JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 05 Марти 2025 07:57

Нақши модар дар зиндагии инсон

Муаллиф: Беков Дидавар

  Воқеан, модар калимаест, ки ҳамеша аз забони ҳар яки мо садо медиҳад. Як модар муҳимтарин инсон дар зиндагӣ ҳар шахс ба ҳисоб меравад.  Меҳри модар ба фарзандаш бо ҳеҷ чизе қобили муқоиса нест. Ҳама модарон қалби бахшанда ва меҳрубон доранд. Як модар қодир аст ҳар гуноҳеро бубахшад. Модар, муҳимтарин зан дар зиндагии ҳар инсон мебошад. Ӯ дар зиндагӣ, тамоми ҳастии худро баҳри шодиву хурсандии фарзандонаш фидо менамояд. Ҳеҷ кас наметавонад, ба андозаи модар аз фарзандони худ муроқибат кунад. Модар як сарчашмаи муҳаббат аст, ки мо тавоноӣ ва азамати уро бо суханҳоямон пурра таҷассум намудан наметавонем. Агарчӣ дар як хонавода барои ин ки фарзандон ба сурати дуруст тарбият ёбанд, мавҷудияти падару модар дар канори ҳам бисёр муҳим ва зарурӣ аст. Аммо модарон нисбат ба падарон нақши пуррангтару муассиртаре дар заминаи тарбияти кӯдакон бар уҳда доранд.

  Чунки маъмулан фарзандон дар тули руз вақти бештари худро бо модарони худ сипарӣ мекунанд ва ин модарон ҳастанд, ки бо  ёд додани усули кулли зиндагиву омузиши он ба кудаконашон, заминаро барои шаклгирии шахсияти фарзандон ба вуҷуд меоваранд. Аз тарафи дигар ин модар аст, ки аз рузи таваллуди фарзанд ӯро дар оғӯш мегирад ва солимии ҷисмиву равонии кудак дар дасти модар қарор дорад. Бинобар ин рафтори модарон нисбати фарзандон дар шаклгирии сохтори шахсияти онҳо таъсири муҳим дорад. Агар бигуем, ки модарон, меъморҳои воқеӣ ва беназири тарбияти фарзандон ҳастанд, иштибоҳ намекунем. Агар нигоҳе ба зиндагии як модар биандозем чунин ба назар мерасад, ки аз лаҳзаи бордорӣ, ӯ муроқибат намудан аз тифли худро шуруъ мекунад. Дар муддати нуҳ моҳ аз фарзандаш мувозибат мекунаду баъд аз таваллуди навзод низ, масъулияту вазифаҳои ӯ бештар шуда ва доимо дар талоши он аст, то ниёзҳои кӯдакашро бароварда кунад. Илова бар ин ӯ дар заминаи тарбияти фарзанд саъю талош намуда, маҳоратҳои мухталифро  ба  фарзандаш меомузад то ӯ омодагии лозим барои ҳузур дар ҷомеаро дошта бошад. Ва ҳамин далел аст, ки нақши модар дар  тарбияти  фарзандон,  бисёр  муҳим  ва  пурмасъулият  аст.   

  Мавриди зикр аст, ки дар сурати дигар, як модар ҳамвора ба унвони мураббӣ ва омӯзишдиҳандаи аслӣ дар хонавода ба шумор меравад, ки таъсири бисёре бар шаклгирии шахсияти кӯдак дорад. Чунки ин модарон ҳастанд, ки дар бораи хусусиятҳову вижагиҳои кӯдаконашон ҳамаи чизро медонанд ва аз рафторҳои фарзандонашон бохабаранд. Аз ин сабаб метавон гуфт, ки нақши модар дар тарбияти фарзандон бисёр муҳим ва зарурӣ буда, аз даврони бордорӣ шуруъ шуда то поёни замони рушди кӯдак ва комил шудани марҳилаҳои тарбияти ӯ идома пайдо мекунад. Воқеан, набояд ин масъаларо нодида бигирем, ки модар шудан, вазифаи бисёр сангине аст. Чаро ки модарон дар қиболи ҳамсар, фарзандон, ҷомеа ва ғайра масъулияти бузурге доранд. Чигунае, ки қаблан гуфта шуд, баъд аз таваллуди фарзанд, дар зиндагии падару модар, тағироти муҳим ба вуҷуд меояд, чун ба маротиб масъулиятҳои модар шуруъ мешаванд. Модар бояд пайваста муроқиби фарзандон бошад, ба ниёзҳои ҷисмиву равонии онҳо расидагӣ кунад, маҳоратҳои мухталифро ба онҳо биомузад. Модарон бо тавваҷуҳи дақиқ ба рафторҳои кӯдаконашон ва ҳамчунин гӯш додан ба суханҳои онҳо, метавонанд ба хубӣ бифаҳманд, то ин ки дар афкори фарзандонашон чи мегузарад ва онҳо чи хостаҳову ниёзҳое доранд.

   Хулоса, бояд гуфт, ки як модар ба фарзандон на танҳо дар даврони хурдсолӣ ва кӯдакӣ, балки пас аз бузург шуданашон низ метавонад дар рушду такомули шахсияти онҳо таъсири доимӣ дошта бошад.

Беков Дидавар

ходими илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Хондан 81 маротиба