Дӯсту рӯшангари ҷавони мо, Зоҳиршоҳи гиромӣ! Ошноӣ бо Шумо саҳифаи тозаи зиндагии моро рақам задааст. Аз ҳама муҳим, қатъи назар аз синнусоли ҷавонӣ ва новобаста ба ҳузуру нуфузи чашмгири хурофагароёну мутаассибону хушкандешони динию дунявӣ, ҷасоратмандона ва ҳадафмандона алайҳи нодонию ҷаҳолати саросарӣ қад алам намуда, аз ҳувият, арзишҳо, мерос, фарҳанг ва манофеи миллӣ дифоъ мекунед. Агар соири ҳамнаслону ҳамсолонатон, ба истилоҳ, дар фикри кӯр кардани рӯз бошанд, Шумо ҳамвора дар андешаи боло бурдани сатҳи ҳувиятию миллӣ, коҳиш додани хавфу хатароти хушкандешӣ ва аз хурофоту ҷаҳолат вораҳонидани насли наврасу ҷавони ҷомеа ҳастед. Ин аст, ки самту сӯйи…