JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 10 Апрели 2025 06:49

Наврӯз ва тамаддуни башарӣ

Муаллиф: Башир Азизӣ

(матни гузориши илмӣ дар маҳфили илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Наврӯз ва ҳамбастагии тоҷикони ду сӯйи Ому”, 5 апрели соли 2025, ш. Душанбе, маҷлисгоҳи Раёсати АМИТ)

Бо саломе аз бӯйи хуши баҳор.

Ба фармоиши гардонандагони ин маҷлиси Наврӯзӣ ман бояд перомуни “Робитаи Наврӯз бо тамаддуни башарӣ” суҳбат кунам. Ҳангоме ки Наврӯзро ба масобаи “мероси тамаддун башарӣ” дар назар дорем, ногузир онро дар миқёси густардатар ва фаротар аз як падидаи хосе марбут ба як минтақа ва ё фарҳанги хос бояд дар назар дошта бошем, яъне фаротар аз мероси бостонии мардумони ду сӯйи Ому.

Аммо дар ойини Наврӯзӣ чӣ арзише нуҳуфтааст, ки сазовори чунин ҷойгоҳи арҷманде дар таърихи тамаддуни башарӣ гардидааст? Албатта, ин як саволи фалсафӣ низ аст.

Бояд тазаккур дод, ки на ҳамаи гузашта аст, ки таърих ва ба вижа, таърихи тамаддун ба шумор меравад, балки гомҳои муайяне дар мароҳиле аз таърихи башарӣ буда, ки таърих офариданд.

Достони роҳпаймоии башар ва ин ки инсони аввалия дар ин манзили ноҳамвор ва бисёр ҳам тулонӣ то дастёбӣ ба тамаддун чӣ гомҳоеро бардоштааст, мояи шигифтӣ ва дар айни ҳол сазовори тааммули фаровон аст.

Дар таърихи башарӣ, умдатан се марҳилаи таърихиро донишмандони улуми иҷтимоӣ аз ҳам ҷудо мекунанд:

  1. Марҳилаи ҳаёти бадавӣ ва ё пешотамаддунӣ.
  2. Марҳилаи тамаддунии кишоварзӣ.
  3. Марҳилаи тамаддунии санъатӣ.

Марҳилаи аввал ҳамон давраи тулонии таърихи башар аст (ҳомосапиенс), ки инсонҳо ҳаёти кучигарӣ доштанд, ҳамроҳ бо пешаи шикор ва ҷамъоварии меваҳо ва маводи масрафӣ, ки иттифоқан дар табиат дар дастрас буд. Ин давра ҳудуди 60 ҳазор солро дар бар гирифтааст. Яъне даҳҳо ҳазор соли инсонҳо дар ин роҳпаймоӣ, дар водии якнавохтӣ қодир нагардид, то ҳаёти кучигарӣ ва аз хидмати шикам фориғ ояд. Шикор пешаи асосӣ ва машғулияти муштараки ӯ бо ҳайвоноти даранда, ҳамчу саргармии ҳамешагӣ, ҳамаи умри ӯро барбод медод ва аз тарси фосид шудани ғизо ба ҷойи тафаккур ба ӯ пурхурӣ омӯхт ва фурсат намеёфт, то аз садду марзе, ки ду олами “бадавӣ” ва “тамаддун”-ро ҷудо созад, убур кунад.

Марҳилаи дуюм. Фақат ҳудуде даҳ ҳазор сол қабл ҳодисаи бузурге дар ҳаёти башар рух дод, ки масири зиндагии ӯро барои ҳамеша ва аз бунёд дигар сохт. Ва он гоми зафарманди таърихии инсон “кашфи ҳунари кишоварзӣ” буд, ки бо он башар қодир гардид, то он шикофи амиқ миёни ҷомеаҳои бадавӣ ва ҷомеаҳои мутамаддинро аз байн бардорад ва вориди марҳилаи мутамаддини таърихи худ гардад. Муаррихи машҳури ғарбӣ Вил Дуронт дар мавриди аҳамияти кишт ва ин гузори таърихӣ чунин нигоштааст:

“Нахустин қадам дар роҳи тамаддун кишоварзӣ аст ва фақат ҳангоме ки инсон дар сарзамине ба қасди кишоварзӣ дар он ва захира кардани ғизо барои рӯзи мабодои худ мустақар шавад ва ояндаи худро таъмин кунад, фароғи хотир ва эҳтиёҷи мутамаддин шуданро эҳсос хоҳад кард” (ниг.: Дуронт Вил. Таърихи тамаддун (Машриқзамин - гаҳвораи тамаддун). -Ҷилди аввал, чопи дуюм. -Теҳрон, 1367. С. 4).

Ин гоми муҳими башарӣ, ки марҳилаи дуюми таърихи башарӣ ба шумор меравад, ҳамчун нуқтаи оғози тамаддуни башарӣ шинохта шудааст, ки сипас бо гомҳои устувортар ва ҳушмандона дар ин роҳ ҳунари хатнависиро ба дунбол дошт, ки саранҷом бо яке аз санҷидатарин гоми дигар, яъне бароҳандозии инқилоби илмӣ ва санъатӣ вориди марҳилаи сеюми таърихи хеш гардид, ки кори бунёдгузории кохи тамаддуни башариро ба камол мерасонад.

Аммо ҳунари кишоварзӣ ва ривоҷи он дар ҷомеаи башарӣ чӣ дастовардеро барои башарият дар роҳи мутамаддин шудан ба ҳамроҳ дошт?

  1. Нахуст ин ки бо кашф ва корбурди кишт, инсон худ чизе ба табиат афзуд ва дар натиҷа, инсон аз мавҷуди сирфан масрафкунанда ба мавҷуди офаринанда ва културӣ такомул ёфт ва роҳи худро аз дигар ҳайвонот ҷудо сохт.
  2. Инсон замонро мешиносад ва бо он бархурди масъулона мекунад. Чунки дар ҳар Наврӯз соли нав оғоз мегардад ва давраи кишти навро ба хотир меоварад.
  3. Инсонҳо бо ривоҷи кишт дар як нуқтаи муайяни кураи Замин соҳиби нишониву адреси муайян гардида, соҳиби ҳувияти тозае дар минтақаву сарзамини муайян мешаванд.
  4. Инсонҳо дар коллективҳои бузургтаре бо ҳам якҷо кор мекунанд ва иҷтимооти бамаротиб бузургтар аз пешро ташкил медиҳанд бо ташкилот ва идораи печидатар.
  5. Тақсими кор бештар мешавад ва пешаҳои ихтисосӣ ба миён меоянд.
  6. Тавлид афзоиш меёбад.
  7. Созмони қудрат (сиёсат) назми систематик меёбад.
  8. Табақаҳои элита ва дигар қишрҳо ба вуҷуд меоянд ва фурсати тафаккур бештар мегардад.
  9. Инсонҳо таҷрибаи худро бо дигар гурӯҳҳо табодул мекунанд.

Бале, калиди тасаллутёбӣ бар табиат дар ҳамин раванди мутамаддин шудани ҳаёт ва коллективӣ зистан ҳамкорӣ бо якдигар ва табодули таҷрибаҳо дар иҷтимооти васеътари инсонҳост.

Дар натиҷа, Наврӯз аз он оинномаҳоест, ки ифтихори зоиши тамаддунро дар оғуш нуҳуфта дорад. Ва сарзамини куҳани мо дар канори сарзаминҳои Байнаннаҳрайн низ шоҳиди ин гузори таърихӣ ба маданият аст. Аз баракати ин ду гоми муҳим дар роҳи тамаддун, яъне кишоварзӣ ва баъд санъат (ҷомеаи саноатӣ) инсонҳо аз як мавҷуди одӣ ва беаҳамият ба сарвару ҳукмрони кураи Замин мубаддал гаштанд. Аммо ин худ масъулият низ бар души инсонҳо дар баробари кураи Замин ва ҳамаи бошандагони он мебошад, то аз он посдорӣ кунанд ва ба насли баъдӣ барои баҳрабардорӣ ва ободсозӣ онро расонанд.

Ин ҳамсӯӣ бо оини Наврӯзӣ чӣ армуғони маънавӣ дар арсаи ҷаҳонбинӣ ба мо доштааст?

Ҳамсӯӣ бо оини Наврӯзӣ ниёкони моро манбаи илҳом ва кавкаби ҳидоят шудааст, то чашму дилашон ба табиат мутамоил гардад ва пайвандашонро бо Замин устувортар созанд, зеро ин пайванд бо табиат пояи маърифат барои наслҳои оянда низ гардид, то онон дигар худро на бегона бо табиат, балки дар оғуш ва шогирди ҳушманди он дарёбанд. Ин гуна наздикӣ ва пайванд бо табиат, заминаи пайдоиши як навъ ҷаҳонбиниро дар сарзаминҳои хостгоҳи Наврӯз, ба вижа Эронзамин фароҳам сохт, то ба Замин, ки дар Наврӯз ва навбаҳоронаш, башоратгари неъматҳои моддии зиндагӣ ва саодат дар рӯйи ҳамин Замин аст, унс бигиранд, то саодати “лаби кишт” ва “оби ток”-и ҳамин хокро ба ҳеҷ ваъдае нафурӯшанд ва ба андарзи Хайём гӯш фаро диҳанд, ки:

Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор.

Ва ё ба қавли Ҳофиз, ки мегуфт:

Бидеҳ соқӣ майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,

Канори оби Рукнободу гулгашти мусаллоро.

Наврӯз ва баҳор ҳамчунон фурсате аст, барои тааммулу тафаккуру пурсишгарӣ, барои корбурди ақлоният ва дарки маънавият дар ҳаёт. Наврӯз ба мо фарҳанги шод зистанро ба ҷойи фарҳанги сугворӣ меомӯзад. Ин рисолати Наврӯздӯстон ва мардумони мутамаддини сарзаминҳои хостгоҳи Наврӯз аст, ки аз ин мероси арҷманди башарӣ посдорӣ ва таҷлил ба амал оваранд.

Хушо ба ҳоли мардуми сарзамини ҳамзабон ва ҳамтабори Тоҷикистон, ки дар ин марҳилаи муҳими таърихӣ рисолати посдорӣ ва арҷгузорӣ аз Наврӯзро бештар дарк кардаанд ва ба бошукӯҳтарин шакл аз он таҷлил мекунанд. Ва имрӯз собит намуданд, ки ба ростӣ, сазовори ин ифтихор ҳастанд. Ба ин маънӣ:

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон - Ватани Наврӯз аст!

 

Доктор Башир Азизӣ,

пажуҳишгари хориҷӣ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ

ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

 
Хондан 138 маротиба