар ва кӯшиши инсон барои таҳияи хонаву аҳлӣ кардани ҳайвонот шарҳ медиҳад; балки дар посух ба ин пурсиш аст, ки чаро мардумон он ҷаҳони биҳиштинро, ки дар он сармову гармо, гуруснагию қаҳтӣ, ҷангу беморӣ, зиштию пирӣ ва марг набуд, аз даст доданд! Дар устурашиносии эронӣ далели табоҳии ҷаҳони хайр дар гусастани фарраи эзадӣ аст; яъне парвардигори мардум низ бо ин раҳбари гумроҳ аз рӯи хирад нест, балки рафтори мардуме шитобзада ва шӯришталаб аст (Оқо Алихонӣ).

Пешинаи пажуҳиш

Тамоми пажуҳишҳое, ки дар бахши асотирӣ сурат гирифта тақрибан як чизро дар бораи Ҷамшед такрор кардаанд, ки ӯ мағрур шуд ва иддаои худоӣ кард. Дар китоби “Трагедияи қудрат дар “Шоҳнома”-и Мустафо Раҳимӣ дар бораи Ҷамшед мегӯяд: “Қудрат агар василаи додгустарӣ ба Ҷамшед медиҳад, чун аз ҳад гузашт, боре кори ӯро ба ҷунун мекашонад то ҷое, ки худро Худо медонад ва ин аст хасисаи шигифтии қудрат!” (Мустафо Раҳимӣ). Алӣ Ризоқулӣ дар китоби “Ҷомеашиносии худкомагӣ” Ҷамшедро дорои қудрати мутлақ медонад ва менависад: “Қудрати мутлақ, мутлақан фосид мекунад”. Саъиди Сирҷонӣ дар китоби “Заҳҳоки мордӯш”, Ҷамшедро низ худкома мепиндорад ва менависад: “Ҷамшед дар ҷомеае бидуни интиқод, ғурур варзид ва ҳавои худоӣ ба сараш зад”. Фазлуллоҳ Ризо дар китоби “Пажуҳише дар андешаи Фирдавсӣ” дар мавзуи Ҷамшед менависад: “Душмани шоҳ дарунӣ аст, берунӣ нест. Ӯ парчами исён бардошта ва ба ҷанги Худо рафта”. Ва дар бисёри кутуб ва мақолоти дигар ҳамвора ба зоҳири абёт таваҷҷуҳ шуда, ғуруру иддаои худоӣ карданро омили суқути Ҷамшед донистаанд. Ғолиби пажуҳишҳо мувофиқ бар нек пиндоштани табақаи отурбонон буда ва пажуҳише, ки дар он ба дигаргуна дидани дин ва сиёсӣ ангоштан ва ё абзорӣ дидани дин барои сиёсат бошад, дар бахши асотирӣ ёфт нашуд. Аз ин ҳайс, ин баррасӣ нигоҳе навро ироа медиҳад.

  Мабонии назарӣ

Баррасии сиёсии достонҳои асотирӣ дар адабиёти “Шоҳнома” ниёзманди донише байнориштаӣ аст. “Мутолиоти адабӣ-сиёсӣ, баррасӣ ва шинохти дусӯяи сиёсатварзӣ бо адабиёт бо истифода аз ҳамаи мавориди мавҷуд аст, ки дар он нақши афкор, адабиёт, забон ва ҳукуматҳо барҷаста менамояд. Иборати адабиёти сиёсӣ гӯёи он аст, ки ин дониш мекӯшад то бо рӯйкарде байнориштаӣ, ду ҳавзаи улуми инсониро дар таомулу пайванд бо ҳам бидонад. Мутолиоти адабӣ-сиёсӣ бо навъе бозхонии фарояндҳои адабиёт ва корбасти он дар олами сиёсатварзӣ аст. Ин ки чигуна адабиёт мутанозир (назораткунанда) бар баёни мафоҳим ва авзои иҷтимоию сиёсии як давра аст ва чигуна онро тарсим карда, дар ин ҳавза мавриди баррасӣ қарор мегирад” (Қадамалии Сиромӣ).

Дар бахши подшоҳони асотирӣ, аз Каюмарс то Ҷамшед, навъи дин ба сароҳат мушаххас нашуда, аммо аз фарраи эзадӣ борҳо сухан ба миён меояд. “Фарра, фурӯғи эзадист, ки ба дили ҳар ки битобад аз ҳамагон бартарӣ меёбад ва аз партави ин фарра аст, ки касе ба подшоҳӣ мерасад ва метавонад дасти Аҳриман ва бадҳоро кӯтоҳ кунад” (Пури Довуд).

Фарра ба чанд навъ тақсим мешавад: фарраи равшанӣ, фарраи каёнӣ, фарраи озодагон, фарраи ногирифтании мутааллиқ ба осарвонон (отурбонон, осурбонон ё руҳониён), (Тавассул Паноҳӣ).

Фарраи эзадӣ: Фарраи эзадӣ неруи минӯӣ аст. Нигоҳбони подшоҳону паҳлавонони эронӣ, ки фармонравоӣ бар эроншаҳр дар гарави он ниҳода шудааст (Каззозӣ). Подшоҳӣ диҳише эзадист, то ӯ нахоҳад касе наметавонад ба пойгоҳи шоҳӣ даст ёбад. Дар ин вижагӣ исботи фарраи эзадӣ манут ва мавкул ба нишонаҳои ошкори пирӯзӣ аст. Ҳар ки сар ба шӯриш гузорад ва пирӯз шавад, ҳукумати ӯ мавриди таъйиди худованд аст (Ваҳиди Баҳромӣ).

