JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 16 Майи 2024 12:28

Боз ошиқ шаваму зиндагӣ аз сар гирам…

Муаллиф: ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА

 Оре, ҳар кас барои корест,

Ҳар шер сазои марғзорест.

Ҷомӣ

  Дар  ҳақиқат,  ҳар  касеро  баҳри  коре  офаридаанд…  Аз  ин нуқтаи  назар,  мо  мегӯем,  ки  Баҳодурро  маҳз  барои  ҳунар,  овозхонӣ, оҳангсозӣ  халқ  кардаанд, зеро тору пуди вуҷудаш аз матои ҳунар танида  шудааст,  ҳунари  асил  ва мондагор  дар  бустони  мусиқию овозхонии  тоҷик.  Ба  қавли  шоир:

Табъи ту барои хуш сурудан,

Ақли ту пайи гиреҳ кушудан.1

  Ин  ҷониб  бо  овозхони  маҳбуб  Баҳодур  Неъматов  тавассути  яке аз  рафиқонам,  ки  Тоҳир  ном  дошт  ва  ба  навозандагию  овозхонӣ иштиғол  меварзид,  ошно  шудам. Ӯ ҳамроҳи  Баҳодур ба суру маъракаҳо  мерафт  ва  овозхонию  навозандагӣ  мекард.  Навозандаи ҳассос  ва  дорои  фаҳмиши  волои  мусиқӣ буд. Баъдан шуғли овозхониро  раҳо  кард  ва  ба  кори  дигар  гузашт.

    Ногуфта  намонад,  ки  банда  низ  то  ҷое  ба овозхонӣ иштиғол  доштам  ва  каму  беш  ба сабки овозхонии мардумӣ  (куҳистонӣ),  ба  вижа  Дустмуроди  Алӣ  ва  эстрадӣ,  овозхонҳои  Афғонистон,  алалхусус  Аҳмад  Зоҳир,  овозхонӣ  мекардам.  Аз  ин  рӯ, Баҳодур  пас  аз  ин  ошноӣ  гоҳ – гаҳ  маро низ ҳамроҳи худ ба маъракаву  тӯйҳо  мебурд.  Албатта,  Тоҳир  ҳамеша  ҳамроҳамон буд. Дигар,  банда  на  танҳо  бо  Баҳодур,  балки  бо  бародараш,  шодравон  Бурҳон  низ  ошно  шуда  будам.  Ӯ  низ  овозхони муваффақ буд. Хусусан  ба  сабки  Аҳмад  Зоҳир  ишқу  алоқаи зиёд дошт, аммо корҳояш  эҷодкорона  буд  ва  овозхоне  то  ҳад  соҳибсабк маҳсуб мешуд.  Дареғ,  ки  дар  айёми  ҷавонӣ,  авҷи  камолоти  эҷодӣ  дунёро падруд  гуфт.  Шеърҳое,  оҳангҳое нохонда монд, аммо бо ҳамон оҳангҳои  хондааш  дар  олами  мусиқии  тоҷик  ҷойгоҳи  хос  пайдо кард.  Мо  бо  Бурҳон  ҳамкориҳое  низ  доштем,  зеро  Бурҳон  на  фақат овозхон,  балки  оҳангсоз  ҳам буд. Чанд оҳангаш маро ва сомеъонро хуш  меомад.  Ба  масал  оҳангҳое,  ки  ӯ  ба матни шеърҳои Лоиқ («Ҳусни  ту  бо  дилрабоӣ  мекушад  охир  маро,  Дарди  ту  бо  худнамоӣ  мекушад  охир  маро»),  Ғоиб  Сафарзода  («Агар  хоҳӣ маро ёбӣ,  зи  роҳи  рост ҷӯён шав, Маро дар ҷӯши баҳри зиндагист маъво, ҷӯён  шав»),  Раҳмат  Назрӣ  («Шаҳри  серодаму  танҳоии  ман») ва ғайра.  Гузашта  аз  ин,  Бурҳон  як – ду  оҳанги бандаро такмил додаву  овозхонӣ  низ  карда  буд.  Мо бо ҳам гоҳ – гаҳ машқу тамрин ҳам  мекардем.  Ӯ  сирф  эстрадӣ  мехонд  ва  дар  ин  самт муваффақ  буд, аммо  банда  низ  ба ғайр аз сабки мардумӣ (куҳистонӣ) ба сабки эстрадӣ,  ағлаб  таронаҳои  Аҳмад  Зоҳирро мехондам,  аммо чандон муваффақ  намешудам,  лиҳозо,  Бурҳон бо шухию ҷиддӣ мегуфт, ки ту он  таронаҳои  эстрадиро  мардумӣ  (куҳистонӣ)  карда  мехонӣ.  Хулоса, мо  бо  ҳам  ҳамкориҳои  ҳунарӣ  доштем. Афсӯс, тавре ки гуфтем, Бурҳон  дар  айёми  ҷавонӣ шарбати маргро чашид… Ҷояш ҷаннат, руҳаш  шод  бошад.  Ба қавли шоир:

