JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 05 Январи 2026 05:13

Паём: аз худогоҳию худшиносӣ то барномарезиҳои ҳувиятӣ (мулоҳизоте куллӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Муаллиф: Нозим Нурзода

 

   Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми сиёсӣ-давлатиест, ки охири ҳар сол дар ҳузури вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, роҳбарони мақомоту сохторҳои давлатӣ, намояндагони тамоми қишрҳои аҳолӣ ироа гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати кишварро фаро мегирад. Ҳар як Паём бо доираи фарогирии мавзуъ, фазои таҳлилу қиёс ва масъалаҳои ҳаётан муҳимми сиёсати давлатӣ мутафовит аст.

Сарвари давлат зимни арзёбии соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқи мамлакат, пеш аз ҳама, ба мавзуъ ва масъалаҳои муҳимми соҳавӣ таваҷҷуҳ намуда, матолиби мавриди назарро бар мабнои мантиқ, мизони баррасӣ ва усулу равишҳои мутадовили мутолеа, мушоҳида, муқоиса, таҳлил ироа медорад. Ин аст, ки Паём ҳамасола минҳайси манбаъ ва мадраки сиёсӣ-мафкуравӣ ва сарчашмаи омӯзишу таҳқиқи масоили давлатӣ мавриди корбарии мақомоти расмӣ-давлатӣ ва бахшҳои хусусии мамлакат қарор гирифта, аз рӯйи он нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла дар заминаи боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносӣ ва тақвияти раванди ҳувиятсозии миллӣ таҳия ва дар амал татбиқ карда мешаванд.

Муҳимтар аз ҳама, Сарвари давлат аз тариқи ироаи Паём вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, мафкуравӣ, иқтисодӣ, илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангии кишварро дар имтидоди соли ҷорӣ арзёбӣ намуданд. Усули мутадовили қиёси мантиқӣ дар кулли Паёмҳои Сарвари давлат ба сифати меъёр-ченаки калидии таҳлилу баррасиҳои ихтисосӣ истифода мешавад. Аз тариқи ин усули маъмулии илмӣ - қиёси мантиқӣ Сарвари давлат дастовардҳои давлату Ҳукумати мамлакатро дар тули соли ҷорӣ арзёбӣ карда, масоили марбут ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро тавассути далелу бурҳони лозимӣ ва оморгирии тахассусӣ матраҳ намуданд.

Албатта, наметавон дар доираи як матлаб кулли мавзуъ ва масъалаҳоеро, ки Сарвари давлат дар доираи Паём ироа фармуданд, тазаккур ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Дар матлаби феълӣ ба таври мухтасар ба мавзуъ ва масъалаҳое, ки ба раванди худогоҳию худшиносӣ ва ҷараёни ҳувиятсозии миллӣ иртибот доранд, таваҷҷуҳ мекунем.

Нуктаи калидие, ки дар ин матлаб метавон ба он ҳамчун мадраки асосӣ такя намуд, он аст, ки Сарвари давлат дар кулли гузоришу суҳбатҳо ва суханрониҳои хеш ба таври бевосита ва ё бавосита ба мавзуъ ва масъалаи таҳкими раванди худогоҳию худшиносӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳ менамоянд. Мавзуъ ва масъалаи худогоҳию худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ минҳайси қолибҳои фикрию зеҳнӣ барои Сарвари давлат ба ҳадде муҳимманд, ки ҳамеша сари онҳо тамаркуз намуда, аз дастандаркорони раванди таълимӣ-тарбиятӣ, ниҳодҳои илмӣ-маданӣ, қишри зиёӣ ва блоки сиёсӣ-мафкуравии давлат даъват ба амал меоваранд, ки ба сарнавишти Ватан бетафовут набошанд ва дар боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносӣ ва ҳувиятмадории насли наврасу ҷавони ҷомеа саҳми сазовор гузоранд.

Дуруст аст, ки танҳо аз тариқи роҳандозӣ кардани барномарезиҳои муассири сиёсӣ-мафкуравӣ, таълимӣ-тарбиятӣ, илмӣ-маданӣ метавон ба ҳадафҳои ниҳоӣ расид ва як насли ба лиҳози ҳувиятӣ ояндадорро тарбия намуд ва ба камол расонид. Аз ин ҷост, ки ба он чи ки Сарвари давлат дар доираи суханрониҳои рӯзмарра ва бавежа, ҳангоми манзур кардани  Паём дар ростои худогоҳию худшиносӣ ва ҷараёни ҳувиятмадории миллӣ ироа мефармоянд, ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард.

Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ низ масъалаи умда ва дар айни замон ҳассосро ба сифати мавзуи меҳварӣ матраҳ карда, ҳангоми баррасии масоили иҷтимоӣ, таҳлили вазъи маорифи ватанӣ, арздошти дастовардҳои соҳаи илму навоварӣ, баёни умури фарҳангӣ ва таъкиди сиёсати миллии ҷавонони ҷумҳурӣ ба таври ҷудогона аз сиёсат ва мавқеъгирии давлатӣ дар қиболи раванди худшиносию ҳувиятсозӣ сухан ба миён оварданд. Мо баррасиҳои Сарвари давлатро дар Паём дар бастагӣ бо низоми худшиносию ҳувиятсозии миллӣ ба чанд нуктаи  мухтасар тақсимбандӣ карда, дар ин замина ба шарҳу тавзеҳи масъала мепардозем.

 Якум. Худогоҳию худшиносӣ – хамирмояи ҳувияти миллӣ. Аввалтар аз ҳама, се мафҳуми зери назар – “худогоҳӣ”, “худшиносӣ” ва “ҳувияти миллӣ”-ро мухтасар баррасӣ ва пасон масъаларо дунбол мекунем. Худогоҳию худшиносӣ падидаҳои мукаммили якдигар ҳастанд ва дар якҷоягӣ ба дарки амиқтари фард аз худ мусоидат мекунанд.

Худогоҳӣ марҳилаи аввалия аст, ки маънои шинохту огоҳӣ аз афкор, эҳсосот, рафторҳо ва вижагиҳои худ ҳаст. Худшиносӣ шомили арзёбии ин шинохтҳо ва дарки чистию чаройии ин вежагиҳо мешавад. Ба сухани равшантар, худогоҳӣ огоҳии инсон аз худ ба унвони як шахсияти дорои “ман”-и худ ва ҷойгоҳаш дар ҷаҳон аст. Дақиқтараш, худогоҳӣ тавоноии дарки афкор, эҳсосот, ангезаҳо, аъмол, ниёзҳо ва таҷрибаҳои худ, ҳамчунин арзёбии интиқодии рафтори худ аст. Яке аз қисмҳои таркибии муҳимми худогоҳӣ худбаҳодиҳӣ ва эътимод ба худ аст, ки имкон медиҳад, худбаҳодиҳии солим ва эътимод ба нафс дар ҳадди лозима шакл бигирад.

Худшиносӣ бошад, раванди нотакрори омӯзиши инсон аз худии худ, вежагиҳои равонию ҷисмӣ, сифатҳо, марому мақсадҳо, эҳсосот ва рафтору кирдори худ аст. Дар зимн, худшиносӣ ин шинохти худ ҳамчун шахсият, мушаххас карда тавонистани ҷиҳатҳои заъфу тавонманди худ, донистани иқтидору ҷойгоҳи инфиродӣ дар ҷаҳон мебошад, ки ба беҳтар дарк кардан, ҳадаф гузоштану инкишоф додани шахсият имкон медиҳад.

Ба дунболи ин, ҳувияти миллӣ, дар маҷмуъ, эҳсоси тааллуқи фард ба як давлат ва як миллат аст. Ба сухани равшантар, доштани як ҳисси муштарак ва ба як ваҳдати куллӣ расидану зоҳиру намуди худро дар суннатҳо, фарҳанг ва забони сиёсат нишон додан, ҳувияти миллист. Ба назари донишмандон, ҳувияти миллӣ замоне иттифоқ меафтад, ки тӯдае аз мардум эҳсос мекунанд, аз як миллат ҳастанд”.  Дар ин замина, фард ҳам бояд қобилияти шиносойии миллатро дошта бошад, худро узве аз он бидонад ва эҳсоси дилбастагӣ ба он миллат дошта бошад. Ин ҳис боис мешавад, ки фард бидуни он ки иҷборан соири афроди гурӯҳро бишносад, худро мутааҳҳид ва мутааллиқи он гурӯҳ медонад. Акнун мебояд, ки мо худро дар доираи ин мафҳумҳо пайдо намоем ва воқеият, тавоноӣ, қудрати фикрӣ ва соири мушаххасоти ҳувиятиро бозҷӯйиву бозшиносӣ кунем. Дар ҳамбастагӣ бо мафҳумҳои мавриди назар нукоти муртабити Паёмро меомӯзем ва сари масъалаҳои ҳувиятӣ баҳс мекунем.

