Дар ҷаҳоне, ки дониш нерӯ аст, илм чароғи роҳи миллатҳо ба сӯи фардои дурахшон мебошад.
Сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали истиқлолият бо рӯҳияи созандагӣ ва оянданигарӣ пеш бурда мешавад. Чуноне, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (28 декабри соли 2023) таъкид гардида буд:
«Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифати самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия мебошад. Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Ин суханон бозгӯи он мебошанд, ки дар маркази сиёсати миллии мо – инсон, дониш ва нерӯи фикрӣ қарор доранд. Таъмини шароити мусоид барои фаъолияти пажӯҳишгарон, маблағгузории лоиҳаҳои илмӣ ва таҳкими заминаи ҳуқуқии рушди илм аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Бо Фармони Сарвари кишвар, аз соли 2020 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» оғоз гардид. Ин иқдоми стратегӣ ба омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо такони тоза бахшид. Омодасозии кадрҳои баландихтисос, таҷдиди барномаҳои таълимӣ ва таъмини пойгоҳи техникии муассисаҳои илмӣ-таҳсилотӣ бо технологияҳои навин яке аз самтҳои амалӣ шудани ин барнома мебошад.
Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” таҳкими насли нав
Аз ҷумлаи ташаббусҳои муҳими Пешвои муаззами миллат дар самти ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва тарбияи кадрҳои наврас Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”-ро қайд намудан мумкин аст, ки аз соли 2021 инҷониб баргузор мешавад. Ин озмун ба дарёфти истеъдодҳои ҷавон, рушди тафаккури техникӣ, вусъати фаъолияти ихтироъкорӣ ва ҷалби насли нав ба пажӯҳиш равона шудааст. Соли 2025 ба ин озмун номинатсияи нав “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ” — илова гардид. Ин навоварӣ дар партави эълон шудани “Солҳои 2025–2030 ҳамчун солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо” амалӣ шуда, иқдоми олӣ барои чолишҳои талаботи асри рақамӣ мебошад. Ҳадаф он аст, ки ҷавонон дар соҳаҳои муҳимтарини илм ва технология имконияти равнақ ёбанд ва дар оянда кишварро ба сӯи иқтисоди рақамӣ роҳнамоӣ намоянд.
Самараи чунин сиёсати илмию ҷавононпарварона дар дастовардҳои назарраси наврасону донишомӯзон инъикос меёбад. Аз он ҷумла – бори аввал дар солҳои охир, соли 2024, дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии физика (IPhO) тариқи ҳузурӣ (офлайн) ширкат намуда, мақоми ифтихории ҷои сеюмро ба даст овард. Ин дастоварди таърихӣ бозгӯи қобилияти баланди насли ҷавони кишвар ва таъсири мусбати иқдомҳои давлат дар самти рушди илмҳои дақиқ мебошад.
«Ҷомеаи муосир бе технологияҳои инноватсионӣ рушд карда наметавонад. Мо бояд ҷавонони соҳибирода, соҳибкасб ва дорои ҷаҳонбинии техникиро тарбия намоем», — таъкид намудаанд Пешвои муаззами миллат.
Дар замони ҳозира рушди устувори соҳаи илм бе нерӯи ҷавон ва захираи кадрии замонавӣ номумкин аст. Ҳоло дар муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва донишгоҳҳо садҳо муҳаққиқон дар зинаҳои магистратура ва докторантура таҳсил доранд. Барномаҳои омӯзишӣ бо марказҳои илмии хориҷӣ ва сафари илмию таҷрибавии муҳаққиқон барои тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сатҳи тахассусӣ васеъ шуда истодаанд.
Таҷлили Рӯзи илми тоҷик — на танҳо арҷгузорӣ ба заҳмати олимон ва устодон, балки паёме барои насли нав аст, ки фардои кишварро маҳз бо нури илм метавон равшан кард. Дар дунёе, ки ҳар рӯз бо суръати бесобиқа тағйир меёбад, Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва заҳмати олимони созанда ба самти ояндаи донишбунёд қадам мегузорад.
“Илм — фурӯғи маърифат аст. Дониш — муҳаррики пешрафт аст. Ва ҷавонони дорои тафаккури илмӣ — поягузорони фардои Тоҷикистон мебошанд.”
Рӯзи илми тоҷик муборак бод ҳамватанонӣ азиз!
Ҷамшеди Рустам – магистранти соли 2-уми
Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон