Ёдовар мешавем, ки дар таърихи 5 декабри соли 2023 дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик”, баргузор гардида буд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна»-ро, шиносномаи миллати тоҷик номиданд.
Санаи 11 май дар Киитобхони миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ бо иштироки санъатшиносони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон ва Эрон таҳти унвони “Дурнамои рушди мусиқии суннатии халқҳои Шарқи наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи симпозиум Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А. ва вазири фарҳанги Тоҷикистон Сатториён М. ширкат ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласаи пленарии симпозиум маърузаи доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияимиллии илмҳзои Тоҷикистон Аслиддин Низомӣ дар мавзӯи “Инъикоси назарияи Дувоздаҳмақом дар осори классикони адабиёти форсу тоҷик ва мусиқишиносии муосир” ироа гардид.
Институти крионика бо англисӣ (Cryonics Institute (CI)) ё бо забони форсӣ муассисаи сармозистӣ буда, як бунёди ғайритиҷоратии амрикоӣ аст, ки хадамоти сармозистиро нишон медиҳад. Ин муассиса инсонҳо ва ҳамчунин ҳайвоноти хонагии дар арафаи марг қарор доштаро дар нитрогени моеъ мунҷамид (карахт) мекунад ва ба умеди ин ки бо пешрафти фановарӣ дар оянда битавонанд, онҳоро бозёбӣ ва зинда кунанд. Дар Институти крионика 188 нафар дар хазинаҳои нитрогени моеъ ҳамроҳи Роберт Эттингер, ва ҳамроҳи модар ва ҳамсараш дар инҷо нигаҳдорӣ мешаванд.[1]