JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 14 Январи 2026 04:46

Ҳувияти миллӣ – абзори муҳимми тақвияти давлати миллӣ

Муаллиф:

(чанд мулоҳиза дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ)

  Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле ироа гардид, ки Ватани азизи мо дар марҳилаи навини тараққиёт ва рушд қарор дорад. Ин марҳилаи таърихи миллӣ ва ватанӣ, аз як тараф, ба уфуқҳои тозаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва рушди иқтисоди ватанӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, моро дар рӯбарӯ бо мушкилоту хатароти глобалӣ вомегузорад. Ин аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ дар баробари воқеиятҳои имрӯзӣ амри зарурӣ ба шумор меравад. Дар зимн, шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди даҳшатбор дар манотиқи гуногуни сайёра, гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Сӯйистифода аз дину мазҳаб, сиёсӣ кардани динҳо ва бар асоси хурофоту таассуб парокандани тухми кинаву адоват, ҳамчунин нохун задан ба эҳсосоти мазҳабии мардуми минтақаҳои гуногун барои коргардонон ва таҳиягарони сенарияҳои муосири сиёсӣ ва мафкуравӣ минҳайси васила ё абзори калидӣ хидмат мекунад. Муҳимтар аз ин, дар заминаи бархӯрдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳувияти миллӣ низомҳои динӣ дар минтақаҳо ба таври маснӯӣ созмон меёбанд. Сохтори сиёсию давлатӣ бар мабнои сиёсати мазҳабӣ шакл гирифта, барномаи сохтмони режимҳои динӣ ва мазҳабӣ дар минтақаҳои ҳассос тарҳрезӣ мешавад. Ин тарзи корбарӣ ба унвони стратегияи сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳадафи меҳварии бозиҳои геополитикии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад ва ҷиҳати даргир сохтан ва бесубот кардани минтақаҳо  амалӣ мегардад.

Ҷомеаҳо ҳар қадар ба низоми сиёсии дунявӣ тамоюл пайдо намоянд, ҳамон қадар имконияти коҳиш ёфтани даргирию ноамниҳо пайдо шуда, раванди озодию истиқлоли миллӣ таҳкиму тақвият меёбад. Зеро ҳувияту худшиносии миллӣ, озодагиву истиқлоли маънавию сиёсӣ танҳо дар ҷомеаи дунявӣ имконпазир аст. Дар ин росто, боло бурдани ҳувияти миллӣ ва зинда намудани хотираи таърихӣ, авлавият бахшидан ба рушди бемайлони илму маориф кишвари моро дар баробари ин таҳдиду хатарҳо муқовимпазир мегардонад.

Тавре ки Сарвари давлат зимни ироаи Паём иброз доштанд, таъмин намудани шароити хуб ва ҳаёти арзанда барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин вазифа ва рисолати давлати миллӣ маҳсуб мешавад. Барои ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, боло бурдани масъулияти хизматчиёни давлатӣ зарур аст ва масъалаҳои масъулиятписандӣ, кордонӣ, ташкилотчигӣ, муоширати хуби корӣ, одоби хизматчии давлатӣ, расидагӣ ба мушкилоти мардумӣ, пуштибонӣ аз мардум ва манофеи давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, самаранокии мудирияти давлатӣ дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор дорад. Илова бар ин, тақвияти сармояи инсонӣ, даст ёфтан ба нишондодҳои зарурии микро ва макроиқтисодӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва миллӣ, рушди бемайлони илму маорифи ватанӣ, дарёфти истеъдодҳои нодири миллӣ дар бахшҳои гуногуни илму маориф, бавижа, дар соҳаи илмҳои табиӣ-риёзӣ ва амсоли инҳо самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Таваҷҷуҳ ба ин нуктаи калидӣ - илм ва маорифи миллӣ ва ҷойгоҳи асосӣ доштани ин ду соҳаи ба ҳам тавъам дар сиёсати давлатӣ хатти меҳварии сиёсати давлати миллиро ташкил медиҳад. Илм ва маорифро самти калидии сиёсати давлатӣ унвон кардан маънои пайгирӣ намудани сиёсати илммеҳварро далолат мекунад. Ба таҳсил фаро гирифтан, ба шуғлу касбомӯзӣ ва ё илму дониш мутамоил сохтани насли наврасу ҷавони тоҷик аз оғоз то имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт ва дорад.

Бояд қайд кард ки, аз оғози фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илму маорифро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудаанд. Таваҷҷуҳи пайваста ба ин соҳаҳои тақдирсоз бар он асос меёбад, ки пешрафти ҷомеа, таҳкими давлатдорӣ ва ояндаи неку босаодати миллат мустақиман аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон вобаста мебошад. Дастгирии соҳаҳои илму маориф дар сиёсати давлатӣ ҳамчун сармоягузорӣ ба фардои миллат арзёбӣ мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо сол ба сол афзоиш ёфта, имрӯз беш аз панҷяки хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Танҳо барои соҳаи маориф дар соли 2026 қариб 14 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба солҳои гузашта афзоиши назаррас дошта, нишондиҳандаи равшани сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.

