Дар ин рӯзҳо, яъне 22-24 октябр, дар пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия шаҳри Қазон ҳамоиши бузург, бо ҳузури намояндагони боломақоми кишварҳои аъзои BRICS (Brazil, Russia, India, China, South Africa) ва чандин кишвари дигар, баргузор шуда истодааст. Дар маҷмуъ, раҳбарони 36 кишвари ҷаҳон дар ҳамоиши мазкур ширкат менамоянд. Ин аввалин форуми сатҳи баланди ин созмон баъди васеъшавӣ мебошад, ки соли ҷорӣ 5 кишвари дигар ба он пайваст шуданд. Ин кишварҳо Эрон, Миср, Эфиопия, Амороти Мутаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ мебошанд. Кишвари Озарбойҷон низ барои пайвастан ба он дархости худро ирсол намудааст. Ин ҳамоиш бо ҷалб кардани кишварҳои зиёд диққати коршиносон ва расонаҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст.
Дар силсилаи ойину ҷашнҳои миллию мардумӣ ҷашни Меҳргон ҷойгоҳи вежа дорад. Дар зимн, номи ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои бостонӣ ба гунаи “Митракона” зикр шудааст (ниг.: Раҳимов Дилшод. Фолклори тоҷик. –Душанбе: «Эҷод», 2009. -С.196). Бар илова, Меҳргон рӯзи таваллуди дубораи Меҳр аст ва тибқи назари Абурайҳони Берунӣ, ин рӯз дар айёми куҳан рӯзи аввали зимистон будааст (ниг.: Берунӣ, Абӯрайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.339). Бинобар ин, бо Ялдо мутобиқ мешавад, ки ҷашни мелодии Меҳр аст (ниг.: Шамисо Сирус. Крисмас ва шаби Чилла. //Кайҳони фарҳангӣ, шуморати 9, Озари 1368. –С.32). Чун дар ин матлаби маҳдуди ҷашнӣ маҷоли тавзеҳи мушаххасоти Эзади Меҳр ва нуфузи он дар паҳнои фарҳанги бумию минтақавӣ ва башариро надорем, ногузир ба масъалаи ҷашни Меҳргон мепародозем.
(матни суханронии И.В. Сталин дар маросими пазироии ширкаткунандагони Даҳаи санъати тоҷик ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 14 октябри соли 1924 иттифоқ афтода, аз он рӯзи таърихӣ ҳамакнун 100 сол сипарӣ мегардад, манзур мешавад)
Рафиқон!
Мамнун аз эътимод, ҳамдардӣ ва орзуи шумо. Аммо мардум як одати бад доранд, тамҷид аз зиндаҳо ва фаромӯш кардани гузаштагон. Ҳамон тавр ки дар қадим мегуфтанд бутҳо ё ба қавли имрӯзӣ, раҳбаронро то замоне ки зинда ҳастанд, меситоянд ва пас аз марг гоҳҳо фаромӯш мекунанд. Ба назари ман, ин як фазилат нест ва бо суннатҳои болшевикӣ мутобиқат надорад...
Зи гуфтори шеърам кунун, гўш дор,
Хирад ёд дору ба дил ҳуш дор.
Фирдавсӣ
Мусаллам аст, ки Нозим достони «Юсуф ва Зулайхо» – и худро дар пайравии достони «Юсуф ва Зулайхо» – и Ҷомӣ навиштааст. Худ дар ин боб дар оғози маснавии «Юсуф ва Зулайхо», дар бахши «Интизоми сабаби назми китоб», чунин гуфта: