Дипломатияи муваффақ пешбурди муваффақонаи сиёсати хориҷии як давлат, қобилияти дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳо ва кушодани уфуқҳои нав дар сиёсати хориҷӣ мебошад. Дар илмҳои сиёсӣ пешбурди дипломатияи муваффақ — ин таҳлил, баррасӣ ва бартараф намудани тамоми ҷанбаҳои мушкилоте аст, ки дар раванди пешбурди сиёсати хориҷӣ монеа мегарданд. Аз ин рӯ, дипломатия дар муносибатҳои байнидавлатӣ нақши муҳим дошта, яке аз роҳҳои пурмаҳсули гуфтушунидҳои байнидавлатӣ дар иҷрои вазифаҳои сиёсӣ ва ҳалли мушкилот мебошад. Дастоварди асосӣ дар дипломатияи муваффақ — ин дониш, таҷриба ва кӯшишҳои ҳадафмандона барои ҳифзи манфиатҳои миллии як давлат ба шумор меравад.
Баҳор ва Наврӯз дар сиришту табиату зоти мо тоҷикон ҷо гирифтааст ва наметавон онро аз хотираи таърихӣ ва ҳофизаи миллӣ зудуд. Ҳарчанд ки дар шароити муосири пешрафти босуръати илму фановарӣ ҳеҷ коре иҷронанашуданӣ нест, баръакс, ҳар кори саъбу душвореро ҳам метавон саҳлу осон кард ва дар ин замина, метавон шодбошию хушҳолиҳои чандҳазорсолаи моро ҳам ба коми фаною нобудӣ даркашид. Аммо боз ҳам ҳамин Наврӯз ва ҳамин баҳори ҳамешасабзи Ватан наҷотбахши мо буда метавонад, агар мо, воқеан, дар пайи ҳифзу нигаҳдошт ва тарғибу ташвиқу густариши он пайваста иқдом намоем. Дар зимн, ҳамин ҳолу ҳавои баҳорию Наврӯзист, ки бо рангомезиҳои лолазору гулистону бустонаш зиндагии моро зебу зинату маъно бахшида, ба самту сӯйи муносибе равона месозад. Ба ин маъно:
Ниёкони мо ҳар ки будаст пеш,
Нигаҳ доштандӣ ҳам оину кеш.
Фирдавсӣ
Мусаллам аст, ки ҷашнҳо ба миллӣ, байналмилалӣ, мазҳабӣ, динӣ, касбӣ, тахассусӣ, оилавӣ, шахсӣ, давлатӣ, сиёсӣ, адабӣ, фарҳангӣ ҷамъиятӣ ва ғайра мунқасим мешаванд. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мардуми мо мебошад, ки ба рӯзи нахустини солшумории шамсӣ-1-уми фарвардин (Ҳамал), яъне 21 марти солшумории мелодӣ рост меояд. Қариб ҳамаи сарчашмаҳо ба таври расмӣ ҷашн гирифтани Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд.