Шарҳи ӯ кардему ӯро кас надид,
Маънии ӯ чун ғизол аз мо рамид.
Рақси тан аз ҳарфи ӯ омӯхтанд,
Чашмро аз рақси ҷон бардӯхтанд [ 6, 450].
Албатта, манзури Иқбол аз ин эрод тоҷикон набуда, балки тамоми уммати исломиро дар назар дошт, ки руҳи бедорию боландагии “Маснавии маънавӣ” ва ё ҳадафи аслии Мавлоноро аз эҷоди ин шоҳасари ирфонӣ хуб дарк накарда, дар асри 19-20 назди истеъмор тан ба хорию зиллат ниҳода буданд.
Ҳамин ҳолат ба сарнавишти тамоми бузургони мо ва осорашон дар мавзуҳои гуногун дучор гардидааст. Академик Акбари Турсун низ ҳамин назарияро ҷонибдорӣ карда, менависад: “Барҷастатарин ва аёнтарин аломати шарқзадагиро гузаштагароӣ унвон мекунам. Ин падида ба худии худ айбу аҷаб надорад. Ҷиҳати ташвишовари вай чизи дигар аст: гузаштагароиҳои тоҷикона сириштан омиёна буда, бад-ин иллат созанда нест. Аввалан, гуфтаниам, ки ифтихори мо аз мероси гаронмояи гузаштагони фарзонаамон ҳадди аксар ифтихори огоҳона нест. Ҳақиқатан ҳам гузаштагароиҳои тоҷикон худнамоии хушку холиест тиҳӣ аз мазмуну маънии волои таърихию фарҳангӣ” [16].
Ин як саволи бисёр муҳимму асосӣ аст, ки чаро мо ба чунин ҳолат гирифтор шудем?
Вазъият дар атрофи осори Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Ҳофиз, Носири Хусрав ва дигарон низ ба ҳамин минвол аст. Мо камтар аз даричаи ҷаҳонбинии устуравӣ ва миллии хеш ба ин осори мондагор нигоҳ андохтаем.
“Шоҳнома”-и безавол низ маҳкуми ҳамин сарнавишт будааст. Ҳар ки бо ҳар ҳадафе ҳар чи дар бораи ин шоҳасар қазоват карда бошад, мо бечуну чаро онро пазируфтаем. Фирдавсӣ на танҳо барои эҳёи забони порсӣ хидмат кардааст, балки саҳми ин китоб дар ҳизфу посдории фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, расму оин ва суннатҳои қавми ориё беназир аст. Аммо ҳадафи асосии Фирдавсӣ аз эҷоди “Шоҳнома” ҳифзу бақои давлати миллӣ ва аз ин тариқ эҳёи азамати гузаштаи Эронзамин будааст.
Расул Раиси Ҷаъфарӣ, пажуҳишгари таърихи иқтисоди Эрон низ бар ҳамин назар аст, ки “бар хилофи он тасаввури роиҷ, ки гӯиё Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ро ба хотири ҳифзи забони Порсӣ сурудааст, ман таъкид мекунам, ки ин шоҳасар бо ҳадафи эҳё ва ҳифзи давлатдории миллӣ дар муқобили арабҳо ва ҳукуматҳои маҳаллии туркӣ офарида шудааст”. Ӯ дар қисмати “Гуфтор андар офариниши китоб” ҳадафи хешро ин гуна шарҳ медиҳад:
Яке паҳлавон буд деҳқоннажод,
Далеру бузургу хирадманду род.
Пажӯҳандаи рӯзгори нахуст,
Гузашта суханҳо ҳама боз ҷуст [12, 2].
Яъне мутобиқи гуфтаи Фирдавсӣ дар абёти мазкур ҳадаф аз ҷамъоварии достонҳои куҳан, зинда нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, ба даст овардани истиқлол ва эҳёи азамати аздастрафтаи Эрон будааст.
