JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 20 Майи 2024 13:01

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ – намунаи боризи зиёии миллӣ

Муаллиф:

(дар ҳошияи зодрӯзи дӯсти донишманд Ёрмуҳаммад Ниёзӣ)

   Мусаллам аст, ки дар ҳамаи давру замон неруи миллатсозу фарҳангофар зиёиён маҳсуб мешаванд ва рушду пешравии давлату ҷомеа ҳам ба ташаббусҳои созанда ва ибтикороти барномавии ин ниҳоди муассири иҷтимоӣ бастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, давлат ба ин қишри иҷтимоӣ такя карда, дар масири бунёдкорию созандагӣ ва таҳаввулоти сиёсию иҷтимоию иқтисодӣ аз ақлонияту зеҳнияти зиёӣ истифода мебарад. Дар феҳристи зиёиёни саршиноси ватанӣ, ки солҳои тулонӣ дар хидмати илму фарҳанги миллӣ камар барбаста, дар ҷодаи фарҳангпарварию илммадорӣ гомҳои устувор бардоштаанд, доктор Ёрмуҳаммад Ниёзӣ қарор дорад.

   Дар воқеъ, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ аз ҷумлаи пажуҳишгарону равшангарони варзидаи миллӣ дар фазои Истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад, ки таҳсилоти бунёдии худро дар риштаи филологияи араб гирифта, ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ ба маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”-и устод Комил Бекзода пайваста, аз ин тариқ ба фалсафа ва донишҳои илмӣ гироиш пайдо намуда,  то имрӯз дар самти мушкилписанди зиндагӣ, ки илм ном дорад, бурдборона ва ҳадафмандона заҳмат мекашад ва аз тариқи таҳқиқу ҷустуҷӯҳои бардавоми илмию эҷодӣ дар хидмати илму фалсафаи миллӣ қарор гирифтааст. Азбаски дар замони донишҷӯйӣ ба масоили ҷиддии фалсафӣ тавассути маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”-и устод Комил Бекзода ошно гардида буд,  дар заминаи худсозӣ сарнавишти минбаъдааш ба фалсафа гиреҳ мехӯрад ва таҳқиқро дар самти омӯзиши фалсафаи бузургтарин файласуфи миллӣ Ибни Сино идома медиҳад.

   Ёрмуҳаммад Ниёзӣ бар асоси маъхаз, сарчашма, манобеи таърихию адабӣ ва адабиёти навтарини илмӣ-таҳқиқӣ рисолаи арзишманде таҳти унвони “Назари муҳаққиқони муосири араб ба фалсафаи Ибни Сино” (-Душанбе, 2008) ба чоп расонида, соли 2010 дарҷаи илмии номзади илми фалсафаро дарёфт менамояд. Мавсуф солҳои зиёд дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба сифати омӯзгори фанни фалсафа фаъолият намуда, дар давоми солҳои 2008-2014 вазифаи мудирии кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи мазкурро бар уҳда дошт. Дар ин марҳила Ёрмуҳаммад ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани омӯзиши фанҳои фалсафӣ ва ҷамъиятӣ иқдомоти ҷиддиеро рӯйи даст гирифта, вобаста ба муҳтавои омӯзишу тадрис кафедраи нав бо номи “кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсият” таъсис дод. Ниёзӣ дар заминаи омӯзиши дастовардҳои навтарини илмӣ-методӣ ва такя ба методу усулҳои ҷадиди педагогӣ  дастури илмӣ-методие таҳти унвони “Моделҳои рушди шахсият” (-Душанбе, 2010) таълиф намуд, ки то имрӯз дар доираҳои донишҷӯйӣ минҳайси адабиёти зарурӣ мавриди истифода қарор мегирад.

