JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 05 Июли 2024 10:06

Шоири миллӣ ва мавқеияти давлатӣ

Муаллиф:

 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адиб ва шоири миллӣ Адибаи Хуҷандӣ)

   Мусалламан, аз ҷумлаи бонуадибони муосири миллӣ хеле кам касонеро мешиносем, ки доир ба масоили доғи рӯз, бахусус мушкилоти иҷтимоию фикрии ҷомеа аз дидгоҳи илмӣ-мантиқӣ ва миллӣ-дунявӣ бархурд карда бошанд ва дар баробари таҳдиду чолишҳои муосир, ки бар ҳастию ҳайсияти миллат садама мезананд, ҷуръатмандона истод шуда, бебокона аз ҳувият ва арзишҳои миллӣ дифоъ менамоянд. Дар ҳоле ки садҳо адиб, шоир, нависанда, донишманд, муҳаққиқ, рӯзноманигор ва дар маҷмуъ, зиёие дорем, ки масруфи умури шахсию ихтисосии худ шуда, худнамоию риёкориро пеша намуда, ба сарнавишти давлату миллат эътиное накарда, дар баробари таҳдиду хатарҳои минтақавию глобалӣ сукут варзида, тамошобин шуда, ба қавли мардумӣ, “агар дунёро об барад, парвое надоранд”. Аммо миллат аз ҳисоби бонувони ҷуръатманд ангуштшумор нафароне ҳам дорад, ки новобаста ба мақому ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва тааллуқоти сиёсию маданӣ дар саргаҳи муборизоти миллию мафкуравӣ қарор гирифта, аз тариқи сухану хома алайҳи ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу хурофот, ки бавуҷудоварандаи мусибату бадбахтии миллатанд, ҳадафмандона мубориза мебаранд. Хушбахтона, дар ин радиф шоири муосири миллӣ Адибаи Хуҷандӣ қарор дорад.

   Воқеан, Адибаи Хуҷандӣ, ки солҳои дароз тавассути шеъру адабиёт дар хидмати миллату давлат қарор гирифтааст, рисолати адабӣ, иҷтимоӣ, ихтисосӣ ва миллии худро дуруст иҷро карда, саъю талош меварзад, ки на танҳо бетарафу тамошобин набошад, балки  дар баробари ҳар чолишу мушкилот ва уқдаву муаммоҳои замон, ки боиси талхии  рӯзгори мардум мегарданд, вокуниш мекунад. Рисолати адабию иҷтимоӣ, аз як тараф ва масъулияту эҳсосу ифтихороти баланди миллӣ, аз тарафи дигар, Адибаро водор месозанд, ки нисбат ба ҳар падидае, ки ба ҳастию ҳувияти миллат таҳдид мекунад, ҳассос бошанд ва ба кулли падидаҳо бар мабнои мавқеияти миллию давлатӣ бархурд намуда, баҳои мунсифонаи саривақтӣ бидиҳанд. Ин аст, ки  кунишу вокунишҳои Адиба дар робита ба масъалаҳои ҳассосу доғи рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки солҳост ба майдони фарохи баҳсу мунозироту муҷодилоти катбию лафзӣ бадал гардидааст, аз шахсияти матраҳи миллию дунявӣ будани ӯ дарак медиҳанд. Мунтаҳо, кунишу вокунишоти Адиба ҷанбаи мантиқӣ, илмӣ, миллӣ ва дунявӣ доранд, ки ин навъ мавқеъгирӣ ва ба истилоҳ, ориентатсияро дар дигар адибон кам метавон мушоҳида кард. Бо ҷуръату ҷасорати тамом сари масъалаҳои ҳассоси замон баҳс кардан, бо хурофоту таассуби мазҳабӣ бидуни тарсу ҳарос дасту панҷа нарм кардан (дар ҳоле ки соири адибону донишмандону зиёиён хомӯшию сукутро ихтиёр карда, одитарин вокунишеро дар баробари хурофазадагону мутаассибони дохилию хориҷӣ анҷом намедиҳанд),  аз таҳдиду ҳангомапароканиҳои риёкорону мутаассибон наҳаросидан, сари арзишҳои миллию дунявӣ тамаркуз намудан, дидгоҳи мантиқию миллӣ доштан ва билохира минҳайси як бонуи асили муборизи миллат ҳунарварӣ ва хомафарсоӣ кардан Адибаро миёни ҳавзаҳои адабӣ, муҳити маданӣ ва фаъолони иҷтимоӣ соҳибэҳтиром кардааст. Ин аст, ки Адиба бо сабки вежаи назмӣ, катбӣ, кунишӣ ва вокунишӣ симои як адиббонуи матраҳи миллӣ-дунявиро ба тамоми маъно ифода мекунад ва табиист, ифтихори мост.

    Аз фурсати муносиб истифода намуда, зодрӯзи Адибаи гиромиро шодбош гуфта, барояш ситҳатию тандурустӣ,  қудрату тавонмандии фикрӣ, ҷуръату ҷасорати эҷодӣ ва ҳолу ҳавои ҳамешагии миллию дунявиро таманно мекунем. Воқеан:

      Эй Адиба, мабдаи шеъру шиори мостӣ,

      Бегумон, ҳусни ғуруру ифтихори мостӣ!     

    Зиҳӣ, модароне, ки Адиба барин бонувони пурҷасорати миллиро ба дунё овардаанд!

    Зодрӯз фархунда ва хуҷаста бод, Адибаи гиромӣ!

     

   

         Бо эҳтиром,

 аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

 

Хондан 1247 маротиба