Устод Айнӣ ҳам яке аз сабабҳои таълифи рисолаи “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ”-ро роиҷ шудани ривоятҳои дурӯғин дар миёни мардум дар бораи Фирдавсӣ ва сабаби таълифи “Шоҳнома” баён кардааст. Ӯ сипас равиши таҳқиқии забоншиноси маъруфи олмонӣ Нёлдекаро, ки ғоя ва ҳадафи асари бадеиро бо такя бар муҳтавои худи асар ва саргузашти нависандаи он баррасию баҳогузорӣ мекард, ситоиш намуда, таъкид медорад, ки дар рисолаи худ дар бораи Фирдавсӣ аз равиши ӯ истифода кардааст: “Ман ҳам барои навиштани ин мақолаи худ усули донишманди мазкурро ба худ роҳбар қарор дода, хостам, ки “Шоҳнома”-ро аз назар гузаронида бароям” [1, 13].
Барои дарки дурусти ҳадафи Фирдавсӣ қабл аз ҳама бояд дар бораи авзои сиёсию иҷтимоии замони ӯ маълумоти дақиқ дошта бошем. Бо муқоисаи мутуни давраҳои гуногун бо якдигар метавон таъсироти муҳитӣ ва иҷтимоиро дар он равшан кард. Волфганг Изер (1926-2007), забоншиноси олмонӣ ва яке аз асосгузорони назарияи “зебоишиносии қабулкунанда” мегӯяд, ки “миёни матн ва муҳити иҷтимоие, ки матн дар он шакл гирифтааст, робитаи амиқ вуҷуд дорад”. Шахсияти фардии муаллиф барои шинохти асар бисёр муҳим аст. Ковишҳо дар заминаи вижагиҳои шахсии шоир ва иртиботи он бо асар дар мактаби сабкшиносӣ боиси падид омадани мактаби сабкшиносии таквинӣ (ҷенетик стайлистикс) шуд, ки асоси он баррасии иртиботи байни асар ва равони нависанда аст. “Шоҳнома” дар замоне эҷод гардид, ки аз як сӯ ҳокимияти миллии мо – давлати Сомониён рӯ ба завол ниҳода, аз сӯйи дигар ҷойи арзишҳои бостонии Аҷамро арзишҳои сифатан нави исломӣ фаро мегирифт. Ва Фирдавсӣ тавонист ба ранҷу азоби тоқатфарсо нигоҳ накарда, бо сухани ҷаззоби шоирона Аҷамро аз нав зинда карда, мероси бузурги фарҳангӣ ва анъанаҳои ватандӯстии халқашро барои наслҳои оянда ба ёдгор бимонад” [8, 243]. Шарти дигари пешбинӣ ҳаводиси сиёсию иҷтимоии ҷаҳони муосир низ вобаста ба шинохте аст, ки мо аз гузашта дошта бошем. Чунончи Пол Кенедӣ, муҳаққиқи таърихи давлатҳо дар китоби хеш “Зуҳур ва суқути қудратҳои бузург” менависад: “Шояд беҳтарин роҳи дарки он чи дар пеш аст, нигоҳе иҷмолӣ ба зуҳур ва суқути қудратҳои бузург дар панҷ қарни гузашта аст...Такопӯе барои дигаргунӣ вуҷуд дорад, ки муҳаррики умдаи он таҳаввулоти иқтисодӣ ва текнулужикист, ки сипас бар сохторҳои иҷтимоӣ, бар низомҳои сиёсӣ, бар қудрати низомӣ ва бар вазъи якояки кишварҳо ва имперотуриҳо асар мегузорад” [5, 730].
