Ростӣ, агар зан, ки аз хамираи зиндагибахшӣ, муҳаббатсозӣ, меҳрварзӣ, вафопарешӣ ва бурдборӣ таркиб ёфтааст, намебуд, ҷаҳону ҳастӣ, аслан қобили таҳаммулу зист намебуд, чунки ваҳшату даҳшат онро фарогир мешуд ва зиндагӣ бемаънӣ ва беҳадаф мегардид. Чун зан бо асли худ – зиндагипарастӣ ва меҳрварзӣ ба ҷаҳону ҳастии бемаънӣ ва беҳадаф ворид гардид, онро, бидуни тардид тағйир ва бар манфиати башар тарҷеҳ дод. Ин аст, ки «Меҳр дар дил парваридан расму ойини ман аст» гӯён зан бо зиндагӣ созгор шуд ва васл (якҷо кардан, пайванд додан)-ро дар муқобили фасл (ҷудо ва пора кардан) ба майдони талошҳо ва гирудорҳо овард. Васле, ки аз асл реша мегирад, инсонсоз ва ҳувиятшинос аст ва он, қабл аз ҳама, ба фитрат, фикрат, малоҳат, муҳаббат, латофат, самимият, отифат, шарофат, наҷобат, фазилат, матонат, ҷасорат ва инсонияти зан бастагӣ дорад. Сифоти мазкур, ки ҳар як дар мавқеъ ва ҷойи худ чида шудаанд, дар маҷмуъ, ба асолату маънои Зиндагӣ будани зан далолат мекунанд. Ба ин маънӣ:
Воқеан, модар калимаест, ки ҳамеша аз забони ҳар яки мо садо медиҳад. Як модар муҳимтарин инсон дар зиндагӣ ҳар шахс ба ҳисоб меравад. Меҳри модар ба фарзандаш бо ҳеҷ чизе қобили муқоиса нест. Ҳама модарон қалби бахшанда ва меҳрубон доранд. Як модар қодир аст ҳар гуноҳеро бубахшад. Модар, муҳимтарин зан дар зиндагии ҳар инсон мебошад. Ӯ дар зиндагӣ, тамоми ҳастии худро баҳри шодиву хурсандии фарзандонаш фидо менамояд. Ҳеҷ кас наметавонад, ба андозаи модар аз фарзандони худ муроқибат кунад. Модар як сарчашмаи муҳаббат аст, ки мо тавоноӣ ва азамати уро бо суханҳоямон пурра таҷассум намудан наметавонем. Агарчӣ дар як хонавода барои ин ки фарзандон ба сурати дуруст тарбият ёбанд, мавҷудияти падару модар дар канори ҳам бисёр муҳим ва зарурӣ аст. Аммо модарон нисбат ба падарон нақши пуррангтару муассиртаре дар заминаи тарбияти кӯдакон бар уҳда доранд.
Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ро танҳо барои ҳифзу гиромидошти забони порсӣ эҷод накардааст. Бар хилофи тасаввури сунатӣ ва талқиноте, ки дигарон дар зеҳни мо ҳазорон сол афкандаанд, ҳадафи асосии Фирдавсӣ дар эҷоди “Шоҳнома” масъалаи ҳифз ва бақои давлати миллӣ будааст.
Яке аз нуқтаҳои заъфи мо дар тули таърих ин буда, ки бардоштҳо ва фаҳми мо аз китобҳои илмӣ, таърихӣ, ҳамосӣ ва адабии ниёконамон бар вифқи мурод ва таъбиру тафсирҳои муҳаққиқони бегона шакл гирифтааст ва мо худ ҳаргиз барои шарҳу тавзеҳи онҳо кӯшиш накардаем ва ба афкору таҳлилҳои муғризонаи бегонагон дар бораи сарнавишти хеш гардан ниҳодаем. Ин заъфро бори аввал Иқболи Лоҳурӣ дар нисбати дарки нодурусти мусулмонон аз андешаҳои Ҷалолиддини Балхӣ матраҳ кардааст, ки:
(гузориш аз маросими кушодашавии Маркази ҷопоншиносӣ дар ДМТ)
Омӯзиши ҷуғрофиё, сиёсат, иқтисод, фарҳанг, забон, адабиёт ва таърихи кишварҳову миллатҳои мутараққии ҷаҳон яке аз роҳкорҳои шинохт ва дарёфти масири рушди миллатҳоест, ки мехоҳанд ҳамқадами ҷомеаи пешрафтаи башарӣ бошанд. Дар заминаи ин шинохти дуруст давлатҳои алоҳида муносибати худро бо дигар кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монда, аз муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба манфиат мегиранд. Талошҳои илмӣ дар ростои кишваршиносӣ ва минтақашиносӣ дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад ва ниҳодҳои илмиву олимони алоҳида солҳо боз кишварҳои хориҷиро меомӯзанд ва барои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву адабӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Дар ин росто бояд ба эътибор гирифт, ки ҷаҳон ва кишварҳои мутараққӣ бо суръат пешравӣ доранд ва сатҳу сифати омӯзиши онҳо низ бояд баробар ба суръати рушди онҳо дар ҳоли таҳаввул қарор дошта бошад.