JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар замонҳои қадим ва ё мушаххасан бигӯем аз ҳазрати Зардушт оғози фалсафаи мардумони ориёитабор сарчашма мегирад, ки бетардид метавонем бигӯем, ки фалсафаву илми башарият низ аз ин сарчашма об хӯрдаасту мехӯрад. Шояд пеш аз ҳазрати Зардушт ҳам фалсафаву дониши инсоният арзи вуҷуд дошта бошад, аммо то замони мо танҳо гуфтори Зардушт дар шакли китоб омада расидааст, ки нахуст китоби инсоният ҳам “Авасто” хонда мешавад. Ҳамин тавр ворисони Зардушт дар тӯли таърих тавонистанд давомдиҳандаи афкору пиндори Зардушт бошанд ва дар илму фалсафаи ҷаҳонӣ нақши боризи хешро гузоранд.
Панҷшанбе, 16 Ноябри 2023 11:38

Марде фарҳангӣ дар ҷодаи муаллимӣ

Муаллиф:
(чанд андеша дар ҳошияи даргузашти як тан аз муаллимону фарҳангиёни варзидаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон акаи Одинабеки Қаландар) Ҳар гоҳ ки муаллиме варзида ва номвар аз олам чашм мепӯшад, ояндаи норавшани низоми маорифи ватанӣ ва вазъи ногувору буҳронии ҳайати муаллимон, ки новобаста ба мушкилоту уқдаҳои давру замон ҳамоно дар сафи мубориза алайҳи нодониву ҷаҳолат қарор доранд, пеши назар меояд. Воқеан, дар ҳоле ки хурофоту таассуби мазҳабӣ дар ҷомеа ташаннуҷ пайдо карда, насли наврасу ҷавон ба таври худогоҳу нохудогоҳ ба гирдоби худбохтагию беҳувиятӣ кашида мешавад, вазъи фикрию маърифатиро хуб қаламдод кардан дуруст нест. Махсусан, вазъи буҳронии…
Шанбе, 11 Ноябри 2023 04:37

Хирадгаро ва рӯшангари миллӣ

Муаллиф:
(шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи файласуф ва рӯшангари миллӣ Исомиддин Шарифзода) 11 ноябр рӯзи мелоди яке аз чеҳраҳои матраҳи рӯшангарии миллӣ Исомиддин Шарифзода аст, ки умри хешро вақфи хирадгаройӣ ва рӯшангарӣ намуда, дар ин масири мушкилписанди зиндагӣ ҳадафмандона, пайгирона, ҷасоратмандона, муваффақона ва бурдборона умрфарсоӣ мекунад. Исомиддин Шарифзода ҳанӯз аз ибтидои солҳои навадуми садаи бист ба ҷараёни рӯшангарии миллӣ пайваста, то имрӯз дар ростои шинохти мероси куҳанбунёди миллӣ, арзёбии илмию ихтисосии осори мутафаккирони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҷаҳонбинии фалсафӣ ва таблиғи дастовардҳои илмии башарӣ талош меварзад.
(паёмномаи ҷашнӣ ба муносибати зодрӯзи Меҳр Собириёни гиромӣ) 8 ноябр дӯсту ҳамепешаи меҳанпарасту фарзонаи миллӣ Меҳр Собириён зодрӯз дорад. Меҳр аз ҷумлаи нафарони саршиноси миллист, ки бо вежагиҳои мутафовите назири мавқеъгирии миллӣ, биниши фалсафӣ, сахткӯшии доимӣ ва дидгоҳи илмӣ миёни дӯстону ҳамназарони мо соҳибэҳтиром гардидааст. Илова бар ин, дар ҳама диду боздидҳо, мулоқоту вохуриҳо, нишасту маҳфилҳо, баҳсу мунозираҳо ва муколимаву гуфтугӯҳо вежагию мушаххасоти ҳувиятию шахсиятии Меҳр Собириён, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳо, ковишу ҷустуҷӯҳо ва мушоҳидаву мутолеоти бардавоми ӯ шакл гирифтаанд, буруз мекунанд ва ҳайсияти илмию эҷодӣ ва миллии ӯро ба намоиш мегузоранд.