Бар хилофи иддаои баъзе хушбоварон ва содапиндорон, ки мегуянд Ғазнавиён дар хидмати фарҳангу тамаддуни мо буданд, воқеияти таърихӣ инро собит намекунад. Дуруст аст, ки онҳо дар ибтидо барои тақвияти мавқеияти сиёсию иҷтимоии хеш аз зерсохторҳои сиёсӣ ва фарҳангии гузаштагони мо ба хубӣ сӯистифода мекарданд, аммо ин як амри муваққатӣ ва фурсатталабона буд, зеро онҳо ба он сахт ниёз доштанд. Фирдавсӣ низ авзои нобасомони замонаи хеш дар бахши “Гуфтор дар бунёд ниҳодани китоб” ин гуна тасвир кардааст:
Замона саросар пур аз ҷанг буд,
Ба ҷӯяндагон-бар ҷаҳон танг буд.
Бар ин гуна якчанд бигзоштам,
Суханро нуҳуфта ҳамедоштам...
Ҳамам ин сухан бар дил осон набуд,
Ба ҷуз хомушӣ ҳеч дармон набуд [12, 3].
Яъне Фирдавсӣ ба сароҳат ёдовар мешавад, ки Ғазнавиҳо тарафдори арзишҳои миллии ориёиҳо набуда, онро қабул надоштанд. 400 шоире, ки дар дарбори онҳо гирд омада буд, ҳама машғули иншои мадҳия ва расмӣ кардани мақому ҷойгоҳи ҳамин сулола гардида, аз арзишҳои миллии хеш сарфи назар карда буданд. Шодравон Худоӣ Шарифзода бар ин назар буд, ки “Шоҳнома китобест, ки илова бар ҳифзи забон, фарҳанг, таърих, хирад ва интиқоли таҷрибаҳои башарӣ ба хотири давлатдорӣ ва сиёсатмадорӣ эҷод шудааст: “Шеъри замони Сомониён дар анвои ғиноӣ ба сурати назми арабӣ, вале бо тору пуди мазмуни эронӣ бофта ва оростаи ҳамосаи ба куллӣ хоси адаби форсӣ ба ҳам омадааст.
Агар андаке пеш, ба замони султон Маҳмуд ва писараш султон Масъуд биравем, мебинем, ки бастани роҳи дувуми заминаҳои инкишофи адабӣ, яъне сурудани мавзуъҳои ҳамосаи миллӣ яке аз корҳои носавоби хонадони Ғазнавиён дар оғози ҳукуматашон буд” [14, 18].
Таърих гувоҳ аст, ки танҳо Сомониён, ки ҳадафи ташкили давлати миллӣ дар сар доштанд аз эҷоди “Шоҳнома” тарафдорӣ намуда, Фирдавсиро аз ҷиҳати молӣ ҳам пуштибонӣ мекарданд:
Бад-ин нома чун даст кардам дароз,
Яке меҳтаре буд гарданфароз...
Маро гуфт, к-“Аз ман чи ояд ҳаме,
Ки ҷонат сухан баргарояд ҳаме,
Ба чизе, ки бошад маро дастрас,
Бикӯшам, ниёзат наёрам ба кас”....
Ба Кайвон расидам зи хоки нажанд,
Аз он некдил, номдор, арҷманд [11, 5].