 Дувум. Маорифи ватанӣ ва раванди худсозию ҳувиятшиносӣ.  Тавре ки мусаллам аст, маориф соҳа ва самти калидии мафкурасозӣ ва мунтаҳо ҳувиятмадории миллӣ маҳсуб мешавад ва беҳуда нест, ки дар Паёми соли гузашта Сарвари давлат омӯзгорро ба унвони шахсияти мафкурасоз ва самти маорифро самти мафкурасозӣ муаррифӣ карда, нақши маорифро дар болоравии сатҳи таҳаввулоту тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию мадании миллату давлат бузург нишон дода, натиҷаи ҷолибе ироа карда буданд: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.

Ҳамзамон,  бо назардошти муҳиммияти низоми маориф, афзуда буданд, ки: “Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад”.

Дар воқеъ, тамоми пешравию таҳаввулот ба кору умури муассири мактабу маориф бастагӣ дорад ва агар ин самти муҳимми сиёсати давлатӣ дуруст фаъолият дошта бошад, тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисод мутаносибу мутавозин пеш мераванд. Ин аст, ки маориф дар саргаҳи сиёсати давлатӣ қарор мегирад ва Сарвари давлат ҳам ин нуктаро дар Паёми ахирӣ мукаррар ишора мефармоянд: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям” (ниг.: манбаи интернетӣ - https://www.president.tj/event/missives/54181).

Роҳбари давлат вазъи маорифи ватаниро дар бастагӣ бо тағйироту таҳаввулоти минтақавию ҷаҳонӣ арзёбӣ карда, дар заминаи санади меъёрии ҳуқуқӣ - Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 изҳори назар намуда, минҷумла ишора мефармоянд: ”Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030- ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад” (ниг.: Манбаъ: https://www.president.tj/event/missives/54181).

  Сеюм. Ташхиси раванди татбиқи низоми таҳсилоти кредитӣ ва бозшиносии мушкилоти соҳавӣ. Сарвари давлат дар Паём масъалаи низоми таҳсилоти кредитӣ ва вазъи татбиқи низоми имтиҳоноти тестиро ба баррасии ихтисосӣ гирифта, аз масъулин ва дастандаркорони соҳавӣ тақозо намуданд, ки бурду бохти низоми таҳсилотию имтиҳоноти тестиро дар имтидоди мушаххаси замонӣ дуруст натиҷагирӣ карда, дар ин замина ба Ҳукумати кишвар пешниҳодоти зарурӣ манзур созанд.

Роҳбари давлат шароити муосири бархурдҳои сиёсию тамаддуниро ба назар гирифта, маорифро ҳамчун ниҳоди асосии мафкурасозию ҳувиятмадорӣ муаррифӣ намуданд. Ба нукоти вежаи Сарвари давлат таваҷҷуҳ мекунем: “Вақти он расидааст, ки бурду бохти низоми зикршуда аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ гардида, зимни супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд. Сохтору мақомоти зикргардида, аз ҷумла Маркази миллии тестӣ дар муддати ду моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент доир ба ин масъала маълумоти муфассал пешниҳод намоянд” (ниг.: Манбаъ: https://www.president.tj/event/missives/54181).

Сарвари давлат дуруст дарк кардаанд, ки танҳо аз тариқи ташхиси илмӣ ва таҳлили мунсифонаи тахассусии раванди татбиқи низоми таҳсилоти кредитӣ метавон вазъро дуруст баррасӣ намуда, роҳҳои бурунрафт аз ҳолати буҳронӣ ва мушкилоти соҳавиро манзур сохт.

Чаҳорум. Хотираи таърихӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ аз тариқи барномарезиҳои фарҳангӣ.  Як бахши Паёми Сарвари давлат ба тақвияти хотираи таърихӣ ва ба истилоҳ, ҳофизаи ҷамъӣ ихтисос ёфтааст. Ҳофизаи ҷамъӣ (collective memory) ё хотираи таърихӣ (historical memory) бозтобу таҷаллии гузаштаи муштаракест, ки гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ё ҷомеаҳоро ба гунае ба ҳам пайванд дода, паҳнои густурдаеро фаро гирифта, метавонад шомили рӯйдодҳои таърихии дерпо ва дар айни замон гузаро ҳам бошад. Мунтаҳо, хотираи таърихӣ ва ё ҳофизаи ҷамъӣ боиси иттиҳоди миллӣ гардида, миллатро дар баробари таҳдиду хатароти мавҷудию эҳтимолӣ муқовим месозад.

Барои Роҳбари давлат болобарии худогоҳию худшиносӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои бостонӣ, тақвияти хотираи таърихӣ ва татбиқи пружаи ҳувиятсозии миллӣ аз ҷумлаи барномарезиҳои муҳимми давлатӣ будаву ҳастанд. Ба ин манзур, дар Паём сареҳан таъкид мешавад: “Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад. Мо ба ин масъалаи муҳим ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру азнавсозӣ кардем. Ҳамчунин, дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад (ниг.: Манбаъ: https://www.president.tj/event/missives/54181).

Панҷум. Зарфияти фикрию маданӣ ва қудратсозии миллӣ. Ба воситаи чораҷӯйиҳои ихтисосӣ боло бурдани сатҳи тавонмандиҳои фикрию илмӣ масъалаест, ки Сарвари давлат ҳамеша дар ин замина таъкид мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, тамаркуз ба арзишҳои қадимаи миллӣ ва ҳадафгирӣ дар заминаи бозсозии ҳувияти тоҷикӣ ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Аз ҷумла, эҳёи суннату анъаноти давлатдориҳои миллӣ (дар мисоли тамҷиди сиёсати мардумпарваронаи Куруши Ҳахоманишӣ, ташвиқи сиёсати фарҳангии Сосонӣ, тарғиби давлатдориҳои Тоҳириёну Сафавиёну Сомониён) дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст. Ба ин маънӣ Сарвари давлат дар Паём мефармоянд: “Танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад” (ниг.: Манбаъ: https://www.president.tj/event/missives/54181).

   Шашум. Миллият ва тоҷикият – айнияти сиёсат. Паёми имсола бо пешниҳоди ду андеша ва ба истилоҳ, ғояи бузурги миллӣ-ҳувиятӣ, ки сатҳи ифтихорофаринии миллиро боло мебарад, аз Паёмҳои қабли мутафовит аст. Ифтихорофаринӣ ба унвони мушаххасаи зарурии сиёсати миллию илмию маданӣ пружаи калидӣ дар низоми таблиғотӣ маҳсуб мешавад. Махсусан, дар заминаи муаррифии шоиставу боистаи шахсиятҳои бузурги таърихию сиёсӣ, ҳамзамон, соҳибӣ карда тавонистани мероси арзишманди ниёкон раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат  ибтикороти зарурие рӯйи даст гирифта, раванди мазкур ҳамчунон идома дорад.

   Дар бештари мавридҳо, Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба масъалаи боло бардоштани сатҳи миллият-тоҷикият ва айнияти он бо фазои давлатсозию давлатдорӣ тамаркуз намуда, яке аз роҳҳои муассири тақвияти ҳувияти миллиро дар роҳандозии барномарезиҳои муназзами сиёсӣ-мафкуравӣ ва маданӣ-маърифатӣ арзёбӣ карда, дар ин замина пешниҳодоти зарурӣ ироа медоранд. Бавежа, таваҷҷуҳу тамаркузи Сарвари давлат ба ҳувияти Ориёӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ ба унвони пружаҳои муҳимми ҳувиятсозӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ сазовори ҳамовозии ҳамагонист.

Дар Паёми навбатӣ ин нуктаи калидӣ дар қолиби пешниҳодоти мушаххаси ҳирфаӣ ироа гардид: “Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем... Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад”.

