JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 21 Январи 2026 11:10

Марзи Тоҷикистону Афғонистон дар шароити чолишҳои нави геополитикӣ

Муаллиф: Сайдали Судуров

  Дар харитаи сиёсии ҷаҳони муосир марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон  танҳо як хатти одии ҷуғрофӣ нест. Ин марз, ки беш аз 1344 километр тӯл дорад, имрӯз ба сифати “меҳвари амниятӣ”- и Осиёи Марказӣ ва кафили суботи минтақаи Авруосиё шинохта мешавад. Таҳаввулоти ахир ва ҳодисаҳои фоҷиабор дар минтақаҳои наздимарзӣ нишон доданд, ки ин минтақа дубора ба маркази таваҷҷуҳи абарқудратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. 

Пас аз табадулоти августи соли 2021 дар Кобул, ин минтақа вориди марҳалаи нави “интизории стратегӣ” ва “эҳтиёти фаъол” гардид. Марзи Тоҷикистону Афғонистон имрӯз на танҳо хатти ҷудокунандаи ду кишвар, балки нуқтаи тамаркузи амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои тӯлонитарин марз бо Афғонистон дар миёни кишварҳои собиқи шуравӣ, дар вазъияти печидае қарор дорад. Аз як тараф, пойдорӣ ба арзишҳои инсондӯстона ва таъкид бар ташкили ҳукумати фарогир ва аз суйи дигар, зарурати таъмини амнияти сокинони минтақаҳои марзӣ ва ҳифзи суботи дохилӣ, Тоҷикистонро водор месозад, ки сиёсати “мувозинати санҷидашуда”- ро пеш гирад.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Афғонистон пас аз августи соли 2021 бар пояи принсипи “интизории фаъол” ва “ҳимояти манофеи миллӣ” бино шудааст. Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое буд, ки ба зарурати ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ, бахусус тоҷикони Афғонистон, таъкид намуд. Ин мавқеъгирӣ на аз рӯи эҳсосот, балки бар асоси таҳлили амиқи хатарҳои дарозмуддат гирифта шудааст. Пофишории Душанбе дар ин масъала дар арсаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфт. Аммо, ин мавқеи сиёсӣ монеи ҳамкориҳои техникӣ ва инсондӯстона нагардидааст. Тоҷикистон то ҳол яке аз таъминкунандагони асосии неруи барқ ба Афғонистон боқӣ мемонад, ки ин як навъ “дипломатияи нарм” ва абзори пешгирӣ аз буҳрони сартосарии гуманитарӣ дар кишвари ҳамсоя аст.

Душанбе бо нишон додани маҳорати дипломатӣ, аз як сӯ бар ташкили ҳукумати фарогир таъкид меварзад ва аз сӯи дигар, аз кашида шудани минтақа ба коми ҷанги беамон ҷилавгирӣ мекунад. Гузашта аз ин, сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар самти Афғонистон метавон ҳамчун “хушёрии стратегӣ” тавсиф кард. Бархилофи баъзе аз ҳамсоякишварҳо, Душанбе мавқеи усулии худро дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир ҳифз намудааст, аммо ин маънои қатъи пурраи робитаҳои ҳаётан муҳимро надорад. Миёни Душанбе ва Кобул каналҳои иртиботии техникӣ ҳамеша фаъоланд. Ин як зарурати амниятӣ ва ҷуғрофист.  Ин маънои онро дорад, ки Душанбе дар масоили амалӣ (марз, нерӯи барқ, тиҷорат ва амсоли он) бо Кобул муошират мекунад.

 Ин равиш имкон медиҳад, ки:

  1. Масъалаҳои фаврии марзӣ тавассути комиссарони марзӣ ҳал карда шаванд.
  2. Интиқоли неруи барқ ва кумакҳои башардӯстона ҳамчун фишанги “неруи нарм” нигоҳ дошта шавад.
  3. Аз ташдиди риторикаи тунд, ки метавонад боиси муноқишаи мусаллаҳона гардад, ҷилавгирӣ шавад. Ин имкон медиҳад, ки фазо барои муколама боз монад ва аз беназмию бесуботии иҷтимоӣ дар наздикии марзҳои мо ҷилавгирӣ ба амал ояд.

 Душанбе дар ин ҷо нақши сипари боэътимодро мебозад, ки на танҳо марзи худро, балки манофеи иқтисодии минтақавиро низ ҳимоя мекунад. Тоҷикистон бо нишон додани сабру таҳаммули дипломатӣ ва дар айни замон таҳкими иқтидори низомӣ, кӯшиш дорад суботи минтақавиро ҳифз кунад.

Тавре ки шоҳид ҳастем дар моҳҳои охир вазъият дар хатти марз аз ҷиҳати психологӣ ва тактикӣ тағйир ёфтааст. Ҳодисаҳои нохуше, ки боиси талафоти ҷонӣ дар миёни марзбонони кишвар ва инчунин шаҳрвандони хориҷие, ки дар лоиҳаҳои иқтисодӣ саҳм доштанд, гардиданд, нишон медиҳанд, ки дар он суйи марз гурӯҳҳое мавҷуданд, ки ба суботи минтақавӣ манфиатдор нестанд.

Тавре ки мебинем вазъияти марзи Тоҷикистону Афғонистон дар оғози соли 2026 дар ҳолати “суботи осебпазир” қарор дорад. Барои ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар дар ин шароити печида, зарур аст:

  1. Идомаи сиёсати “мувозинати санҷидашуда”:Нигоҳ доштани каналҳои иртиботӣ бо Кобул барои пешгирии иғвоҳо.
  2. Таҳкими ҳамкорӣ дар доираи СААД ва СҲШ:Ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он ки марзи Тоҷикистон масъулияти дастҷамъонаи байналмилалиро талаб мекунад.
  3. Амнияти иттилоотӣ:Ҷилавгирӣ аз ҷангҳои гибридӣ ва таблиғоти ифротӣ дар фазои маҷозӣ.

Марзи Тоҷикистон имрӯз на танҳо як хатти одии ҷуғрофӣ, балки рамзи истодагарии тамаддун дар баробари бесарусомониву бенизомӣ аст. Тоҷикистон масъалаи марзи Афғонистонро як чолиши глобалӣ медонад. Дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), марзи Тоҷикистон “хатти пеши” мудофиаи ИДМ ба шумор меравад. Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) платформаи муҳиммест, ки дар он Тоҷикистон ташаббуси таъсиси “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистонро пеш мебарад. Муваффақияти Тоҷикистон дар он аст, ки тавонист бидуни ворид шудан ба низои мустақим, мавқеи усулии худро ҳифз кунад ва амнияти дохилиро таъмин намояд.

Вазъияти марз бо Афғонистон барои мо на танҳо як имтиҳони низомӣ, балки як имтиҳони хиради дипломатӣ аст. Сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти кишвар дар ин самт имкон медиҳад, ки дар ин шароити печидаи геополитикӣ сулҳу субот ва тамомияти арзии кишвар ҳифз карда шавад. Тоҷикистон собит намуд, ки метавонад ҳам сипари боэътимоди минтақа бошад ва ҳам як ҳамсояи неку хайрхоҳ, ки хоҳони сулҳу субот дар тамоми минтақа аст.

 

Сайдали Судуров,

ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ,

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 

Хондан 39 маротиба