“Исмоили Сомонӣ аз муборизаи оммаи халқ барои истиқлолият истифода бурда, нахустин бор пас аз истилои араб сарзамини дар натиҷаи задухӯрдҳои дохилӣ парешонгардидаро ба ҳам муттаҳид намуд ва давлати бузурги мустақиле ба вуҷуд овард. Вай дар баробари барҳам додани ҳукумати Саффориён ҳокимияти худро на танҳо дар Мовароуннаҳр ва Хуросон мустаҳкам кард, балки ба як қатор вилоятҳои шарқӣ ва шимолии Эрон соҳиб гардида, истиқлолияти ҳақиқии давлати ташкилкардаи худро нисбат ба хилофати Араб таъмин намуд” [4, 382]. Қобили зикр аст, ки дар тамоми таърихномаҳо муаррихони гузашта аз корномаи Сомониён ба некӣ ёд кардаанд. Таваҷҷуҳи Сомониён ба густариши илму фарҳанг ва талоши онҳо барои барқарории адолати иҷтимоӣ забонзади ҳамаи муҳаққиқон будааст. Онҳо аз тариқи густариши сиёсати фарҳангпарварона мехостанд ба ҳадафҳои сиёсиӣ хеш даст пайдо кунанд. “Сомониён бараъкси Тоҳириён дарёфта буданд, ки бидуни эҳёи дубораи сунатҳои фарҳанги куҳани эронӣ, давлати онон ба истиқлоли воқеъӣ намерасад. Онҳо мухолифату рӯёрӯӣ бо ҳукумати араб – ба тариқи Саффориён-ро низ салоҳ намедонистанд. дар ҳоле, ки ба зоҳир фармонбардори хулафои Аббосӣ буданд, ботинан аз султаи арабҳо бар Эрон ранҷ мебурданд ва пайваста дар назар доштанд, ки шояд буғзи гулӯгири онҳо шуда буд, ба таври зимнӣ ҳал намоянд”. [7, 722]. Яке аз ташвиқкунандагон ва ҳомиёни Фирдавсӣ дар эҷоди ин ҳамосаи миллӣ Мансур ибни Муҳаммад волии Сомониён дар Тус будааст:
Бад-ин нома чун даст кардам дароз,
Яке меҳтаре буд гарданфароз.
Ҷавон буду аз гавҳари паҳлавон,
Хирадманду бедору равшанравон.
Худованди рою худованди шарм,
Сухан гуфтани хубу овои гарм [11, 5].
Ин ҳамон рӯзгоре буд, ки кашмакашу даргириҳои қабилаи ва маҳаллӣ дар давлати Сомониён авҷ гирифта буд ва ҳар тоифае бо истифода аз фурсат сари нофармонӣ аз ҳукумати марказӣ баланд карда буданд. Бар асари ҳамин кашмакашҳо буд, ки Мансур ибни Муҳаммад волии Тӯс ва ҳомии Фирдавсӣ нопадид мешавад ва аз ӯ нишоне боқӣ намемонад. Фирдавсӣ ин ҳодисаи талхро дар “Шоҳнома” ёдовар шуда, мухолифони давлати Сомониёнро “наҳангону мардумкӯшон” хитоб кардааст:
Чунон номвар гум шуд аз анҷуман
Чун аз бод сарви сиҳӣ аз чаман.
На з-ӯ мурда бинам, на зинда нишон
Ба дасти наҳангону мардумкушон [11, 6].
Бармегардем ба мавзуи асосии мақола, ки оё ҳадафи Фирдавсӣ аз таълифи “Шоҳнома чӣ буд? Ҳакими хирадманд дар бахши “Гуфтор андар фароҳам овардани “Шоҳнома” чунин мефармояд:
Сухан гуфта шуд, гуфтанӣ ҳам намонд,
Ман аз гуфта хоҳам яке бо ту ронд.
Сухан ҳар чи гӯям ҳама гуфтаанд,
Бари боғи дониш ҳама руфтаанд [11, 5].
Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ҳадафи Фирдавсӣ қиссаву афсона сурудан нест, чунки ин қиссаҳо қаблан дар дигар китобҳо зикр шуда буданд, балки ҳадафи асосии Фирдавсӣ ҳифзи давлат ва дар сояи он, эҳёи арзишҳои миллӣ будааст. Ӯ дар идомаи ҳамин бахш мақсади хешро аз таълифи “Шоҳнома” ин гуна баён медорад:
Агар бар дарахти баруманд ҷой
Наёбам, ки аз бар шудан нест рой.
Касе к-ӯ шавад зери нахли баланд,
Ҳамон соя з-ӯ боз дорад газанд [11, 5].
Манзури Фирдавсӣ аз “дарахти баруманд” ва “нахли баланд” давлати Сомониён будааст, зеро ҳифзи забону фарҳанг, расму оин ва арзишҳои миллӣ танҳо дар сояи давлати қудратманд ба даст меояд.
Тавонам магар пойгаҳ сохтан,
Бари шохи он сарви сояфиган.
К-аз ин номаи номвар шаҳрёр,
Ба гетӣ бимонам яке ёдгор [11, 5].
Яъне, “Шоҳнома” ба хотири эҳёи андешаҳои миллии дар он номаҳои бостон зикрашон рафта ва бозгардонидани азамату иқтидори аздастрафтаи ниёкон суруда шудааст:
Зи ҳар кишваре мӯбаде солх(в)ард
Биёвард, к-ин номаро гирд кард.
Бипурсидашон аз нажоди Каён,
В-аз он номдорони фаррух гавон.
Ки гетӣ ба оғоз чун доштанд,
Ки эдар ба мо хор бигзоштанд? [11, 5].
Фирдавсӣ бо таълифи “Шоҳнома” ба ҳамин савол посух медиҳад, ки чигуна ниёкони мо тавонистанд, ки давлату қудрату, сарзамину сиёсату обруву ҳайсият дошта бошанд ва акнун мо надорем. Сирри иқтидори онҳо ва заъфу зиллати мо дар чист? Дар тули достонҳои “Шоҳнома” Фирдавсӣ ба шаклҳои гуногун ба ҳамин савол посух додааст. Аз ҷумла, посухи ин савол дар пандномаи Хусрави Парвиз ба фарзанди нохалафаш Шерӯя ба хубӣ ошкор аст. Хусрави Парвиз ба фарзандаш мефаҳмонад, ки бо чи заҳмат онҳо давлат сохтаанд ва онро чигуна ҳифз кардаанд. Дар ҳақиқат дар ин андарзи Хусрави Парвиз назарияи ҳифзу бақои давлати миллӣ зикр шудааст.
Ки Эрон чу боғест хуррамбаҳор,
Шукуфта ҳамеша гули комгор.
Пур аз наргису нору себу биҳӣ,
Чу полиз гардад зи мардум тиҳӣ,
Сипарғам якояк зи бун баркананд,
Ҳама шохи нору биҳӣ бишкананд.
Сипоҳу силеҳ аст девори ӯй,
Ба парчин-ш бар найзаҳо хори ӯй.
Агар бифканӣ хира девори боғ,
Чи боғу чи дашту чи дарё,чи роғ.
Нигар, то ту девори ӯ нафканӣ,
Дилу пушти эрониён нашканӣ.
К-аз он пас бувад ғорату тохтан,
Хурӯши саворону кин охтан.
Зану кӯдаку буми эрониён,
Ба андешаи бад манеҳ дар миён...
Ки ҳар к-ӯ силеҳаш ба душман диҳад,
Ҳаме хештанро ба куштан диҳад [12, 787].
Дар тамоми достонҳои “Шоҳнома” мавзуи Эрон ва ҳифзи низоми сиёсии он дар маркази таваҷҷуҳи Фирдавсӣ қарор гирифтааст. Фирдавсӣ бо зикри ин номаҳои куҳан, қасд доштааст, ки ҳамзамонони худро дар атрофи як ҳадафи воҳид муттаҳид намояд. Ҳадафи асосии "Шоҳнома" истиқлоли Эрон ва иззати эрониён ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, “Шоҳнома” барои ворисон ҳамчун як “донишкадаи сиёсӣ” аст, ки бояд аз он сабақҳои таърихӣ омӯхт. Ободӣ ва озодии Эрон орзуи ягонаи ҳаким Фирдавсӣ аст, ки дар саросари ин шоҳасар ба шеваҳои гуногун таъкид мешавад:
Зи шоҳию в-аз рою фарзонагӣ,
Нашояд чунин, ҳам зи мардонагӣ.
