JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 10 Феврали 2020 08:37

Асосҳои назариявӣ ва методологии омӯзиши худкушӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ

Муаллиф: Марамов Р

  Худкушӣ падидаест, ки аз замонҳои қадим миёни мардум маъмулу машҳур буд, аммо тасаввуротҳо оид ба ин падида дар давраҳои мухталиф дар шаклҳои гуногун инъикос мегардиданд. Ҳанӯз дар замонҳои қадим дар ҷамъият нисбати худкушӣ ақидаҳои мутақобил вуҷуд доштанд. Дар фарҳанги юнону римӣ нисбати худкушӣ муносибат манфӣ буд ва онро ҳамчун ҷиноят медонистанд. Аз рӯи қонун дастони шахси худкушро аз тан ҷудо карда, онро дар ҷойи алоҳида мегузоштанд. Дар Афина ва Спарта ҷасади шахсони худкушро беиззатона месӯзонданд ва нисбати он нафрату ҳисси бадбинӣ доштанд. Файласуфони Юнони қадим бошад, дар ин бора фикру ақидаҳои мухталифро пешниҳод кардаанд. Масалан, Пифагор ҳаёти инсонро ба ақрабаки соат шабоҳат медиҳад, ки аз тарафи Худо гузошта шудааст ва ҳеҷ кас ҳуқуқи бо хоҳиши худ тарк кардани ҳаётро надорад. Арасту бошад, чунин ақида дошт, ки марг вақти худро дорад ва онро бояд интизор шуд, аммо худкуширо ҳамчун нишонаи беҷуръатӣ ва тарсончакӣ медонист. Баҳс оид ба ин масъала дар асари машҳури Афлотун “Қонун” низ дида мешавад. Ӯ чунин ақида дошт, ки худкуширо танҳо дар ҳолати ногузиру тоқатфарсо ва таҳқир дуруст шуморидан мумкин аст [3].

  Барои баъзе файласуфони Юнони қадим худкушӣ он қадар падидаи манфӣ набуд. Масалан, Суқрот, ки зиндагиро тавассути худкушӣ тарк карда буд, чунин ақида дошт, ки аз зиндагии ноарзанда марг беҳтар аст ва оламе, ки рӯҳи инсон баъди марг ворид мешавад, идеалӣ аст. Аз ин рӯ, барои худкушӣ бояд ягон монеа вуҷуд надошта бошад.

  Ба ақидаи Эпикур ва шогирдони ӯ, мақсади зиндагӣ лаззат бурдан аст ва худкушӣ худихтиёрӣ буда метавонад, аммо ноумедӣ, беморӣ ва танқисиҳои ҷисмонӣ барои даст задан ба худкушӣ баҳонаҳои кофиянд. Равоқиён (стоикҳо) “роҳҳои ақлонӣ”-ро аз худкушӣ пайдо карданд, аммо аз тарс бисёр нигарон буданд ва назоратро аз болои ҳаёти шахсии худ гум мекарданд. Барои раҳоӣ ёфтан аз худкушӣ чунин ақида доштанд: агар вазъиятҳо зиндагиро душвор, тоқатфарсо ва ё дилбазан намоянд, аз онҳо бо хоҳиши худ даст кашидан зарур аст.

  Ақидаҳои намояндагони мактаби равоқиён оид ба худкушӣ дар Рими Қадим низ ҷонибдорони зиёд пайдо кард. Дар натиҷа ҳодисаи худкушӣ дар Рими Қадим зиёд шуда, ба пастшавии одоб, зиндагибезорӣ, ноумедӣ ва даст кашидан аз неъматҳои моддӣ оварда расонд. Ба сифати сабабҳои асосии худкушӣ дар Рими Қадим тафриқаандозии сиёсӣ ба шумор мерафт, ки онҳо барои аз даст додани озодӣ ва маҳдуд нагаштани боварии шахсии худ ба ин амал рӯ меоварданд.

  Донишманди Рими Қадим Сенека чунин мешуморид, ки инсон ҳуқуқ дорад, ки даст ба худкушӣ занад, агар баро ин амал ягон асоси кофӣ дошта бошад. Дар баъзе мавридҳо ӯ худкуширо ташвиқ мекард ва ақида дошт, ки «Хуб мурдан – маънои гурез аз хатарҳо ва зиндагии бадро дорад». Барои Ситсерон худкушӣ он қадар кори даҳшатнок набуд. Ба ақидаи ӯ мақсади зиндагӣ аз он иборат аст, ки инсон бояд дар мувофиқа бо табиат худро дӯст дорад: худкушӣ барои инсони хирадманд, ки то охир онро ҳақ мешуморанд, пурра фоидаовар буда метавонад.

 Бояд қайд кард, ки на ҳамаи муҳаққиқон ба худкушӣ назари мусбӣ доштанд. Масалан, файласуфи Рими Қадим Тит Лукретсий Кар худкуширо падидаи манфӣ меҳисобид ва ақида дошт, ки давлат фаъолияти худро нисбат ба худкушӣ нодуруст ба роҳ мондааст. Ба фикри ӯ сабаби асосии худкушӣ – ин беъэтиноӣ нисбати зиндагӣ ва тарси зиёд доштан аз марги оянда мебошад.

 Дар Ҳинди Қадим нисбат ба падидаи худкушӣ муносибати оддӣ доштанд. Мақсади ҳамаи файласуфони Ҳинди қадим аз он иборат буд, ки одамон бояд аз занҷири таваллуд озод шуда, ба дунёи “Брахма” пайваст гарданд. Методи “озод шудан” аз зиндагӣ ва пайвастшавӣ ба худкушӣ он қадар таъсир намерасонд ва он на ҳама вақт таввасути худкушӣ роҳандозӣ мешуд. Аксарияти шахсоне, ки ба йога машғул буданд, умри дароз медиданд ва бо ин сабаб зиндагии худро тавассути худкушӣ хотима медоданд. Чунин рафтор аз ҷониби қаҳрамонони таълимоти “Махабхарата” анҷом дода мешуд.

 Дар Ҳинди Қадим шакли нисбатан паҳншудаи худкушӣ – ин худкушии динӣ буд, ки тавассути худоташзанӣ ва худҷазодиҳӣ ба сомон расонида мешуд. Яке аз маросимҳои динии худкушӣ “Сати” ном дошт, ки занҳо баъди вафоти шавҳарашон барои қонеъ намудани талоботҳои эсосотии арвоҳи гузашта, худкушӣ мекарданд. Дар асри XVII император Ҷаҳонгир маросими Сатиро расман манъ кард, аммо новобаста аз қабули қонунҳои ҷазодиҳӣ чунин намуди худкушӣ то асрҳои XIX идома дошт. Шакли дигар худкушӣ ғарқ кардани худ дар дарёи Ганг ба шумор мерафт, ки то имрӯз ин амал муқаддас дониста мешавад. Бо ҳамин тарзи худкушӣ гӯё худро аз мушкилотҳои ҳаёти заминӣ озод карда, ба манзили Худо роҳ ёфтан мумкин аст.

 Чӣ хеле ки таърих гувоҳӣ медиҳад, дар дини насронӣ нисбати худкушӣ муносибати муайян яку якбора ба вуҷуд наомадааст. Дар китоби “Инҷил” ба таври ғайримустақил танҳо баъди вафоти Искарито оид ба худкушӣ каме зикр гардидааст. Ақидаҳои нисбатан возеҳтарро дар Инҷил яке аз ёрони Исо бо номи Павел чунин тафсир кардааст: Оё шумо намедонед, ки шумо маъбад (ибодатхона) – и Худо ҳастед ва ҳар кас ки маъбади Худоро нест кунад, ӯро Худо ҷазо медиҳад, зеро ки маъбади Худо муққадас аст ва ин маъбади Худо шумо ҳастед» [4].

