JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 29 Июли 2024 05:01

Донишманди хирадпеша, инсондӯст ва меҳанпараст (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адабиётшинос, фарҳангшинос ва омӯзгори варзидаи тоҷик Нозим Нурзода)  

Муаллиф:

  Кору фаъолияти пурсамар ва муносибати сатҳи баланди адабиётшинос, фарҳангшинос ва омӯзгори варзидаи тоҷик Нозим Нурзода шахсияти ӯро ба ҳамкорону ёру дӯстон муаррифӣ менамояд. Ҳамагӣ донишмандӣ, хирадпешагӣ, инсондӯстӣ ва меҳанпарастии ӯро эътироф намуда, ҳамчун инсони комил қабулаш доранд. Дар баробари ҳама хислатҳои хуби худ Устод Нозим Нурзода бо як иродаи қавӣ дар кору фаъолияти ҳаррӯзаи хеш хеле сахткӯшӣ мекунад. Ин аст, маҳсули эҷодӣ ӯ хеле босифат, ҳадафнок ва мубрами замон аст. Борҳо шоҳиди он будем, ки аҳли илму фарҳанг аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистони азиз, баъди хондани мақолаҳояш ба ӯ занг мезананд ва изҳори қаноатмандиву миннатдорӣ мекунанд. Ин мақоми иҷтимоӣ ва эътирофи ҷамъиятии устод Нозим Нурзода барои ҳар як қаламбадаст ва донишманду донишҷӯ намунаи ибрат мебошад.

 Яке аз донишмандони тоҷик устод Нозим Нурзодаро чунин муаррифӣ карда буд: Нозим Нурзода бо доштани дониши васеъ муносибати баланди инсониро доро мебошад. Ҳамчун олим бениҳоят сахткӯш буда, ҳамеша пӯёву ҷӯёст. Ҳамчун раҳбар ҳеҷ гоҳ худро аз ҳамкорон боло намедонад ва бо ҳама муносибати самимонаи инсонӣ дорад. Ҳамчун дӯст ҳамеша барои дастгириву кумак омода буда садоқатпеша аст. Ин хислатҳои накӯи Устод омили обрӯи рӯзафзуни ӯ дар назди дӯстону ҳамкорон гардидааст.

Аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” дӯст ва бародар ва узви фаъоли маҳфил Нозим Нурзодаро бо зодрӯзашон самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодиашон комёбиҳоро таманно мекунанд. Бигзор доимо хушбахту саломат бошанд ва дар фазои илмии Тоҷикистони азиз парвозҳои аз ин ҳам баландтар дошта бошанд. Боварии комил дорем, ки донишмандиву фарҳехтагӣ, дақиқназарӣ, инсондӯстиву меҳанпарастии ин фарҳангшиноси барҷаста ва омӯзгори садоқатпешаи тоҷик дар ояндаи наздик ӯро ба ҳамаи орзуву ҳадафҳояш мерасонад. Билохира, орзуву ҳадафҳои ин шахсияти некусиришт бо пирӯзии Тоҷикистони азиз ва хушбахтиву сарбаландии мардуми он пайваст мебошад. 

Зодрӯз фархунда бод, Устоди арҷманд!!! Ба шумо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем. Бигзор қалами шумо тезу бурро боқӣ монда, саҳми арзанда гузоштанро дар сохтмони Тоҷикистони навин ҳамчунон идома диҳад. Пирӯз бошед!!!

 

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили

илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

 

Хондан 1076 маротиба