JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 08 Ноябри 2024 06:44

Бегумон, бар рағми зулмат нуру Меҳри миллатӣ! (паёмномаи ҷашнӣ ба муносибати зодрӯзи Меҳр Собириёни гиромӣ)

Муаллиф:

      Ноябр, воқеан, моҳи мелоди як зумра фарҳехтагони миллӣ бо шумули устод Бозор Собир (20 ноябр), профессор Саъдулло Раҳим (8 ноябр), файласуф Ҳафиз Холиқзода (10 ноябр), инсоншинос Исомиддин Шарифзода (11 ноябр) ва дигарон аст. Мутаассифона, шоири шаҳири миллӣ устод Бозор Собир (1938-2018) ва фарҳангшиносу киношиноси маъруфи ватанӣ профессор Саъдулло Раҳим (1951-2024) миёни мо нестанд ва ба абадият пайвастанд. Ёдашон бахайр ва хотираи некашон гиромӣ бод!  Бо истифода аз фурсат тамоми фарҳехтагону зиёиёне, ки дар ин моҳ зодрӯз доранд, самимона шодбош мегӯем.

      Дар зимн, дар қатори зиёиёну донишмандони саршиноси миллӣ, ки ноябрмоҳ ҷашни мелод доранд, Меҳр Собириёни мо ҳам қарор дорад ва аввали моҳи ноябр, дақиқтараш 8 ноябр ҷашни мелоди ин дӯсту ҳамепешаи меҳанпарасту фарзонаи мост. Меҳр аз ҷумлаи нафарони саршиноси миллист, ки бо вежагиҳои мутафовите назири мавқеъгирии миллӣ, биниши фалсафӣ, сахткӯшии доимӣ ва дидгоҳи илмӣ миёни дӯстону ҳамназарони мо соҳибэҳтиром гардидааст. Илова бар ин, дар ҳама диду боздидҳо, мулоқоту вохуриҳо, нишасту маҳфилҳо, баҳсу мунозираҳо ва муколимаву гуфтугӯҳо вежагию мушаххасоти ҳувиятию шахсиятии Меҳр Собириён, ки дар натиҷаи  заҳмату талошҳо, ковишу ҷустуҷӯҳо ва мушоҳидаву мутолеоти бардавоми ӯ шакл гирифтаанд, буруз мекунанд ва ҳайсияти илмию эҷодӣ ва миллии ӯро ба намоиш мегузоранд.  

      Ҳарчанд ки Меҳр Собириён ба лиҳози касбӣ-ҳирфаӣ иқтисодшинос аст ва сари масоилу мушкилоти иқтисоди миллӣ, оморгирӣ, бахши молиявӣ, муҳити сармоягузорӣ ва амсоли инҳо таҳқиқу пажуҳиш анҷом медиҳад, ба мавзуъ ва муаммоҳои равонӣ, ҳувиятӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, ҷомеашиносӣ, фарҳангшиносӣ ва миллӣ зиёд таваҷҷуҳ мекунад ва куллияи масоил ва мушкилотро дар доираи мантиқи илмӣ ва биниши фалсафӣ таҳлилу баррасӣ менамояд. Бар ин асос, ангуштшумор нафаронеро аз зумраи иқтисодшиносони ватанӣ ва зиёиёни миллӣ метавон номбар кард, ки монанди Меҳр дар заминаи масоили бунёдӣ ва решаӣ мутолеоти ҷиддии фалсафӣ ва илмӣ дошта бошанд ва бо иродату садоқати қалбию виҷдонӣ сари мушкилоти иҷтимоию фикрӣ тамаркуз намоянд.

     Ногуфта намонад, ки Меҳр Собириён марди мутолеа буда, ҳар матлабу маводе, ки дархур аст, сари вақт дарёфта, мавриди нақду баррасӣ қарор медиҳад. Аз тарафи дигар, ӯ забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисиро хеле хуб медонад ва пайваста матолиби ҷолиби илмӣ-ихтисосӣ ва фалсафиро бо ин забон мурур карда, ҳосили бардоштҳояшро дар қолиби мақолоти мухтасари илмӣ ва илмӣ-оммавӣ пахшу нашр менамояд. Афзун бар ин, Меҳр соли 2018 таҷрибаи забонӣ, такмили донишҳои иқтисодӣ ва оморгирии иҷтимоию тахассусиро дар бузургтарин марокизи илмӣ-таҳсилотии Ҳиндустон гузашта, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ бо донишмандони саршинос, менеҷмент-коршиносони иқтисоди минтақавию ҷаҳонӣ дар иртиботи доимӣ буда, таҷрибаи пешқадами иқтисоди минтақавию ҷаҳониро ҳамвора тарғибу ташвиқ мекунад.

     Таҷрибаи забондонӣ, дар сатҳи зарурӣ донистани забони англисӣ ва дар ин замина омӯхтану мутолеаи манобеи дасти аввали ихтисосӣ ва адабиёти илмии ҷаҳонӣ ба Меҳр Собириён имкон фароҳам овардааст, ки мақолоту матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар самти решашиносии мушкилоти иқтисодӣ ва роҳу механизмҳои рушди иқтисоди ватанӣ таълиф намояд. Дар ин замина Меҳр мақолаи муфассали илмии донишманд ва иқтисодшиноси маъруфи Ҷопонӣ Кеничи Оҳноро аз забони англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр кардааст (барои иттилооти бештар муроҷеа шавад ба: Оҳно, Кеничи. Режими рушд ва тавсеаи сиёсӣ дар Осиёи Шарқӣ (Тарҷума ва таҳияи Меҳр Собириён). //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №2 (24), 2021. –С.233-265). Ба ин маъно, Меҳр таҷрибаи илмию фаннии кишварҳои пешрафта ва мутамаддини ҷаҳониро дар риштаи иқтисод ва муҳити сармоягузории миллию фаромиллӣ андӯхта, дар заминаи авомили рушду тавсеа ва ислоҳоти иқтисоди ватанӣ пажуҳишҳои илмию ихтисосӣ анҷом медиҳад. Мавсуф натиҷаву ҳосили бардоштҳои илмӣ-пажуҳишиашро дар қолиби маҷмуаи ҷудогонае таҳти унвони “Ду роҳкори рушди миллӣ” мунсаҷим карда, ба чоп расонд, ки аз лиҳози мундариҷавӣ, манобеи омӯзишӣ, ҷобаҷогузории мавзуӣ, бархурди таҳлилӣ-интиқодӣ, сатҳи таҳқиқӣ ва бандубасти илмӣ хеле ҷолиб мебошад (таваҷҷуҳ шавад ба монографияи зайл: Собириён, Меҳр. Ду роҳкори рушди миллӣ (Маҷмуаи мақолаҳо). –Душанбе: Дониш, 2022. -294 саҳ.).

     Ба ин тартиб, Меҳр Собириён сари масъалаҳои иқтисоди миллию фаромиллӣ, бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва саҳнасозиҳои геополитикӣ тамаркуз карда, дар матбуоти даврӣ матолиби хуби таҳлилӣ ва илмӣ-оммавӣ интишор дода, бо ин навъ ибтикорот рисолати илмию ихтисосӣ ва миллию иҷтимоии хешро мунсифона иҷро менамояд. Аз матолиби илмӣ-ихтисосӣ ва илмӣ-оммавии Меҳр, ки ба масоили иҷтимоию иқтисодӣ ва мафкуравию маданӣ бахшида шудаанд, бисёр чизҳоро метавон омӯхт ва дар назарияву амалия истифода намуд (барои намуна, ба силсиламатолиби Меҳр, ки аз тариқи матбуоти даврӣ интишор гардидаанд, таваҷҷуҳ мекунем: Собириён Меҳр. Бархӯрди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо (қисми 1). //ИмрӯзNews, №147 (2146), 03.09.2020. –С.V1; Собириён Меҳр. Бархӯрди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо (қисми 2). // ИмрӯзNews, №148 (2147), 04.09.2020. –С.V1; Собириён Меҳр. Бархӯрди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо (қисми 3). // ИмрӯзNews, №149 (2148), 07.09.2020. –С.V1; Собириён Меҳр. Бархӯрди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо (қисми 4). //ИмрӯзNews, №150 (2149), 08.09.2020. –С.V1; Собириён Меҳр. Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №1 (19), 2020. –С.159-170; Собириён Меҳр. Геополитика ва манофеи геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №2 (20), 2020. –С.141-157; Собириён Меҳр. Сарнавишти ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №4 (22), 2020. –С.115-125; Собириён Меҳр. Ҳувияти миллӣ ҳамчун унсури аслии неруи рақобатпазирӣ ва муқовимати миллӣ алайҳи хатарҳои ҷаҳони муосир. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №3 (25), 2021. –С.54-59; Собириён Меҳр. Аҳамияти омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои муваффақ барои кишварҳои рӯ ба рушд. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №3 (25), 2021. –С.189-199; Собириён Меҳр. Осиёи Шарқӣ: мавқеи ҷуғрофӣ, аҳолӣ ва захираҳои табиӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №4 (26), 2021. –С.53-66; Собириён Меҳр. Муҳити сармоягузорӣ ва аҳамияти он дар бунёди як давлати қудратманд. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №2 (32), 2023. –С.63-72; Собириён Меҳр. Муҳити сармоягузорӣ ва шароити иқтисодӣ. //Самак, №45 (627), 16 ноябри соли 2023.  –С.10-11; Собириён Меҳр. Тақсимоти меҳнат ва таъсири он ба раванди рушди миллӣ. //Самак, №8 (641), 22 феврали соли 2024. –С.5; Собириён Меҳр. Ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ-имконияти бештари рушди устувор. //Самак, №17 (650), 28 апрели соли 2024. –С.2; Собириён Меҳр. Суду зиёни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (Бардоштҳо аз Ҷаласаи Шурои олии иқтисодии Авруосиё дар остонаи 10-солагии таъсисёбии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё). //Самак, №22 (655), 30 майи соли 2024. –С.14; Собириён Меҳр. Таъсири гурӯҳҳои ифротӣ ба тафаккури муҳоҷирони меҳнатӣ. //Омӯзгор, №43, 24 октябри соли 2024. –С.6; Собириён Меҳр. Таъсири гурӯҳҳои ифротӣ ба тафаккури муҳоҷирони меҳнатӣ. //Ҷавонони Тоҷикистон, №43 (9885), 24 октябри соли 2024. –С.13).

   Мунтаҳо, Меҳр Собириён аз тариқи ташаббус ва ибтикороти илмию эҷодӣ ва мавқеъгирии миллӣ дар ростои рӯшангарӣ, танвиру бедории фикрӣ қадамҳои устувор гузошта, дар ин ҷодаи мушкилписанди рӯзгору зиндагӣ бардамона гом бармедорад. Таълифи мақолаву матолиби илмӣ ва илмӣ-оммавии Меҳр, ки ба мавзуоти муҳимми рӯз, аз ҷумла решашиносии мушкилоти миллӣ, шинохти уқдаҳои равонию ҳувиятӣ, ташхиси авомили заъфу чолишҳои иҷтимоӣ ва амсоли инҳо ихтисос ёфтаанд, Меҳрро дар қатори донишмандону рӯшангарони саршиноси муосири мо қарор медиҳанд (ҳадди ақал таваҷҷуҳ шавад ба чанд намунаи ибтикороти катбии мавсуф: Собириён Меҳр. Ҳувияти миллӣ – беҳтарин гузинаи рушду осудагӣ. //Самак №51 (581), панҷшанбе, 22 декабри соли 2022. С.10; Собириён Меҳр. Давлати дунявӣ-демократӣ ва пуштибонии пайвастаи фардӣ. //Самак №15 (597), панҷшанбе, 20 апрели соли 2023. С.15;  Собириён Меҳр. Вақте ки ҳадаф манфиати устувор барои Меҳан аст. //ИмрӯзNews, №07 (2791), 23.01.2024. –С. 1V). Ба ин маъно, Меҳр ва Меҳр барин шахсиятҳои миллӣ ифтихори миллатанд.