Дар даҳр баҳор асту хазон аст, валекин

Афсӯс тавон хурд бар он гул, ки ҷавон рафт.2

    Бармегардем  ба иртиботи   ману  Баҳодур.  Тавре ки гуфтем, Баҳодур   баъди   ошноӣ   маро   ҳам  гоҳ – гаҳ ба тую маъракаҳо мебурд. Ин  ҷониб,  ки  овозхони  тахассусӣ  набудам,  ҳангоми  овозхонӣ  аз  зарб  берун  мешудам,    аммо  Баҳодур  нодида мегирифт,  боз  ҳам  маро   гоҳе  ҳамроҳаш  мебурд. Ӯ  маро  сахт  эҳтиром  мекард  ва  ҳануз  ҳам  мекунад.  Албатта,  ин  аз  одамияти  баланди ин овозхони  маҳбуб  ва  соҳибсабк  дарак  медиҳад.  Ростӣ, ман ба шахсияти  ӯ  эҳтироми  зиёд  қоилам  ва  ӯ  бароям  намунаи  ибрат аст,  зеро  вай  шахсияти  ҳалиму  меҳрубону  мутамаддин  аст.  Ин  барои  онҳое,  ки  бо  ӯ  сару  кор    доранд,  як ҳақиқати  мусаллам  аст.  Аммо  ҳунари  ӯ,  овозхониаш  низ қобили васфу  ситоиш  аст.  Аввалан, аз завқу салиқаи хуби овозхонӣ ва фаҳмиши  баланди  мусиқӣ  бархӯрдор  аст.  Зарбу  оҳангро  хуб  ҳис мекунад.  Хусусан  шеърро  хуб  мефаҳмад  ва  дар интихоби  он маҳорати  хос  дорад.  Лиҳозо,  дар  байни  шеър  ва  оҳангҳояш  ҳамеша  таносуб  риоя  мешавад.  Мавқеъшинос  аст,  медонад  дар  куҷо  чиро хонад,  кадом  шеърро  ба  кадом  оҳанг  иҷро  намояд.  Гузашта  аз  ин,  ӯ,  ки  як  овозхони  сирф  эстрадӣ  аст,  дар  сурудани  оҳангҳои   классикӣ ва  мардумӣ  низ  моҳир  аст.

     Бояд  гуфт,  ки   барои  ман  шеъру овозхонию   оҳангҳои  Баҳодур,     пеш  аз  ҳама,  шеъри  «Шаб  ба  хайр»,  ки  на  танҳо замоне,  балки  ҳамеша  ба  сифати  як  шеъру  оҳанги  муд  садо  медиҳад ва  поёнбахши  тую  суру  маъракаҳо маҳсуб  мешавад,  писанд  аст. Воқеан,  агар  Баҳодур  танҳо   бо сурудани  ин  суруд  ва  чанд  таронаи дигараш, ки аз шоҳкорҳои мусиқии моянд,  иктифо  мекард  ва  дигар  оҳанге  эҷод  наменамуд,  боз  ҳам  барои шуҳрату  ҷовидонагиаш басанда буд. Ногуфта  намонад,  ки  ин шеър гимнномаи мусиқии  мост,  зеро  онро  ҳамагон  ва  дар  ҳама  ҷо,  ба  вижа  дар поёни маҷолису  маҳофилу  тую  сур,  мехонанд.  Аз  ин  лиҳоз, ягон оҳангу шеъри  овозхони  дигар  дар  кишвар   ба  ин  ҳад  ҳамагир  нест.  Мебарозад,  ки  ӯ  ба ин  оҳангаш  ифтихор  намояд.  Ин  оҳангу  матни   ӯ  мисли  матну  оҳанги  гимни  Тоҷикистон,  ки  устод  Гулназар  эҷод  кардааст ва  кишвар  бо  садои  он  бедор  мешавад,    як  навъ  ташобуҳ  дорад,  зеро, ба  гунае   ки  гуфтем,  ҳар овозхон,  дар  ҳар  маъракае,  ки  набошад,  ин  оҳангро  дар  поёни овозхонии  худ  замзама  менамояд.  Ин,  бешубҳа,  аз  иқболи  баланди Баҳодур  дар  ҷодаи  ҳунар  ва  овозхонӣ  хабар  медиҳад:

Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт

Дар талоши қисмату номусу ном.

Боз як хуршед моро тарк гуфт,

Моҳи нав пайдо шуд андар бурҷи шом.

Шаб ба хайр, эй ҳамнишинон, шаб ба хайр!

 

Боз як рӯзе гузашту даррабуд

Сафҳаеро аз китоби зиндагӣ.

Эй хуш он кас, ки дар ин радду бадал

Ҷӯяду ёбад ҳисоби зиндагӣ.

Шаб ба хайр, эй дӯстдорон, шаб ба хайр!..3

    Воқеан,  ин  шеъру  ин  оҳанг  мисли  байти  зери  Нозими  Ҳиротӣ дар  ҷомеа  мақом  дорад,  зеро   онро  низ  дар  поёни  ҳар  маҳфил,  ҳар маҷлис  мехонанд  ва  бо  аҳли  базм  худоҳофизӣ  менамоянд:

Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест,

Гар умр ҳаст, дида ба дидор мерасад.4

    Албатта,  оҳангҳои  дигари  ӯ,  ки  бар  шеърҳои «Сулҳ» (Боқӣ Раҳимзода), «Боз ошиқ шаваму  зиндагӣ  аз сар гирам» (Лоиқ), «Бути нозанинам» (Лоҳутӣ), «Чун  теғ  ба  даст  орӣ,  мардум  натавон  кушт»  (Рӯдакӣ),  «Эй  ишқ,  сӯи  ҷони  ман  хуш  омадӣ,  хуш  омадӣ» (Раҳмат  Назрӣ)  ва  ғайра  баста  шудаанд,  низ  бароям  дилпазиранд  ва онҳоро  бо  шавқу  завқ  ва  эҳсоси  баланд  гӯш  мекунам,  лаззат мебарам.

    Ёд  дорам,  ки  вақте  Баҳодур  аз  Афғонистон,  ки ба сафари ҳунарӣ  рафта  буд,  баргашт, бароям кассетаи «Аҳмад Зоҳир дар маҷлис» – ро  овард  ва  ҳадя  кард,  зеро ӯ медонист, ки ин ҷониб мухлиси  ашаддии  Аҳмад  Зоҳирам. Аммо худи Баҳодур Сорбонро бештар  меписандид  ва гӯш мекард. Воқеан,  он кассетаро, ки Аҳмад Зоҳир  дар  як  маҳфил  овозхонӣ  ва  суханронӣ  кардааст,  пайваста  гӯш мекардам. Мутаассифона,  баъдан  бачаҳо  онро  куҷое  карданд,  аммо суханронии  Аҳмад  Зоҳир  ҳанӯз ҳам  дар  гӯшам  гуворо  садо  медиҳад, ки   мегуфт:  «Шунавандаҳои  азизу  гиромӣ,  ма  аз  шумо  як  хоҳиш  мекунум, ки  имшаб  шаби  бисёр  бузургест,  ки  ма – ҳунарманди  радиои  Афғонистон  ва  ҳунарманди   радиою телевизиони Афғонистон    орзуманд  астум,  ки  имшаб, ростӣ  чизҳоеро,  ки  ма  дар  ҳунар гум  карда  будум,  чизҳоеро,  ки  ма  дар  ҳунар  наёфта  будум,  чизҳоеро, ки  ма дар  ҳунар,  истеъдоди  азиро  надоштум,  ки  ҳунар   ба  сифати  як машъал  тамоми  торикиҳои  ҳунарро  бароям  равшан  бисозад  ва  барои  ма  имрӯз  равшан шуд…».5

