JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 30 Октябри 2024 10:15

Сарсупурдагони илми фаласафаи тоҷик  

Муаллиф: Муҳаммадсалом Махшулов

   Чун сухан аз зиндагиномаи ду нафар аз чеҳраҳои дурахшони илмию фарҳангии муосири тоҷик меравад, муносиб аст дар пайравӣ аз суннати юнониён (Плутарх) назари иҷмолие ба фаъолияти онҳо аз тариқи муқоиса дошта бошем, ҳарчанд ки ҳар кадоме аз ин шахсиятхои мумтоз дар ҷодаи илму фаласафаи тоҷик нақши ғайри қобили муқоиса доранд. Зеро ҳарчанд ҳар ду донишманди варзида ва муҳаққиқи нуктасанҷанд, аммо ҳар кадоме дар ҷодаҳои мухталифи фаласафаю ирфон фаъолияти пурсамари илмӣ доштаанд. Ин ду шахсияти мумтоз, ки дар доирахои илмии кишвар ва хориҷ аз он ба унвони донишамандони варзида ва муҳақкиқони жарфандеш шинохта шудаанд, яке Суннатулло Ҷонбобоев аст ва дигаре Сайидбег Маҳмадуллоев. Мунтаҳо, ҳар ду имсол қадам ба синни мубораки ҳафтод ниҳодаанд.

  Дар ин матлаби мухтасар мекӯшем, то назаре ба роҳи пурифтихори  то кунун паймудаи ин ду донишманди мумтоз андўзем ва аз ин тариқ навъе арзи сипос нисбат ба эшон дошта бошем, ҳамзамон набиштаи зиндагиномаи онон василае гардад барои ибрат гирифтани ҷавононе, ки ҳоло қадам бар арсаи илму фалсафа ниҳодаанд.

Суннатулло Ҷонбобоев ва Сайидбег Маҳмадуллоев ҳар ду дар соли 1976 аз Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, аввалӣ аз факултаи филологияи тоҷик (бо тахассуси филолог-журналист) ва дуюмӣ аз факултаи шарқшиносӣ (бо тахассуи мутарҷими забони арабӣ) фориғуттаҳсил шудаанд.

Ин ду донишмандро ба таври куллӣ муштаракоти зиёде ба ҳам мепайвандад, аз ҷумла бояд тазаккур дод, ки ҳар ду муддати тулонӣ (аз соли 2015 инҷониб) кормандони  Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ буда, дар тарҷумаю омодаи чоп намудани осори Шайхурраис саҳми зиёде гузоштаанд.

Аз муштаракоти дигаре, ки миёни ин ду олими тавоно вуҷуд дорад, метавон аз тавони андешаи жарфу аз лиҳози мантиқӣ хеле устувори онҳо ёд кард. Ҳар ду ба  баррасии масоили мухталифи илмӣ ва пажуҳиши ҷанбаҳои гуногуни ҷаҳонбинии фалсафӣ бо ибтикори халлоқона ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ муносибат мекунанд.

Фаъолияти илмии Суннатулло Ҷонбобоев аз даврони хатми Донишгоҳ то кунун асосан ба Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Фархангистони миллии улуми Тоҷикистон пайваста буда, дар ин макони пурбори илмӣ дар оғоз ба унвони лаборант, сипас ба симати ходими калони илмӣ ва баъдан ходими пешбари илмӣ ифои вазифа намуд. Дар ҳамин ҷо аспирантураро хатм намуда, дар соли 1987 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Проблемаи умури куллӣ (универсалҳо) дар фаласафаи машшоияи Шарқ» дифоъ намуд. Инчунин бояд мутаззакир шуд, ки ў аз соли 2015 то соли 2023 сарварии Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бар уҳда дошта, барои пешрафту равнақи фаъолияти ин Марказ корҳои назаррасеро анҷом дод.