  Новобаста аз ин, то асрҳои V мелодӣ дини насронӣ нисбати худкушӣ мақоми бетарафиро ишғол мекард. Баъдан, назариячиёни дини насронӣ, вақте ки гунаҳгорӣ ва ҷазодиҳии ҳамаи рафторҳоро эълон карданд, сӯиқасд ба ҳаёти хешро низ маҳкум намуданд. Дар таълимоти насронӣ чунин ақида ҷой дорад, ки танҳо Худо қобилияти бахшидани ҳаётро дорад ва танҳо ӯ қодир аст, онро бозпас гирад. Худкушӣ дар баробари куштор дониста мешуд ва ҳамчун ҷазодиҳии маъмурӣ ба ҳисоб мерафт. Аз рӯи қонунҳои дини насронӣ шахсони худкуш аз маросими дафни динӣ маҳрум мешуданд. Ҳамин тавр, дар қонунҳои дини насронӣ худкушӣ ҳамчун рафтори гунаҳгорона дониста мешуд ва одамоне, ки худкуширо ба анҷом мерасонданд, дар он дунё низ ба ҷазои доимӣ маҳкум мешуданд.

Яке аз теологҳои католикӣ Фома Аквинӣ худкуширо дар асоси се пастулат маҳкум намуд:

  1. Худкушӣ ҳамчун вайронкунии қонуни табиат буда, дар муносибат бо он ки “тамоми унсурҳои табиӣ бояд ҳастии худро нигоҳ доранд”, ҳар як кас ҳаёти худро низ бояд дӯст дорад.
  2. Худкушӣ – ин вайронкунии қонунҳои ахлоқӣ мебошад ва агар ҳодисаи худкушӣ зиёд гардад, ба ҷамъият зарари калон мерасонад.
  3. Худкушӣ ҳамчун вайронкунандаи қонунҳои Илоҳӣ аст, ки Худо ба инсон сарнавишт додаст ва ҳуқуқи аз байн бурдани онро танҳо Худо дорад [3].

 Дар асрҳои миёнаи Аврупо ҷасади одами худкушро чормех зада, дар кӯчаҳо овезон мекарданд. Фаронсавиҳо мурдаҳои шахсони худкушро аз пойҳояшон овезон карда, ба тамошои мардум мегузоштанд. Дар зери таъсири Инқилоби Фаронса (соли 1789) шумораи худкушӣ дар Аврупо баланд гардид ва ин вазъият Наполеони I – ро водор сохт, ки нисбат ба пешгирии худкушӣ чораҳои заруриро биандешад.

 Дар давраи Эҳё ва Замони нав нисбат ба худкушӣ анъанаи таҳаммулпазирона ба роҳ монда шуд, ки дар худ ифодаи классикӣ дошт ва дар очерки машҳури файласуфи англис Дэвид Юм “Оиди худкушӣ” зикр гардидааст. Дэвид Юм чунин ақида дошт, ки масъалаи худкушӣ бо андешаҳои Иллоҳӣ он қадар муқобил нест, зеро қонунҳои илоҳӣ дар лаҳзаҳои алоҳида ба вуҷуд намеоянд, балки дар ҳамоҳангии умумӣ зоҳир мегарданд. Тамоми зуҳуроте, ки пайдо мешаванд, аз ҷониби Худо дода шуданд ва барои ҳамин ҳар як ҳолат барои ҳастии бемаҳдуд муҳим аст. Хоҳиши тарк кардани ҳаёт аз ҷониби Худо ба муқобили хости Худо нест ва ин ақида ҳамгироии ҷаҳонро вайрон намекунад. Баъд аз марг унсурҳое, ки мо аз онҳо таркиб ёфтаем, барои давом ёфтани тараққиёти минбаъдаи ҷаҳонӣ хизмат мекунанд.

