Як соли ахир гузаронидани маҳфилу нишастҳои илмию фарҳангӣ ва суҳбату гузоришҳои илмӣ-фалсафӣ бо ҳузури донишмандону фарҳангиёни ватанию хориҷӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла дар доираи ҳамкориҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд силсилачорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ доир гардида, аз ин тариқ равобити илмию маданӣ бо кишварҳои хориҷӣ таҳкиму тақвият меёбанд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, 5-уми апрели соли ҷорӣ, соати 10:30 дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд бо ҳузури доираҳои илмию академӣ ва адабию мадании ду сӯйи Ому маҳфили вежаи илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Наврӯз ва ҳамбастагии тоҷикони ду сӯйи Ому” баргузор гардид. Дарвоқеъ:
Баҳорон рӯдҳову чашмаву ҷӯ,
Ҳама дар шӯру исёну такопӯ.
Замини поки мо дарёи Ому
Кунад шодоб аз ин сӯйю аз он сӯ.
Тибқи барнома, маҳфили илмӣ-фарҳангӣ аз ду бахш – бахши табрикотию илмӣ (суханрониҳои ифтитоҳию табрикотӣ ва гузоришҳои илмӣ-ихтисосӣ) ва бахши эҷодӣ (ашъори Наврӯзию баҳорӣ дар қироати бонуи афғонистонӣ Баҳора Вакилӣ, шоир ва донишманди Хуросонӣ Раҳматулло Бежанпур, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нозим Нурзода, шоир ва матншиноси варзида Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, шоири тавонои Афғонистонӣ устод Ҷалил Шабгир Пулодиён ва суруду таронаҳои марғуби Наврӯзӣ дар иҷрои Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Исмоили Назрӣ ва ҳунарманди овозадори Хуросонӣ устод Ваҳид Қосимӣ) таркиб ёфта, бар мабнои барномарезии ҷолиби ихтисосӣ дар сатҳи баланди ташкилию илмию маданӣ ҷараён гирифт. Маҳфилро Зебонисо Малахова (аз ҷониби Тоҷикистон) ва Ҳусайн Раҳматӣ (аз тарафи Афғонистон) гардонандагӣ мекарданд.
Дар бахши табрикотию илмии маҳфил сухани ифтитоҳии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтзода, сухани табрикии раиси Бунёди байналмилалии Аҳмадшоҳ Масъуд Аҳмад Валӣ Масъуд, сухани табрикии раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон Қосимшо Искандаров мавриди истимоъ қарор гирифта, баъдан гузоришҳои илмӣ-ихтисосии доктори илмҳои филологӣ, профессор Саъдӣ Қосимӣ дар мавзуи “Ҷашни Наврӯз – пайвандгари аслҳо ва наслҳо”, суханронии доктори илмҳои филологӣ Шамсулҳақи Ориёнфар дар мавзуи “Наврӯз ва суннатҳои наврӯзӣ дар Афғонистон”, суханронии Раҳматулло Бежанпур дар мавзуи “Наврӯзи Бадахшон”, суханронии муҳаққиқи хориҷии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Башир Азизӣ дар мавзуи “Наврӯз мероси тамаддуни башарӣ”, суханронии шоир ва донишманди матраҳи афғонистонӣ, устод Ҷалил Шабгир Пӯлодиён шунида шуд. Бахши эҷодии маҳфилро ашъори Наврӯзию баҳорӣ дар қироати бонуи афғонистонӣ Баҳора Вакилӣ, шоир ва донишманди Хуросонӣ Раҳматулло Бежанпур, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нозим Нурзода, шоир ва матншиноси варзида Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ ва суруду таронаҳои марғуби Наврӯзӣ дар иҷрои Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон устод Исмоили Назрӣ ва ҳунарманди овозадори Хуросонӣ устод Ваҳид Қосимӣ ташкил дод. Ба ин тартиб, маҳфили илмӣ-фарҳангиро гардонандагон Зебонисо Малахова ва Ҳусайн Раҳматӣ бо ашъори зебо ва такаллуми отифии Наврӯзию баҳорӣ оғоз карда, сухани ифтитоҳиро ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтзода вогузоштанд. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода зимни сухани ифтитоҳӣ, аз ҷумла бар он ишора фармуд, ки дарёи обшори Ому тайи асрҳо моро ба ҳам мепайвандад ва ба баракату файзи баҳори нозанину Наврӯзи оламафрӯз сарзамини аҷдодӣ ва паҳнои Хуросони бузург ҳамешасабз боқӣ мемонад. Яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои Ориёӣ, алалхусус мардуми тоҷиктаборони ду сӯйи Ому, -афзуд Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, - Наврӯз аст ва агар “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст” гӯем, ҳеҷ гоҳ иштибоҳ нахоҳем кард, чаро ки маҳз дар ин ҷуғрофиё ва густураи таърихӣ аз қадимтарин замонҳо ойину суннат ва фарҳангу маросимоти Наврӯзӣ ба ҷилва даромада, боиси хушҳолию болидахотирии мардум гардиданд. Дар заминаи эҳёи суннату маросим ва ойину анъанаҳои дерпойи миллат,-идома дод профессор Қобилҷон Хушвахтзода,- ташаббусу ибтикороти раҳбарияти олии давлати миллӣ дар шахси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили тазаккури махсус аст. Пасон суханрониҳои табрикотии раиси Бунёди байналмилалии Аҳмадшоҳ Масъуд Аҳмад Валӣ Масъуд ва раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон Қосимшо Искандаров мавриди истимоъ қарор гирифта, эшон дар мавриди пайванди азалию абадии ҳамтаборони ду сӯйи Ому бо Наврӯзи бостонӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ дар баробари таҳоҷумоти рӯзафзуни мафкуравию фарҳангӣ тазаккуроти ҷолиб ироа фармуданд.
Баъдан, бо такя ба барномаи маҳфил, гардонандагон батартиб суханро ба гузоришгарони асосӣ вогузоштанд ва дар ин замина, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саъдӣ Қосимӣ дар мавзуи “Ҷашни Наврӯз – пайвандгари аслҳо ва наслҳо”, доктори илмҳои филологӣ Шамсулҳақи Ориёнфар дар мавзуи “Наврӯз ва суннатҳои Наврӯзӣ дар Афғонистон”, доктор Раҳматулло Бежанпур дар мавзуи “Наврӯзи Бадахшон”, муҳаққиқи хориҷии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктор Башир Азизӣ дар мавзуи “Наврӯз мероси тамаддуни башарӣ” гузоришу суханрониҳои хуби илмӣ анҷом доданд. Гузоришгарон, аз ҷумла доктор Саъдӣ Қосимӣ, устод Шамсулҳақ Ориёнфар, доктор Башир Азизӣ, Раҳматулло Бежанпур ва дигарон аз шукӯҳу шаҳомати Наврӯзи бостонӣ ҳамчун ҷашни баҳамоиву иттиҳоду ҳамбастагӣ, пружаи худсозиву худафрӯзӣ ва барномарезии зебои фарҳангию тамаддунӣ сухан ба миён оварда, онро ба унвони ҳалқаи пайванди аслҳову наслҳои ду сӯйи Ому ва дар маҷмуъ, паҳнои Ирону Хуросони бузург талаққӣ намуданд.
Гардонандагон Зебонисо Малахова ва Ҳусайн Раҳматӣ бахши мусиқавии маҳфилро эълом доштанд. Бахши эҷодиву ҳунарии маҳфил бо қироати ашъори баҳорию Наврӯзӣ дар иҷрои бонуи ҳамтабори бурунмарзӣ Баҳора Вакилӣ, шоир ва донишманди Хуросонӣ Раҳматулло Бежанпур, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нозим Нурзода, шоир ва матншиноси варзида Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, шоири тавонои Афғонистонӣ устод Ҷалил Шабгир Пулодиён ва суруду таронаҳои марғуби Наврӯзӣ дар иҷрои Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Исмоили Назрӣ ва ҳунарманди овозадори Хуросонӣ устод Ваҳид Қосимӣ ҷамъбаст гардид. Махсусан, суруду таронаҳои шӯхи баҳорӣ дар иҷрои Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Исмоили Назрӣ ва ҳунарманди маъруфи Хуросонӣ устод Ваҳид Қосимӣ маҳфилро рангу бӯйи тозаи Наврӯзӣ бахшиданд.
Ба таври куллӣ, маҳфили илмӣ-фарҳангии “Наврӯз ва ҳамбастагии тоҷикони ду сӯйи Ому” дар сатҳи баланди илмию фарҳангию эҷодӣ ҷараён гирифт ва метавон гуфт, ки шароити мусоиди ифтихорофаринии миллӣ, аз як тараф ва василаи баҳамойиву ҳамбастагии тоҷикони ду сӯйи Омуро, аз тарафи дигар, фароҳам овард. .
Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон