JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

   Воқеан, барои иронитаборон, аз ҷумла тоҷикон “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба унвони пружаи ҳувиятсозӣ ва меҳанпарастӣ зарур буду ҳаст, чаро ки аз бомдоди зуҳур то ба имрӯз густураи таърихию ҷуғрофии Ирону Хуросон мавриди фишору таарузу тасарруфи бегонагон қарор гирифта, ҳамтаборон ҳамеша дар роҳи таҳкими иродаи сиёсӣ, тақвияти ҷуръати ватандорӣ ва шукуҳи ҷасорати ҳувиятӣ гомҳои устувор бардошта, бар мабнои нуфузи ин аслҳои бунёдӣ зиндагӣ кардаанд. Ба ин маънӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ барномаи стратегии ҳувиятсозӣ ва меҳанпарастии мардуми мо будаву ҳаст. Ҳарчанд ки “Шоҳнома” тайи ҳазор соли ахир ҳамеша бо мушкил рӯбарӯ будааст ва имрӯз низ дар моварои чолишу таҳдидҳо қарор дорад, бузургию шаҳомати ҳувиятиашро аз даст надода, дар баробари зулму истибдоди аҷнабӣ ва таҳоҷумоти сиёсию мафкуравию фарҳангӣ устуворона истод шуда, нерую қудрати ҳувиятию мафкуравии мардумро афзун месозад. Тавре ки дар набардҳои бардавом алайҳи душманон Фирдавсӣ аз забони паҳлавонону қаҳрамонони “Шоҳнома” шоҳбайти “Парканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор”-ро мисол мезанад, “дусад марди ҷангӣ”-и миллат ҳамеша бар зидди бегонагон мубориза бурдаанд ва шарафу иззати миллиро ҳифзу ҳимоят кардаанд. Ин аст, ки дар шароити феълии бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва ноҷуриҳои геополитикӣ “Шоҳнома”, пеш аз ҳама, манофеи миллиро моро ифода мекунад ва миллатро дар баробари хатару таҳдидҳои рӯзафзуни сиёсию мафкуравӣ ва ҳувиятию ахлоқӣ муқовим месозад. Аз тарафи дигар, “Шоҳнома” ба сифати пружаи ҳувиятсозӣ ва барномаи сиёсӣ-давлатӣ ниёзҳои миллии моро ифода мекунад ва роҳандозии чунин пружа ва барномаи стратегӣ давлат ва миллатро аз газанди рӯзгор эмин медорад.

     Аслан, ҷашну ойинҳои миллию мардумӣ таҷассумкунандаи кайфияти зиндагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ ва маданӣ буда, рӯҳияи миллию мардумиро дар тӯли зиндагии башарӣ ифода менамоянд. Ба василаи иҷрои маросимоти ҷашнию ойинӣ ҷомеа ва мардум зиндагии худро як навъ сару сомон мебахшанд ва аз ҳузури фаъоли худ дар арсаи вуҷуд дарак медиҳанд. Арсаи вуҷуд барои инсон ҷавлогаҳи андеша, тафаккур ва куниши ӯ буда, дар як чунин майдони фарохе (ҷаҳону ҳастӣ дар назар аст) ба набард мепардозад ва дар бомдоди зуҳури ҳушмандӣ, дар қолаби афсонаю устура ва бовару эътиқодот масири муборизаро таъйин намуда, бад-он минвол то ба имрӯз бардамона гом мебардорад. Аз ин ҷост, ки бар мабнои устураматнҳои бостонӣ аносири фарҳангии як ҷомеа дар тӯли таърих идома меёбанд ва ин аносирро бо густариши худ аз насле ба насле дигар ва асре ба асре дигар мунтақил мекунанд (ниг.: Устураматни ҳувиятсоз. Ҳузури «Шоҳнома» дар адаб ва фарҳанги иронӣ. Ба кӯшиши Баҳман Номвари Мутлақ. –Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1387. -С.7). 

Ба  истиқболи Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Забон унсури  муҳими   худшиносии  миллӣ  ва  бақои  миллат   мебошад. Дар  марҳалаҳои  таърих, забон  воситае  буда, ки  як  миллат  ва  халқро  ба  ҳам  муттаҳид  намуда  ва  барои  пойдории  он  дар   набардҳои таърихӣ нақши мондагорро бозидааст. Имрўз дар  муносибатҳои  байналхалқӣ  вуҷудияти  як  давлати  мустақил  бо  воситаи  забони  давлатии  он  аст. Дар  ҳолати  муаррифӣ  намудани  як  давлат, забони  расмии давлатӣ қайд  карда  мешавад.  Яъне забони  давлатӣ  имрўз  рукни  асосии  шинохти  як  давлат  дар  муносибатҳои  байналхалқӣ мебошад.

 Забони гушода чу омад падид,

Шуд он бандҳоро саросар калид.

Фирдавсӣ

     Забон муҳимтарин воситаи робитаи байни инсонҳост ва ҳамчун падидаи иҷтимоӣ тайи таърихи зиндагии башарӣ муносбатҳои ичтимоиро ба танзим даровардааст. Ба сухани дигар, забон василаи баёни фикру андеша аст ва андеша ифодагари моҳияти инсон дар идомаи ҳастӣ мебошад. Имконоти дохилизабонӣ ва муҳитҳои фарҳангӣ ва маданӣ ба забон ва соҳибони он қудрат ва тавонмандӣ мебахшанд ва дар баробари мушкилоти гуногуни зиндагӣ муқовиматпазир месозанд. Ин нуқтаи назарро мо дар забони миллӣ – забони тоҷикӣ, ки мақом ва ҷойгоҳи давлатӣ касб кардааст, метавонем татбиқ кунем.

Китобҳо