 Соли 1878 оид ба масъалаи худкушӣ Конгресси умумиҷаҳонӣ гузаронида шуд. Дар ин Конгресс муайян гардид, ки худкушӣ ба бемориҳои психологӣ алоқамандӣ надорад ва он ба як қатор омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ вобаста аст. Дар Ассамблеяи миллии Фаронса (соли 1870) қайд гардид, ки бояд аз болои худкушӣ назорат бурда шавад. Баъдан, Англия ва Русия худкушӣ ва кӯшиши даст задан ба онро аз рӯйхати ҳукуқуқвайронкуниҳо берун намуданд.

 Дар асрҳои XIX нуқтаи назари дигаре маъруф гардид, ки мувофиқи он худкушӣ беморӣ аст, шахси солим даст ба худкушӣ намезанад ва ҳамаи шахсони худкуш бемории руҳонӣ доранд. Дар бораи худкушӣ консепсияи “алоқамандии гениалӣ (нобиғавӣ) ва ҷунунӣ” – и олими италиявӣ Чезаре Ломброзо ҷолиби диққат аст. Маҳз тавассути консепсияи ӯ равоншиносон дар бораи мушкилоти равонии шахсиятҳои таърихие, ки ба худкушӣ даст задаанд, тасаввурот пайдо карданд. Ҳамин тавр, марҳилаи ташаккулёбии ақидаҳои фалсавию динӣ оид ба худкушӣ ба анҷом мерасад. Ба вуҷуд омадани илмҳои нав, ба монанди сотсиология, психиатрия ва писихология ба ин омилҳои худкушӣ хусусияти илмию тадқиқотӣ доданд. Пас аз ин худкушӣ ҳамчун патологияи иҷтимоӣ ва писихологӣ омӯхта мешуд. Ҳамин руйдод оғози тадқиқи худкуширо дар доираи назарияҳои сотисиологию писихологӣ асос гузошт.

 Назарияҳои сотсиологӣ. Аввалин тадқиқоти худкушӣ дар сотсиология аз ҷониби асосгузори суитсидология, сотсиологи фаронсавӣ Эмил Дюркгейм гузаронида шуд. Ӯ дар асари худ “Худкушӣ” аввалин маротиба худкуширо ҳамчун падидаи иҷтимоӣ баҳо дода буд. Ҳануз дар марҳилаи нави омӯзишаш Э. Дюркгейм паҳлуҳои гуногуни худкуширо омӯхта, ба таври дақиқ онҳоро тақсимбандӣ менамояд ва дар доираи усули омӯзиши худ қарор медиҳад. Ӯ менависад: «ҳар як руйдоди фавтро худкушӣ меноманд, ки бевосита ё бавосита натиҷаи амали мусбию манфӣ ба шумор меравад ва аз ҷониби худи ҷабридида содир мешавад, агар он дар охир аз натиҷаи интизориҳои он хабардор шавад». Э. Дюргейм инчунин категорияи “кӯшиши худкушӣ”-ро низ ворид намудааст: «қасд кардан ба худкушӣ – ин куллан амали якхела мебошад, агар то охир ба анҷом нарасида бошад». Баъдан, ӯ ҳамаи он омилҳои гуногунеро, ки ба худкушӣ таъсир мерасонанд, ба сабабҳои иҷтимоӣ, физиологӣ ва психологӣ тақсим намуда буд. Ҳангоми гузаронидани таҳлилҳои оморӣ баъзе хусусиятҳои хоси худкуширо ҷудо намудааст:

  • Шумораи худкушӣ ҳангоми паст гаштани дараҷаи ҳамгироии ҷамъиятии динӣ тағйир меёбад.
  • Шумораи худкушӣ ҳангоми паст гаштани дараҷаи ҳамгироии ҷамъиятии оилавӣ тағйир меёбад.
  • Шумораи худкушӣ ҳангоми паст гаштани дараҷаи ҳамгироии иҷтимоӣ-сиёсӣ тағйир меёбад.

