JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 23 Августи 2024 07:43

Дар ҳузури ҷумлаи соҳибдилон (бардоштҳои иҷмолӣ дар доираи як нишасти фарҳангӣ)

Муаллиф:

    Дидору мулоқот бо аҳли завқу адабу маърифат, ки аз қадим дар қолиби  табақотии “соҳибдилону рӯшандилон” ғунҷоиш ёфтаанд, ба кас ҳаловати тоза мебахшад. Бар илова, ишораи нозуки Ҳаким Носири Хусрав, “Рӯшандилони Рӯшон ойинаи сафоянд” бар сиришти поку беолоиши қишри соҳибдилу рӯшандили ҷомеа далолат мекунад. Ба ин маъно, соҳибдилон дар ҳар давру замоне виҷдони ҷомеа будаанд ва барои бурунрафт аз мушкилоту буҳронҳои ахлоқию фикрию ақидатию маданию маърифатӣ саъю талош варзидаанд. Аз ҷониби дигар, ин табақа барои боло бурдани сатҳи саводу маърифату огоҳии ҷомеа ҳадафмандона кӯшида, дар ин роҳи мушкилписанди рӯзгор ҳиммат гуморида, сарбаландона рисолати иҷтимоию маданиашонро адо кардаанд.

   Хушбахтона, мо низ аз суҳбату гуфтугӯҳои ширину гуворои соҳибдилони музофотӣ зиёд баҳраёб гардидаем ва ҳар гоҳ ки барои аёдати хешу табор ба деҳот меравем, ҳатман бо намояндагони маъруфи ин қишр дидор тоза мекунем ва ҳатман сари суҳбати гарму гуворояшон менишинем. Ба  ин тартиб, як нишасти хубу ёдмондание дар доираи таҷдиди дидор 12 августи соли ҷорӣ дар деҳаи Пашори Ҷамоати деҳоти Нури ваҳдати ноҳияи Панҷ бо ҳузури зиёиёни саршиноси минтақавӣ дар ҳавлии хушбоду ҳавои пири муаллимони музофотӣ устод Шукруллоҳи Файзӣ иттифоқ афтод.

   Тафсилоти дидорбинӣ, ки ба як нишасти ҷолиби фарҳангӣ бадал шуд, аз ин қарор аст. Зуҳри 12 августи соли ҷорӣ мо ду бародар ---Нозим Нурзода ва Нодирҷон Нурзода ҳамроҳи падарамон Пирмуҳаммади Нур ба аёдати пири муаллимони ноҳияи Панҷ устод Шукруллоҳи Файзӣ рафтем. Дар манзили устод соҳибдилони музофотӣ устодон Абдуфаттоҳи Хоҷа ва Иброни Маҳмадро дучор шудем, ки ба зиёрати устод Шукруллоҳ омада буданд ва рӯйи кати хонаводагии ороста, ки миёни канали хурде сохта шудааст, чорзону нишаста, бо ҳам суҳбати гарме доштанд. Чанд нафар аз ҳисоби хешу табор бо шумули Ҳикматуллоҳи Файзӣ (бародарзодаи устод Шукруллоҳи Файзӣ, ки вазифаи мудирияти Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷро бар уҳда дорад ва фарзанди яке аз номдортарин шахсиятҳои сиёсию мадании минтақавӣ шодравон Нозили Файзӣ (1938-2016) мебошад. Дар зимн, Нозили Файзӣ бародарбузурги Шукруллоҳи Файзӣ буда, солҳои тулонӣ мудирияти шуъбаву сохторҳои муҳимми давлатиро бар уҳда дошта, солҳо масъулияти роҳбарии Дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷро адо намуда, дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи минтақа, махсусан тарбияи кадрҳои сиёсию раҳбарии музофотӣ саҳми назаррас гирифтааст) меҳмононро ҳамроҳӣ мекарданд. Ҳамин тариқ, дидорбинӣ ба як нишасти ҷолиби фарҳангию тафреҳӣ табдил ёфт. Ин ҳолати хуби равонию тафреҳӣ, албатта, ба баракати суҳбати гуворою отифию самимии шахсиятҳои баруманди музофотӣ устодон Шукруллоҳи Файзӣ, Абдуфаттоҳи Хоҷа, Иброни Маҳмад ва Пирмуҳаммади Нур иттифоқ афтод.

