JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 07 Феврали 2025 12:44

Навиди маърифатӣ

Муаллиф:

         Ахиран китоби донишманд ва шоири матраҳи миллӣ устод Беҳрӯзи Забеҳулло таҳти унвони “Адабиёт ва ҳувияти миллӣ” (ниг.: Саидхоҷа, Забеҳҳуло Беҳрӯз. Адабиёт ва ҳувияти миллӣ (Маҷмуаи мақолот). -Душанбе: “Шоҳин-С”, 2025. -288 с.) ба нашр расид. Китоб бо сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ Аскар Ҳаким оғоз шуда (С.3-5), 28 матлаби илмӣ-таҳқиқӣ ва илмӣ-оммавиро, ки ба муҳимтарин масъалаи ҳар давру замон – ҳақиқати адабӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ дахл доранд, фаро гирифтааст. Аз ин шумора, 10 матлаби аввалӣ фарогири мавзуоти адабиёти классикӣ буда, 18 матлаби баъдӣ ба масоили адабиёти муосири тоҷик, ки муаллиф худ аз пажуҳишгарони матраҳу муваффақи ин давраи таърихист, иртибот мегиранд.

      Дар 10 матлаби аввалии китоби “Адабиёт ва ҳувияти миллӣ” -- “Рӯдакӣ – саромади андешаи миллӣ ва дунявӣ дар шеъри тоҷик” (С.6-17), “Подшоҳони пешдодӣ – бунёдгузорони тамаддуни башарӣ” (С.18-29), “Умари Хайём – ринди мунавварфикр” (С.30-41), “Саъдии Шерозӣ – ҷаҳонгарди дурандеш” (С.42-52), “Тавсифи ҷаҳонгардӣ дар осори Саъдӣ” (С.53-66), “Мавлоно – кашшофи олами ботин” (С.67-79), “Забон аз дидгоҳи Мавлоно” (С.80-90), “Озодманишӣ ва мазаммати таассубу риё дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ” (С.91-101), “Шеър ва шахсияти Шоҳин” (С.102-113), “Муқоисаи ғазалиёти Шоҳин аз рӯйи матни дастхатҳо” (С.114-125) бо мушаххасоту вежагиҳои муҳимми мавзуӣ-муҳтавоии адабиёти классикии тоҷик ва шахсиятҳои шуҳратёри ин давраи калони таърихӣ ошно мегардем. 18 матлаби баъдӣ бо шумули “Асирӣ – намояндаи насли маорифпарвар” (С.126-135). “Абдурауфи Фитрат ва нақди маърифати динӣ дар Бухоро” (С.136-150), “Фалсафаи “Худӣ” ва тарғиби худогоҳӣ дар мактаби фикрии Иқболи Лоҳурӣ” (С.151-160), “Ҷойгоҳи таърих дар осори устод Айнӣ” (С.161-168), “Робитаи илм ва худшиносии миллӣ аз дидгоҳи С. Айнӣ” (С.167-171), Суннат ва навоварӣ дар силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон” (С.172-181), “Андешаҳои давлатмеҳвар ва миллатсоз дар эҷодёти Мирзо Турсунзода” (С.182-190), “Нақши адабиёт ва адибон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” (С.191-198), “Зуҳури шеъри нав дар адабиёти тоҷик дар даҳаи 60” (С.199-207), “Инъикоси ҳувияти миллии тоҷикон дар осори Муъмин Қаноат” (С.208-220), Қаноат ва Масъуд (С.221-228), “Эъҷози тасвир дар як шеъри кӯтоҳ” (С.229-235), “Адабиёт ва ифтихори миллӣ” (С.236-243), “Пешниҳодҳои тоза дар бораи нашри нави “Шоҳнома” (С.244-251), “Кӯҳ моро шукӯҳ омӯзад!” (С.252-260), “Мунаққиди дақиқназар ва масъулиятшинос” (С.261-269), “Реализм дар достони “Роғун”и Давлат Сафар” (С.270-277), “Садое, ки ҳаргиз шунида нашуд (Нигоҳе ба авзои адабии Афғонистон дар 20 соли гузашта)” - С.278-286) фарогири мулоҳизоти илмӣ-ихтисосии муаллиф дар робита бо муҳимтарин масоили адабиёти муосири миллианд.