 Э. Дюркгейм аз таҳлилҳои худ ба хулосае меояд, ки шумораи худкушӣ бевосита ба дараҷаи ҳамгироии иҷтимоӣ алоқамандӣ дорад. Ҳангоми муайян намудани робитаҳои ин падидаҳо Э. Дюркгейм кӯшиш мекунад, ки дигар далелҳои иҷтимоии ба амали худкушӣ таъсиррасонандаро ҷудо намояд. Ҳамин тавр, ӯ типологияи нави амали худкуширо тартиб медиҳад ва далелҳои гуногуни иҷтимоии ба фард таъсиррасонандаро ҷудо карда, нишон медиҳад.

 Худкушии худхоҳона. Чунин намуди худкушӣ дар натиҷаи “зиёд будани фардгароӣ” ва дар сатҳи паст қарор доштани ҳамгироии иҷтимоӣ, ки фард алоқаи иҷтимоии худро гум мекунад, рӯй медиҳад. Алоқаи иҷтимоӣ барои фард ҳамчун омили нигоҳдоранда мебошад, ҳангоми сустшавии он инсон аз доираи иҷтимоӣ берун шуда, даст ба худкушӣ мезанад. Дар ҳамин ҳолат худхоҳӣ ҳамчун сабаби асосии худкушӣ баромад мекунад.

 Худкушии беғаразона (алтруистӣ). Чунин намуди худкушӣ дар натиҷаи зиёд будани ҳамгироии иҷтимоӣ ва аз ҳад зиёд ба коллектив вобаста шудани фард ба миён меояд. Худкушии беғаразона дар навбати худ ба якчанд зеркатегорияҳо ҷудо мешавад:

  • Ҳатмӣ - дар ҳолати сахт вобаста будан ба ҷамъият, фард барои мақсадҳои ҷамъиятӣ даст ба худкушӣ мезанад.
  • Ихтиёрӣ - инсон бе ягон таъсири ҷамъият барои хушбахтии шахсӣ ва эҳтироми умумиҷамъиятӣ қасдан даст ба худкушӣ мезанад.
  • Тоза – худкушӣ инсонро ҳамчун усули кумак ба ҷамъият маънидод менамояд, фард аз зиндагии худ даст мекашад ва онро барои фоида овардан ба ҷамъият мебахшад.

 Худкушии аномиявӣ. Худкушӣ бо сабаби аз байн рафтани меъёрҳою низоми арзишҳо ва дар шароите, ки меъёру арзишҳои нави иҷтимоӣ ташаккул наёфтаанд, алоқаманд аст. Чунин ҳолати ҷамъиятиро Э. Дюркгейм аномия меномад ва онро ба дигаргуншавии низоми иҷтимоӣ ё ин ки гузариши ҷамъият ба давраи нави тараққиёт маънидод менамояд.

 Э. Дюркгейм якчанд намуди худкуширо тасниф намуда, дар дохили онҳо сабабҳои иҷтимоиро ҷудо кардааст. Аксарияти сотсиологҳо ин ақидаи Э. Дюркгеймро, яъне таъсири омилҳои иҷтимоиро нисбати афзудани ҳодисаи худкушӣ, эътироф менамоянд.

 Соли равон ташкилоти сотсиологии Gallup оид ба падидаи худкушӣ дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон тадқиқоти сотсиологӣ гузаронида, маълумотҳои омориро пешниҳод намуд. Мувофиқи ин нишондодҳо ба 100 ҳазор аҳолӣ дар Қазоқистон – 29. 95 нафар, Қирғизистон – 9. 00 нафар, Узбекистон – 5. 55 нафар ва Тоҷикистон – 2. 60 нафар рост меояд. Агар ин нишондиҳандаҳо дуруст бошанд, худкушӣ дар Тоҷикистон нисбати дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст [1].

