JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 28 Январи 2020 14:24

Ҷашни Сада- рамзи ҳамбастагӣ

Муаллиф: Муродова Тоҷинисо
Ҷашни Сада- рамзи ҳамбастагӣ Ҷашни Сада- рамзи ҳамбастагӣ

  Яке аз маросимҳои суннатии мардуми форсизабон Ҷашни Сада мебошад, ки дар оғози шомгоҳи даҳуми баҳман (зо январ) баргузор мегардад, ки ин рӯзро “Обонрӯз” меноманд. Ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардум аст, ки мардуми форсизабон, махсусан як қатор шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла дар Аҳвоз, Шероз, Исфаҳон ва кишварҳои Аврупо (Суис), Амрико (Калифорния), Австралия бо гирд омадани мардуми форсинажод дар як нуқта аз шаҳр ё шаҳристону деҳот дар қатори якдигар ҷамъ омада, оташи ниҳоят бузург меафрӯзад ва ба сурудхониву пойкубӣ шурӯъ менамоянд.  

  Сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан будааст. Аввалин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо таваллуди дигаре ба Хуршед ё Меҳр донем, метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чилумин рӯзи таваллуди ойини куҳан ва зиндаи мардуми форсизабон донист. Солҳои охир бо кумаку ташаббуси Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон низ Сада ҳамчун маросими суннатӣ ҷашн гирифта мешавад.

  Баъзе мутафаккирон номи Садаро гирифташуда аз сад медонанд. Донишманди тоҷик Абурайҳони Берунӣ навиштааст: Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд. Ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин – сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд…ва низ омада: «шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид». Назари дигар ин аст, ки Сада маъруф ба садумин рӯзи зимистон аст, яъне аз ибтидои зимистон (аввали обонмоҳ) то даҳи баҳман, ки ҷашни Сада аст. Сад рӯз ва аз даҳи баҳман, ки ҷашни Сада аст, сад рӯз ва аввали баҳор 50 рӯз ва 50 шаб будааст. Ва ба ин сабаб ин ки аз имрӯз ба баъд инсон ба оташ даст пайдо кардааст, шаб ҳам монанди рӯз равшану гарм аст, ин шабҳо ҳам шумурда мешаванд.   

  Дигар аз далоили гиромидошти ин шаб ин аст, мардуми форсинажод ду моҳи миёнаи зимистонро, яъне дай ва баҳманро[1]замони неруманд гаштани Аҳриман медонистанд ва барои ба хайр поён ёфтани ин ду моҳ пайваста ниёишҳои зиёдеро дар муқобили шар(р) анҷом медоданд. Аз шаби Чилла, ки Чиллаи калон низ номида мешуд ва дар он айём шавқи мубориза бо Аҳриман дубора зода шуда буд, то шаби даҳуми  баҳманмоҳ, ки ҷашни Сада ва Чилаи хурд номида мешавад, баробари 40 рӯз аст. Аз ин ҷо, ба сабаби он ки оташ мазҳари гармо ва нуру зиндагӣ дар рӯзи Сада кашф шуда буд, ва дар айни ҳол василае  барои мубориза бо Аҳриман буд. Оини оташ афрӯзӣ боиси рӯшноии шаб монанди рӯз шуд аз шаби аввали Чиллаи хурд, яъне аввали феврал то аввали исфанд 20 рӯз ва 20 шаб (ҷамъан чил шабу рӯз) аст. Шаби даҳуми баҳман оташи бузурге ба номи оташи ҷашни Сада ба чил шохаи бе баргу бори дарахтон, ки нишони чил рӯзи «Чиллаи бузург», яъне чиллаи калон аст, ки дар майдони деҳа ва ё марказҳои шаҳристонҳо оташ афрӯхтан ба хондани чунин суханҳо шурӯъ мекунанд: “Сада садаи деҳқонӣ, Чил кунда сӯзонӣ), ки аз пасмондаҳои зимистонӣ”.

  Меҳрдод Баҳор дар китоби «Пажӯҳише дар фарҳанги Эрон» ва Ризо Муроди Ғиёсободӣ дар китоби «Наврӯзнома» бар ин ақидаанд, ки Сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан аст ва иртиботе ба адади сад надорад. Вожаи «сада» (исми муаннас), ки ба маънои пайдо ва ошкор шудан аст, дар Эрони бостон ба маънои «садок» ва дар форсии миёна «садаг» буда, дар вожаи арабӣ «сазақ» ва «навсазақ», яъне навсада омадааст.