      Дар баробари таълиму тадрис, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ омӯзиш ва таҳқиқро дар самти синошиносӣ ва фалсафаи миллӣ пайгирона идома дода, мақолоту гузоришоти зиёди илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврии ватанӣ ба табъ расондааст. Ёрмуҳаммад аз охири солҳои навадуми асри бист шуруъ карда, мутолеоти худро дар заминаи мавзуоти озодандешӣ, худсозӣ ва ҳувияти миллӣ тавсеа бахшида, китобу рисолаҳои ҷолиби фалсафиро муруру мутолеа карда, ҳосили бардоштҳои фикриашро дар матолиби илмӣ-оммавӣ мунташир намудааст. Агар ба матбуоти даврии мустақили солҳои дуҳазорум таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ дармеёбем, ки Ниёзӣ дар тарғиби ҷаҳонбинии фалсафӣ ва ҳувияти миллӣ аз тариқи нашру пахши матолиби ҷолиби илмӣ-оммавӣ саҳми сазовор гирифтааст. Махсусан, дар имтидоди солҳои 2013-2024 мақолоти зиёди Ёрмуҳаммад дар матбуоти даврии ватанӣ чоп шудааст, ки ба масоили рӯз – шаклгирии тафаккури илмӣ-фалсафӣ, бознигарии арзишӣ, сабабу иллатҳои инҳирофоти ақидатӣ, сабабу иллатҳои зуҳуру нуфузи ифротгаройии динӣ-мазҳабӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, роҳҳои бурунрафт аз буҳрони фикрӣ ва амсоли инҳо ихтисос ёфтаанд.

      Ниёзӣ аз соли 2012 ба ин сӯ сари мавзуи таснифи илмҳо дар фалсафаи машшоӣ таваҷҷуҳ намуда, ҳосили ҷустуҷӯ ва пажӯҳишҳояшро дар қолаби монографияи илмӣ зери унвони “Таснифи улум аз назари машшоиёни Шарқӣ ва таъсири он ба илми муосир” соли 2022 ба нашр расонида, дараҷаи илмии доктори илми фалсафаро дарёфт намудааст. Ба монографияи илмии Ёрмуҳаммад Ниёзӣ муҳаққиқони муосири тоҷик ва донишмандони ҳавзаҳои илмии берунӣ баҳои сазовор додаанд. Ин аст, ки Ёрмуҳаммад Ниёзӣ дар доира ва ҳавзаҳои илмию ихтисосии ватанӣ ба унвони “таснифгари илм” шинохта мешавад ва ин самти муҳими таърихи фалсафаро мушикофона дунбол мекунад.

     Ёрмуҳаммад Ниёзӣ дар ростои мудирияти раванди ташкилӣ, эҷодӣ ва илмӣ-пажӯҳишӣ собиқаю таҷрибаи зарурӣ касб намуда, ҷиҳати дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илму эҷоди ватанӣ саъю талош меварзад.  Мавсуф аз ҷумлаи ташкилкунандагони ниҳоди нави илмӣ-пажуҳишӣ – Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз замони таъсисёбӣ – марти соли 2017 то марти соли 2024 дар симати директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият карда, аз тариқи ташаббусоту ибтикороти шахсӣ дар таҳкими раванди ташкилӣ, эҷодӣ, пажӯҳишӣ ва рушди илми ватанӣ саҳми муносиб гузоштааст.

         Бо ба пардохтан ба фаъолияти раҳбарӣ, Ёрмуҳаммад хуб дарк кард, ки умури ташкилӣ, идорӣ, пажуҳишӣ, илмӣ, таблиғӣ ва эҷодӣ дар Институт аз бисёр ҷиҳат ба роҳандозии пружаи таҳлилӣ-иттилоотӣ, ки аз тариқи пойгоҳ-сомонаи расмӣ татбиқ мегардад, бастагӣ дорад. Бинобар ин, яке аз ибтикороти арзандаи Ёрмуҳамад Ниёзӣ дар замони раҳбарӣ таъсиси сомонаи Институт “osiyoavrupo.tj” дар сентябри соли 2018 буд, ки дар ибтидо бо як забон (тоҷикӣ) маҷмуаи матолиби марбутаро дар фазои маҷозӣ пахш мекард. Дар давоми тақрибан 5 сол сомонаи  “osiyoavrupo.tj”-и Институт дар фазои маҷозӣ масъулияти худро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ба роҳ монда, тақрибан 1400 мавод пахшу нашр карда, ба яке аз фаъолтарин сомонаҳои академии кишвар мубаддал гашт. Бар мабнои сомонаи “osiyoavrupo.tj”-и Институт, ҳамчунин сомонаи Маҷаллаи “Осиё ва Аврупо” низ таъсис дода шуд ва бо сифатан тағйир ёфтани шароит дар охири соли 2022 зарурати аз нав сохтани сомона бо се забон ба миён омад. Ин буд, ки аз аввали соли 2023 сомонаи Институт ва сомонаи Маҷаллаи “Осиё ва Аврупо” навсозӣ шуданд. Акнун ҳар ду сомона бо се забон мавод пахшу нашр менамоянд ва дар фазои маҷозӣ фаъолияти худро тақвият медиҳанд. Дар зимн, тамоми маводи солҳои пешин таҷдиду навсозӣ шуда, ба сомонаи нав интиқол ёфтанд.

       Бояд таъкид кард, ки дар даҳ моҳи охир сомонаи Институт зиёда аз 3600 хонанда доштааст, ки барои як сомонаи академӣ нишондиҳандаи хуб мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 62 кишвари ҷаҳон ба ин сомона ворид шудаанд ва дар маҷмуъ, 34 000 маротиба аз саҳифаҳои он дидан кардаанд. Феълан дар сомонаи “osiyoavrupo.tj”-и Институт зиёда аз 300 маводи илмӣ-оммавӣ, 86 мақолаи илмӣ ва 5 китоб ҷойгир шудааст. Ба ин тартиб, аз тариқи кори муназзаму муваффақи сомонаи “osiyoavrupo.tj”-и Институт  яке аз вазифаҳои асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон -- тарғибу ташвиқи донишҳо ва дастовардҳои илмӣ бо мақсади ташаккули ҷаҳонбинии илмию техникии аҳли ҷомеа ҳадафмандона амалӣ шуда истодааст. Ҳатто пас аз анҷоми маъмурияти раҳбарӣ ҳам Ёрмуҳаммад Ниёзӣ масъулияту рисолати хешро дар заминаи таҳкими корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, боло бурдани сатҳи ҷаҳонбинии фалсафӣ, тарғиби дастовардҳои илми ватанию башарӣ ва тақвияти раванди худогоҳию худшиносии миллӣ ҳадафмандонаю муваффақона иҷро мекунад.

        Ёдовар мешавем, ки Ёрмуҳаммад Ниёзӣ аз соли 1996 инҷониб узви фаъоли маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” буда, солҳо мудирияти маҳфилро бар уҳда дошт. Ба ин маъно, Ниёзӣ, қабл аз ҳама, парварда ва кадри маҳфили “Ҷаҳони андеша” аст ва дар ташаккул ва рушди шахсияти илмию эҷодии ӯ муассиси маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” файласуфи муосири миллӣ устод Комил Бекзода нақши калидӣ дорад. Мо, аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” аз ҳар муваффақияту комёбии илмию эҷодии Ёрмуҳаммад Ниёзӣ меболему ифтихор мекунем.

        Воқеан, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ намунаи боризи як зиёии сарсупурдаи ватанист, ки хидмат ба илму фалсафаву фарҳанги миллиро шараф меҳисобад. Илму фалсафаи муосири миллӣ ва ҷомеаи мадании тоҷик аз Ёрмуҳаммад Ниёзӣ интизориҳои зиёде дорад ва дар роҳи дар амал татбиқ намудани барномаҳои минбаъдаи илмию эҷодӣ ва фарҳангӣ ба дӯсти донишмандамон муваффақияту комёбиҳо таманно мекунем. 

      Дар зимн, 20 май ду адиб ва шоири саршиноси миллӣ -- устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ зодрӯз доранд ва маҳз дар ҳамин рӯз дӯсти донишманди мо Ёрмуҳаммад Ниёзӣ ҳам, ки пайрави кору пайкори бузургони илму адаби миллист, зода шудааст. Аз ин ҷост, ки тавъамии зодрӯзи дӯсти мо бо рӯзи мавлуди бузургоне чун Муъмин ва Лоиқ сарнавишти минбаъдаи Ёрмуҳаммадро рақам задааст. Албатта, дар тағйири сарнавишти шахсӣ, қабл аз ҳама, ҷаҳду талошҳои фаровони эҷодӣ, ибтикороти фардӣ ва худсозиҳои шахсии Ёрмуҳаммад кумак карда, ӯро дар сафи муҳаққиқону файласуфони саршиноси миллӣ қарор додаанд.

      Бо истифода аз фурсат зодрӯзи дӯсти донишмандамон Ёрмуҳаммад Ниёзиро шодбош гуфта, барояшон сиҳатию болидаруҳӣ, саодату хушбахтӣ, комёбиҳои илмию эҷодӣ ва муваффақияту пирӯзӣ хоҳонем.

Зодрӯз фархунда ва хуҷаста бод, дӯсти донишманд Ёрмуҳаммад Ниёзӣ!

   

 

              Бо эҳтиром,

              аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

              20 майи соли 2024

 

Хондан 2140 маротиба