 Дар Тоҷикистон худкушӣ дар байни аҳолӣ, бахусус дар байни ноболиғон як зуҳуроти нигаронкунанда боқӣ мемонад. Аз рӯи нишондоди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир шумораи миёнаи худкушӣ ба 100 ҳазор одам аз 4 то 7 нафар рост меояд, аммо аксарияти мутахассисон ин натиҷаро эътироф намекунанд. Ин оморро сокинони маҳаллӣ низ қабул надоранд, зеро дар Тоҷикистон қариб ҳар ҳафта аз сарчашмаҳои гуногуни расмию ғайрирасмӣ ягон ахборот оид ба худкушӣ паҳн мегардад [1].

 Дар сархати хабарҳои агентиҳои итилоотӣ танҳо дар се моҳи охир чунин натиҷаҳои нигаронкунандаи худкуширо ошкор кардан мумкин аст, ба мисли: “Модари соҳиби панҷ фарзанд худро ба дор овезон кардааст”, “Модар ду фарзанди худро кушта, даст ба худкушӣ задааст”, “Падари дорои се фарзанд худро ба дор кашидааст”, “Хонандаи синфи болоӣ даст ба худкушӣ задааст”, “Дар вилояти Суғд дар як ҳафта чор рафтори худкушӣ содир шудаанд” ва ғайраҳо.

 Ин итилоот қатрае аз баҳр аст. Аз рӯи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон танҳо 7%-и шахсони ба худкушӣ дастзада маълум мешаваду халос. Аксарияти хешовандон намехоҳанд далелҳои худкуширо қайд намоянд, ки дар натиҷа шумораи воқеии шахсони ба худкушӣ дастзада муайян карда намешаванд. Ин масъала ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ низ алоқамандӣ дорад. Барои онҳо хеле муҳим аст, ки шахсони сабабгори ҳодисаи худкушӣ шударо ошкор намуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Аз ин сабаб, хонаводаҳое, ки ягон нафарашон даст ба худкушӣ задаанд, ин ҳодисаро аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон медоранд.

 Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз 1225 далелҳои худкушӣ танҳо 33 далел, яъне 2. 7% ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванду халос. Аз рӯи маълумоти ин мақомот солҳои охир худкушии мардҳо афзоиш ёфтааст. Танҳо дар соли 2016 дар Тоҷикистон 320 мард худро куштаанд, ки дар муқоиса ба теъдоди заноне, ки ба худкушӣ рӯ овардаанд, 43 нафар бештаранд. Аз рӯйи ахбороти Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон танҳо дар соли 2017 дар кишвар 83 ноболиғ худкушӣ кардаанд. Аз ин шумора 27 наврас ба сабаби бемории руҳӣ, 12 нафар ба далели шароити вазнини зиндагӣ ва муноқишаҳои оилавӣ қасди ҷони худ кардаанд. Аммо сабаби худкушии 43 навраси дигар номаълум боқӣ мемонад. Воқеан, дар аксар маврид, барои волидону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби худкушии ноболиғон ошкор намегардад [7].

 Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки тамоюли худкушӣ дар муҳити ҷавонон низ зиёд мегардад, ки хело нигаронкунанда аст. Умуман, гузариш аз ҷаҳони ноболиғӣ ба ҷаҳони балоғат марҳилаи душвор аст. Барои шахси ҷавон мақоми нави иҷтимоии ӯ ҳоло нофаҳмо аст. Дар ин маврид дастгирии волидон хело муҳим мебошад. Мувофиқи натҷаҳои таҳлили маълумотҳо дар минтақаҳое, ки алоқаҳои анъанавӣ миёни волидон ва фарзандон мустаҳкам ҳастанд, шумораи худкушӣ камтар дида мешавад. Аммо дар ҷойҳое, ки муносибаҳои фарзандону волидон мустаҳкам нестанд ва назорати волидон заиф шудааст, дар он ҷойҳо зуҳуроти худкушӣ меафзояд.