   Аз фурсати муносиб истифода бурда, рӯзи мавлуди иқтисодшинос, ватанпараст ва равшанфикри миллӣ Меҳр Собириёнро шодбош гуфта, дар зиндагии хонаводагӣ ва эҷодиаш барору комёбӣ таманно мекунем. Хитобан ба Меҳри гиромӣ гуфтанием:

                                 Меҳр  медонӣ, ки худ симову чеҳри миллатӣ,

                                 Бегумон, бар рағми зулмат нуру Меҳри миллатӣ! 

 

              Зодрӯз фархундаву хуҷаста бод, Меҳр Собириёни гиромӣ!

 

 

   Бо арзи эҳтиром ва самимияти тамом,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

      8 ноябри соли 2024

 

 

Митро Худойи миллати хуршедмаҳзар аст

(мувашшаҳе дар ҳошияи зодрӯзи озодандеш ва  рӯшанфикри миллӣ Меҳр Собириёни гиромӣ)

 

Митро Худойи миллати хуршедмаҳзар аст,

Елиммадори меҳру мунавварпаямбар аст.

Ҳамзоди оташ асту зи оташ шавад бурун,

Рӯ сӯйи созу сӯз чу мурғи Самандар аст.

 

Сидқу сафову аҳду вафо гар саросар аст,

Ойини Меҳр динкадаи додгустар аст.

Боҳи биҳишти адн бисозад дар ин замин,

Инсон агарки асли вуҷуди тавонгар аст.

Рози набуду буд дар ин корзор чист?

Ин марзу бум рози набарди ду гавҳар аст.

Ё бандагист маслаки мо, ё ки ҳуррият?!

Нозим яқин, ки Меҳр худ озодипарвар аст!

      Нозим Нурзода

пажуҳишгар

7 ноябри соли 2019, панҷшанбе, соати 11:40

 

 

 

Ба амру қудрати виҷдон

(Ба ифтихори зодрӯзи донишманд ва рӯшангари миллӣ – Меҳр Собириёни гиромӣ)

 

Ба расми меҳройинон,

Ба расми Ҳурмузи Яздон,

Ба амру қудрати виҷдон,

Бубастӣ бо хирад паймон,

Биҷангӣ андар ин майдон,

Алайҳи Аҳриманмағзон,

Алайҳи душмани инсон,

Алайҳи ҷумла номардон,

Алайҳи ҷоҳилу нодон,

Алайҳи турфа бадзотон,

Ба сони зубдаи мардон,

Мисоли Рустами Дастон!

 

Ту Меҳр андар дили Меҳан,

Дили хоку гили Меҳан,

Ту баҳру соҳили Меҳан

Ва ҳусни ҳосили Меҳан,

Китоби нозили Меҳан,

Паёми оқили Меҳан,

Ту марди қобили Меҳан,

Ба рағми ғофили Меҳан,

Алайҳи ҷоҳили Меҳан,

Ба ақл, эй омили Меҳан,

Ба путки оҷили Меҳан,

Бикӯбӣ коҳили Меҳан!

 

Чу Меҳрӣ, пок бунёдат

Табору хешу авлодат,

Нажоди Ориободат

Ва пок ойини аҷдодат,

Ҳама покист дар ёдат.

Хирад абзори иршодат,

Хирад асбоби имдодат,

Хирад савдои эҷодат,

Намозу вирду авродат,

Хирад адли туву додат,

Муборак, ҷашни мелодат,

Ҳама пирӯзиҳо бодат!

 

Зодрӯз хуҷаста ва фархунда, Меҳри гиромӣ!

 

Бо эҳтиром, Нозим Нурзода

8 ноябри соли 2024, ҷумъа, соати 09.:13

 

Хондан 359 маротиба