Саидбек Маҳмадуллоев рисолаи номзадиашро каме дертар   (соли 2015), вале дар ҳамин макон дар мавзуи «Дидгоҳҳои фалсафию ахлоқии Мавлоно Яъқуби Чархӣ» дифоъ намуд. Аммо фаъолияти ў пас аз хатми донишгоҳ ва то дифои рисолаи номзадӣ дигаргунатар сурат гирифтааст. Муддате дар Чумҳурии Сурияи Араб (1976-1977) ва сипас дар Ҷумҳурии Ироқ (1973-1983) мутарҷими забони арабӣ буд. Пас аз бозгашт ба Ватан дар вазифаҳои хеле мухиму масъул: шуруъ карда аз муҳаррири нашриёти «Ирфон» (1983-1984), маҳаррир, муҳаррири илмӣ ва муҳаррири аршади Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик (СИЭСТ) (1986-1990) то симати муҳаррири пешбари редаксияҳои фалсафаю ҳуқуқ ва кишоварзии СИЭСТ (1990-2007) ифои вазифа намуд. Сипас фаъолияти пурбори илмию маъмурии худро ба унвони сардори шуъбаи иттилоот ва таҳлилу ташхис (2007-2008), сардори раёсати созмонҳои динии Сарраёсати умури динии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ (2008-2010) ва сипас ба симати сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи умури динии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон (2010-2012) идома дод. Пас аз ин дар вазифаҳои муҳаррири пешбар ва мудири Редаксияи назорати илмӣ ва таҳрири адабӣ (2013-2019), муҳаррири пешбари Редаксияи фалсафа, дин ва ҳуқуки СИЭМТ (2020-2023) кор кард. Ҳамзамон ў (аз соли 2013 инҷониб) ба унвони ходими калони илмии Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ низ фаъолияти пурборе дар бахши тарҷумаю таҳлили осори ниёгон дорад. Ниҳоятан бояд афзуд, ки ў шуруъ аз соли 2024 ба ҳайси мухаррири Редаксияи адёни СИЭМТ фаъолият дорад.

Бо вуҷуди гуногунсамтию гуногунҷабҳагии муассисоте, ки ин ду донишманд дар онҳо ифои вазифа намудаанд, онҳо дар равиши куллии таҳкиқи масоили илмӣ муштаркоти умдае доранд, зеро ҳар ду ба ҳаллу фасли масоили мухталифи илмӣ бо як ҷиддият ва огоҳии комил пардохта, бештар баррасию пажуҳиши осори фалсафию ирфонии андешамандони пешинзамонро ҳадаф қарор додаанд.

Дар ин равиш аз ҷумлаи пажуҳишҳои пурарзиши илмии Суннатулло Ҷонбобоев, ба унвони мисол, метавон аз як таҳқиқи нисбатан ба тозагӣ анҷомдодаи ў, яъне монографияе бо номи «Абу Райҳони Берунӣ ва тасвири илмии олам» ёд кард, ки аз лихози таҳқиқу таҳлил дар сатҳи хеле баланд анҷом шудааст.  Асари мазкур 460 саҳифаро дар бар гирифта, ба фаъолияти илмию фалсафӣ ва умуман, чаҳонбинии ин нобиғаи маъруфи форсу тоҷик ихтисос ёфта, масоили хело муҳиму ҷолиберо, аз қабили заминаҳои рушди фаласафаи табиюни асри миёнаи тоҷик; тасвири илмии олам; ҷанбаҳои табиатшиносӣ, маърифатшиносӣ ва методологии чаҳонбинии Берунӣ, фалсафаи таърих ва фарҳангшиносии муқоисавӣ аз дидгоҳи ў ва таъсири ин донишманди бузург ба масъалаи тасвири илмии олам дар даврони баъдӣ инъикос намудааст. Бояд афзуд, ки тамоми таҳлилу баррасиҳо дар ин китоб хеле дақиқ, аз тариқи истидлолоти қавӣ ва хеле нуктасанҷона анҷом шудаанд. Масалан,  дар параграфи аввали боби дуюми ин китоб роҷеъ ба ҳувияти этнолингвистикӣ, яъне кавмию забонии Берунӣ сухан меравад. Дар ин бахш бо истифода аз маводи дақиқи илмию таърихӣ ва далоили раднопазири ақлонӣ собит карда шудааст, ки ин нобиғаи нотакрор тоҷику эронитабор буда, даъвоҳои бархе аз «олимон»-и кишварҳои ҳамсоя дар заминаи тасоҳуби мансубияти қавмии ў бепояанд ва ҳеч як асоси воқеие надоранд.   

Дигар ин ки зимни баррасии назароти Берунӣ ба масоили мухталифи табиатшиносию фалсафӣ, маърифатшиносӣ ва таърихӣ  сайри тахаввули ин дидгоҳҳо аз даврони бостон то замони мутафаккир таҳлилу баррасӣ гардида, сипас саҳми Берунӣ дар такмилу рушди минбаъдаи онҳо арзёбӣ мегардад ва дар ҳар маврид хулосаҳои ҷолибу аз лиҳози илмӣ хеле асосноке дар бораи фаъолияти халлоқонаю навоваронаи ў баён мегардад. Ба ақидаи мо, ин пажухишро метавон ба унвони дастоварди хеле арзишманде дар илми ҷаҳонии берунишиносӣ ва таърихи андешаи фалсафию илмии тоҷикон талаққӣ кард.