Ҳамин тавр, дар ҷамъбасти мақола бо назардошти таҳлили далелҳои мавҷуда дар Тоҷикистон чунин омилҳои худкуширо номбар намудан мумкин аст:

  • Душвориҳо дар ҳаёти шахсӣ.
  • Ҷароҳати сахтӣ равонӣ.
  • Вазъи ногувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ: камбизоати, бекорӣ ва ғайра.
  • Аз даст додани шахсони наздик.
  • Низоъҳои пуршиддат.
  • Таҳдидҳо, даъвоҳои ҷинсӣ.
  • Бемориҳои равонӣ.
  • Нашъамандӣ
  • Майзадагӣ ва ғайраҳо.

 Барои пешгирӣ ва аз байн бурдани паҳншавии ҳодисаи худкушӣ бояд дар ҷамъият корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва машваратиро тақвият додан лозим аст. Гарчанде, ки ин вазифаи душвор аст ва коркарди васеи барномаҳои иҷтимоиро талаб мекунад, аммо дар амал тадбиқ намудани он аз манфиат холӣ нест. Баъдан, масъалаи нисбатан муҳим дар ин самт ташкил ва рушд додани ташкилотҳои иҷтимоию психологӣ оид ба пешгирӣ намудани зуҳуроти худкушӣ мебошад. Ин ташкилотҳо ҳаёти инсонҳоро ҳифз намуда, барои наздикони шахсони майли худкушидошта ва муҳити онҳо мушкилӣ эҷод намекунанд. Хусусияти кори иҷтимоию писихологии ин ташкилотҳо аз он иборат хоҳад буд, ки бо шахсони майли худкушидошта суҳбат намуда, ҳар гуна чорабиниҳо мегузаронанд ва қобилияти онҳоро барои раҳоӣ ёфтан аз афсурдаҳолию бунбаст (изолятсия)-и иҷтимоӣ ташаккул медиҳанд. Баъдан, муҳаббат ба зиндагӣ ва маҳорати бартараф намудани мушкилоти зиндагӣ аз айёми кудакӣ оғоз меёбад. Масалан, ба кӯдакон қадри зиндагӣ ва қобилияти мутобиқшавиро тавассути филмҳои тасвирӣ, афсонаҳо, асарҳои бадеӣ ва ғайра омӯзонидан мумкин аст.

 Барои пешгирии зуҳуроти худкушӣ дар мадди аввал омилҳои манфии дохили оилавиро бартараф намудан лозим аст, зеро барои шаҳрвандони мо оила муҳимтарин муҳити иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Аммо таваҷҷӯҳи асосӣ бояд барои муайян намудан ва аз байн бурдани низоъҳои иҷтимоие, ки боиси худкушӣ мегарданд, равона карда шавад.

Марамов Р

Гузоришҳои  Академияи  илмҳои  Ҷумҷурии  Тоҷикистон

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ.  Душанбе- «Дониш»  2019, №1 (005)

 

АДАБИЁТ:

  1. В Таджикистане суицид становится способом решения проблем [Электронный ресурс] // Сомонаи расмии marhabo. tj. Режим доступа: http: //marhabo. tj/index. php (дата обращения 09-12-18)
  2. Дюркгейм Э. Самоубийство. Социологический этюд. – М. : Мысль, 1994. - 399, [1] с.
  3. Моховиков А. Хрестоматия по суицидологии. – Киев, 1996. – 205 с.
  4. Моховиков А. Н. Суицидология. – М. : Когито-Центр, 2013. – 18 с.
  5. Самоубийство [Электронный ресурс] // Сомонаи расмии ТУТ (ВОЗ) https: //www. who. int – режим доступа: https: // www. who. int/ru/news-room/fact-sheets/detail/suicide.
  6. Сорокин П. А. Самоубийство как общественное явление // Социологические исследования. – 2003. – №2. – С. 104–114
  7. Худкушӣ - "девонагӣ"-е, ки пушаймонӣ меорад [Электронный ресурс] // Сомонаи расмии ozodi. org – Режим доступа: https: // www. ozodi. org/a/29162809. html (дата обращения 09-12-18).
Хондан 2042 маротиба