   Мунтаҳо, аз суҳбати 12 августи соли ҷорӣ, ки дар ҳавлии устод Шукруллоҳи Файзӣ бо ҳузури зиёиёни саршиноси маҳаллӣ доир гардид, лаззату ҳаловати тозае бардоштем. Ба ин маънӣ:

                Лаззате бурдем, алҳақ, ҷовидон,

                Аз ҳузуру суҳбати соҳибдилон.

  Хулоса, тайи чанд соате, ки бо аҳли нишаст будем, дар маҷмуъ, масоили  адабӣ, маърифатӣ, ҳунарӣ, мафкуравӣ, миллӣ ва фалсафӣ ихтисоран матраҳ гардид. Ҳар нафар соҳибдил дидгоҳи хоссаи худро роҷеъ ба масоили мавриди гуфтугӯ қароргирифта озодона ва бидуни мушкиле дар миён гузошт. Дар заминаи мавзуоти суҳбат, баъзан соҳибдилони маҳаллӣ ёддошту хотироти ҷолибу омӯзандае ироа доштанд. Бахусус, ёддошту хотироти устод Шукруллоҳи Файзӣ дар заминаи ошноию дӯстӣ бо ҳунарманди нотакрори миллӣ устод Одина Ҳошим самимонаю отифона нақл шуданд. Ин навъ хотироти ҷолибу ширинро аз ҳаёти устод Одина Ҳошим ва дигар ҳунармандони бузургу номдори миллӣ Иброни Маҳмад низ бо ҳавсалаи том изҳор дошт. Аммо мавзуи меҳварӣ дар нишасти онрӯзаи мо сатҳи худогоҳию хештаншиносии насли наврасу ҷавони минтақа буд ва ҳозирин бештар нигаронӣ аз он карданд, ки беҳувиятию хурофазадагӣ ва риёкорию худнамоиҳои барзиёди иддае аз ҷаҳолатмаобони замон вазъи маърифатию мадании минтақаро ноҷур сохта, масуният-иммунитети фарҳангиро пойин бурда, ҷомеаро осебпазир намудааст. Ҳозирини нишаст ба ин хулоса расиданд, ки бидуни сарҷамъии интеллигенсияи ватанӣ, талошҳои бардавоми зиёиёни маҳаллию миллӣ, боло бурдани мақоми иҷтимоии қишри омӯзгорӣ, барномарезиҳои ҳадафмандонаи маърифатию омӯзишию тарбиятӣ ва аз ин тариқ мустаҳкам кардани иммунитети ҳувиятию фарҳангӣ наметавон бар чолишу таҳдиду буҳронҳои имрӯзӣ, ки ҳамагӣ аз бесаводию бетарафию саҳлангорию худбохтагӣ сарчашма гирифтаанд, пирӯзу дастболо шуд. Аҳли нишаст атрофи масъалаҳои мавриди назар бо шӯру шавқ сухан мекарданд, алалхусус ҳангоми шарҳу тафсири  шоҳбайтҳои Ҳофизу Соибу Бедил, ки ғолибан ба вазъи буҳронӣ ва чолишу таҳдидҳои замонӣ иртибот мегирифтанд, овозхони шинохтаи минтақавӣ Иброни Маҳмад ба ваҷд меомад ва салиқаи маънишиносии ба худ хосашро ба намоиш мегузошт.

  Хуллас, устод Шукруллоҳи Файзӣ ба сифати мизбону меҳмондор аз аҳли нишаст дар сатҳи олӣ пазиройӣ карда, шароити хуби суҳбату гуфтугӯйи озоди маданиро фароҳам овард, ки бо истифода аз фурсат ба эшон самимона арзи сипос менамоем. Дигар ин ки нишасти мо хеле ҷолибу хотирмон ҷараён гирифт, то ҷое ки ҳамагӣ аз завқи ҳузури ҳамдигар лаззат бурдему амдан соати нишастро тул додем. Муҳимтар аз ҳама, бори дигар итминон ҳосил кардем, ки чунин нишасту маҳфилҳо бо ҳузури фарҳехтагони музофотию марказӣ барои ташхису шиносоии мушкилот, рафъи камбуду костиҳои фикрию фарҳангӣ ва билохира ҷустану пешниҳод намудани роҳҳалҳои муассир корсоз хоҳанд буд.

  Ростӣ, дар ҷараёни суҳбат, дар баробари радду бадалҳои ҷолибу шуниданию бамавқеъи иштиродорони нишаст, аз файзи ҳузури ду нафар собиқадори маорифу фарҳанги минтақавӣ --- устодон Абдуфаттоҳи Хоҷа ва Иброни Маҳмад, ки аз ҷумлаи соҳибдилони саршиноси деҳотӣ маҳсуб меёбанд, зиёд баҳра бурдем. Ин ду нафар зиёии саршинос ва рӯшангари матраҳи минтақавӣ миёни мардуми маҳаллӣ соҳибэҳтироманд ва як умр дар хидмати халқ будаву аз нони ҳалол рӯз гузаронидаанд. Зимнан, дар бораи кайфияти маҳфилу нишастҳои деҳотӣ ва рӯшангарону соҳибдилони маъруфи музофотӣ силсиламатолибе дар матуботи даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаем. Дар ин фурсат доир ба ин ду шахсияти матраҳи музофотӣ (Абдуфаттоҳи Хоҷа ва Иброни Маҳмад), ки дар нишасти 12 август дар ҳавлии устод Шукруллоҳи Файзӣ ҳузури фаъол доштанд, иҷмолан таваққуф мекунем (бо даст додани фурсат ҳатман дар хусуси шахсиятҳои дигари дар нишаст ҳузурдошта матолиби алоҳидае таҳия ва чоп хоҳем кард).

  Устод Абдуфаттоҳи Хоҷа (мавсуф соли 1940 дар деҳаи Қалъаи Ҳусайни ноҳияи Тавилдара зода шудааст) дар паҳнои бешаву ҷангалзору шуху дараву дашту дамани кӯҳистон ба воя расида, аз чашмаҳои мусаффои диёр ташнагӣ шикаста, бо савту садои кабку булбулони хушово ҳамнаво шуда, дар домони табиати афсонавии кӯҳистон парвариш ёфтааст. Баъди муҳоҷир шудан ба ноҳияи Панҷ, хонаводаи Абдуфаттоҳи Хоҷаро дар собиқ деҳаи Орҷоникидзе (ҳозира деҳаи Селгаҳи Ҷамоати деҳоти Кабуд Сайфиддин)-и Хоҷагии дастҷамъии Правда мустақар мекунанд ва устод то имрӯз дар ин деҳа хушҳолона ба сар мебарад. Чун ба илми таърих ва шарҳу тафсири ҳаводиси таърихӣ иштиёқ дошт, пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи таърихи Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе (имрӯза Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, онро бомуваффақият ба итмом мерасонад. Бо роҳхати Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба ноҳия баргашта, касби омӯгориро ихтиёр карда, солҳои тулонӣ ба фарзандони халқ таълим дода, ҳамчун муаллими саршиноси фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ миёни доираҳои сиёсию маърифатии минтақа ном баровардааст.

  Новобаста ба солмандӣ (синни устод Абдуфаттоҳи Хоҷа аз ҳаштоду чаҳор болост), паҳлуи насли зиёиёни маҳаллӣ қарор гирифта, аз тариқи ташаббусу ибтикороти созандаи хеш дар бедории фикрӣ ва рушди маданию маърифатии минтақа саҳми муносиб мегузорад. Устод, ки мактаби мантиқ ва дониши илмиро гузашта, марди мутолеа аст, ба хотири пайдо кардани маълумоти дақиқ ба кишварҳои дуру наздики ҷаҳон, аз ҷумла Россия, Украина, Белорусия, Арманистон, Грузия, Озарбойҷон, Эрон, Ироқ, Сурия, Либия, Миср, Арабистони Саудӣ, Изроил ва амсоли инҳо сафар карда, тавассути дидору мулоқот бо шахсиятҳои варзидаи мамлакатҳои гуногун аз таъриху сарнавишт, урфу одат, таомулу маросим, оийну суннат ва донишу биниши мардумони гӯшаҳои гуногуни сайёра бохабар шуда, сатҳи ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии хешро боло бурдааст. Устод Абдуфаттоҳ ҳамчун омӯзор ва рӯшангари варзида диду боздидҳояшро ҳамчун аёнияти таълимӣ ва ҳақиқати таърихӣ дар ҷараёни тадрис ва муошират бо мардуми маҳаллӣ истифода бурда, фарзандони халқро дар руҳияи меҳандӯстӣ, хирадмандӣ, инсонсолорӣ ва миллатшиносӣ тарбия намудааст. Ҳарчанд ки устод бознишаста аст, бо мактабу маориф иртиботашро наканда, дар чорабиниҳои фарҳангию мадании ноҳиявӣ фаъолона ширкат меварзад.

  Дар ҳар маҳфилу нишаст ва тӯйю суре, ки дар деҳот баргузор мегардад, ҳатман сари мавзуъ ва масъалаҳои ҳассос ва доғи рӯз гап мекушояд ва ҷомеаи мадании минтақавиро ба гуфтугӯю муколимаи созанда даъват менамояд. Устод мӯйсафеди нурониест, ки аз баҳсу даргирӣ бо хурофотиёну фурсатталабон, ки шумораашон, мутаассифона, рӯз ба рӯз меафзояд, худро канор намекашад ва дар баҳсу мунозираҳо аз далелу ҳуҷҷати илмию таърихӣ кор мегирад. Хеле ҷасуру далер ва дар айни замон хоксору ботавозуъ аст. Мутаассифона, чунин пирони рӯзгордидаи бомаърифати маҳаллӣ ва дорои дидгоҳи илмию фалсафӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ангуштшуморанд. Бинобар ин, эҳтиёт кардани ин гуна шахсиятҳои солманд, ки аз соири ҳамнаслону ҳамзамонон бо шуҷоати фавқулодаи фардӣ ва мавқеъгирии миллию дунявӣ фарқ мекунанд, вазифаи ҳар фарду марди баномусу боғурури миллист.

   Устод Абдуфаттоҳ то имрӯз ба кофтукову ҷустуҷӯ ва такопӯ машғул аст ва барои боло бурдани сатҳи донишу ҷаҳонбиниаш шахсан талош мекунад. Новобаста ба солмандӣ китоб мехонад, рӯзномаю ҳафтаномаву маҷалла варақ мезанад, мушкилоту муаммоҳои рӯзгорро ҷустуҷӯ мекунад, суол мегузораду посх меҷӯяд, хулоса, дар пайи ковиш аст. Ҳатто се моҳ қабл, вақте дар доираи нишасте бо устод Абдуфаттоҳ ва овозхони матраҳи минтақа устод Иброни Маҳмад мулоқот доштем, ҳар ду дар атрофи таъриху фарҳанги бостонӣ сухан оғозида, хоҳиш карданд, ки ҷиҳати ошноӣ бо суннатҳои  қадимаи миллӣ куҳантарин китоби ҷаҳонӣ “Авасто”-ро барояшон пайдо намоем. Дӯсти донишманди мо Фирдавс Ниёзӣ (устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва яке аз забоншиносони муваффақи ҷумҳурӣ) китобро пайдо намуда, бароямон тақдим дошт ва онро унвонии Абдуфаттоҳи Хоҷа ва Иброни Маҳмад ирсол кардем. Акнун тасаввур кунед, ки ҳамсолони устод Абдуфаттоҳу Иброни Маҳмад ва ҳатто бахши бузурги зиёиёни ватанӣ дар чӣ хаёланду ин ду нафар ташнаи илму адаб дар чӣ хаёл?! Дар ҳоле ки соири зиёиёни маҳаллию ватанӣ саргармиҳои худро дошта, ғолибан масруфи рӯзгузаронӣ ва ба истилоҳ, кӯр кардани рӯзанд, ин ду нафар рӯшангари музофотӣ дар пайи тақвият додани хотираи таърихӣ ва боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ гомҳои устувор бармедоранд ва роҳро барои рушди маърифатию мадании минтақавӣ ҳамвор месозанд. 

