JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 28 Январи 2020 11:22

Ҷашни Сада-таҷрибаи ҳамбастагию ҳамзистӣ (ба муносибати ҷашни Сада)

Муаллиф: Нозим Нурзода

  Мусаллам аст, ки ҷашн ва ё ид (дақиқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуғрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад. Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну ойинҳо мебофтанд ва барои тақвияту идомати онҳо маросимоти махсус ихтисос дода, бад-ин минвол умри ҷашнҳоро дароз мекарданд.

  Рабт додани ойину ҷашнҳо ба ҳодиса ё воқеае дар силсилаи таҷлилоти ойинӣ ва ҷашнии мардуми форсу тоҷик (ва фикр мекунам, тамоми мардуми дунё) аз таҷрибаи воқеъбинии мардум гувоҳӣ медиҳад. Дигар ин ки мардум ва дастандаркорони ҷашнҳои бостонӣ барои хушҳолӣ ва болидагии рӯҳию равонии ҷомеа, ҳамчунин баҳамойӣ ва ҳамбастагии қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ маросимоти вежа тартиб мекарданд ва аз ин тариқ ойинҳоро машрӯият мебахшиданд. Бар ин асос ҷашну ойинҳои бостонии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада ва амсоли инҳо, ки барномарезиҳои инсонӣ дар қиболи мушкилоти рӯзмарраи зиндагӣ маҳсуб меёбанд (ниг.: Разӣ Ҳошим. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Ирони бостон. Теҳрон: Беҳҷат, 1380. С.17), созмон ва давра ба давра интиқол ёфта, то ба замони мо расидаанд. Аз ин ҷост, ки ҷашну маросимоти миллию мардумӣ ифодагари ҳувияти миллӣ буда, тӯлонияти собиқаи умри фарҳангу маънавиёт ва сиёсату ахлоқиёти ҷомеаро ифода мекунанд.

      Муҳаққиқон ҷашну ойинҳоро аз рӯйи мазмуну муҳтаво ва доираи фарогирӣ ба чанд гурӯҳ дастабандӣ кардаанд, аз ҷумла:

 1.Ҷашну ойинҳои бостонӣ, устуравӣ ва фаслӣ. 2.Ҷашну ойинҳои миллӣ, меҳанӣ ва давлатӣ. 3. Ҷашну ойинҳои динӣ ва мазҳабӣ. 4. Ҷашну ойинҳои минтақавӣ. 5. Ҷашну ойинҳои хонаводагӣ (ниг.: Рӯҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз (нигариш ва пажӯҳише мардумшинохтӣ). Теҳрон, 1376. С.15). Дар миёни ҷашнҳои куҳани мардуми форсу тоҷик Сада ба унвони ҷашну ойини бостонии устуравӣ, миллӣ ва фаслӣ муаррифӣ мешавад ва мисли ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон аз ҷойгоҳи вежа бархӯрдор аст. Нуктаи меҳварӣ дар ҷашну ойинҳои миллӣ, аз ҷумла Сада он аст, ки ҳамагӣ ба нуру рӯшноӣ ва меҳру фурӯзандагӣ тавъаманд. Гузашта аз ин, онҳо бо замин ва аносири заминӣ – замину хок (Наврӯз), об (Тиргон), боду осмон (Меҳргон) ва оташу рӯшноӣ (Сада) робитаи ногусастанӣ доранд. Маҳз ҳамин нуктаи калидӣ – ба аносири заминӣ ва моддӣ-материалӣ часпиши бевосита доштани иду ҷашнҳои бостонии миллӣ онҳоро миёни қавму милали ҷаҳонӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯза зинда нигаҳ доштааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада бо ҷавҳару аносири табиат пайвастагӣ доранд. Ҳадафи тавлиду таҷлилу тарғиби ин ҷашнҳо, ки аз хамираи ҳувиятии мардум офарида шуда, савобиқи тӯлонии таърихӣ доранд, шинохти табиат, арҷгузории ҷавҳар ва аносири табиӣ, воқеияти ҳастӣ ва билохира ҳамоғушӣ бо табиат мебошад. Аз ин ҷост, ки мардум аз қадим то имрӯз ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба иҷрои маросимоти Наврӯзӣ, Тиргонӣ, Меҳргонӣ, Ялдоӣ ва Садаӣ пардохта, ҳалқаи васли наслҳои пешину пасинро таъмин намудаанд. Зимнан, ин ҷашнҳо тараннумгари ҳамбастагию ҳамзистии мардум, новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ва қавмӣ буда, қавмияту миллиятҳои гуногунро муттаҳид мекунанд. Ҳамин махсусият ё вежагии ҷашнӣ ва маросимӣ Наврӯзу Меҳргон ва Ялдову Садаро аз як минтақа ба минтақаи дигар, аз як ҷуғрофиё ба ҷуғрофиёи дигар, аз як тамаддун ба тамаддуни дигар, аз як муҳит ба муҳити дигар интиқол дода, дар либоси фарҳангҳои мутанаввеъ рангоранг сохт.