Фарраи шоҳӣ: Ҳамон нажод аст, ки ба сурати маврусӣ (меросӣ) ба писар мунтақил мешавад. Фарраи эзадӣ фақат ба шоҳон дода мешавад ва нишон медиҳад, ки ҳукуматашон мавриди ризояти Худост ва ба онҳо машруият мебахшад.

Фарраи мӯбадӣ: Касоне, ки ба хотири дину кишвар меҷанганд ва сарзамини яздонпарастонро густариш медиҳанд, дорои фарраи мӯбадӣ мешаванд ва бештар ҷанбаи динию маънавӣ дорад. Дар ҳамлаи Манучеҳр ба сипоҳи Тур ба размандагони эронӣ гуфта мешавад касоне ки хуни лашкари Чину Румро бирезанд то ҷовидон некном ва бо фарраи мӯбадон мемонанд (Ваҳиди Баҳромӣ).

 Ҳар он кас ки аз лашкари Чину Рум,

Бирезанд хуну бигиранд бум.

Ҳама некноманд то ҷовидон,

Бимонанд бо фарраи мӯбадон.

Шоҳ бояд ба таъйиди динӣ мерасид ва фарраи эзадиро касб мекард. Намояндагони динӣ метавонистанд ин таъйиидро аз эшон биситонанд, чунон ки дар поёни достони Ҷамшед. Фар ё фарра машруиятсоз аст ва ба сабаби он мардум аз шоҳ итоат мекунанд.

Каюмарс

Бахши асотирӣ бо Каюмарс оғоз мешавад ва аз ҳамон оғоз Каюмарс бо пешвои динӣ ҳамгом аст. Каюмарс аз ибтидои нишастан бар тахти шоҳӣ, бо мӯбадон ҳамгом аст. Аз онҳо иҷозаву таъйид мегирад:

Каюмарс шуд бар ҷаҳон кадхудой,

Нахустин ба кӯҳ андарун сохт ҷой.

Кӯҳ ҷои мӯбадон будааст ва Каюмарс ба пуштивонаи онҳо бар тахт менишинад, чун онҳо тасмим гирифта буданд, ки як нафар, ки мавриди итминон онҳо бошад, бояд бар мардум ҳукумат кунад. Пас ӯ дорои фарри шоҳаншаҳӣ шуд. Ҳама чиз бо ӯ ҳамсадо буд. Назари мухолифе надошт. Даду дом ва ҳар ҷонваре дар муқобили ӯ таслим буданд, яъне мӯбадон роҳро бар ӯ ҳамвор мекарданд:

Даду дому ҳар ҷонвар к-аш бидид,

Зи гетӣ ба наздики ӯ орамид.

Дуто мешудандӣ бар тахти ӯй,

Аз он баршуда фарраву бахти ӯй.

Ба расми намоз омадандеш пеш,

В-аз он ҷойгаҳ баргирифтанд кеш.

Кеш дар форсӣ ҳаммаънои дин аст, аммо дар паҳлавӣ танҳо барои динҳои бероҳу табоҳ кор мерафтааст (Каззозӣ), гӯё мардум бо ӯ байъат мекарданд ва дини аҳримании худро канор мегузоштанд ва зери парчами дини Каюмарс қарор мегирифтанд. То ин ки ҳамин мардум, ки ба зоҳир дини ӯро пазируфта буданд ба ҷамъоварии сипоҳ пардохтанд то бо Сиёмак биҷанганд. Ин ҷо ниҳоди рӯҳоният, ки аз ибтидо вазорати иттилоотро ташкил дода буд, ба сурати махфиёна мавзуро ба Сиёмак иттилоъ медиҳад:

Якояк биёмад хуҷастасурӯш,

Ба сони парӣ бо палангинапӯш.

Бигуфташ ба роз ин сухан дар ба дар,

Ки душман чи созад ҳаме бо падар.

Бо ҳидоятҳои Яздон ва аз тариқи раҳнамуди сурӯш омодаи мубориза бо Аҳриман мешавад ва дар ниҳоят ин мубориза ба қатли Сиёмак меанҷомад. Баъд аз соле сӯгворӣ барои марги Сиёмак, аз сӯи довари Кирдигор бо воситагарии сурӯш паём меояд, ки ба фармони ман бархез ва бо девон биҷанг.

Чаро Худо барои ирсоли ин паём як сол таъхир дорад? Чун рӯҳониён медонанд, ки ҳанӯз лашкари кофӣ барои набард надоранд ва зӯрашон намечарбад. Бояд як сол рӯи зеҳни мардум кор кунанд то онҳоро ҳамсӯи худ гардонанд, сипас паём аз сӯи Кирдигор меояд:

Дуруд оваридаш хуҷастасурӯш,

К-аз ин беш махрӯшу боз ор ҳуш.

Сипаҳ созу баркаш ба фармони ман,

Баровар яке гард аз он анҷуман.

Аз он бадкуниш деви рӯи замин,

Бипардозу пардахта кун дил зи кин.

Девҳо ақалияте буданд, ки ба дин ё ойини ҳукумат набуданд. Барои нобудии онҳо лашкаре аз ҳайвоноту париён фароҳам омад. Нақши парӣ дар ин достонро чӣ касе ҷуз неруи иттилоотӣ метавонад дошта бошад, ки гаҳ пайдову гаҳ нопайдоянд? Дар ду байти пушти сари ҳам аз парӣ ёд шуда, ки аз аркони лашкар ҳастанд:

Парию паланг анҷуман карду шер,

Зи дарандагон, гургу бабри далер.