    Сада аз дидгоҳи асотирӣ. – Аз устураҳои ҷашни Сада танҳо яке ба пайдоиши оташ ишора дорад. Фирдавсӣ навиштааст, ки Ҳушанг, подшоҳи Пешдодӣ, ки шеваи кишту кор, кандани корез, яъне обанбору ҷӯйҳо, шинондани дарахтонро ба ӯ нисбат медиҳанд, рӯзе дар доманаи кӯҳ море дид ва санг баргирифту ба сӯи мор андохт ва мор фирор кард. Аммо аз бархӯрди сангҳо ҷарақае зад ва оташ падидор шуд. Дар китоби «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» Абурайҳон Берунӣ афрӯхтани оташро бар бомҳо медонад, ки бо дастури Фаридун анҷом мегирад.[2]

    Агар Садаро аз дидгоҳи таърихӣ дида бароем, достони падид омадани оташ ва бунёд ниҳодани ҷашни Сада дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ин зайл омадааст, ки Ҳушанг бо чанд тан аз наздиконаш аз кӯҳ мегузаштанд, ки мори сиёҳе намудор шуд. Ҳушанг санги бузургеро бардоша, ба сӯи мор раҳо кард. Санг ба кӯҳ бархӯрд кард ва оташ аз бархӯрди сангҳо бархост ва фурӯғе падид омад:

Бар омад ба санги гарон санги хурд,

 Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.

Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.

К-и ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Яке ҷашн кард он шаб бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

  Ҷашни Садаро бисёре аз бостоншиносон бо достони кашфи оташ тавассути Ҳушанг (шоҳи Пешдодӣ), ки яке аз подшоҳони афсонавии Эрони бостонӣ будааст, марбут медонанд, ки мисраъҳои боло шоҳиди ин фикр аст.      

  Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст. Дар даҳумин рӯз, ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ бо ҷамъ кардани ҳезуме, ки  мардум аз пагоҳӣ аз боми хонаи худ, ё аз баландии кӯҳистон ба даст меоваранд, ин маросим оғоз мешавад. Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва ё деҳот дар як ҷо ва бо оташафрӯзии бузурге баргузор мегардад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум бо якдигар ёрдам мекунанд ва ба ҳамин тартиб ҷашни Сада барпо мегардад. Ҳамин тариқ, дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ва давр задан дар атрофи оташ анъана будааст.

  Ба ҳамин минвол аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз ба хотири гарму сӯзон шудани Офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медонистанд. Ҳамин тариқ, чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30 январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври васеъ ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.

  Мардум, махсусан мардуми деҳоту шаҳристонҳо, пеш аз ҳама, деҳқонон дар ин айём аз рӯи расму анъана ба кандани каналу ҷӯйборҳо, тоза кардану ҷӯйбору кӯчаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чораҳои махсус меандешиданд.

   Бинобар ин Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёкони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада ин ягона иди милливу суннатӣ дар бахши тозакунии ҷӯю ҷӯйборҳо, кишоварзӣ ва омода сохтани заминҳои корам барои кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад. Чунки ҷашнҳои суннативу миллӣ аз ибтидои пайдоишашон аз идеяҳои сиёсиву идеологӣ барӣ буданд ва замону давраҳои мухталифи фаъолияти иҷтимоӣ-меҳнатии ниёконамонро дар давоми сол ифода мекарданд. Дар баробари ин пайваста бо ҷашнҳои суннативу миллӣ дар ҳаёти мардуми ҷомеа назму низоми ахлоқӣ ва худшиносиву ҳувияти миллӣ баръало ҳувайдо мегардид. Ин ҷашнҳои суннатӣ мардумро ба тозагиву озодагӣ, ростиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, адлу адолат, фарҳангдӯстӣ, муҳаббату рафоқат даъват намуда, фазилату нурро дар муқобили разолату зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар, бо шарофату баракати ин ҷашну маросимҳои суннатӣ  инсон метавонад бар муқобили ҳирсу ҳасаду кинаву адовати Аҳриманӣ пирӯз гардад.     

 

Муродова Тоҷинисо

номзади илмҳои фалсафа

ходими пешбари илмии ИФСваҲ-и ба

номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ

         

 

[1] Аз 22-и декабр то 22-и январ – дай ва аз 22-и январ то 22-и феврал - баҳман

[2] Дар ҷараёни навиштани кор аз сайти интернетӣ низ истифода шудааст.

Хондан 1368 маротиба