JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Яке аз физикҳои маъруфи ҷаҳон ва асосгузорони самти ҷадиди физика - механикаи квантӣ физик-назариётчии австриягӣ Эрвин Шрёдингер (1887-1961) мебошад. Ӯ барои дастовардҳои назарраси илмиаш соли 1933 Ҷоизаи байналхалқии нобелиро дар соҳаи физика ба даст овард. Шрёдингер муаллифи муодилаи асосии механикаи квантии ғайрирелятивӣ мебошад, ки ин муодила имрӯз бо номи муодилаи Шрёдингер машҳур аст. Асли баромад, айёми кӯдакӣ. Вена яке аз шаҳрҳои мутамаддини Аврупои Марказӣ буда, дар он ашхоси маъруфе, аз ҷумла физикадони номвар Эрвин Шрёдингер ба дунё омадаанд. Ҳаёт ва фаъолияти ӯ на танҳо дар доираҳои илмӣ, балки дар аксар доираи ҷамъияти имрӯза ҷолибияти зиёд…
Кору фаъолияти пурсамар ва муносибати сатҳи баланди адабиётшинос, фарҳангшинос ва омӯзгори варзидаи тоҷик Нозим Нурзода шахсияти ӯро ба ҳамкорону ёру дӯстон муаррифӣ менамояд. Ҳамагӣ донишмандӣ, хирадпешагӣ, инсондӯстӣ ва меҳанпарастии ӯро эътироф намуда, ҳамчун инсони комил қабулаш доранд. Дар баробари ҳама хислатҳои хуби худ Устод Нозим Нурзода бо як иродаи қавӣ дар кору фаъолияти ҳаррӯзаи хеш хеле сахткӯшӣ мекунад. Ин аст, маҳсули эҷодӣ ӯ хеле босифат, ҳадафнок ва мубрами замон аст. Борҳо шоҳиди он будем, ки аҳли илму фарҳанг аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистони азиз, баъди хондани мақолаҳояш ба ӯ занг мезананд ва изҳори қаноатмандиву миннатдорӣ мекунанд.…
 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адиб ва шоири миллӣ Адибаи Хуҷандӣ) Мусалламан, аз ҷумлаи бонуадибони муосири миллӣ хеле кам касонеро мешиносем, ки доир ба масоили доғи рӯз, бахусус мушкилоти иҷтимоию фикрии ҷомеа аз дидгоҳи илмӣ-мантиқӣ ва миллӣ-дунявӣ бархурд карда бошанд ва дар баробари таҳдиду чолишҳои муосир, ки бар ҳастию ҳайсияти миллат садама мезананд, ҷуръатмандона истод шуда, бебокона аз ҳувият ва арзишҳои миллӣ дифоъ менамоянд. Дар ҳоле ки садҳо адиб, шоир, нависанда, донишманд, муҳаққиқ, рӯзноманигор ва дар маҷмуъ, зиёие дорем, ки масруфи умури шахсию ихтисосии худ шуда, худнамоию риёкориро пеша намуда, ба сарнавишти…
(дар ҳошияи зодрӯзи дӯсти донишманд Ёрмуҳаммад Ниёзӣ) Мусаллам аст, ки дар ҳамаи давру замон неруи миллатсозу фарҳангофар зиёиён маҳсуб мешаванд ва рушду пешравии давлату ҷомеа ҳам ба ташаббусҳои созанда ва ибтикороти барномавии ин ниҳоди муассири иҷтимоӣ бастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, давлат ба ин қишри иҷтимоӣ такя карда, дар масири бунёдкорию созандагӣ ва таҳаввулоти сиёсию иҷтимоию иқтисодӣ аз ақлонияту зеҳнияти зиёӣ истифода мебарад. Дар феҳристи зиёиёни саршиноси ватанӣ, ки солҳои тулонӣ дар хидмати илму фарҳанги миллӣ камар барбаста, дар ҷодаи фарҳангпарварию илммадорӣ гомҳои устувор бардоштаанд, доктор Ёрмуҳаммад Ниёзӣ қарор дорад.