Сипоҳе даду дому мурғу парӣ,

Сипаҳдор бо кину гундоварӣ.

Дар достони Ҳушанг низ иллати пешрафтҳои ӯро эзадӣ ҷоҳ ва фарри каён медонад. Ҳушанг дорои пуштивонаи динии бузургест ва бо кашфи оташ абзори бузурге барои қудрати мӯбадон ба онҳо месупорад ва дар ҳақиқат дар афзудани қудрати онҳо талош мекунад.

Таҳмурас

Пас аз Ҳушанг, писараш, Таҳмурас бар тахт менишинад ва нахустин кораш мулоқот бо мӯбадон аст:

Ҳама мӯбадонро зи лашкар бихонд,

Ба хубӣ чи моя суханҳо биронд!

Байти фавқ нишон медиҳад, ки мӯбадон дар лашкар ҳастанд ё мӯбадонро ҷузъи хайли худ ба ҳисоб меоварад ва ё ин ки мӯбадон фармондеҳи кулли қувво ҳастанд. Дар таърифи “фарри мӯбадӣ” дидем, ки онҳо ҷанговар буданд; бинобар ин ҳузур дар лашкар метавонад коркарди размӣ ҳам барои нақши мӯбадон эҷод кунад.

Таҳмурас мутобиқи майли онҳо сухан мегӯяд. Мехоҳад дили онҳоро ба даст оварад ва итминон диҳад, ки гӯш ба фармон аст то ройи эътимод бигирад ва соҳиби фарра шавад. Таҳмурас ба мӯбадон қавл медиҳад, ки дасти душманони диниро кӯтоҳ кунад ва ҳамчунон бар хатимашӣ падараш ба дастури мӯбадон амал кунад то ҷаҳонхидев бошад:

Зи ҷой кӯтаҳ кунам дасти дев,

Ки буд хоҳам ҷаҳонро хидев.

Ӯ пас аз аҳлӣ кардани парандагон, онҳоро даъват ба итоату ниёиши Худо мекунад ва ёдоварӣ мекунад, ки қудраташро аз ин ҷойгоҳи динӣ ба даст овардааст:

Чунин гуфт к-инро ситоиш кунед,

Ҷаҳонофаринро ниёиш кунед.

Ки ӯ додамон бар дадон дастгоҳ,

Ситоиш мар ӯро, ки бинмуд роҳ.

Мӯбадон барои ӯ вазире аз дастаи худашон таъйин мекунанд. Мӯбаде дар либоси вазир ба номи Шаҳрасп. Ҳузури дин дар канори сиёсат, барои маҳдуд кардани қудрати шоҳ аз сӯи ниҳоди динӣ зарурӣ ба назар мерасид. Шаҳрасп рӯза мегирифт ва намоз мехонд. Роҳро аз чоҳ ба шоҳ нишон медод ва ҳамвора мувозиби ӯ буд, ки аз роҳи таъйиншуда, тахатӣ сурат нагирад:

Ҳама рӯз баста зи хӯрдан ду лаб,

Ба пеши ҷаҳондор бар пой, шаб

Чу ҷон бар дили ҳар касе буд дӯст,

Намози шабу рӯза ойини ӯст.

Муқаддасмаобӣ ва мақбулияте, ки ба воситаи рафтори динӣ касб карда буд, дар абёт нишон дода шудааст:

Ҳама роҳ некӣ намудӣ ба шоҳ,

Ҳама ростӣ хостӣ пойгоҳ.

Вақте шоҳ ба воситаи ҳамнишинӣ бо Шаҳрасп комилан шустушӯи мағзӣ шуд ва дидгоҳи ғуборолудаш тағйир ёфт, ҳоло аз бадиҳо пок шуда ва қобилияти фарраи эзадӣ ё дар лоя (қабат)-и пинҳон таъйиди мӯбадонроо меёбад:

Чунон шоҳ полуда гашт аз бадӣ,

Ки тобид аз ӯ фарраи эзадӣ.

Шоҳе, ки то кунун фақат ба фикри пешрафти кишвару ободонии он буд, чӣ бадӣ дошт, ки бояд полуда мегашт? Гӯё ҳанӯз рӯҳониён ба ӯ эътимоди комил наёфта буданд; магар он ҷо, ки Шаҳраспро ҳамроҳи ӯ намуданд то зеҳни ӯро нисбат ба мӯбадон покиза кунад! Шаҳрасп дорои асп аст ва ин намуде аз сарват аст. Сарват, ки худ навъе аз қудрат аст метавонад пуштивонаи қудрати ҳокимият бошад. Байти баъд нишон медиҳад, ки Таҳмурас бедиранг пас аз фарра ёфтан, савор бар аспи сарват, дастури мӯбадонро иҷро мекунад:

Бирафт Аҳриманро ба афсун бибаст,

Чу бар тезрав борагӣ барнишаст.

Иттиҳоди дину давлат қудрате азим ба ҳукумат мебахшад, чунонки Ардашери Бобакон низ ба фарзандаш Шопур чунин андарз медиҳад:

Чу бар дин кунад шаҳриёр офарин,

Бародар шавад шаҳриёрӣ ва дин.

На бе тахти шоҳист дине ба пой,

На бе дин бувад шаҳриёрӣ ба ҷой.

Ду дебост як дар дигар бофта,

Бароварда пеши хирад тофта.

На аз подшаҳ бениёз аст дин,

На бе дин бувад шоҳро офарин.

