(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ таҳти унвони “Файласуфи миллӣ ва мактаби фалсафӣ” ба ифтихори 57-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илми фалсафа, файласуфи муосири миллӣ устод Комил Бекзода)
Гузаронидани маҳфилу нишастҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳост идома дорад ва аз ин навъ маҳофил сатҳи донишу биниши ширкаткунандагон, махсусан, насли ҷавон боло меравад. Мутаассифона, силсилаи чолишҳои имрӯзӣ, аз ҷумла зуҳури буҳрони беҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ, канороӣ бо хурофоту таассуби мазҳабӣ, дуршавӣ аз арзишҳои миллию ҷаҳоншиносии фалсафӣ, тамошогарии насли зиёӣ, парешонии қишри равшангарӣ ва зери бори хушкандешӣ қарор гирифтани ниҳодҳои фикрию маданӣ ҷомеаро осебпазир карда, роҳро барои густариш ёфтани буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ ҳамвор сохтааст. Маҳз бо ҳадафу ният дар муҳити академӣ бо ҳузури донишмандону коршиносон ва пажуҳишгарону ихлосмандон маҳфилу нишастҳои илмӣ доир мегарданд ва аз ин тариқ вазъи ҷаҳоншиносии илмӣ-фалсафӣ ва биниши миллии насли ҷавони муҳаққиқ беҳбуд меёбад.
Дар мақолаи мазкур масъалаи муҳиммияту зарурати таҳқиқу омӯзиши зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ, хусусан, вижагиҳои забонии онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллиф таъкид мекунад, ки мақолу зарбулмасалҳо ба сифати як жанри муҳимми фолклор ва инъикоскунандаи арзишҳо, анъанаву одатҳо ва дигар хусусиятҳои халқ аҳамияти бузург доранд. Аз ин рӯ, таҳқиқу омӯзиши мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ, аз ҷумла вижагиҳои забонии онҳо ниҳоят муҳим дониста мешавад.
(мулоҳизоте иҷмолӣ дар ҳошияи маҳфили илмӣ-фалсафии Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии фалсафа)
Ҳамасола дар муҳитҳои академӣ ва муҳитҳои донишгоҳии ҷумҳурӣ панҷшанбеи ҳафтаи севуми моҳи ноябр Рӯзи ҷаҳонии фалсафа таҷлил мегардад. Одатан, дар Рӯзи ҷаҳонии фалсафа, ки бо Қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО таъсис ёфтааст, дар донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмӣ-пажуҳишӣ бо ҳузури файласуфону мутафаккирон, донишмандону муҳаққиқон ва унвонҷӯёну донишҷӯён маҳфилҳои вежаи ихтисосию фалсафӣ ва нишастҳои илмӣ доир шуда, дар ин замина гузоришҳои илмӣ ва мубоҳисаҳои фалсафӣ ироа мегарданд.
Ҷаҳл чу бисёр шуд, нест кам аз кофарӣ,
Аз раги гардан бувад риштаи зуннори мо.
Шавкати Бухороӣ
Аллома Фатҳуллоҳи Шерозӣ, маъруф ба Ҳаким Фатҳулло, аз уламо ва удабои маъруфи асри 17 тоҷик-форс буда, ибтидо дар дарбори Алии Одилшоҳ ва пасон Акбаршоҳ хидмат намудааст. Ӯ соли 1588 (89) дар Кашмир вафот кардааст. Фатҳуллоҳи Шерозӣ яке аз донишмандонест, ки ҳамроҳи Абулфазли Алломӣ ва Абулфайзи Файзӣ ва дигарон дар тарғиби сулҳи кул ва таъсиси дини илоҳӣ дар замони Акбар нақши муҳим бозидааст. Воқеан, Акбар, ки тамоми олимону адибони мутараққиро ба корҳои девонию маъмурӣ дар дарбор ҷалб карда буд, барои пешрафт ва устувор гардондани пояҳои давлаташ иқдомоти зиёд, аз ҷумла инъиқоди “Маҷлиси уламо”, барпо кардани “Доруттарҷума”, таъсиси унвони “Маликушуароӣ”ва ғайраро рӯи даст гирифт.