JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

   Андеша роҷеъ ба он, ки ҳастӣ чизе шабеҳи доира аст, ва дар маркази  ин доираи беҳудуди ҳастӣ инсон қарор дорад, дар адабиёти мардуми форсизабон ба таври васеъ ба назар мерасад. Ин андеша дар осори Ҳаким Умари Хаёми Нишопурӣ, ба вижа дар рубоиёти маъруфи ӯ ба таври возеҳ мушоҳида мешавад. Инсон ҳамчун мавҷуди дорои хираду тадбир ба масобаи нуқтаи марказиест, ки паргори вучуд бар он устувор шуда, доираи ҳастиро рақам мезанад. Хайём мефармояд:

(мулоҳизоти куллӣ дар ҳошияи Рӯзи ҷаҳонии фалсафа)

   Тибқи муқаррароти Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО, Рӯзи ҷаҳонии фалсафа панҷшанбеи севуми моҳи ноябри ҳар сол таҷлил мегардад. Дар воқеъ, нахустин маросими бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии фалсафа таърихи 21 ноябри соли 2002 ба вуқуъ пайвастааст. Ғолибан, дар аксари кишварҳои дунё Рӯзи ҷаҳонии фалсафа панҷшанбеи севум ва ё охири моҳи ноябри сол таҷлил мегардад ва дар ин рӯз, одатан гузоришу суҳбатҳои файласуфони шинохта мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор мегиранд. Дар Фаронса баъзан се рӯзро барои таҷлили ин Рӯзи ҷаҳонӣ ихтисос медиҳанд ва дар доираи чорабиниҳои фалсафӣ баҳсу мунозироти фалсафӣ бо ҳузури фаъоли занону бонувони файласуфи фаронсавӣ доир мегардад. Дар фазои пасошуравӣ низ суннати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии фалсафа мутадовил шуда, дар ин замина ибтикороти зарурӣ рӯйи даст гирифта мешавад. Ба ин маънӣ, дар Федератсияи Россия, Белоруссия ва як қтор кишарҳои пасошуравӣ моҳи ноябр ба унвони Рӯзи ҷаҳонии фалсафа таҷлил мегардад. Дар ин рӯз гузоришҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, нишастҳои ихтисосӣ, намоишгоҳҳои ҳунарӣ, мубоҳисоти фалсафӣ ва маҳофили илмӣ гузаронида мешаванд.

   Шинохти истилоҳи «фитониринг» дар шароити муосир пайваста бештар мешавад ва мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии ҳам донишмандони соҳаи фармакология ва фармакогнозия, ҳам мутахассисони соҳаи пизишкии амалӣ қарор мегирад.

  Маълум аст, ки таҷрибаи истифодаи гиёҳҳои шифобахш ва ғизоӣ барои дармони бисёре аз бемориҳо дорои таърихи чандҳазорсола аст. Даҳҳо асар аз давраҳои куҳан то ба асри мо расидааст, ки дар бораи истифодаи маҳсулоти дорувории табиӣ иттилоъ дода, бахши асосии онҳоро гиёҳҳои шифобахш ташкил медиҳанд. Дар Ховарзамин ва саросари ҷаҳон дар баробари осори Ҳиппократ, Диоскорид ва бисёре дигар аз донишмандони аҳди бостон, дар муддати садсолаҳо аз осор ва рисолаҳои камназир ва пурарзиши хамватанони шухратманди мо – Абуалӣ ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абумансури Муваффақ ва бисёре дигарон истифода шудааст [1,2].

   За последние десятилетия в результате неуклонно возрастающего антропогенного воздействия на окружающую среду, расширения городов на основе активного процесса урбанизации, массового городского и сельского строительства и связанное с этим увеличение жилищно-бытовых отходов, в том числе сточные воды, развитие транспортной инфраструктуры, способствующее возрастанию концентрации выхлопных газов и асфальтной пыли в атмосферном воздухе, действующие теплоэлектростанции, расширение агропромышленного комплекса (животноводческие хозяйства, агрохимикаты и нефтепродукты), создание многочисленных инженерно-технических сооружений и широкого спектра малых и больших промышленных предприятий, изменения климата и многие другие процессы приводят к глобальному загрязнению среды обитания человека, прежде всего атмосферного воздуха и почв различными поллютантами. Установлено, что основными источниками загрязнений являются химические вещества, используемые или производимые в результате активной деятельности вышеперечисленных предприятий, в том числе опасными для здоровья человека соединениями тяжелых металлов [1].

Китобҳо