Наврӯз, ки дар қолиби як фарҳанг ва тамаддуни миллӣ шинохта ва муаррифӣ шудааст, ба назари Сарвари давлат, бунёду асоси ҳувият ва асолати миллӣ будаву ҳасту мемонад. Ин аст, ки дар Паём ба он махсус ишора мешавад: “Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд”   (ниг.: Манбаъ: https://www.president.tj/event/missives/54181).

   Ҳафтум. Ахлоқи миллӣ ва татбиқи фалсафаи амалӣ. Файласуф ва равоншиноси маъруфи ғарбӣ Карл Ясперс (1883-1969) гуфта буд, ки фалсафаи ҳар қавмеро роҳату осон метавон дар ахлоқи он қавм татбиқ кард. Муҳимтар аз ҳама, ахлоқ ба унвони фалсафаи амалӣ ё татбиқии ҳар қавму миллиятест. Ба ин маънӣ, фалсафаи мардуми тоҷик дар ахлоқи он ба таври равшан ифода ёфтааст. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат бо таваҷҷуҳ ба  фалсафаи амалӣ - ахлоқи миллӣ сегонаи Зардуштиро ба сифати меъёри ахлоқию ҳувиятии аҷдодӣ талаққӣ намуда, аз кулли миллат тақозо карданд, ки бо такя ба арзишҳои побарҷойи миллӣ, ки собиқаи тулонии таърихӣ доранд, худро сохта, бар мабнои ифтихорофаринӣ ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипор шаванд. Ба ин маъно дар Паём тазаккур медиҳанд: “Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек”-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд” (ниг.: Манбаъ: https://www.president.tj/event/missives/54181).

   Ҳаштум. Бегонапарастию ҷаҳолатписандию хурофазадагӣ – бемориҳои музмини миллию башарӣ. Ба назари муҳаққиқону донишмандони муосири ҷаҳонӣ, ҷаҳолату нодонӣ,  бегонапарастию хушкандешӣ ва таассубу хурофазадагӣ бемориҳои музмин (куҳнаву дерин)-и  башарианд ва тули таърих ҳар қавму миллатеро аз по даровардаанд. Аз сӯйи дигар, нодида гирифтани қудрату тавоноии хурофоту таассубу ҷаҳолати ақидатӣ, ки ҷаҳонро дар як они воҳид баҳам мезанад, нодида гирифтани арзиши ҳаёту зиндагии миллату башарият аст. 

Мо тайи таърих ба ҳар балою мусибате, ки гирифтор шудаем, пеш аз ҳама, аз “баракат”-и ҷаҳолатписандӣ, хурофазадагӣ, хушкандешӣ, бетафовутӣ, бетарафӣ, кӯрзавқӣ, тангназарӣ ва нодонию ноогоҳиамон будааст. Нодонӣ, ноогоҳӣ, безавқӣ, кӯрзавқию тангназарӣ ҳатман миллатро ба чоҳи бетаги ҷаҳолату хурофазадагӣ мекашонад ва саранҷом мусибату бадбахтиро мунҷар мешавад. Сатҳи пойини андеша, маърифат ва огоҳиҳост, ки миллат фарҳанги бегонаро, қатъи назар аз зарару зиёнҳояш, мепарастад, бегонаро улгуи зиндагӣ сохта, ормонҳои миллиро фаромӯш намуда, дар ҳоли беҳувиятию худбохтагӣ ба сар мебарад.

Воқеан, ин мушкили хеле ҷиддӣ, балки мусибати миллист ва агар сари вақт ин навъ вабоҳои вогир (манзур нохудогоҳӣ, ҷаҳолатписандӣ, бегонапарастӣ, хурофазадагӣ ва соири бемориҳои музмини фикрию ақидатию ҳувиятӣ) ташхису табобат нашаванд, фардо дер хоҳем кард. Сенаристону коргардонон ва тарроҳони бозиҳои геосиёсию геоиқтисодӣ орому сокит нахоҳанд нишаст, онҳо ҳатман даст ба кор хоҳанд шуд ва пружаҳои дигареро роҳандозӣ карда, миллатро батамом дар ҳоли парешонию нигаронию беморию беҳувиятию худбохтагию нохудогоҳию бегонапарастию возадагӣ мубтало хоҳанд кард. Бинобар ин, танҳо аз тариқи мусаллат шудан бо огоҳӣ,  донишҳои илмӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафӣ метавон аз хатару вабоҳои имрӯзӣ дар мисоли хурофазадагию хушкандешӣ ва таассубу ҷаҳолатписандӣ ҷомеаро ҳифз кард.

Сарвари давлат дар масъалаи боло рафтани сатҳи бегонапарастӣ, ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ, решадор шудани хушкандешӣ дар муҳитҳои иҷтимоию фикрию мадании ҷумҳурӣ, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи калони сиёсию давлатдорӣ, хеле ҳассос ҳастанд. Дар кулли суханрониҳо ва аз ҷумла, дар Паёми охир Роҳбари давлат ин масъалаи ҳассосро дар бастагӣ бо нақши занону бонувон дар шаклгирии тафаккури ҷавонон ба риштаи таҳлили тахассусӣ баркашида, гӯшзад мекунанд: “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”  (ниг.: Манбаъ: https://www.president.tj/event/missives/54181). Дар воқеъ, нодида гирифтан ва бетаваҷҷуҳию саҳлангорӣ ба ин масъалаи ҳассос ифротгаройиву тундравию ҳаросафканиро дар пай дорад. Бинобар ин, дар Паём дар хитоб ба намояндагони мақомоти марбутаи давлатӣ тазаккур меёбад, ки: “Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад” (ниг.: Манбаъ: https://www.president.tj/event/missives/54181).

    Нуҳум. Баёноти хулосавӣ бо такя ба вазъи геосиёсӣ. Дар бахши хулосавӣ ва ё хотимавии Паём ҳам Сарвари давлат чун анъана ба баёни вазъи куллии минтақавию ҷаҳонӣ пардохта, аз мақомоти давлатӣ, сохторҳои марбутаи расмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолони маданӣ ва дар маҷмуъ, ҷомеаи Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки вазъи мавҷудаи сиёсӣ-мафкуравӣ ва ташаннуҷи бархурдҳои тамаддуниро ба назар гирифта, ба таври дастҷамъона дар болоравии сатҳи худогоҳию худшиносӣ, тақвияти хотираи таърихӣ, ташаккули ҳувияти миллӣ ва устувории низоми давлатдории дунявӣ саҳми сазовор бигиранд. Муроҷиати Сарвари давлат дар бахши хотимавӣ ва ба истилоҳ, нуктаи эпилогии Паём  хеле омӯзанда аст: “Дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад.

    Пас, биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем. Бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем... Ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!” (ниг.: Манбаъ: https://www.president.tj/event/missives/54181).

   Даҳум ва ниҳоят. Худогоҳию худшиносӣ – масуният-иммунитети миллӣ. Дар шароити муосири бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ мо ба Ваҳдати миллӣ, иттиҳоди мардумӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва худсозию ҳувиятмадорӣ сахт ниёз дорем, ки мушаххасоти мазкур ба сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ вобаста аст. Аз тарафи дигар, маҳз худогоҳию худшиносӣ, ки сатҳи қавмияту миллиятро нишон медиҳад, минҳайси масуният-иммунитети қавии ҳувиятӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, маърифатӣ хидмат мекунад ва дар ҳар вазъу шароите миллатро ба сарманзили мақсуд мерасонад. Ба ин маъно, Паёми ахирии Сарвари давлат ҳам, дар маҷмуъ, бо масъалаи худогоҳию худшиносӣ оғоз ва бо ҳамин манбаи калидӣ, ки бо худии худ масуниятсоз аст, анҷом мепазирад. Масуният-иммунитети баданию фикрӣ сатҳи муқовиматии миллатро дар баробари хатару таҳдидҳои мавҷудию эҳтимолӣ ба намоиш мегузорад ва аз сатҳи ҳайсияту ҳувияти миллӣ дарак медиҳад. Бошад, ки тоҷик дар ин гирудорҳои рӯзафзуни имрӯзӣ бо худсозию ҳувиятмадорӣ соҳибимтиёз гардад ва бо огоҳӣ ва ғуруру ҷасорати тоҷикӣ кӣ будану чӣ рисолат доштани худро дар арсаи вуҷуд собит созад. Ба ин маънӣ:

                Миллате огоҳ андар моҷарои имтиёз

               Дар дифоъ аз хеш соҳибимтиёзӣ мекунад.

       

 Нозим Нурзода,

        Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 
Хондан 84 маротиба