Аз ин аст, ки дар кишвари мо ниҳодҳову марказҳои илмии нав таъсис меёбанд ва корҳои таҳқиқотиро дар ин ҷода ба сатҳи болотар мебардоранд. Дар ҳамин самт Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) рӯзи 26 феврали соли 2025 Маркази ҷопоншиносӣ дар ДМТ-ро ифтитоҳ намуданд. Мақсади асосии фаъолияти Маркази мазкур – татбиқи барномаи омӯзишии Ҷопон барои олимони ҷавони Тоҷикистон мебошад, ки дар он Донишгоҳ ҳамчун ҳамоҳангсоз байни донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмию таълимии Тоҷикистон амал мекунад.
Дар маросими ифтитоҳи Маркази ҷопоншиносии ДМТ мутахассисон аз донишгоҳҳои гуногуни пойтахт, ки бо забону фарҳанг ва сиёсату иқтисоди Ҷопон шинос ҳастанд даъват шуда буданд. Ҳамчунин намояндагони донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон ва профессори Донишгоҳи омӯзишҳои байналмилалии Токиои Ҷопон, ҷаноби Хидеаки Шинода ҳузур доштанд. Маросими расмии ифтитоҳи Марказ дар ошёнаи 4-уми бинои таълимии №11-и шаҳраки донишҷӯёни ДМТ баргузор гардид. Марказро раҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон ҷаноби Имай Сейҷу муаррифӣ намуда, вазифаву ҳадафҳои онро барои иштирокчиён ироа намуд. Ҳадафи асосии Марказ тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон мебошад. Бо ин мақсад Маркази номбурда вазифаҳои муайянро дар пеш гузоштааст, ки асоситарини онҳо ташкили лексияҳо, ба роҳ мондани тадқиқоти муштараки ниҳодҳои илмии ду кишвар ва омӯзиши забони ҷопонӣ мебошад.
Намояндагони Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон барномаҳои худро муаррифӣ намуда, имконоти таҳсилотии фароҳамшуда барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи мазкурро ироа карданд. Донишгоҳи Тсукуба дар риштаҳои гуногун барномаҳои зинаи бакалавриатро пешкаш менамояд, ки донишҷӯён метавонанд бевосита бо нархҳои дастрас аз ҳисоби худ дар онҳо таҳсил кунанд ва ё аз тариқи барномаву фондҳои гуногун ба таври ройгон ба ин донишгоҳ қабул гарданд.
Дар ниҳоят профессори Донишгоҳи омӯзишҳои байналмилалии Токиои Ҷопон, ҷаноби Хидеаки Шинода лексияи якунимсоатаи худро ба иштирокдорони чорабинӣ ва донишҷӯёни ДМТ пешкаш намуд. Дар ин лексия профессор дар мавзуи “Таҷрибаи Ҷопон дар модернизатсия ва барқарорсозии баъдиҷангӣ” баромад намуд, ки хеле муфиду диққатҷалбкунанда буд. Корҳои ӯ ба ҳалли низоъҳо дар кишварҳои ҷаҳон бахшида шудаанд. Дар солҳои тӯлонӣ профессор Хидеаки Шинода ба кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳон, аз ҷумла Камбоҷа, Сомалӣ, Афғонистон, Фаластин ва Украина, сафар карда, барои ба вуҷуд овардани сулҳи пойдор дар он кишварҳо кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода будааст. Доир ба ин мавзуъ чандин китобҳо навиштааст, ки охиринашон зери унвонҳои “Амалиётҳои муштарак барои сулҳ”(Partnership Peace Operations) ва “Таъсири ҷанги Русия ва Украина”(The Impact of the Russo-Ukrainian War) дар солҳои охир ба нашр расидаанд.
Суханронии профессор Хидеаки Шинода ба таҷрибаи модернизатсия ва барқарорсозии давлату ҷомеа дар ду давраи таърихии Ҷопон бахшида шуда буд, ки яке ба хотимаи низоъҳои дохилӣ (асри XIX) ва дигаре барои дастрасӣ ба сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ (асри XX) нигаронида шуда буд. Давраи якум аз солҳои 50-уми асри XIX, ки дар он давра ин кишвар ба буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ гирифтор шуда, ба хатари ҷиддии мустамликаи дигарон шудан мувоҷеҳ гардида буд, оғоз мегардад. Кишвар дар ин марҳилаи таърихӣ ба як бозсозиву барқарорсозӣ ниёз дошт, то ки тавонад як ҷаҳиши бузургеро дар иқтисоду сиёсат ба миён орад ва сари вақт пеши роҳи мустамликашавиро гирад. Профессор Хидеаки Шинода таъкид кард, ки дар ин росто пеш аз ҳама раҳбарон мушкилу хатароти мавҷударо эътироф намуданд ва маншаъи онҳоро дар фаъолияти нокифояи худ ҷуста, барои бартараф кардани иштибоҳот ва ҳалли мушкилот даст ба амалҳои қатъӣ заданд. Дар натиҷа низоъҳои дохилӣ аз миён бардошта шуда, ҷомеа ва давлати Ҷопон аз як кишвари кишоварзиву феодалии ақибмонда ба як кишвари қудратманд аз ҷиҳати иқтисодиву ҳарбӣ мубаддал гашт. Вале, таъкид мекунад профессор Хидеаки Шинода, қудрати зиёди ҳарбӣ раҳбарони онвақтаи Ҷопонро ба бероҳа бурда, ба низоъҳои минтақавиву байналмилалӣ ворид сохт. Танҳо баъди шикасти вазнин дар натиҷаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ давлат ва мардуми Ҷопон хатогии худро дарк намуда, ба бозсозиву барқарорсозии навбатӣ бо нияту ҳадафҳои нави сулҳҷӯёна даст зад ва қариб 80 сол аст, ки дар ин ҷода қадамҳои устувор гузошта, саҳми худро дар кӯшишҳои ҷаҳонӣ барои барқарории сулҳи пойдор ва рушди устувор гузошта истодаанд. Ҳузури худи профессор Хидеаки Шинода ва дигар сулҳҷӯёни ҷопонӣ дар минтақаҳои ҷангзадаи ҷаҳон намунае аз ин кӯшишҳои мардум ва давлати Ҷопон баҳри таъмини сулҳу пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар тамоми ҷаҳон мебошад. Дар солҳои мушкилтарин барои Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳҷӯёни ҷопонӣ дар кишвари мо низ фаъолият мекарданд. Аз ҷумла Юката Акино, ки устоди профессор Хидеаки Шинода будааст, ба кишвари мо барои дастгирии кӯшишҳои сулҳҷӯёнаи ҳукумати Тоҷикистон омада, мутаассифона, аз ҷониби душманони сулҳ дар соли 1998 кушта мешавад.
Ҳамин тариқ, маросими ифтитоҳи Маркази ҷопоншиносии ДМТ дар сатҳи хеле баланд баргузор гашта, саҳифаи нави ҷопоншиносӣ дар Тоҷикистонро оғоз намуд. Умедворем, ки Маркази мазкур ҳамчун ҳамоҳангсози ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ миёни Агентии Ҷопон оид ба равобити байналмилалӣ ва муассисаҳои илмию таълимии Тоҷикистон баромад намуда, ҳамкориҳои миёни ду кишвари сулҳҷӯйро ба сатҳи боз ҳам баландтар хоҳад расонд.
Меҳр Собириён
АМИТ