(бардошти иҷмолӣ аз мулоқот бо садорати Факултаи Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ)
Ҳар даврае бартариву камбудӣ ва хатароти ба худ хосро дорад. Бо вуҷуди он ки ҳадафи умумии гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар ҳама давру замон як аст ва он ҳам бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст овардани қудрату сарват мебошад, роҳу усулҳои расидан ба ин аҳдоф дар ҳар давра тағйир меёбанд. Ин аст, ки ҷомеаву давлат низ бояд пайваста роҳу усулҳои мубориза бо хатаротеро, ки дар давраи нав бар сари ҷомеаву фарзандонашон меоянд, бознигарӣ намуда, ҳамкориҳоро барои пешгирӣ кардани хатарҳо бештар намоянд. Мулоқоту гуфтугӯи декани Факултаи Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Насимҷон Абдулмуминзода бо падару модарони донишҷӯёни курсҳои 1-и ихтисоси 40010202-Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт ба ҳамин хатароти муосире, ки ба донишҷӯёни ҷавон таъсир расонида метавонанд нигаронида, шуда буд.
Ҳар ки к-аз забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забонаш осон гардад.
Забони модарии мо — забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастии миллати тоҷик буда, мақоми он дар сарнавишти мардуми мо хеле баланд аст.
(Нигоҳи иҷмолӣ ба дарсгуфторҳои Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ «Растохези калимот». Муқаддима, тасҳеҳ, шарҳ, тавзеҳот ва замимаи Ш. Суфизода. -Душанбе, 2023. -400 саҳ.)
Ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ баргардон ва нашри яке аз асарҳои илмӣ-назариявии донишманди маъруфи Эрон доктор Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ «Растохези калимот», ки дарсгуфторҳои эшон перомуни назарияи дабистони адабии формализми рус маҳсуб мешавад ва он ҳам бо шарҳу тавзеҳ ва муқаддимаву замимаи китобшиносии формалистони русӣ, барои дӯстдорони адабиёт ва мутахассисони ҷавони адабиёти форсии тоҷикӣ хидмати арзандаест. Зеро имрӯз дар адабиётшиносии ҷаҳони Ғарб ин равиши таҳқиқи осори бадеӣ мақоми хосаеро дорост. Тафсиру ироаи муҳаққиқонаи орои ин дабистори адабӣ, ки мавриди корбурди густардаи пажуҳишгарони адабиёти Ғарб қарор гирифтааст, барои ҷомеаи форсизабон танҳо дар тавони фарде чун устод Ш. Кадканӣ, ки дорои иҳотаву дониши жарфе аз фарҳангу адаби форсӣ, арабӣ ва ҷаҳон аст, имконпазир буд. Бо вуҷуди он ки устод Кадканӣ бо мактаби формализми русӣ тавассути тарҷумаи англисии осори эшон ошноӣ пайдо кардааст, орову андешаи пайравони ин наҳларо хело дақиқу мӯшикофона дар қиёсу тақобул бо марҳалаҳои рушди адабиёти форсии тоҷикӣ ва осори классиконамон барои донишҷӯёни пӯёву муҳаққиқини адабиёти форсӣ ироаю тафсир кардааст.
"Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст". (Иқтибос аз суханони Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забон 5 октяри соли 2019)
5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ин сана чун Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд. Дар робита ба баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва рушди он 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030» тасдиқ карда шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст.