JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 08 Майи 2025 03:12

Ҷангу даргирии бемаънӣ – мусибати инсонӣ (дар ҳошияи 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

  Чун дар арафаи 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор дорем, сараввал тамоми ҳамватанон ва кулли ҳаводорони сулҳу суботи ҷамъиятиро ба ифтихори ин рухдоди муҳимми таърихӣ табрику шодбош намуда, умед мекунем, ки парчами сулҳу салоҳи пойдор дар сайёраи инсонӣ барафрохта гардида, дар ҳамкорию ҳамбастагии умумӣ башар аз мусибати ҷангӣ наҷот ёбад.

  Мусалламан, сиёсатҳои худкомаву худхоҳ тайи таърихи инсонӣ мардумро ба гурӯҳҳо, мазоҳибу равияҳои мухталиф ҷудо намуда, тухми нобоварию нифоқро байни онҳо коштанд ва дасисакорӣ ва найранги сиёсӣ то имрӯз мавриди корбурди сиёсатмадорони навин қарор гирифта истодааст. Мардум, ки аз моҳияту табиати ин ақаллиятҳои сиёсию динӣ огоҳ нест, ногузир ба доми фиреби идеологияи онҳо меафтад ва дар натиҷа, низоъҳои тӯлонӣ ва ҷангҳои хунин дар сатҳи ҷаҳонӣ сурат мегиранд, ки бевосита ё бавосита манфиатҳои гурӯҳҳо ё ба истилоҳ тоталитарҳоро бароварда месозанд. Таъкид намудан бамаврид аст, ки ҳукуматҳои худкомаи асри бист боиси сар задани ду ҷанги ҷаҳонӣ шуданд, ки дар натиҷа ҷони миллионҳо аз даст рафта, ҳазорон нафар ба вартаи фақру ноумедӣ афтиданд (таваҷҷуҳ шавад ба китоби: Арент Ҳ. Тоталитаризм. Тарҷумаи Муҳсин Салосӣ. Теҳрон: Созмони интишороти «Ҷовидон», 1366. -С. 6-7).

Чун дар мавриди ҷангу даргирӣ таваққуф кардем, ногузир аз шарҳу тавзеҳи вожа ва мафҳуми “ҷанг” шуруъ мекунем. Вожаи “ҷанг” маънои набард, пайкор, разм (ниг.: Соатчӣ М. Фарҳанги донишгоҳӣ. -Ҷилди аввал. -Теҳрон, 1371. -С. 496), ҷидолу қитол, корзор, ситеза, ҳарб (ниг.: Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. -Теҳрон, 1368. –С.1)-ро дошта, ҳамчун истилоҳи илмӣ дар шакли “полемология” (аз вожаи юнонии полемос - ҷанг ва логос - илм), яъне ҷангшиносӣ истеъмол мешавад. Ин калима (полемологияро)-ро нахустин маротиба соли 1946 донишманди аврупоӣ Б. Гастон дар китоби “Сад миллион барда” пешниҳод намудааст (ниг.: Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. Теҳрон, 1368. -С.1).

Донишмандони улуми ҷомеашиносӣ шаклҳо, ғалатҳо, натоиҷ ва амалкардҳои ҷангро бо унвони як падидаи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ин аст, ки донишмандон ба ҷанг зиёда аз сад таъриф пешниҳод намудаанд. Агар гурӯҳе онро, ҷадале мусаллаҳона байни давлатҳо, ки дар куллияи равобити сулҳомез муаллақ шуда бошад… амале зӯрмандона ҷиҳати иҷбори душман ба анҷоми хости тараф, қаламдод карда бошанд (ниг.: Масоилӣ М. Арфаӣ О. Ҷанг ва сулҳ. -Теҳрон, 1371, -С. 4-6), иддае дигар ҷангро нерумандтарин ва муассиртарин шакли тамоси тамаддунҳо… навъе таҳаввули шитобон дар таърихи зиндагии инсонӣ таъриф додаанд (ниг.: Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. -Теҳрон, 1368. -С. 2).

Дар адабиёт ва эҷодиёти шифоҳии тақрибан тамоми мардуми дунё ҷанг, хунрезӣ ва қатлу ғорат аз ҷумлаи махуфтарин ва палидтарин балоҳои мумкин дар радифи зилзила, сел, тоун, вабо, қаҳтӣ ва билохира тирагӣ ва ғалабаи Шайтону Аҳриман маҳсуб шуда (ниг.: Таҳлиле бар ҷанги таҳмилии режими Ироқ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон. -Ҷилди дуввум. -Теҳрон, 1367. -С. 1), харобкунандаи ҳар чизи зебо ва сарчашмаи ҳар бадию зиштӣ муаррифӣ шудааст. Андешаи сулҳи абадӣ ва оштии ҷовидонӣ аз дергоҳ -- аз бомдоди фарҳанги башарӣ мардумро шефтаи худ гардонида, маҳз дар партави ин андеша, фалсафаи тӯда ё омма созмон дода шудааст (ниг.: Нахҷувон А. Ҷанг. -Теҳрон, 1317. -С.5).

Андешаи ҷанг дар се давраи ташаккули тафаккури инсонӣ: асотирӣ, мазҳабӣ ва фалсафӣ таҳаввул пазируфтааст. Дар асотир қаҳрамонону паҳлавонон ба хотири озодию адолат меҷанганд (ниг.: Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. -Теҳрон, 1368. -С. 5-8) дар афкори мазҳабӣ (динӣ) ҷанг бо фармон ва машияти Худо ҳақиқат пайдо мекунад (ниг.: Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. -С. 9-12) ва дар андешаи фалсафӣ ҷанг бо қотеътарин ваҷҳу далел маҳкум карда мешавад.

Мунтаҳо, ҷанг дар ҳама ҳолат, мусибати инсонӣ маҳсуб меёбад ва дар баробари он, фарҳангу тамаддун бояд ҷангу низоъро маҳдуд кунад. Дар давоми садаи бистум қатлу куштор ва истибдоду муҷозоти одамӣ ба дараҷае афзуд, ки барои ифодаи онҳо вожаю истилоҳоти нав сохтанд. Истилоҳи “генотсид” (соли 1944 сохта шуд ва дар гардиши фикрию сиёсӣ қарор гирифт) ба маънои маҳвсозии насли одамӣ мавриди истифодаи фаровон қарор гирифт (нигаред: Состояние мира 1999. Москва: Издательство “Весь мир”, 2000. -С. 224). Худхоҳию худкомагии ҳукуматдорони ҷаҳонӣ боиси аз байн рафтани ҳаёти мардумони зиёди сайёраи инсонӣ гардид. Ҷанги Якуми Ҷаҳон (солҳои 1914-1918) 26 миллион ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (солҳои 1939-1945) 53 миллиону 547 ҳазор куштаро ба бор овард. Тибқи омори расмӣ, агар дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон 50 дар сади аҳолии осоиштаи мамолики ба ҷанг даргир ҳалок шуда бошад, дар ҷараёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ин рақам ба 60 дар сад мерасад (ниг.: Состояние мира 1999. Москва: Издательство “Весь мир”, 2000. -С. 225). Ба сухани дигар, дар ҷараёни ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳонӣ аҳолии ғайринизомӣ низ сахт талаф ёфтааст. Омори расмӣ шоҳиди 54 миллион куштаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар ҷабаҳот мебошад (ниг.: Состояние мира 1999. Москва: Издательство “Весь мир”, 2000. -С. 226). Акнун таваҷҷуҳ намоед, ки чӣ қадар мардуми бегуноҳ қурбони хоҳишу ҳавасҳои бемаънии ҷангҷӯёну фитнагарон гардидаанд ва ин раванд баъди ду ҷанги ҷаҳонӣ дар байни абарқудратон идома ёфта, то имрӯз домани аҳолии осоиштаи баъзе мамолики сайёраро сар надода истодааст.

Таърих муқовиматҳои шадиди мардуми моро ба муқобили истилогарони мустабид дар ҳамаи давру замонҳо хуб дар ёд дорад. Мардуми тоҷик, новобаста ба шароити сангини иҷтимоию сиёсӣ алайҳи истилогарони Мақдунӣ, арабӣ, туркию муғулӣ таҳти сарварии Спитамон, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Мавлонзода ва дигар фарзандони далеру шуҷоъ ва баору номус шадидан муқовимат карда, дар майдонҳои набард барои ҳифзи Меҳан ҷоннисорӣ намудааст. Мардум, Ватан ва миллат номи он мардони ҷасурро дар қалбаш абадан нигоҳ дошта, хотираи неки ононро абадан пос медорад.

Вақте ки Ватан дар хатар аст, мардони шуҷои миллат ҷон дар каф барои дифои он бармехезанд ва ҷангу пархош алайҳи золимону мустабидони хориҷӣ ба ғояи мутамаркази ҳаёти сиёсии онҳо табдил меёбад. Беҳуда нест, ки меҳри Ватанро бо меҳри Модар – офарандаи ҳаёти инсонӣ тавъам медонанд ва айният медиҳанд.

Асри бистум дар худ ду ҷанги бузурги ҷаҳониро ғунҷоиш дод, ки ба бадбахтии мардуми манотиқи мухталифи сайёраи мо боис гардид.Ҷанги якуми ҷаҳон, ки солҳои 1914-1918 байни гурӯҳи давлатҳои аврупоӣ сурат гирифт, фақру бенавоӣ ва ноамнию бесуботиро дар ҷаҳони онвақта мутаҳаммил сохта, роҳи саодату хушбахтии мардумро муддатҳои тӯлонӣ барбаст. Дар натиҷа, ҷомеаҳои ҷангзада ба дардҳои ногувори равонӣ, уқдаҳои ботинӣ ва фишору тазйиқҳои иҷтимоию сиёсӣ гирифтор шуда, дар ҳолати дилшикастагӣ, худбохтагӣ ва навмедию нобоварӣ ба сар бурданд.

Мусаллам аст, ки ҷангҳои ҷаҳонии дар асри бистум ба вуқуъ- пайваста дастовардҳои моддию маънавии башарро зери хатар қарор дода, вазъияти амниятии манотиқи гуногуни ҷаҳонро хавфнок сохта, фақру бенавоӣ ва қатлу ғорат ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид кард.

Ҳамин гуна беморию ранҷурӣ ва фақру бенавоиро садҳо карат зиёдтар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (солҳои 1939 – 1945 ) ба мардуми сайёра «эҳдо» намуд. Муҳимтар аз ҳама, бар асари ин ҷанги мудҳиш ҷони миллионҳо нафар одамони сайёра ба коми нестию нобудӣ афтида, миллионҳо кӯдакони оилаю хонаводаҳо заҳри ятимию бекасиро маҷбуран ва ғайриихтиёр чашидаанд. Аз ин дида мусибате сахттар барои насли инсонӣ набуда ва нест.

Аз батни Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941 – 1945) тавлид ёфт, ки барои манотиқи дар ин ҷанг шомилбуда асароти сахт гузошт. Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони гитлерӣ бар хоки Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфт, ҳудуди панҷ сол амну суботи ҷомеаи онвақтаи Иттиҳоди Шӯравии нав аз кашмакашҳои дохиливу хориҷӣ халосёфтаро, ки Тоҷикистони азизи мо як ҷузъи он маҳсуб мешуд, халалдор сохт.

Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизми олмонӣ салтанати истилогунаро қариб дар тамоми ҷаҳон барканда сохта, роҳи тараққиёти минбаъдаи бисёр мамолики таҳти тасарруфи мустабидони берунӣ қарордоштаро муайян кард. Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар олмони гитлерӣ ғалаба ва пирӯзии адолат бар разолат, рӯшанӣ бар торикӣ, хайр бар шар, некӣ бар бадӣ, ақл бар ҷаҳл, меҳру вафо бар ҷабру ҷафо, покӣ бар палидӣ ва дар маҷмӯъ ҳастӣ бар нестӣ мебошад. Дар ғалаба бар фашизми гитлерӣ, ки бар ивази хуни миллионҳо сарсупурдагони Ватан ба даст омадааст, тамоми мардуми Шӯравӣ, аз ҷумла намояндагони Тоҷикистон низ саҳм доранд.

Дифоъ аз Ватан ва ҷанг ба хотири ба вартаи асорат науфтодани мардуми Шӯравӣ, ки онро ҷиддитарин хатар – фашизми олмонӣ таҳдид мекард, ба қарз, фарз ва амри виҷдони ҳар як шаҳрванди солимақли Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт.

Даъвати роҳбарияти давлати Шуравӣ ба ҷанг барои аз хоки Ватан рондани истилогарони олмонӣ дар Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт ва дар кӯтоҳтарин муҳлат мардуми манотиқи гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран ба ҷанг сафарбар шуданд. Шиорҳои асосӣ ва саросарӣ дар он замон “Ҳама ба фронт, ба ҳифзи Модар – Ватан”, “Ватан -- Модар даъват мекунад” буданд. Ин шиорҳои аз назари сиёсию иҷтимоӣ дархур тавонистанд, ки дар миқёси табақаҳои мухталифи ҷомеаи Шуравӣ, минҷумла мардуми заҳматқарини Тоҷикистон оташу қаҳру ғазаби мардумро бар зидди истилогарони олмонӣ афзун созанд ва раванди муборизаҳои адолатхоҳонаро вусъати тоза бахшанд. Дар маҷмуъ, дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуда, фидокорию ҷонбозиҳо кардаанд. Бад-ин тартиб, фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо далерона мубориза бурда, содиқона корнамоиҳо нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо ба унвони олии ифтихории Ватан -- Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени “Шараф ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Ҳамчунин, дар ҷабҳаву сангарҳо шоиру нависандагону олимони тоҷик бо шумули Ҳабиб Юсуфӣ, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳамадзода ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурдаанд. Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард. Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ бошад, маҷмуи ҳикояҳои ҷангиашро таҳти унвони “Интиқоми тоҷикон” таълиф кард, ки дар он замон минҳайси силоҳи маънавӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳи ифтихороти миллию меҳанӣ хидмат намудаанд. Асарҳои ба замони ҷанг ихтисосёфтани устод Айнӣ, устод Лоҳутӣ, Фотеҳ Ниёзӣ ва дигар адибону шоирони миллӣ, ки саршори ғояҳои ватандӯстию ифтихорофаринианд, на танҳо имрӯз, балки дар оянда низ барои боло бурдани сатҳи ҳувиятию ватанпарастии наслҳои ояндасози Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмат хоҳанд кард.

Дар зимн, шароити муосири сиёсӣ ва геосиёсӣ бисёр нигароникунанда аст: қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мафкуравӣ-идеологӣ миёни мамолики камзарфият ҷангу низоъ ва даргириҳоро дар ар шакле пиёда месозанд. Бинобар ин, ниҳоят ҳушёр бояд буд, то мавриди истифодаи қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қарор нагирем ва дар баробари ҷангу низоъҳо истодагарӣ карда тавонем. Ба сухани дигар, барои он ки сулҳу амният бар ҷангу мунозаат пирӯз гардад, моро зарур аст, ки ҳар чӣ зиёдтар ба илму фарҳанг рӯ биёварем ва дар пайи оштӣ додани зидҳо бошем, гузашта аз ин, маъно ва ҳадафи зиндагиро дар оштии зидҳо донем. Ба қавли Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ:

Зиндагонӣ оштии зидҳост,

Марги он андар дарунаш ҷангҳост.

Ҳаштодумин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак, ҳамватанони гиромӣ!

Дар охир, пораи манзумеро, ки ба муносибати 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иншо шудааст, чун табрикоту таманниёти ҷашнӣ манзуратон месозем.

 

Ба рағми ҷанг карда сулҳро парчам

(Ба ифтихори ҳаштодумин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ)

 

Расо ҳаштод соли пеш бар рағми бадомӯзӣ,

Ҷавонмардони Меҳан бо худафрӯзӣ,

Далерони Ватан бо хештансӯзӣ,

Раҳониданд мардум аз сияҳрӯзӣ,

Расониданд моро то ба пирӯзӣ,

Ба хушҳолии имрӯзӣ!

 

Ту медонӣ, ки насли поки он даврон,

Тамоми так-таки афроди бовиҷдон,

Шикастандӣ аду бо дасту бо дандон,

Барои дӯстию сулҳи бепоён,

Бикардандӣ барои бахти фарзандон,

Ҳазорон хешро қурбон!

 

Харобӣ оварад ҳар ҷанг бар олам,

Мусибатҳо биёрад бар сари одам,

Биафзояд ҳамеша гиряву мотам,

Бидода мардумӣ дастобадасти ҳам,

Ба рағми ҷанг карда сулҳро парчам,

Ки созад олами беғам!

 

Биё, ҷамъ оварем аҳли азизонро,

Рафиқони шафиқу сулҳхоҳонро,

Кунем ифшо фиреби ҷангҷӯёнро,

Шунав, хуш муждаи умедворонро,

Паёми ростини растагоронро,

Садои насли инсонро!

 

Пас, оре, ҳар Ватан обод бояд кард,

Суруди сулҳро эҷод бояд кард,

Талош андар раҳи имдод бояд кард,

Ки ҳар як қаҳрамонро ёд бояд кард,

Ба рӯзи ҷашн дилҳо шод бояд кард,

Муборакбод бояд кард!

 

80-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак!

Бо эҳтиром,

Нозим Нурзода

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 
Хондан 45 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Навиди фараҳбахши фарҳангӣ