   Зимнан ин  ҷониб  дар  як ё ду барномаи телевизионӣ  ҳамроҳи Баҳодур (дар телевизиони  «Сафина»)  ширкат  доштам.  Албатта,  ин  бароям  мояи ифтихор  аст,  ки  ҳамроҳи  ҳунарманде  чунин  маъруф  дар  барномаҳои телевизионӣ  суханронӣ  кардам. Ба вижа дар барномае, ки ба Рӯзи забон ихтисос мегирифт. Баҳодур  шеър  мехонд, банда  дар бораи забонамон,  мақоми  он  изҳори  назар мекардам, каломамро бо овардани  ашъори  адибон  тазйин  мебахшидам.  Мисли ин абёт:

Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,

Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.6

Унсурӣ

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шакар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст…7

Иқбол

      Мусаллам  аст, ки шоир, нависанда, овозхон, умуман, аҳли ҳунар ва эҷод  якбора  асару оҳанги олӣ ва шоҳкор намеофаранд, балки муддати  мадиде  осори  пешгузаштагону  ҳамзамонони худро меомӯзанд,  дар  олами  эҷод  даст  ба  хушачинӣ  мезананд,  тадриҷан,   яъне  оҳиста – оҳиста  пайраҳои  хешро  пайдо  менамоянд  ва  билохира соҳиби  сабки  мустақили  худ  мегарданд.  Хоҳ  шоир,  хоҳ  нависанда, хоҳ  рассом,  хоҳ  оҳангсоз,  хоҳ  овозхон,  ҳама  ин  роҳро  мепаймоянд. Баҳодур  низ  дар  роҳи  эҷод  ин  қонунмандиро   аз   сар  гузаронда,   аз  меваҳои  лазизи  аҳли  ҳунар  коми хешро  ширин  карда,  яъне  дар  натиҷаи  заҳмату  омӯзиши  мудаввом  ба дараҷаи  яке  аз  овозхонони  маҳбуби  эстрадӣ  расидааст.  Ӯ  ҳар  оина  аз мактаби  овозхонии  Шоҳназар  Соҳиб,  Боймуҳаммад  Ниёзов,  Шариф Ҷураев,  Абдулло  Назриев,  Хуршед  Алидодов,  Зафар  Нозим,  Одина Ҳошим,  Ҷурабек  Муродов  ва  овозхонони  Афғонистону  Эрон  ва  ғайра  сабақи  эҷод,  овозхонӣ,  оҳангофаринӣ  омӯхтааст.  Аммо,  хушбахтона, тақлиди  маҳз  накарда  ё  дар  доираи  нусхахонӣ  намонда,  балки  бо роҳу равиши  хос,  лаҳни  хос  ва  ҳанҷараи  худаш  хондааст,  ки  онро  ҳанҷараи Баҳодур  ё  сабки  овозхонии  Баҳодур  меноманд.  Ин  авомил  барои муаррифии  як  чеҳраи  хоси  ҳунарӣ  корсозанд.  Овозхоне  мисли  Баҳодур, ки  аз  оғоз  саъй  бар  пайдо  кардани  роҳу  равиши  хос  дар  олами  овозхонӣ карда  ва  имрӯз  ба  дараҷаи  овозхони  соҳибсабку  соҳибмактаб  расидааст. Лиҳозо,  сурудаҳову  оҳангҳояшро  дигарон  мехонанд,  ба  садояш,  ба лаҳнаш  бо  тарзи  хонишаш  пайравӣ  менамоянд.  Ин  беҳтарин  мукофот аст,  барои  Баҳодур,   ки  дар  рушду  камоли  мусиқию  овозхонии  тоҷик,  ба вижа  эстрадаи  он,  саҳми  муносиб  гузошта  ва  мегузорад.

      Дигар,  аз  вижагиҳои  шахсию  ҳунарии  Баҳодур  огоҳии  ӯ  аз  шеъру адаби  гузашта  маҳсуб  мешавад.  Ӯ  аҳли  мутолиа  аст,  ҳамнишини  китоб аст,  осори  шоирони  бузургамонро,  ки  на  танҳо  аз лиҳози  маънӣ,  балки  мусиқӣ  низ  дар  дараҷаи  баланд  қарор  доранд, пайваста  мутолиа  менамояд.  Аз  ин  рӯ,  ӯ  беҳтарин  ашъорро  барои овозхонӣ  бармегузинад,  ашъоре,  ки  ҳам  аз  лиҳози  маънӣ,  ҳам  аз  лиҳози лафз  якдаст  ва  дорои  мусиқии  дарунию  берунӣ  бошанд  ва  ба сомеъ  таъсир  бирасонанд,  лаззат  бибахшанд.  Дар воқеъ,  вазифаи  як  овозхони  хуб ҳам  ҳамин  аст,  ки  диққати  шунавандаро  ба  худ  ҷалб  намояд,  зери  таъсири  худ  қарор  бидиҳад  ва  мояи  тафреҳу  оромиши  руҳу  равони  ӯ  ва  баровардани  хастагиаш  гардад,  зеро,  ба қавли  Ибни  Сино,  «инсон  бояд  пас  аз  анҷоми  кори  сахте  ба  ҷустуҷуи истироҳат  ва  осоиш  дарояд.  Ӯ  василае  ҷӯяд,  ки  аз  савту  навои  руҳбахши созу  наво  мондагиашро  рафъ  намояд. Мусиқӣ,  алҳақ,  чунин  ҳолатҳоеро,  ки  дар  инсон  ба  вуҷуд  ба  вуҷуд  меояд,  аз байн  мебарад.  Табъи  ӯро  чун  гулистон  муаттар,  рангинтар  мекунад.  Мусиқӣ  барои  кашшофиҳои  нодир  воситаи  хубе  мегардад.  Ба  дилҳо  сурур,  завқ  ва  илҳоми  саршор  илқо  менамояд…».8  Пас,  ҳунарманд  муваззаф  аст,  ки баландтарин,  олитарин  шеърро  барои  бастани  оҳанг  интихоб  намояд ва қабл  аз  ҳама  аз  осори  саромадони  адабиётамон.  Хушбахтона,  Баҳодур дар  ин  амр  чеҳрае  муваффақ  аст  ва  ашъореро,  ки  аз осори   устод  Рӯдакӣ, Саъдӣ, Мавлавӣ,  Ҳофиз,  Камол,  Носири Бухороӣ, Сайидо,  Лоиқ,  Раҳмат  Назрӣ,  Ғоиб  Сафарзода, Камол Насрулло, Назри Яздонӣ  ва ғайра  барои  овозхонию  оҳангсозӣ  баргузидааст,  ҳам  аз  назари мазмуну  муҳтаво  ва  ҳам  назари  лафзу  оҳанг  қобили  ситоишанд.  Лиҳозо,  аз ҷониби  шунавандагон  хуш  қабул  ва  пазироӣ  мешаванд.

Хулоса,  Баҳодурро  банда  на  танҳо  ба  сифати  як  ҳунарманди маъруфи  кишвар,  балки  ба  масобаи  як  бародар  мешиносам,  ҳурмат  мекунам,  ба  шахсияту  ҳунарш  арҷ  мегузорам.  Лиҳозо,  ӯро  ба муносибати 70 – солагии  зодрӯзаш  табрик  менамоям  ва  аз   забони  шоир  мегӯям:

Вуҷудат зи ҳар офат обод бод,

Зи ақлат ҷаҳон ҳикматобод бод!8

          

 ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА

Пайнавиштҳо:

  1. Савтҳои Ховар. –Душанбе: Ирфон, 1986. –С.68.
  2. Садриддин Айнӣ. Куллиёт. –Ҷ.2. –Душанбе: Дониш, 2020. –С.360.
  3. Лоиқ. Варақи санг. –Душанбе: Ирфон, 1980. –С.181.
  4. Девони Нозими Ҳиравӣ. – Машҳад, 1374. –С.228.
  5. Аз матни кассетаи «Аҳмад Зоҳир дар маҷлис».
  6. Сабақи Рӯдакӣ. Китоби якум. –Душанбе: Ирфон, 1984. –С.70.
  7. Муҳаммад Иқбол. Пайғоми Шарқ. –Душанбе: Адиб, 1987. –С.42.
  8. Муаллифони немис дар бораи Ибни Сино. Садои Шарқ, 1980, №7. – С. 155.    
  9. Абдураҳмони Ҷомӣ. –Душанбе, 2014. –С.38.     
Хондан 2215 маротиба