Чунин посбонони якдигаранд,

Ту гӯӣ, ки дар зери яке чодаранд.

Дар набард бо девҳо, ду бахш аз онҳоро бо афсуну ҷоду асир мекунад! Таҳмурас ҷоду дар кор кард ё ин кор, нишонаи ҳимояти мӯбадон буд?!

Аз эшон ду баҳра ба афсун бибаст,

Дигаршон ба гурзи гарон кард паст.

Дар ниҳоят боз ҳам Таҳмурас чашми Шаҳраспро дур мебинад бо девҳо сари созиш мегузорад ва девҳои босаводу доно талош мекунанд, ки ба ӯ огоҳӣ бирасонанд ва зеҳни ӯро равшан кунанд. Дар ин ҳангом Шаҳрасп дигар дар достон вуҷуд надорад:

Набиштан ба хусрав биёмӯхтанд,

Дилашро чу хуршед бифрухтанд.

Набиштан яке на, ки наздики сӣ,

Чи румиву чи тозиву порсӣ...

Саранҷом Таҳмурас пас аз пайванд ёфтан бо девҳо ба дурустӣ дар “Шоҳнома” ошкор нашуда ва дуруст пас аз номи хатҳои мухталифе, ки девҳо ба ӯ омӯзиш доданд, достон ба марги шоҳ поён меёбад:

Ҷаҳондор сӣ сол аз ин бештар,

Чигуна бурун оваридӣ ҳунар?

Бирафту сар омад бар ӯ рӯзгор,

Ҳама ранҷи ӯ монд аз ӯ ёдгор.

Оё Таҳмурас мавриди ғазаби ниҳоди динии болодаст қарор гирифт ва мармузу пинҳонӣ сар ба нест шуд?!

Ҷамшед

Дар авасто Ҷамшед зодаи нахустин мӯбади ҳум аст. Нахустин истумандест, ки шираи гиёҳи ойинӣ ва сипанди ҳумро мегирад ва аз он нӯшоба месозад. Ба подоши ин кор аст, ки Ҷамшед барои вай зода мешавад (Исно 4/9, ба нақл аз Каззозӣ). Ҷамшед дар “Шоҳнома фарзанди Таҳмурас аст. Ӯ аз ибтидо бо фарри шоҳаншаҳист ва ҳама ба фармони ӯянд ҳатто париён: "Ба фармони ӯ деву мурғу парӣ”.

Ӯ худ мӯбад буд ва аз миёни мӯбадон бархоста ва бо тасмими онҳо шоҳ шудааст:

Манам гуфт бо фарраи эзадӣ,

Ҳамам шаҳриёрӣ, ҳамам мӯбадӣ.

Ӯ дар низоми қудрат аз эътибори дин барои касби қудрати шаҳриёрӣ баҳра ҷӯст. Нахустин кораш сохти таҷҳизоти ҷангӣ аст. Нахуст олати ҷангро даст бурд...баъд ҳам тақсими табақотиро анҷом дод ва отурниён (осурбон ё котузиён)-ро аз миёни мардум ҷудо кард ва онҳоро ба кӯҳистон фиристод то дар он ҷо ибодат кунанд ва дар ҳукуматдорӣ дахолат накунанд. Ин аввалин подшоҳ аст, ки ҷомеаи диниро ба унвони як табақаи иҷтимоӣ муаррифӣ мекунад:

Гурӯҳе, ки котузиён хонияш,

Ба расми парастандагон донияш.

Ҷудо кардашон аз миёни гурӯҳ,

Парастандаро ҷойгаҳ кард кӯҳ.

Бад-он то парастиш бувад корашон,

Навон пеши равшан ҷаҳондорашон.

Дар абёти боло Фирдавсӣ нишон медиҳад, ки Ҷамшед арзиши коре барои рӯҳониён қоил нест ва фақат кори онҳоро парастиш медонаду бас; вале баръакси онҳо, “артишиён”-ро нигаҳдорандаи тахти шоҳӣ медонад ва мардонагию коргузориро аз онҳо медонад:

Сафе бар дигар даст биншонданд,

Ҳаме ном найсориён хонданд.

Куҷо шермадони ҷанговаранд,

Фурӯзандаи лашкару кишваранд.

 

К-аз эшон бувад тахти шоҳӣ ба ҷой,

В-аз эшон бувад номи мардӣ ба пой.

Дар абёти пешин низ нишон медод, ки нахустин кори Ҷамшед баъд аз тоҷгузорӣ, сохти силоҳи ҷангӣ аст барои тақвияти ин гурӯҳ. Баъд аз тақсимбандӣ ба суроғи девҳои нопокдин меравад. Бо онҳо шурӯъ ба кори шаҳрсозӣ мекунад. Гармобаву кох месозад. Ҷамшед бо девҳои доно дӯст буд. Онҳо муҳандисӣ ва хатту забон медонистанд. Маданияту шаҳрсозӣ ба кумаки девон сурат гирифт. Онҳо илми осмонро низ медонистанд ва ҳамсафари Ҷамшед дар осмон шуданд.

Диндорон ҳунаре надоштанд ва аз наздик шудани Ҷамшед ба девҳо нигарон буданд. Девҳо ҳаргиз дину ойини рӯҳониёни давраи Ҷамшедро напазируфта буданд ва барои ҳамин аз назари рӯҳониёни мусаллат, ронда шуда ва нопок маҳсуб мешуданд ва ҳар чи андешаи палид буд, ба онҳо нисбат дода мешуд:

Ту мар девро мардуми бад шинос,

Касе к-ӯ зи Яздон надорад сипос.