Нахонанд бар мо ҳаме офарин,
Чу вайрон бувад буми Эронзамин! [12, 416]
Бар асоси он чи дар “Шоҳнома” ҳаким Фирдавсӣ талқин мекунад, шарти асосии бақои давлат ҳифзи фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Ин масъаларо Фирдавсӣ дар достони Дорои Дороб ба хубӣ ошкор мекунад. Доро ҳангоми назъи равон ба Искандар насиҳат мекунад, ки ба мардуми Эрон ва расму русум ва оинҳои миллии онҳо эҳтиром бигзорад:
Биёрояд ин оташи Зардуҳушт,
Бигирад ҳамин Занду Усто ба мушт.
Нигаҳ дорад ин фоли ҷашни Сада,
Ҳамин фарри Наврӯзу Оташкада.
Ҳамон Урмузду маҳу моҳи Меҳр,
Бишӯяд ба оби хирад ҷону чеҳр.
Кунад тоза оини Луҳроспӣ,
Бимонад каӣ дини Гуштоспӣ [12, 330].
Дар тамоми “Шоҳнома” вақте Фирдавсӣ дар бораи посдории фарҳанг, расму русум ва оинҳои ниёкон ишора мекунад ҳадафаш бақои давлат аст, зеро ҳамаи ин арзишҳо дар сояи давлати миллӣ метавонанд вуҷуд дошта бошанд. Бар асоси таъкидоти “Шоҳнома” ҳифзи давлат болотарин арзиши ҷавонмардӣ ба ҳисоб меравад. То ҷое, ки ҷаҳонпаҳлавон Рустам ҳангоми баҳсу мунозира бо Исфандёр мегӯяд, ки ӯ фарзандаш Суҳробро ба хотири Ватан (давлат) қурбонӣ кардааст:
Ҳамон аз паи шоҳ фарзандро
Бикуштам, далери хирадмандро,
Ки гурде чу Суҳроб дигар набуд,
Ба зӯру ба мардиву размозмуд [12, 306].
Шоҳ дар назди Ориёиҳо рамзи Ватан, давлат ва ҳайсияти миллӣ маҳсуб мешуд, бино бар ин, садоқат ва вафодорӣ ба шоҳ ҳамон сарсупурдагӣ ба Ватану миллат буд ва Рустам низ ба сабаби он, ки Суҳроб ба Эрон ҳамла карда буд, ин гуноҳи ӯро набахшид ва ба хотири Ватан аз баҳри фарзанди хеш гузашт.
Аз назари Фирдавсӣ иззату эҳтироми миллатҳо вобаста ба пойдории давлат аст, танҳо дар сояи ин нахли баланд (яъне давлат) аст, ки миллатҳо шукуфо шуда, пешрафт менамоянд. Давлат як сохтор аст, шабеҳи колбад, ки ҷони одамӣ дар дохили он шигифтиҳо менамояд. Бе вуҷуди колбад (бадан) руҳи инсон бекора аст. Чунончи Ҷалолиддини Балхӣ низ ҳамин назарияро тарафдорӣ кардаааст. Мавлоно ҷисмро хонаи руҳ медонад ва муътақид аст, ки дар пайванди ин ду хайре нуҳуфта аст, ки барои мо номаълум аст. Аммо дар дафтари панҷум ин мавзуъро бозтар карда, мегӯяд, ки бақои ҷаҳону ҷисм ба руҳ вобаста аст ва руҳ низ бидуни ҷисм ба кор намеояд:
Ҳикмат ин аздодро бо ҳам бибаст,
Эй қасоб, ин гирдрон бо гардан аст.
Руҳ бе қолаб надонад кор кард,
Қолибат беҷон фасурда буду сард.
Қолибат пайдову он ҷонат ниҳон,
Рост шуд з-ин ҳар ду асбоби ҷаҳон [3, 444].
Яъне ҳамчунон, ки руҳи одамӣ бо кумаки колбад рушду нумӯъ мекунад, шарти шукуфоии миллатҳо низ вуҷуди давлат мебошад. Миллати бе давлат шабеҳи руҳи бе колбад аст. Аз ин рӯ, дар саросари “Шоҳнома” бақои Эрон ҳамчун давлат ба унвони волотарин арзиш таблиғ мегардад:
Намонем, к-ин бум вайрон кунанд,
Ҳаме ғорат аз шаҳри Эрон кунанд...
Нахонанд бар мо касе офарин,
Чу вайрон бувад буми Эронзамин [12, 416].
ё худ:
Чу Эрон набошад тани ман мабод,
Бад-ин буму бар зинда як тан мабод [12,74].
Чаро Фирдавсӣ назария давлатро ин қадар барҷаста тасвир кардааст? Зеро ӯ офати аз байн рафтани давлати миллиро баъд аз тасарруфи Эрон ба чашми сар дида, таҷриба карда ба чунин натиҷаи муҳим расидааст. Тамоми шоҳномапажуҳон дар ин мавзуъ ҳамдостон ҳастанд, ки “Шоҳнома” илова бар ривояти достонҳои куҳан, сохтаву пардохтаи зеҳни Фирдавсӣ ва афкори баланди ӯ будааст. Ӯ аст, ки ба ин достонҳо обуранги дигар бахшида, моҳияти асосии онҳоро бо такя бар ҳаводиси рӯзгор ошкор кардааст. Ба қавли Мир Ҷалолиддини Каззозӣ, шоҳномапажуҳи маъруфи эронӣ “Агар дар садаи панҷум (асри 10-уми мелодӣ) Фирдавсӣ сар бар намеёвард ва “Шоҳнома”-ро намесуруд, шояд ҳамакнун мо бо якдигар ба забони шевои форсӣ сухан намегуфтем ва ин гуна аз Эроне, ки бо он менозем, маҳрум будем. Ба ҳамин далел садаи панҷум дигарсон аст; садае ҳангомасоз, рӯзгорофарин, манишпарвар, садае, ки дар он сухани Порсӣ аз замин ба осмон рафт” [17].
Аз сӯи дигар, ҳар асари адабӣ аз шахсияти офарандаи худ таъсирпазир аст. Ҳар қадар ки шахсият ва ҷаҳонбинии адиб васеъу қавӣ бошад, ба ҳамон андоза асари адабӣ низ аз назари мавзуву муҳтаво ғанию мумтоз мегардад. Бо ҳамин қиёс Маликушшуаро Баҳор “Шоҳнома”-ро бозтоби руҳи қавӣ ва андешаи баланди Фирдавсӣ медонад:
Ҷалолу рафъати гуфторҳои шоҳона,
Нишони ҳиммати Фирдавсияст бе каму кост.
Муҳовароти ҳакимонаву дироятҳо-ш,
Гувоҳи шоир дар ақлу ройи ҳикматзост [18].
М. Баҳор сипас таваҷҷуҳи хонандаро ба ривояту устура, қиссаву афсона ва достонҳои пурмоҷарои “Шоҳнома” ҷалб намуда, таъкид менамояд, ки таърих, шиддати воқеаҳову фоҷеаҳои инъикосёфта дар ин асар, манзараҳои даҳшатноку ғурурофарин, масъалаи ҷангу сулҳ, шикасту пирӯзӣ, шавкати шоҳону шукӯҳи кишварҳо, шуҷоату мардонагӣ ва...ҳар он чи дар ин асари калонтарини ҳамосии ҷаҳон мушоҳида мешавад, бархоста аз истеъдоди фитрӣ ва қудрати эҷодии Фирдавсӣ будааст. Фирдавсӣ дар тамоми достонҳои “Шоҳнома” асоси пойдории давлатро бар чаҳор аркон устувор медонад; хирад, дод, дин ва ростӣ. М. Баҳор Фирдавсиро намунаи комили як шахсияти миллӣ медонад:
Яке ба саҳнаи “Шаҳнома” бин, ки Фирдавсӣ
Ба сад либоси мухолиф ба бозӣ омада рост.
