Қобили қайд аст, ки дар ҳама давру замон нақши ҷомеасозиро шахсиятҳое бозидаанд, ки дар лаҳзаҳои вазнину сарнавиштсзи давлатдорӣ тақдири давлату миллати хешро бар души худ гирифта ононро ба масири ободиву созандагӣ баргардонидаанд. Воқеан ҳамин гуна хидматро барои миллати мо дар даврони Истиқлоли сиёсӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом додаанд. Ин гуна шахсиятҳои давлатсозу сиёсатмадор иддае аз қобилиятҳо ва сифотеро дороанд, ки дар муваффақ будани онҳо ҳамин гуна сифатҳо метавонанд нақши калидӣ дошта бошанд. Шояд дар шахсияти Сарвари давлат қобилияту сифатҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо ба назари инҷониб умдатарин ва бунёдитарини онҳо сифатҳои фаросат,ҷасорат, устуворӣ ва мардумият ба ҳисоб мераванд, ки дар тамоми даврони фаъолияти ин бузургмарди миллӣ ифода гардидаанд.
Солҳост, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми сентябр ба унвони Рӯзи Мавлоно шинохта шуда, дар ин рӯз доираҳои илмию маданӣ ва адабию фарҳангии кишвар чорабиниҳо ва нишасту маҳфилҳо баргузор карда, аз ин тариқ хотираи неки ин мутафаккир, ориф ва шоири бузурги миллиро гиромӣ медоранд. Махсусан, дар радиои Тоҷикистон бо ҳузури шахсиятҳои матраҳи илму адабу ҳунари ватанӣ тариқи барномаҳои ҷаззобу ҷолиби мустақим солрӯзи устод Рӯдакию Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шукӯҳу шаҳомати вежа таҷлил мегардад ва ин гуна иқдом ба суннату анъанаи нек дар фазои радиоии миллӣ табдил ёфтааст, ки хеле умедворкунанда мебошад.
Ҳар ҷо ки расад пойи аспи қатаған,
На зинда ватан ёбад на мурда кафан.
Халқ
Халқи тоҷик вақте ки дар асри гузашта, пас аз 1000 соли бедавлатӣ, ба озодӣ расид, номи Рӯдакиро намедонист, аз ёд бурда буд, зеро дар мактабу мадорис шоирони миллии мо омӯхтан намешуданд, девонҳои Ҳофиз ва Бедил (ба хотири руҳи ирфонию суфиёна доштанашон) ва девонҳои туркии Фузулию Навоӣ омӯхта мешуданд. Ба андешаи устод Шакурӣ, «дар асрҳои охир дар бисёре аз мактабҳои ибтидоии тоҷикӣ (қариб дар ҳамаи шаҳрҳо) мунтахаби «Чор девон»-и узбекии Навоӣ баробари мунтахаби девони Ҳофизу Бедил ва ғазалиёти озарии Фузулӣ (на Рӯдакӣ – Ҷ.С.) китоби дарсӣ қарор ёфта буд». 1 Устод Рӯдакӣ ҳатто дар «гӯшаву канор ҳам ҳузур» надошт. Ба қавли Шафеъии Кадканӣ, «Фирдавсию Мавлавию Ҷомию Камоли Хуҷандию Хусрави Деҳлавӣ ҳам дар гӯшаву канор ҳузур доранд, аммо на ба вусъати Бедилу Ҳофиз». 2