   Иброни Маҳмад (мутаваллиди соли 1957) аз зумраи дӯстону шогирдону ҳамнишинону ҳамдиёрони содиқи устод Абдуфаттоҳи Хоҷа мебошад. Иброни Маҳмад ҳунармандони мумтози музофотист, ки дар деҳаи Селгаҳ  ва муҳити маърифатию фарҳангии собиқ Хоҷагии дастҷамъии Правдаи ноҳияи Панҷ (ҳозира Ҷамоати деҳоти ба номи Кабуд Сайфиддин) тарбият ёфта, сарнавишти минбаъдаашро ба ду соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ – фарҳанг ва маорифи музофотӣ иртибот дода, дар ин роҳи мушкилписанди зиндагӣ ҳадафмандонаву пайгиронаву бурдборона умр мефарсояд. Мавсуф пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба муҳити мадании ноҳия шомил гардида, то имрӯз барои боло бурдани сатҳи фарҳангу ҳунар ва маданияти миллӣ талош мекунад. Ногуфта намонад, ки ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ Иброни Маҳмад бо овозхонҳои маъруфи давр устодон Аҳмад Бобоқул, Барно Исҳоқова, Абдулло Назрӣ, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Иброҳим Кобулӣ ва дигарон ошноӣ пайдо карда, сабки вежаи овозхонии ононро омӯхта, сатҳи мусиқидонию мусиқифаҳмии хешро тақвият дода, шахсияти ҳунарии худро аз нав сохтааст. Илова бар ин, айёми донишҷӯйӣ Иброни Маҳмад сабки овозхонии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон шодравон Одина Ҳошимро омӯхта, бо устоди зиндаёд бевосита ошноӣ пайдо намуда, шогирди муваффақи ин мактаби овозадори ҳунарӣ мегардад. Дар муҳити ҳунарии устод Одина Ҳошим Иброни ҷавон вежагиҳои ихтисосиеро аз қабили интихоби матни шеърӣ, рӯ овардан ба адабиёти классикӣ, баҳраёбӣ аз дарёи маъниофаринии суннатӣ, фаҳму дарки маънии абёти интихобӣ, технологияи оҳангсозӣ ва гузиниши сабки хоссаи овозхониро аз худ карда, дар феҳристи шогирдони ояндадори мактаби ҳунарии устод Одина Ҳошим қарор гирифта, ба унвони фалаксарои номӣ шинохта мешавад.  

   Иброни Маҳмад тайи фаъолияти ҳунарӣ дар озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявии зиёде ширкат варзида, бо сабки махсуси ҳунарӣ ва равиши вежаи овозхонӣ миёни доираҳои мусиқии минтақавӣ соҳибэҳтиром гардидааст. Ҳанӯз дар имтидоди солҳои ҳаштодуми садаи бист талошу иқдомоти ҳунарию фарҳангӣ, аз ҷумла ҳамкории бардавом бо шахсиятҳои варзидаи ҳунарии ҷумҳурӣ, таҳияи барномарезиҳои вежаи фарҳангӣ, иштирок дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ Бустон-3  ва бо равиши хоссаи эҷодӣ иҷро кардани сурудҳои маҳаллию мардумӣ Иброни Маҳмадро миёни  доираҳои сиёсию мадании ноҳиявӣ ҳамчун ҳунарманди ҷавони соҳибзавқу ояндадори ноҳия соҳибэҳтиром карда буд. Ин буд, ки Иброни Маҳмад минбаъд дар тамоми чорабиниҳои фарҳангию ҳунарии сатҳи ноҳиявию минтақавию ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок карда, шарафи ҳунари минтақаро ҳимоя намудааст.

   Иброни Маҳмад, ки дилбохтаи сабки хонандагии устоди зиндаёд Одина Ҳошим аст, ба ин сабк ва ин мактаби бузурги ҳунарӣ содиқ монд ва то имрӯз бар мабнои ин равиши эҷодӣ шеър интихоб мекунад, суруд мехонад, оҳанг мебандад ва дили мардумро шод месозад.

   Як одати мунҳасир ба фарди Иброни Маҳмад ин аст, ки  ҳеҷ гоҳ дунболи мансабу вазифа намегардад ва дар ин роҳ камтарин талоше ҳам намекунад. Рисолат ва вазифаашро, ки хидмат ба халқу меҳан аст,  дуруст иҷро мекунад ва баҳри боло бурдани сатҳи мусиқиписандӣ, завқи бадеию эстетикӣ ва дар маҷмуъ, маънавиёти ҷомеа саъю талош меварзад.

  Устод Иброн чун аз мактаби ҳунарию маърифатии Одинаи зиндаёд гузаштааст, талош мекунад, ки матни хубу мақбули манзум интихоб намояд, маънию муҳтавои ҳар як байти матни интихобнамудаашро шиносад, дурустию нодурустии маъниро дар мизону ақлу мантиқ баркашад ва пасон манзури мухлисон бисозад. Ин аст, ки суруду таронаҳое, ки бо овози Иброни Маҳмад дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ютубканалҳо баъзан пахшу нашр мешаванд, бинандагони зиёде доранд. Баъзе корбарони хориҷии шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан бинандагони афғонӣ суруду таронаҳои Ибронро меписанданд ва аз сабки хонандагӣ ва равиши эҷодии ӯ истиқбол мекунанд.

  Иброн баъзан чунон масту маҷзуби ашъори бузургони адабиёти классикӣ мегардад, ки соатҳои дарозе атрофи як байт ва ҳатто як мисраи ғазали Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Соиб ва Бедил майна об мекунад. Барои фаҳму дарки як вожа ва як мафҳуми ғарибе бо адабиётшиносону шеършиносони маъруфи ҷумҳурӣ, ки бо аксари эшон равобити дӯстонаи эҷодӣ дорад, тамос мегирад ва соатҳо дар хусуси маънии байте баҳс меорояд.

  Дар бисёр маворид Иброн бо устод Абдуфаттоҳи Хоҷа, ки ҳамдеҳаанд, сари маънию мафҳуми байте ҷиддӣ баҳс меороянд ва аз радду бадалҳои  ҳамдигар илҳоми тоза мегиранд. Чун ҳар ду (Иброни Маҳмад ва  Абдуфаттоҳи Хоҷа) дар як мавзеъ  -- деҳаи Селгаҳи Ҷамоати деҳоти ба номи Кабуд Сайфиддин зиндагӣ мекунанд, зуд-зуд ба дидори ҳам мерасанд ва аз ҳолу аҳволи ҳамидигар бохабар шуда, дурудароз суҳбати самимонаву олимона мекунанд. Маъмулан, ҳар ду якҷо барои иштирок дар маросиму чорабинию маҳфил мераванд ва бо баҳсу мунозираҳои ихтисосию фаннӣ, мавқеъгириҳои ҳадафмандонаи миллию дунявӣ, суруду оҳангҳои ҷолиби шуниданӣ, ҳазлу шӯхтабъиҳои доимӣ ва мутоибаву хушгуфториҳои ҳамешагӣ хотири аҳли нишасту чорабиниҳоро шод мегардонанд. Хуш ба ҳолашон!

  Хушбахтона, ин ду шахсияти матраҳи фарҳангӣ ва соҳибдили деҳотӣ гоҳ-гоҳе ба аёдати падарам Пирмуҳаммади Нур омада, меҳмони хонадони мо Нурзодаҳо ҳам шудаанд ва аз суҳбати дилнишинашон зиёд лаззати маънавӣ бурдаем. Нишастҳое, ки дар манзили падарии мо бо ҳузури рӯшангарону соҳибдилони музофотӣ Абдуфаттоҳи Хоҷа, Иброни Маҳмад, шодравон Абдушукур Сафарзода (1938-2023), Ёғибеки Носир, равоншод Ҷӯрабеки Носир (1950-2023), Мирзодавлат Нидозода, Фозилҷон Нурзода, Зафар Сафарзода ва дигарон иттифоқ меафтоданд, хеле хеле ҷолибу хотирмон буданд. Бахусус, замоне ки ба нишасту суҳбат шодравон Абдушукур Сафарзода (мавсуф шахсияти саршиноси фарҳангию ҳунарии ноҳияи Панҷ буда, аз охири солҳои панҷоҳуми садаи бист шуруъ карда, то вопасин лаҳазоти зиндагӣ – то 17 январи соли 2023 дар хидмати фарҳангу ҳунари минтақа қарор гирифта, дар рушди санъату маданияти музофот саҳми калидӣ гузоштааст) ҳамроҳ мешуд, аз сухандонию наққолию ширингуфторию ҳозирҷавобию масалзанию шӯхтабъии номбурда маҳфил гул мекард ва ҳамагӣ ба ваҷд меомаданд. Ёд бод, он рӯзгорон, ёд бод!

   Дарвоқеъ, ҳар қадар дар ҷомеа шумори ин гуна ашхоси фарҳехтаву рӯшангару соҳибдил афзоиш ёбад, ҳамон қадар ҷомеа ба самту сӯйи рушду шукуфоӣ ҳаракат мекунад ва ҳар қадар ин афроди саршинос каму ангуштшумор шуданд, ҳамон қадар ҷомеа ба бунбаст мувоҷеҳ мегардад ва чолишу таҳдидҳо ҷиддитар рӯ мезананд. Бинобар ин, вуҷуду ҳузури чунин шахсиятҳо ва ба истилоҳ, соҳибдилони деҳотию музофотӣ ифтихори мост. Пас, биёед, ба қадри ин тоифаи ифтихорофарини миллӣ, ки мутаассифона, хеле кам мондаанд, бирасем ва сахт эҳтиёташон бикунем.

                        Нозим Нурзода

Нодирҷон Нурзода

                        пажуҳишгарони масоили фарҳангӣ

Хондан 734 маротиба