Роҳбар Давлат зикр карданд, ки ҷаҳони муосир, ки бо суръати баланди рушди илму техника ва технологияҳои пешрафта фарқ мекунад, аз давлатҳо талаб менамояд, ки ба неруи инсонӣ такя намоянд. Давлатҳои пешрафта маҳз бо истифодаи дониш ва навоварӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд. Барои он ки Тоҷикистон низ дар сафи чунин кишварҳо қарор гирад, зарур аст насли наврасу ҷавон соҳиби саводи комил, касбу ҳунар ва ҷаҳонбинии муосир бошад. Бесаводӣ ва дур мондан аз маърифат метавонад ҷомеаро ба гирдоби таассуб, хурофот ва ифротгароӣ кашад, ки оқибатҳои фалокатбор дорад.

Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта собит сохт, ки заиф шудани маърифат ва худогоҳии миллӣ метавонад ба давлату миллат зарари ҷуброннопазир расонад. Аз ин рӯ, эҳёи хотираи таърихӣ, таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ имрӯз аҳамияти махсус касб намудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар мулоқоту вохӯриҳо, суҳбату суханрониҳо ва дар доираи Паёмҳо Сарвари давлат ҳамеша доир ба масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас, гиромидошти арзишҳои миллӣ, суннатҳои мардумӣ ва раванди ҳувиятсозии миллӣ ҷиддӣ таваҷҷуҳ мекунанд. Дар ин замина, Президенти кишвар дар Паёми имсола тазаккур доданд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи насли наврас ва ҷавон, зиёиёни мамлакат ва кормандони муассисаҳои таълимию илмӣ муваззафанд ба масъалаҳои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар ҷиддӣ эътибор диҳанд. Ба ин далел, дар шароити феълӣ, ки бархӯрдҳои тамаддунӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ тезутунд мешаванд, омӯзишу таҳқиқи мероси бостонӣ, арзишу суннатҳои миллию мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.

Аз ҷониби дигар, шинохти дурусти таърих, дар ин замина тарғиби мероси маънавии миллӣ ва суннатҳои мардумӣ, ки тайи асрҳои тӯлонӣ дар хотираи таърихии миллат нақш бастаанд, рисолати илм, маориф ва дар маҷмуъ, зиёиёни ватанӣ аст. Ҳаминро ба назар гирифта, дар Паёми имсола Пешвои миллат бори дигар фарҳангро ҳамчун пояи асосии ҳувияти миллӣ арзёбӣ намуданд.

Маҳз муҳиммияти ҳамин масъала аст, ки бо ташаббус ва роҳбарии Пешвои миллат солҳои охир даҳҳо иншооти фарҳангӣ бунёд ва садҳо муассисаи дигар таъмиру таҷдид гардидаанд. Бунёди Театри миллии Тоҷикистон дар пойтахт ҳамчун рамзи эҳёи фарҳанги миллӣ ва туҳфаи арзанда ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, нашри садҳо номгӯй китобҳои бадеиву бачагона ва тақдими ройгони осори бузурги «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» ба аҳолӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва худшиносии миллӣ равона шудааст.

Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллат ба шумор меравад. Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудани ёдгориҳои Хуттали қадим, эътирофи Панҷакент ҳамчун шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ ва бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи таърихиву фарҳангӣ далели эътирофи ҷаҳонии арзишҳои тоҷикон мебошад. Ин дастовардҳо масъулияти моро ҷиҳати ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси миллӣ бештар мегардонанд.

Мусаллам аст, ки ифтихор аз таърихи куҳан, суннату анъанаҳои миллӣ ва ҷашнҳои бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон, асоси худшиносиву худогоҳии миллӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо назарндошти ҳамин муҳимият аз ҷониби Пешвои миллат ташаббуси таъсиси Маркази тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе дар Паёми навбатӣ зикр гардид, ки нишони равшани сиёсати ҳувиятсоз ва фарҳангпарвари давлат мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, масъалаи муҳим дар шароити феълӣ ҳифзи ҳадафмандонаи фарҳангу суннатҳои дерини миллӣ аст, ки дар шаклгирии зеҳн ва тафаккури миллӣ нақши калидӣ дорад.  Аммо мушкил инҷост, ки дар раванди бозсозии фикрӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ, ки қаринаҳои худшиносӣ ба шумор мераванд, ҷомеа камфаъол аст. Ҷомеа ва миллат, вақте ки ба сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ мерасад,  қабл аз ҳама, ба таъмини амнияти маънавӣ муяссар мегардад. Амнияти маънавӣ бо амнияти сиёсӣ ва интизомӣ баробарвазн буда, буъди муҳимми амнияти миллиро ташкил медиҳад. Афзун бар ин, дар раванди худшиносӣ ва дифои фарҳангу суннатҳои бостонии миллӣ таҳдиду хатарҳо на танҳо аз берун, балки аз дохил ҳам буда метавонанд.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки бо шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдидҳои нав ҳамроҳ аст, ҳифзи истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд танҳо афзудани сафи афроди худшинос, донишманд ва дорои ҳофизаи қавии таърихӣ  пайкараи миллиро боз ҳам неруманд сохта, бо такя ба фарҳангу тамаддуни ғанӣ ва арзишҳои миллии худ Тоҷикистон метавонад мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор намояд.

Дар Паёми навбатӣ эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба ифтихори 35-солагии истиқлол рамзи эътимод ба ояндаи дурахшони давлат ва иродаи қавии мардуми тоҷик мебошад. Мутмаинам, ки ҳамбастагӣ, худшиносӣ, эҳёи зеҳнияти таърихӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ метавонанд кафили пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон гарданд.

 

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа

Хондан 49 маротиба