Ҷамшед баъд аз ниёзҳои аввалия ба сӯи таҷаммулот меравад. Санги қимматӣ ва симу зар истихроҷ мекунад. Хушбӯкунандаҳоро таҳия мекунад ва ба суроғи пизишкӣ меравад ва баъд ҳам киштиронӣ мекунад, сипас тахте месозад, ки ба кумаки девҳо парвоз мекунад. Дар тамоми ин солҳо Ҷамшед бо девҳо ҳамроҳ буд ва девҳо ба ӯ хидмат мекарданд:

Зи ранҷу зи бад-шон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Мардум ранҷу бадӣ надоштанд. Шоду розӣ буданд. Шоҳ низ ҳамроҳу дӯстдор ва ба ҳамроҳи мардум буд. Низоми мардумсолорӣ буд:

Ба фармони мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш ҷаҳон пур зи овои нӯш.

Ба ҳамин ҷиҳат пас аз солиёне, ки ӯ хидматгузори мардум буд, дорандаи фарри каёнӣ ё фарри шоҳӣ шуд:

Чунин то баромад бар ин солиён,

Ҳаметофт аз шоҳ фарри каён.

Билохира, зоҳири достони Ҷамшед дар “Шоҳнома” мегӯяд, ки ӯ манӣ кард. Тавзеҳи қонеъкунандае матраҳ нагардидааст. Шоҳе чунон бузург ва дӯстдори мардум, аҳли донишу фазл ва дорои мақбулияти ом, ногаҳон ба воситаи ғурур ба зер кашида шавад, ҷуз ҳарф он ҳам дар миёни бузургони лашкару меҳони кишвар, коре ва амале надода буд, ки боистаи азли ӯ бошад:

 

Чунин то баромад бар ӯ рӯзгор,

Надиданд ҷуз хубӣ аз кирдигор.

Ҷаҳон сар ба сар гашт ӯро раҳӣ,

Нишаста ҷаҳондор бо фарраҳӣ.

Якояк ба тахти меҳӣ бингарид,

Ба гетӣ ҷуз аз хештанро надид.

Манӣ кард он шоҳи яздоншинос,

Зи Яздон бипечиду шуд носипос.

Яке аз муҳимтарин вазоиф ва текники мӯбадон, ҷилавгирӣ аз инҳирофи шаҳриёр аз суннатҳои динӣ буд. Дар воқеъ қудрату нуфузи мӯбадон ба ҳадде буд, ки гоҳе шаҳриёрро бозхост мекарданд ва ба ин тартиб қудрати шаҳриёр маҳдуд мешуд. Чунон ки дар “Шоҳнома” мӯбадон аз Касро Нӯшинравон дар бораи корҳои мухталифе, ки бар хилофи суннати динӣ анҷом дода буд, бозхост мекарданд (Баҳромӣ). Мӯбадон умдаи кори худро мутаваҷҷеҳи ҳукумати дунявӣ карда буданд ва бо нуфуз ва шабакаи неруманд, ки дар давоири (доираҳо)- давлатӣ доштанд, ба шакле мустақим дар сарнавишт ва аҳволи якояки мардум дахолат мекарданд. Огониёс мегӯяд: “Дигар ҳама мардум илзоман ба қавли ин, яъне пазириши қудрати муғон мулзам шудаанд ва ҳамаи умури кишвар ба савобдиду ройзании онҳо ба натиҷа мерасад. Дар раъси ин созмони бузургу қудратманди муғона, мӯбади мӯбадон қарор дошт, ки бо ҷиддияту хушунат ва сахтгирӣ, бо ҳазорон маъмури зердаст, созмони худро идора мекард, азлу насб ва таъйини ҳудуди ихтиёроте, ки ба коргузорон вомегузошт, бо ӯ буд ва бар ҳасби зоҳир вайро шоҳ таъйин мекард, аммо ҳар гоҳ шоҳ гоме бархилофи манофею хостаҳо ва маҳдудияти ин тоифа бармедошт, мавқеияти худашро ба хатар меандохт. Тарбияти валиаҳд бо назари вижаи мӯбади мӯбадон буд, ҳар гоҳ созмони муғон намехост валиаҳд ба салтанат расад, ройю назараш ҳалкунанда буд (Разӣ).

Ба назар мерасад Ҷамшед замзамаҳое пинҳонӣ алайҳи худ шунидааст. Аз он ҷо, ки ӯ аҳли гуфтугӯст на ҷанг, пас нишасте бо бузургони лашкар баргузор мекунад ва ночор барои дифоъ аз худ дар муқобили дасисае, ки аз он хабар ёфта, хадамоташро ёдоварӣ мекунад:

Гаронмоягонро зи лашкар бихонд,

Чи моя сухан пеши эшон биронд.

Чунин гуфт бо солхӯрда меҳон,

Ки ҷуз хештанро надонам ҷаҳон.

Ҳунар дар ҷаҳон аз ман омад падид,

Чу ман номвар тахти шоҳӣ надид.

Ҷаҳонро ба хубӣ ман оростам,

Чунон аст гетӣ куҷо хостам.

Ёдоварӣ мекунад, ки рифоҳу оромиш ва шодиро барои ҳамагон фароҳам кардааст. Порчабофӣ ва либоси танашонро ӯ фароҳам кардааст:

Хӯру хобу ороматон аз ман аст,

Ҳамон пӯшишу коматон аз ман аст.

Эътироз мекунад, ки бо он ҳама хадамот, шоҳӣ фақат шоистаи ӯст ва дуруст нест, ки ба дунболи тағйири ҳукумат бошанд ва шоҳе дигар баргузинанд:

Бузургию дайҳиму шоҳӣ марост,

Ки гӯяд, ки ҷуз ман касе подшост?!

Вақте ӯ маният кард, ҳеч кас аз дарбор тамаллуқу чоплусӣ накард. Ҳама сарҳоро пойин афканданд. Магар мешавад дарборе бо подшоҳе мустабид бидуни мутамаллиқу таъйидгар бошад?! Чун сухани ӯ мабнӣ бар худситоӣ набуд; балки шикояту ранҷидагии ӯ аз атрофиён буд, ки тамоми заҳматҳои ӯро надида гирифта ва дасиса мечиданд. Мехост бигӯяд бо ин ҳама хадамот чаро бо ман чунин мекунед?!

Дар ибтидои нишаст дар абёти “Шоҳнома” сухане аз мӯбадон набуд, вале ногаҳон ин ҷо ба ҷои ин ки бигӯяд бузургони лашкар сар ба зер афканданд, ин ҳаракатро барои мӯбадон матраҳ мекунад, яъне дубора нишон медиҳад, ки мӯбадон дар миёни лашкариён буданд ё фармондеҳии онҳоро доштанд. Таркиби дину зӯр ва ҷанговарӣ метавонад ба абзорӣ шудани дин кумак кунад. Инак ҳама мӯбадон, ки медонистанд шикваҳои шоҳ дуруст аст ва посухе надоштанд, сукут ихтиёр карда ва сар ба зер афкандаанд:

Ҳама мӯбадон сар фиканда нагун,

Чаро кас наёраст гуфтан на чун.

Агар сухани Ҷамшед масъалаи динӣ буд, мӯбадон мебоист аз худояшон дар баробари Ҷамшед дифоъ мекарданд. Ҳар чи бошад қудрати Худо беш аз қудрати Ҷамшед аст, лекин масъала худоӣ кардан ва ғурури Ҷамшед нест; балки онҳо воқеан медонистанд Ҷамшед дуруст мегӯяд ва посухе надоштанд. Наметавонистанд хидмати Ҷамшедро нодида бигиранд, аммо масъалаи аслӣ қудрат буд. Мӯбадон ба шоҳе дар ихтиёри мӯбадон ниёз доштанд, ки Ҷамшед он набуд. Пас таъйиди худро аз ӯ бозгирифтанд. Ҷамшед, ки дар оғози подшоҳии худ мӯбад буд, аз миёни онҳо бархоста ва бо ҳимояти онҳо шоҳ шуда буд, инак, ки бо тлошҳои бисёр пуштибонии мардумӣ ёфта буд, ба мӯбадон эътиное надошт. Пас дар ин истизоҳ ройи эътимод наёвард:

 Чу ин гуфта шуд фарри Яздон аз ӯй,

Бигашту ҷаҳон гашт пур аз гуфтугӯй.

Гарданфарозии Ҷамшед дар баробари мӯбадон сабаб шуд мӯбадон аз ҷойгоҳи динии худ истифода кунанд ва бо иттиҳоми динӣ ва рӯйгардонии ӯ аз дину аз Худо, таъйиди лашкариёнро барои кудето бигиранд:

Манӣ чун бипайваст бо кирдигор,

Шикаст андар оварду баргашт кор.

Ҷамшед бо он низоми табақотӣ иҷоза намедод, ки табақоти мухталиф дар кори ҳам дахолат кунанд:

Аз ин ҳар якеро яке пойгоҳ,

Сазовор бигзиду бинмуд роҳ.

Ки то ҳар кас андозаи хешро,

Бубинад, бидонад каму бешро.

Қудрат дар ҳавзаи сиёсӣ ба маънои тавоноии нуфузи ҳоким барои расидан ба ҳадафи матлуб бо мавонеи мутааддиде рӯбарӯст: “Қавонини илоҳӣ, табақоти иҷтимоӣ, ҳинҷорҳо ва мардум маҳдудкунандаи қудрат ҳастанд (Баҳромӣ).

Нишонаи коркарди дугонаи дин пайдост. Дин бо навъе механизми назорат, қудрати шоҳро низ дар даст гирифт. Иртиботи мустақим бо сиёсатро нишон дод ва амалан бар он султа ёфт. Абёт нишон медиҳад, мӯбадон афроде сиёсатмадор буданд, ки аз дин ба унвони абзоре барои ба даст овардани қудрати бештар баҳра ҷӯстанд.

Дар тамоми муддати подшоҳии Ҷамшед чирагии қудрати шаҳриёрӣ бар дин ошкор аст. Нахустин парвози инсон бо Ҷамшед шакл гирифт ва раҳсипарӣ бар обҳо бо киштии ӯ мумкин шуд. Пас Ҷамшед, ки бар ҳавову замин ва об сайтара ёфта буд, ниёзе ба фармонбарӣ аз мӯбадон надошт. Агар ӯ бо сиёсат рафтор мекард ва мӯбадонро ба ҳеч намеангошт, чунин фарҷоме намеёфт. Дар тамоми муддате, ки машғули пешрафти сарзаминаш буд, ёде аз мӯбадон накарда ва дар парвоз бо девҳо ва низ тасаллут бар обҳо ва киштиронӣ, аз Худо сухане ба миён наёмад ва гӯӣ қатъи бандагӣ аз даргоҳи рӯҳониён карда буд. Ҷамшед сарвати зиёдеро бо пешрафти кишвар ба даст оварда буд ва ин сарват дар ихтиёри мӯбадони зоҳиран обид набуд. Ҳамаи инҳо асбоби норизоятӣ шуда ва замина барои сарнагунии шаҳриёр ба дасти ин табақа фароҳам гардид:

Чи гуфт он сухангӯи бо фарру ҳуш,

Ки хусрав шудӣ бандагиро бикӯш.