       Мунтаҳо, дар доираи аксари матолиби китоб, минҷумла мақолоти “Рӯдакӣ – саромади андешаи миллӣ ва дунявӣ дар шеъри тоҷик” (С.6-17), “Подшоҳони пешдодӣ – бунёдгузорони тамаддуни башарӣ” (С.18-29), “Умари Хайём – ринди мунавварфикр” (С.30-41), “Саъдии Шерозӣ – ҷаҳонгарди дурандеш” (С.42-52), “Озодманишӣ ва мазаммати таассубу риё дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ” (С.91-101), “Шеър ва шахсияти Шоҳин” (С.102-113), “Асирӣ – намояндаи насли маорифпарвар” (С.126-135). “Абдурауфи Фитрат ва нақди маърифати динӣ дар Бухоро” (С.136-150), “Фалсафаи “Худӣ” ва тарғиби худогоҳӣ дар мактаби фикрии Иқболи Лоҳурӣ” (С.151-160), “Ҷойгоҳи таърих дар осори устод Айнӣ” (С.161-168), “Робитаи илм ва худшиносии миллӣ аз дидгоҳи С. Айнӣ” (С.167-171), Суннат ва навоварӣ дар силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон” (С.172-181), “Андешаҳои давлатмеҳвар ва миллатсоз дар эҷодёти Мирзо Турсунзода” (С.182-190), “Нақши адабиёт ва адибон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” (С.191-198), “Инъикоси ҳувияти миллии тоҷикон дар осори Муъмин Қаноат” (С.208-220), Қаноат ва Масъуд (С.221-228), “Адабиёт ва ифтихори миллӣ” (С.236-243), “Пешниҳодҳои тоза дар бораи нашри нави “Шоҳнома” (С.244-251) адабиётшинос кӯшидааст, ки бар мабнои мантиқи илмӣ-таҳқиқӣ, таҷрибаи пажуҳишӣ ва манофеи миллӣ доварӣ намояд.

      Ногуфта намонад, ки соли 2020 монографияи илмӣ-таҳқиқии Беҳрӯзи Забеҳулло таҳти унвони “Таҳаввули шакл ва муҳтавои назми тоҷик дар асри ХХ” (ниг.: Забеҳулло, Беҳрӯз. Таҳаввули шакл ва муҳтавои назми тоҷик дар асри ХХ /Монография/. -Душанбе: Меҳроҷ-граф, 2020. -148 саҳ.) ба нашр расида буд ва аз ҷумлаи рисолаҳои ҷолиби илмӣ-таҳқиқӣ тайи даҳсолаҳои ахир дар робита бо мазмуну муҳтаво ва мушаххасоти бадеӣ-ҳунарӣ ва мафкуравии шеъри муосири тоҷик маҳсуб мешавад.

        Дар зимн, ду матлаби кӯтоҳи тақризиро ҳам, ки аз ҷониби донишмандони ҳамзабони бурунмарзӣ ба китоби тозанашри Беҳрӯзи Забеҳулло ирсол доштаанд, дар навиди маърифатӣ ҷо мекунем. Дар охир, ба муаллиф барору комёбӣ таманно намуда, шумо-хонандагон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба мутолаеву мурури ин китоби ҷолиб ташвиқ мекунем.

     Нозим Нурзода

    Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

     7 феврали соли 2025

 Муруре ба китоби «Адабиёт ва ҳувияти миллӣ”

 

Беҳрӯзи Забеҳулло, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷмуаи мақолоти таҳлилии худро зайли унвони “Адабиёт ва ҳувияти миллӣ” ба чоп расонд. Ин маҷмуа дар ихтиёри хонандагон қарор дорад, дигар мо ҳастем, ки минҳои муаллиф дар бораи матн доварӣ мекунем.

Ин маҷмуа ҳадяи соли 2025 барои тоҷиктаборон ва гӯяндагони забони  тоҷикӣ-форсӣ буд. Чаро солро қайд кардам ё барҷаста сохтам? Ба сухани доктор Шариатӣ, “ҳарф” агар муҳим аст, таъриху ҷуғрофиёи ҳарф ҳам муҳим аст.

Ин китоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир шуд. Ҷуғрофиёе, ки Абуабдуллои Рӯдакӣ одамушшуаро ва падари шеъри форсӣ он ҷо орамидааст. Ин китобро пажуҳишгаре мунташир кардааст, ки худ аз шоирони худогоҳ ва саршиноси Тоҷикистони муосир аст. Ин шоир аз ҷумлаи тоҷикҳоест, ки расмулхатти ниёконро медонад ва бар он мусаллат аст ва бо мутуни классику ҷадиди фарҳанги ниёкон робитае мустақим дорад. Ин шоиру муҳаққиқ аз Бадахшон меояд, аз сарзамини лаълу лоҷвард, аз аъмоқи нигини Хуросон, аз он ҷо, ки зиндаёд Саъид Нафисӣ дар китоби “Сарчашмаҳои тасаввуф”-аш мегӯяд: “Зари ташт дар он ҷо ба дунё омадаст!”.

Ва боз чаро соли 2025? Ин солу соли қаблаш шоҳиди рақобатҳои сангини ҳувиятҳои таборӣ дар бахше аз ҳавзаҳои тамаддунии мо буд. Баъзе қудратҳо хаёлоти ҳазфу инкори ҳувияти моро дар сар мепарвариданд ва ҳанӯз ҳам сулҳу ҷангашон бар сари он хаёлот аст. Чопу нашри ҳамосаи миллӣ-фарҳангии мо, яъне “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар шуморагони баланду беназир, посухи олимона, тоҷикона ва фирдавсивор ба он раҷазхониҳои султаталабон аст.

Маҷмуаи мақолоти шоиру пажуҳишгари мутааҳҳиди тоҷик Беҳрӯзи Забеҳулло бо матолиби муҳимме, ки унвон кардааст, шахсиятҳои бузурге, ки мавриди бозбинӣ қарор гирифтаанд, чи классику чи муосир, бедории миллӣ ва ҳувиятиро жарфову ғинои бештар мебахшанд. Вақте ҷомеа ва мардум нисбат ба амре ё умуре ҳассосанд, падидаҳои муртабит ва муттасил ба суръат ҷалби таваҷҷуҳ мекунанд. Бисёр муҳим аст колое, ки ба бозори молӣ ё фарҳангӣ арза мекунед, посухгӯи тақозо бошад. Акнун ки забону ҳувияти тоҷикӣ-форсӣ дар Афғонистон / Хуросон ва ё куллан Эрони шарқӣ бо хатари таҳоҷуми қабоил рӯёрӯй гардидааст, пардохтан ба арзишҳои ҳувиятӣ, бозхонии осори бузургони ниёкон аз тариқи ин тавлид ва таваҷҷуҳу таҷдид, таҷдиди робита бо арвоҳу ормонҳояшон, ҳамчун боди мувофиқу мутабаррик бар курраи пойдории милливу фарҳангӣ медамад ва шуълавар месозад.

Бо осеб дидани калонривоятҳо, ҳоло дар тамоми қораҳо, бозхониву таҷдиди ҳувиятҳо дар увлавият қарор дода шудааст; чи ҳувиятҳои ҳуқуқӣ, масалан, исму расми давлатҳо ва чи ҳувиятҳои ҳақиқиву таърихӣ, масалан, ҳамин ҳувияти тоҷикӣ.

Вақте раиси яке урду, се қудрати бузурги ҷаҳон мегӯяд: Аввал, яъне ҳувияти амрикоӣ! Мо ҳам бо нашру пахши "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ мегӯем: аввал ҳувияти тоҷикӣ ва эроншаҳрӣ!

Ин гуна китобҳо ва навиштаҳо ва осори муртабит аз дигар пажуҳишгарон дар масири пешрафт ва аввал шудан моро ёрӣ мерасонанд. Аз ин лиҳоз, барои шоир ва пажуҳишгари ҳамзабону ҳамтаборам Беҳрӯзи Забеҳулло табрик мегӯям!

 

            Латиф Пидром,

Шветсия, 06.02.2025

 

 

Чанд сухани кӯтоҳ перомуни маҷмуаи мақолоти пажуҳишию адабӣ таҳти унвони “Адабиёт ва ҳувияти миллӣ” ба қалами шоир ва муҳаққиқ Беҳрӯзи Забеҳулло, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

 

    Чи неку муждае, ки панҷараи Соли Нави 2025-ро бо навиштаҳо ва суханони пурмаърифату равшангаронаи хеш ба рухи мо гушудед, то нуре аз он бар ҳама ҷо партав афканад. Ман назаре гузаро ба феҳристу муҳтавиёти китоби шумо андохтам ва дарёфтам, ки навиштаи шумо танҳо ба осори нависандагони муосир маҳдуд набуда, балки таваҷҷуҳи бештар ба осори классикҳои мо,  аз садаҳои бисёр пешин низ таваҷҷуҳи вижа маътуф гардида ва шумо ҳамчун ғаввосе гавҳарҳои ноб аз он дарёфтед. Дар саросари унвонҳои ин маҷмуа ҳадаф ва рисолати хосе барҷастагӣ дорад ва он бедорӣ ва шуури миллӣ бар бунёди мероси бузурги фарҳангӣ ва ниёз ба истимрори он аст. Дар “Адабиёт ва ҳувияти миллӣ” ба гунаи мисол таваҷҷуҳи зиёд ба арзишҳо дар андешаҳои пешгомони ҳавзаи фарҳангии мо шудааст, монанди Рӯдакӣ, ҳамчун “саромади андешаи миллӣ дар шеър” ва ё Хайём “ринди мунавварфикр” ва ё забони пурмағзи Мавлонои Балх он “кашшофи олами ботин” ва ё Ҳофиз он “ринди озодманиш” ва ё фалсафаи худогоҳӣ дар мактаби фикрии Иқбол ва ё дарки таърих дар андешаи устод Айнӣ ва дар ниҳоят, дарсҳое аз навгароён дар шеъри нави солҳои 60-и Тоҷикистон, ки бегумон, ин мероси адабӣ такягоҳи боитминон барои ҳувияти миллии мардуми мо метавонад бошад. Нависанда дар ин маҷмуа гузаштаро ба беҳтарин ваҷҳ ба имрӯз пайванд додааст.

 Бигзор, ин асар “Адабиёт ва ҳувияти миллӣ” дарсе бошад, то дигар ба гузаштаи фарҳангии худ беэътино набошем ва дар бод хона насозем!

  Ба умеди тозатар аз тозатар, қаламатон расо бод!

 

                                              Доктор Башир Азизӣ аз Ҳоланд

 ва пажуҳишгар дар Академияи миллии

                                                илмҳои Тоҷикистон

                                          08.01. 2025

Хондан 1714 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Шоири миллӣ ва ҳадафи шеъри имрӯзӣ