Монографияи дигари Суннатулло Ҷонбобоев «Маърифатшиносии Ибни Сино: ҳаракати андеша аз таваҳхум ба сўи ҳақиқат» («Эпистемология Ибн Сины: движение мысли от иллюзии к истине. Бишкек, 2020) низ, ки ба забони русӣ таълиф шуда буд, ба унвони китоби электронӣ аз дидгоҳи истидлолот ва натиҷаҳои илмӣ хеле арзишманд буда,   мавриди муроҷеоти мутааддид қарор гирифтааст.

Ин тарзи (электорнии) ироаи таълифоти илмӣ имкони дастрасии бештари хонандагонро ба онҳо фароҳам оварда, ҳамзамон ба унвони василаи муътамаде ҷиҳати таблиғи дастовардҳои илмии донишмандони тоҷик хидмат мекунад.

Ҳамин андешаҳоро метавон дар мавриди китоби дигари Ҷонбобоев С. «Фаласафаи табиати Абуалӣ ибни Сино» («Философия природы Абу Али ибн Сины»), ки ба забонҳои русию англисӣ таълиф шуда, дар шакли китоби электронӣ мунташир гардидааст, баён кард.  Китоби дигари ў таҳти унвони «Филсофско-культурный синтез: диалог мировоззрений ҳристианского Запада и мусульманского Востока в эпохе раннего средневековья (9-10 век)» («Синтези фалсафӣ-фарҳангӣ: гуфтугўи ҷаҳонбиниҳои Ғарби масеҳӣ ва Шарқи мусулмонӣ дар даврони қуруни вусто (карнҳои 9-10)»), низ ки дар шакли электронӣ мунташир шудааст, аз вижагиҳои зикршуда ба таври вофир бархурдор мебошад.

Аз диди мазмуну муҳтаво ва тахлилу таҳқиқи илмӣ осори Сайидбек Маҳмадуллоев низ хеле ҷолибу арзишманд буда, шомили чанбаҳои хеле муҳиму барои ҷомеаи муосири кишвар муфиди илмию  маънавӣ мебошанд. Монографияи маъруфи ў «Мавлоно Яъқуби Чархӣ. Зиндагӣ, осор ва афкор», ки дар ҳаҷми 272 сафҳа ва дар соли 2013 аз ҷониби интишороти «Дониш» ба табъ расид, иттилооти фаровони илмию таҳлилиро  дар заминаи моҳияти тариқати ирфонии Нақшбандия ва ҳаёту фаъолияти пурбори яке аз ходимони барҷастаи ин тариқат – Мавлоно Яъқуби Чархӣ - ба даст медиҳад.  Сайидбек Маҳмадуллоев, ҳамчун муҳаққиқи тавоно бо истифода аз сарчашмаҳои мухталифи катбӣ бо забонҳои форсӣ, арабӣ ва забонҳои аврупоӣ нақши муассири Мавлоно Яъқуби Чархиро дар равнақи минбаъдаи ирфон дар қаламрави Осиёи Марказӣ арзёбӣ ва таҳқиқ намуда, баён медорад,  ки ин орифи бузург дар асари маъруфи худ «Рисолаи найия» аслҳои асосии тасаввуфро аз мавқеи тариқати хоҷагони нақшбандӣ мавриди баррасӣ қарор дода, дар он тавзехоти хеле ҷолиберо низ дар мавриди «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҷой додааст. Маҳмадуллоев С. дар асари таҳқиқии номбурда, инчунин тахлилу назароти чолиберо дар мавриди китоби дигари Мавлоно Яъқуби Чархӣ «Рисолаи мухтасар дар исботи вуҷуди авлиё ва муроқибати эшон» ироа мекунад, ки дар таърихи пажуҳишҳо дар заминаи ирфону тасаввуф падидаи нодир ва хеле арзишмандест.

Барои шинохти мардуми тоҷик дар заминаи ирфону тасаввуф, китоби дигари Сайидбек Маҳмадуллоев «Мавлоно Яъқуби Чархӣ. Маълумотнома (ба забонҳои, тоҷикӣ, русӣ, узбакӣ, англисӣ ва бо ҳуруфоти форсӣ)» , ки аз тарафи СИЭМТ дар соли 2018 дар ҳаҷми 264 сафҳа мунташир гардида буд, аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Соҳаи дигари хеле муҳимми фаъолияти Маҳмадуллоев С. бахши тарҷума аст. Ў  ҳамчун донандаи хеле хуби забони арабӣ осори гаронбаҳоеро аз таълифоти ниёгонамон ба забонҳои форсию арабӣ тарчума намуда, хамзамон ҷиҳати суҳулати дарки масоили печидаи илмӣ ба онҳо тавзеҳоти мувофиқеро низ афзудааст. Аз миёни онҳо метавон аз осоре чун мақолаи сеюми «Бурҳон» ва мақолаи дуюми «ас-Самоъ ат-табиӣ» аз «Китобу уш-шифо»-и Ибни Сино, боби сеюми «Хитоба»-и ў ёд кард, ки ба забони русӣ дар сатҳи баланд тарҷума шудаанд. Тарҷумаи китоби Абубакри Розӣ «аш-Шукук ало Ҷолинус» низ аз тарафи ў хеле устодона ба забони русӣ тарҷума шуда, аз тарафи интишороти «Дониш» дар соли 2018 ба табъ расид. Аз тарафи ў инчунин аз русӣ ба забони тоҷикӣ  китоби Малышев В.В «Дар пардаи массонҳо» (Д.: Ирфон, 1985), китоби Климович Л.И. «Қуръон, пайдоиш ва асотири он» (Д. Ирфон, 1987) ва осори дигаре низ тарҷума ва мунташир шудаанд, ки дар саросари ҷумҳурӣ аз маъруфияти хосе бархудоранд.   

Бояд мутазаккир шуд, ки ҳар ду донишманд, дар   баробари заковати баланди халлоқӣ ва табаҳҳури илмиашон донандагони хеле хуби забонҳои хориҷӣ (арабӣ ва англисӣ) мебошанд. Ин матлаб имкон медиҳад, ки онҳо дар ҳамоишҳои мухталифи илмӣ дар ақсои ҷаҳон ширкат намуда, аз ин тариқ дастовардҳои илмии тоҷиконро ба намоиш бигзоранд ва собит намоянд, ки тоҷикон имрўз низ дар арсаҳои мухталифи илм метавонанд пешгом бошанд.

Дар баробари таълифи китобҳо (монографияҳо) ин ду устоди варзида дар таълифи мақолоти ҷудогона ва дар ҳаммуаллифию ҳамдастӣ дар тадвини китобҳое дар заминаи ирфону фаласафа низ саҳми босазо доранд. Чунончи, Суннатулло Ҷонбобоев зимни тадвини китоби сеҷилдаи «Таърихи фалсафаи тоҷик» ширкати фаъол дошта, матолиберо дар бораи зиндагӣ ва осори Муҳаммад Хоразмӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ , Абунасри Форобӣ ва Умари Хайёми Нишопурӣ бо забонхои русӣ ва тоҷикӣ таълиф намуда, ба чоп супурдаанд. Ин навъ китобу матолиб аз ҷумлаи муҳимтарин ва маъруфтарин дастовардҳои илмии Институт маҳсуб шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ низ мавариди истиқбол қарор гирифтаанд. Пешгуфторҳо ба ҷилдҳои 1 ва 3-юми ин китоб бо муаррифии таърихи фалсафаи тоҷик аз даврони бостон то қарни 20 низ мансуб ба қалами Ҷонбобоев С. мебошанд.

Фаъолияти пурсамари Маҳмадуллоев С. дар ростои таълифи мақолоти мухталиф барои ЭМТ ва вироишу такмили мақолоти дигар муаллифон барои ин маҷмуаи мухими катбии миллӣ ба ҳамагон маълум аст.

Ин ду донишмандро боз он матлаб ба унвони муштаракот ба ҳам мепайвандад, ки онҳо муаллифи садҳо мақолаҳои илмие мебошанд, ки дар нашрияҳои гуногуни илмӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба табъ расидаанд. Ба сухани дигар, онҳо дар баробари мусоидати фаъол баҳри тарғиби донишҳои фалсафӣ ва илмӣ дар дохили кишвар, инчунин ба унвони муррифгарони сазовори илму фарҳанги муосири тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ низ амал мекунанд. Ва мо бар онем, ки ҳар қавме метавонад бо доштани чунин донишмандони варзида ва инсонҳои фурутану наҷиб ифтихор дошта бошад.  

 

Муҳаммадсалом Махшулов

ходими пешбари илмии Маркази синошиносии АМИТ

 
Хондан 369 маротиба