 

Ба Яздон ҳар он кас ки шуд носипос,

Ба дил-ш андар ояд зи ҳар сӯ ҳарос.

Фармонбардорӣ аз табақаи диндорон муҷиби тадовуми фарра аст ва нофармонӣ фарро мекоҳад. Костани фар, костани пойгоҳ ва хор шудани шоҳ аст:

Ба Ҷамшед бар тирагун гашт рӯз,

Ҳамекост он фарри гетифурӯз.

Ҳоло навбати сиёсати пушти пардаи диндоронест, ки Ҷамшед солҳо онҳоро ба кӯҳ кучонида буд то ба ибодаташон бипардозанд. Онҳо дар кори пешрафт ва ободонию маданият ҳунаре надоштанд. Пас мӯбадон бо ҳимояти тарафдорони низоми сармоядорӣ ба суроғи кишвари ҳамсоя мераванд; ҷойе, ки марде ҳамдини онҳо ҳукумат дорад. Бисёр низ сарватманд аст:

Мар ӯро зи дӯшиданӣ чорпой,

Зи ҳар як ҳазор омадандӣ ба ҷой.

Ҳамон гови дӯшо ба фармонбарӣ,

Ҳамон тозии асп гузида марӣ.

Бузу меш буд ширвар ҳамчунин,

Ба дӯшизагон дода буд покдин.

Мардос писаре дошт бо номи Беварасп. Дорандаи даҳ ҳазор асп, лекин ин писари бисёр сарватманд баҳрае аз меҳр набурда буд:

Писар буд мар ин покдилро яке,

К-аш аз меҳр баҳра набуд андаке.

Бинобар ин байт чаро эрониён бояд ӯро ба шоҳӣ баргузинанд? Ду абзори қудрат; яъне дин ва сарват дар ҳоли таркибу сохти аждаҳои қудратмандтаре буд то битавонад ҳар чи бештар дар кори табоҳии Эрону эронӣ пеш биравад. Диндорон мехостанд аз Ҷамшед интиқом бигиранд ва бемеҳрию беэътиноии ӯро посух гӯянд. Дин бо кумаки сармоядорон мехост дубора қудрати худро ба даст бигирад.

Дар ҷое дигар аз “Шоҳнома” боз ҳам мӯбадон қудратнамоӣ кардаанд. “Яке аз фунуни мӯбадон барои барқарории қудрат дар ростои авомири Аҳуроӣ, гузиниши шаҳриёр бар асоси усули динию ахлоқӣ ва барканории шоҳони бедодгар буд. Дар достони Яздигурд табақаи мӯбадон бар он буданд, ки Яздигурд дар тули подшоҳияш бедодгар буда, фарраи эзадӣ аз ӯ гусаста шуда ва дар фарзандаш Баҳром низ таҷаллӣ надорад. Пас бо ин баҳона иҷозаи подшоҳӣ ба фарзанд ва ҷонишини Яздигурд надоданд ва шоҳи дигаре бо номи Пир Хусрав интихоб мекунанд ва ҳамагон ба ӯ мулҳақ (ҳамроҳ, якҷо) мешаванд (Баҳромӣ).

Пас аз рӯйидани мор бар китфҳои Заҳҳок, аз Эрон хурӯше бармехезад ва кудето оғоз мешавад. Ҳоло ҳамон сипоҳи қудратманде, ки Ҷамшед сохта буд, гурӯҳ-гурӯҳ барои паймон бастан ба сарзамини тозиён мераванд.

“Ҳамеша сиёсати хориҷӣ яке аз манобеи қудрат будааст (Раҳимӣ) Эрониён ба сарзамине бегона рафтанд ва шоҳе ҳавлпайкарро, ки далеру сабуксор ва нопок аст, ба кишвари худ меоваранд. Ҳам онҳо, ки шоҳи ҳафтсадсолаи Эронро, ки сабаби ободонию хушӣ ва бемаргӣ буд, ба далели манӣ кардан, халъ мекарданд, читур мехостанд Заҳҳокеро, ки аз асос нопок буд, шоҳи кишвар кунанд?

Кишвари найзасавор бидуни шоҳ раҳо мешавад, Эрон чи дошт, ки бар сарзамини аслии Заҳҳок мечарбид ва ӯ ҳозир буд аз подшоҳӣ дар сарзамини худ даст бикашад ва бар садри кишвари бегона биншинад? Диндорони Эрон аз манбае динӣ дар сарзамини найзасавор дастур доштанд, ки чунин кунанд, бо ин ки аз ибтидои моҷаро, бадеҳӣ буд, ки Заҳҳок шоҳе сармоядор ва нопок аст. Онҳо мехостанд, ки Эронро бо он ҳама пешрафт дар дастёбӣ ба манобеъ ва баҳраманд аз донишҳои мухталиф, мустаъмараи найзасаворон кунанд.

Интиқоли қудрат аз тариқи кудето бо хоинони эронӣ ва бо кумаки сипоҳи тозӣ ба осонӣ ва суръат дар Эрон сурат гирифт. Ҷамшед бо сипоҳе, ки солҳо дар тақвияти он кӯшида буд ба ҷанг напардохт, балки тахтро тарк кард.

Кайи аждаҳофаш биёмад чу бод,

Ба Эронзамин, тоҷ бар сар ниҳод.

Аз Эрону в-аз тозиён лашкаре,

Гузин кард, гирд аз ҳама кишваре.

Сӯи тахти Ҷамшед бинҳод рӯй,

Чу ангуштаре кард гетӣ бар ӯй.

Чу Ҷамшедро бахт шуд кундрав,

Ба танг андар омад ҷаҳондори нав.

Бирафту бад-ӯ дод тахту кулоҳ,

Бузургию дайҳиму ганҷу сипоҳ.

Пас аз сад сол Ҷамшедро ёфтанд. Ҳоло ӯ нопокдин хонда мешавад:

Чу сад солаш андар ҷаҳон кас надид,

Бар ӯ номи шоҳию ӯ нопадид.

Садум сол рӯзе ба дарёи Чин,

Падид омад он шоҳи нопокдин.

Равшан аст, ки фатвои уламои дин ӯро нопок эълом мекунад то битавонанд ӯро бикӯшанд; зеро “вуҷуди шоҳ муқаддас аст; қатли ӯ ҳам тобу ба шумор меравад ва қотил ба подафраҳи он, интиқоме сахт бозпас хоҳад дод” (Тавассул Паноҳӣ).

Ҳоло ки рехтани хуни ӯ мубоҳ гардид, ҳамин ки ба чанги Заҳҳок афтод, бедиранг ва бидуни муҳокима бо арра ба ду ним шуд. Аз тарси равшангарии Ҷамшед ва хезиши мардумӣ ба ӯ иҷоза надоданд сухане бигӯяд ва дигаронро огоҳ кунад ва билофосила ӯро ба фаҷеътарин шакли мумкин куштанд:

Чу Заҳҳокаш овард ногаҳ ба чанг,

Якояк надодаш суханро диранг.

Ба арра мар ӯро ба ду ним кард,

Ҷаҳонро аз ӯ пок бе бим кард.

Фирдавсӣ дар байтҳои сипасин ба бегуноҳии Ҷамшед ишора мекунад ва дилгир аст:

Аз ӯ беш бар тахти шоҳӣ кӣ буд,

Бар он ранҷ бурдан чи омад-ш суд!

Ва албатта шоир ба хубӣ медониста, ки ин марг, марге сиёсӣ ва ҳосили найранг аст ва аз он ба “нағзбозии рӯзгор” таъбир мекунад. Сиёсате касиф, ки дилро ба дард меоварад:

Яке нағзбозӣ бурун оварад,

Дил-т андарун дарду хун оварад.

Фирдавсӣ ҳамвора пас аз марги қаҳрамонони достонҳояш андӯҳгин мешаваду менолад ва аз бевафоии дунё сухан мегӯяд. Лекин дар поёни достони Ҷамшед, дилтангии шоир аз фарҷоми Ҷамшед ба қадре зиёд аст, ки орзи марг мекунад:

Дилам сер шуд з-ин сарои сипанҷ,

Худоё, маро зуд бирҳон зи ранҷ!

Натиҷагирӣ

Дар ин ҷустуҷӯ, ки фақат бахши асотирии “Шоҳнома”-ро мековад, ба робитаи дину сиёсат таваҷҷуҳ шудааст ва хонише дигар аз достони подшоҳони пешдодиро матраҳ мекунад. Ду қудрати динӣ ва қудрати шоҳиро гоҳ дар таомул ва гоҳ дар тақобули ҳам меёбад. Ҷамшед диндоронро ба ихтиёри худ раҳо карда ва ҳаримашонро пос медорад, аммо диндорон ҳамвора дар талош бар тасаллути бештар бар салтанат дида мешаванд.

Тавтеаи ниҳоди дин алайҳи салтанат барои ба даст овардани қудрат низ ба даст овардани сарват ва афзоиши чоҳу мавқеъият дар давлат аст. Тавтеа алайҳи Ҷамшед нухбакушӣ (нухба-баргузида, бартар, мунтахаб) аст. Ҷамшед нухбаест, ки дар куниши таърихии ҷомеа муассир воқеъ шуда. Ӯ қаҳрамони мардум аст, ки бо кӯшишу тавонмандӣ кишварро ба маданият расонидааст. Шикасти ӯ ба далели қиёми мардумӣ набуд, балки ба далели ихтилоф бо табақаи мӯбадон дар муносиботи қудрат буд. Дар ин кашокаш, сиёсатмадорон, динро абзоре барои ба даст овардани қудрати бештар ба кор гирифтаанд ва фарраи эзадӣ барсохтаи мӯбадон аст барои маҳори қудрати шоҳ.

Се омили дин, сиёсати хориҷӣ ва таомул бо сарзамини найзагузор, сарвату сармоя, бо иттиҳоди ҳамдигар сабаби интиқоли қудрат дар гузор аз Ҷамшед шуданд ва ҳадафи бузургтар ин буд, ки Эрон мустаъмараи саворони найзасавор шавад ва манобеву доштаҳои кишвари биҳиштин дар ғорату дар хидмати низоми динии хориҷӣ қарор гирад.

 Доктор Фарангиси Фарҳуд,

мудири пажуҳишсарои фарҳанг, ҳунар ва адаби форсии “Собит” дар Машҳад

Баргардони Беҳрӯзи Забеҳулло,

мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Хондан 1335 маротиба