  Сада аз лиҳози луғавӣ, тибқи таъкидоти муҳаққиқони муосир, аз ҷумла Меҳрдоди Баҳор, маънои «зоҳир ва ошкор шудан», «пайдо шудан», «зуҳур кардан»-ро дорад  (ниг.: Рӯҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. С.122). Ақидаҳои маъмулӣ дар ин росто ҳокӣ аз онанд, ки вожаи «сада» аз шумораи «сад» баргирифта шудааст, аммо муҳаққиқон ва устурашиносоне мисли Меҳрдоди Баҳор ва Ҳошим Разӣ бар мабнои вожашиносии форсӣ-тоҷикӣ тафсири дигареро манзур сохтаанд, ки дар боло ба он ишора шуд. Ба ин тариқ, манзур аз Сада пайдо шудан ва зуҳур кардани меҳру хуршед аст (барои иттилооти бештар таваҷҷуҳ шавад ба: Рӯҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. С.126-133). Ба назари пажӯҳишгари фарҳанги бостон Меҳрдоди Баҳор, ҷашни Сада ва маросимоти Садавӣ ба муносибати чиҳилумин рӯзи таваллуди Меҳр (Хуршед) баргузор мешудаанд. Дар ин замина ба навиштаи пажӯҳишгари мазкур истинод мекунем: “Ҷашни Сада сипарӣ шудани чиҳил рӯз аз зимистон ва дақиқан дар поёни чиллаи бузург қарор дорад. Албатта, ба ҷашне дигар низ, ки дар даҳуми даймоҳ баргузор мешуда ва камобеш монанди ҷашни Сада буда, таваҷҷуҳ кунем, ки тайи он низ оташҳо меафрӯхтанд. Агар нахустин рӯзи зимистонро бо пас аз шаби Ялдо  -- таваллуде дигар барои Хуршед бидонем, ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳилумин рӯзи таваллуд ойини куҳан ва зиндаест (дар ҳамаи устонҳои кишвар ва сарзаминҳои иронинишин даҳум ва чиҳилуми кӯдакро ҷашн мегиранд) ва ин вожа “Sada” (исми муаннас) ба маънии пайдойӣ ва ошкор шудан аст (ниг.: Баҳор Меҳрдод. Ҷусторе чанд дар фарҳанги Ирон. Теҳрон: Интишороти Акси рӯз, 1373. С.225-226).

   Аз рӯйи боварҳои қадимӣ, мардум барои бадар омадан аз ҷаҳаннами зимистонӣ гулхан меафрӯхтанд ва меҳру хуршедро даъват менамуданд. Бархӯрди фарҳангӣ, ойинӣ ва фикрӣ бо сардии зимистон, ки дар симои Деви сардӣ ва ё Ҷаҳаннами зимистонӣ тасвир ёфтааст, дар фарҳанги миллӣ  ҷойгоҳ дорад. Хушҳолӣ ва шодию сурури мардум ба муносибати  зуҳури Хуршеду гармӣ ва поёнёбии тадриҷии салтанати сардӣ дар доираи маросимоти ҷашни  Сада  дар  байти  зер хеле хуб  ишора  шудааст:

Агарчи деви сармо қасди мо кард,

 Зуҳури Меҳр гармиро ато кард.

    Сада ба шаҳриёри пешдодӣ Ҳушанг иртиботи бевосита дорад ва аз ин ҷост, ки ҷашн симои устуравӣ касб кардааст. Дар асотири куҳани форсӣ-тоҷикӣ падид омадани ин ҷашн ба иллати муборизаи Ҳушанг бо мор сурат гирифтааст. Ҳушанг ҳангоми шикор, чун морро мебинад, ба тарафаш санг ҳаво медиҳад ва санг ба мор барнамехӯрад ва ба санги дигар бархӯрда, шуълаи оташро ба вуҷуд меоварад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад, дар қисмати шаҳриёрии Ҳушанг (ҷилди аввали «Шоҳнома») ба ҷашни Сада боби махсусе таҳти унвони «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» ихтисос медиҳад. Боби мазкур, ҷамъулҷамъ, 30 байтро фаро мегирад ва дар 15 байти аввалӣ иллати ба вуҷуд омадани ҷашни Сада ва маросимоти марбути он ба риштаи тасвир кашида мешавад. Ба манзараи падид омадани оташ ва фурӯғи рӯшанӣ аз бархӯрди ду санг дар тасвири зебои Фирдавсӣ  таваҷҷуҳ мекунем:

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Нашуд мор кушта, валекин зи роз,

Аз ин табъи санг оташ омад фароз.

(ниг.: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҷилди аввал. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.46)

       Дақиқтараш, дар 4 байти ахири силсилаи понздаҳбайтии аввалӣ  зуҳури ҷашни Сада, маросимот ва ба номи Ҳушанг ихтисос ёфтани он мавриди тасвир қарор гирифтааст:

Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

(ниг.: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҷилди аввал. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.46)

   15 байти ахирӣ ба мавзӯи ихтироот ва кашфиёти Ҳушанг, ки бар мабнои ихтирои оташ иттифоқ афтодаанд (оҳангарӣ, араву тешасозӣ, кишоварзӣ, обу корезӣ, дарахтшинонию боғдорӣ, домдорӣ ва амсоли онҳо), иртибот мегиранд. Аз ин ҷо афрӯхтани оташ символ ё рамзи даъват намудани Хуршед ва ба марҳилаи гармию рӯшанӣ расидани инсон ва ҷомеаи инсонӣ аст. Минбаъд ба таври тадриҷӣ оташафрӯзиҳо ва дар гирди гулханҳо сурудани суруду таронаҳо, рақсу бозиҳо, пардохтани қиссаву достонҳо, базлагӯйиву зарофатофарӣ, шӯхтабъию болидахотирӣ ба ҳукми анъана даромада, аз як насл ба насли дигар интиқол ёфта, то ба даврони мо расидааст. Мувофиқи таҳқиқоти мардумшиносон, нишонаҳои возеҳи ҷашни Сада ва маросимоти он дар баъзе шаҳрҳои Ирони имрӯза, аз ҷумла Кирмон боқӣ мондаанд. Расме дар ин минтақа бо номи «Садасӯзӣ»  роиҷ аст (ниг.: Рӯҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. С.132-139) ва мардум гирди ҳам омада, муттафиқона барои афрӯхтани оташи Сада ҳезум ҷамъоварӣ мекунанд, оташ меафрӯзанд ва атрофи гулхани баланд хушҳолӣ менамоянд. Дар маросимоти Садавӣ мардум бад-ин мазмун ишораҳо ва нуктаҳо низ ироа медоранд: «Садаи деҳқонӣ, чиҳил кунда сӯзонӣ, ҳанӯз  гӯйи зимистонӣ». Ин аст, ки мардуми форсу тоҷик бо таҷлили ҷашни Сада зуҳуру ҳузури Хуршедро ба арсаи зиндагӣ истиқбол гирифта, барои расидан ба марҳилаи ҷадиди фасли зиндагӣ – гармо ва Наврӯз  омода  мешаванд.

    Нуктаи муҳим дар ин баҳс он аст, ки ихтирооту кашфиёт ва ба кору фаъолияти созанда ҷалб шудани инсон ва ҷомеа ҷавҳари ҷашни Садаро ташкил медиҳад. Ҳанӯз дар бистари асотири куҳан ба кори созанда даст задани тамоми табақоти иҷтимоӣ, аз шаҳриёр шурӯъ карда, то ба инсони одӣ ифода ёфтаанд ва кашфиёту ихтироот маҳсули фаъолиятҳои созандаи инсон аст. Бинобар ин, инсон дар тамоми фасли сол барои омода ва мутобиқ кардани худ ба фазою муҳити табиӣ тадорук ва тасмимоти зарурӣ мегирад ва маҷмӯаи тадорукоти худро дар қолаби барномаҳои ҷашну ойинҳои миллию мардумӣ тарҳрезӣ ва пиёда менамояд. Аз ҷониби дигар, мардум бо такя ба имконоту тавонмандиҳои фикрӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ҷисмӣ-биологӣ худро дар баробари хатарҳои табиӣ ва глобалӣ худкифо мекунад ва дар доираи ҷашну маросимот ҷиҳати рафъи камбуду мушкилоти иҷтимоӣ ва табиӣ саъю талош меварзад.

   Ҳадафи Сада ва маросимоти марбути он, ки вобаста ба шароити зистӣ, фарҳангӣ, фикрӣ ва табиӣ тағйир ёфтаанд, дар бунёди боғу корезҳо, шинонидани дарахтон, ободу зебо кардани маҳаллу кишвар ва билохира ба ободкорию созандагӣ даъват намудани мардум зоҳир гардида, ба ин тартиб ҳамоҳангию ҳамбастагии иҷтимоӣ таъмин карда мешавад. Ин аст, ки фарҳанги ҷашнӣ ва маросимии мо маҳдуду локалӣ набуда, характери густурдагӣ ва глобалӣ дорад. Дар доираи фарҳангу маросимоти ҷашнии мо арзишҳои умумимиллӣ ва умумиинсонӣ инсиҷом ёфтаанд, ки ин арзишҳои инсонмеҳвар боиси фарогирии намояндагони нажоду миллият ва халқияту диниятҳои гуногун дар ҳалқаҳои идона мегарданд. Ба ин манзур, эҳё ва ба таври боистаю шоиста тарғиб намудани маросимоти ҷашнҳои миллию  мардумӣ  сатҳи буҳрони ҳувиятиро, ки аз ҳар тараф ҷомеаҳои моро таҳдид мекунад, пойин мебарад ва роҳро барои расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ – ташаккули биниши илмӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти низоми дунявӣ ва сохтмони давлати  миллӣ ҳамвор месозад.  

 

            Нозим Нурзода,

            пажӯҳишгар

 

Хондан 1161 маротиба