Амири кишваргир асту гурди лашкаркаш,
Вазири равшанрой асту шоири шайдост.
Муколамоти мулуку муҳовароти риҷол,
Ҳама қариҳаи Фирдавсии суханорост [18].
Хулоса, бо такя ба далелҳои фаровон метавон ба ин натиҷа расид, ки мақсади Фирдавсӣ аз эҷоди "Шоҳнома” даъвои шоирӣ ё сухангустарӣ набуда, балки ҳадафи волотар – ҳифзи давлат ва эҳёи арзишҳои миллиро – пайгирӣ кардааст. Яъне, назарияи ҳифз ва бақои давлати миллӣ яке аз масъалаҳои меҳварӣ ҳангоми таълифи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба шумор меравад, зеро бақо ва пойдории дигар арзишҳо, монанди арзишҳои фарҳангӣ, забонӣ, адабӣ, расму оинҳо ва ғайра танҳо дар сояи вуҷуди давлати миллӣ имконпазир мегардад. Аз ин рӯ, “Шоҳнома” на танҳо як шоҳасари адабӣ, балки бузургтарин мактабу манбаи таърихӣ ва сиёсии мардумони Ориёӣ ба шумор меравад.
Беҳрӯзи Забеҳулло,
номзади илмҳои филологӣ,
мудири шуъбаи адабиёти муосири
Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
Адабиёт
- Айнӣ С. Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ. – Душанбе: “ЭР-граф”, 2023. – 180 саҳ.
- Баргузидаи достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ. – Теҳрон: “Интишороти остони қудси Разавӣ”, 1399. – 534 саҳ.
- Балхӣ, Ҷалолуддин. Маснавии маънавӣ. Ҷ 2. – Душанбе: “Адиб”, 2022. – 480 саҳ.
- Ғафуров Б. Тоҷикон. – Душанбе: нашриёти муосир, 2020. – 796 саҳ.
- Кенедӣ П. Зуҳур ва суқути қудратҳои бузург. – Теҳрон, 1992. –1068 саҳ.
- Куллиёти ашъори форсии Иқболи Лоҳурӣ. – Теҳрон: Чопхонаи илмӣ, 1370. –588саҳ. (с. 450).
- Муҳташам Ҳ. Нақши Сомониён дар эҳёи забони форсӣ. (С. 722). – Номаи Оли Сомон (маҷмуаи мақолот). – Теҳрон, 1378.-958 саҳ.
- Раҳмон Э. Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе: Эрграф, 2023. – 424 саҳ. (С.243).
- Саидзода Ҷ. Фирдавсӣ – шоири паёмрасон. – Душанбе, 2022. – 574 саҳ.
- Саидзода Ҷ. “Намунаи адабиёти тоҷик” “Шоҳнома”-и дигар аст. – Душанбе, 2024. – 416 саҳ.
- Фирдавсӣ А. Шоҳнома. – Теҳрон, нашри Қатра, 1387. – 1368 саҳ. (С.5).
- Фирдавсӣ А. Шоҳнома / Тасҳеҳи Муҳаммади Аббосӣ. – Теҳрон, чопхонаи “Фарҳанг”, 1370. – 589 саҳ.
- Фирдавсӣ А. Достонҳо аз “Шоҳнома”. Аз силсилаи “Ҳафтахтар”. Ҷилди 1. – Душанбе: "Адиб", 2022. – 352 саҳ.
- Шарифзода Х. "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ ва шеъри замони Фирдавсӣ. – Душанбе, 2014. – 400 саҳ. (с. 18)
- Шарифзода Х. Достонҳои бузурги "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ. –Душанбе, 2014. – 400 саҳ.
- https://www.facebook.com/share/p/1Npik7gwbU/
- (https://www.khabaronline.ir/news/).
- https://ravshanfikr.tj/sheri-ruz/she-ri-r-z-asidai-firdavs.html