JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 11 Ноябри 2024 04:15

Дар масири бедорию рӯшангарӣ

Муаллиф:

(Паёми шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи файласуф ва рӯшангари миллӣ Исомиддин  Шарифзода)

  Ҳамасола 11 ноябр мо, дӯстону ҳампешагон дар доираи маҳдуд ҷашни мелоди Исомиддин Шарифзодаро ҳамчун Рӯзи рӯшангарию фарзонагӣ таҷлил мекунем. Ин навъ ҷашнсозию рӯзгирӣ, албатта, рамзист, чаро ки дар имтидоди моҳи ноябр як зумра рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ зодрӯз доранд ва дақиқан, ҳамин рӯшанфикрони ватанианд, ки бори гарони масъулияти  ватандорию меҳанпарастӣ  ва  хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш доранд ва ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд,  довталабона муқовимату мубориза мекунанд. Дар феҳристи рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ номи дӯсти донишманди мо Исомиддин Шарифзода низ қарор дорад.

   Исомиддин  Шарифзода дар баробари таълиму тадриси насли ҷавон (ӯ солҳо мудирии кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва феълан симати муовинати ректор оид ба умури тарбиятии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бар уҳда гирифта, дар боло рафтани сатҳи худогоҳию худшиносӣ ва бедории фикрии насли ҷавони донишгоҳӣ саҳми муносиб мегузорад), ба фаъолияти илмию эҷодӣ машғул шуда, бо таҳаввулоти иҷтимоию фарҳангӣ ва илмию фалсафӣ ҳамқадам аст. Мавсуф рисолати фикрӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ ва мадании худро дар раҳонидани мардум аз қайдубандҳои ақидатию иҷтимоӣ ва мафкуравӣ дида, дар ин масир ҳадафмандона гом бармедорад.

  Исомиддин ҳанӯз аз ибтидои солҳои навадуми садаи бист ба ҷараёни рӯшангарии миллӣ пайваста, то имрӯз дар ростои шинохти мероси куҳанбунёди миллӣ, арзёбии илмию ихтисосии осори мутафаккирони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҷаҳонбинии фалсафӣ ва таблиғи дастовардҳои илмии башарӣ саъю талоши фаровон меварзад. Солҳоист, ки таълифот, мутолибот, мусоҳибот ва гузоришоти ҷолиби илмӣ, ихтисосӣ ва илмӣ-оммавии Исомиддин Шарифзода дар ВАО-и ватанӣ ҷойгоҳи махсус пайдо кардаанд. Дар чанд соли ахир силсилаи мақола ва мутолиботи илмӣ ва илмӣ-оммавии Шарифзода, ки ба муҳимтарин масоили фикрӣ, ҳувиятӣ, ақидатӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва миллӣ ихтисос ёфтаанд, сафаҳоти матбуоти даврии расмию мустақили ватаниро рангин месозанд (таваҷҷуҳ шавад ба силсиламатолиби илмӣ-оммавии зайл: Шарифзода И. Хурофот. //Ҷумҳурият, № 213 (23816), 13 ноябри соли 2019. –С.3; Шарифзода И. Аз тавсеаи хурофот то бархӯрдҳои шадид. //Ҷумҳурият, № 43, 27.02. 2020. –С.2; Шарифзода И. Баҳсе дар ахлоқ ва дин. //ИмрӯзNews, №107(2106), 25.06.2020. –С.V1; Шарифзода И. Инқилобро киҳо ба вуҷуд меоранд? (қисми 1). //ИмрӯзNews, №114 (2123), 09.07.2020. –С.V1; Шарифзода И. Инқилобро киҳо ба вуҷуд меоранд? (қисми 2). //ИмрӯзNews, №115 (2124), 13.07.2020. –С.V; Шарифзода И. Низоми сиёсии динӣ ва озодии инсон. //ИмрӯзNews, № 126 (2125), 04.08.2020. –С.V; Шарифзода И. Дар Ғарб фановарӣ месозанд, дар Шарқ чӣ? //Ҷумҳурият, №152-153 (24008), ҷумъа, 14 августи соли 2020. –С.1; Шарифзода И. Дар Ғарб фановарӣ месозанд, дар Шарқ чӣ? //ИмрӯзNews, №137 (2136), 12.08.2020. –С.V1; Шарифзода И. Исломи сиёсӣ ва ҳуқуқу озодиҳои сиёсии инсон. //ИмрӯзNews, №136 (2135), 18.08.2020. –С.V1; Шарифзода И. Нодонӣ, ҷаҳл, таассуб. //ИмрӯзNews, № 127 (2126), 05.09.2020. –С.V11; Шарифзода И. Ҳокимияти динсолор ё расмикунонии хурофазадагӣ. //Адабиёт ва санъат, № 47(2070), 19 ноябри соли 2020. –С.14; Шарифзода И. Тахаюл ва тафаккур ё баҳси хурофот бо илм. // ИмрӯзNews, №198 (2199), 27.11.2020. –С.V1- V111; Шарифзода И. Фарди хурофазада маҳсули ҷомеаи хурофотист. //Самак №1 (478), ҷумъа, 1 январи  соли 2021. -С.6; Шарифзода И. Мазҳабзадагӣ дар бозиҳои геосиёсӣ. //ИмрӯзNews, №3 (2223), 13.01.2021. –С.V;  Шарифзода И. Ҳокимияти теократӣ муқобили мардумсолорӣ ва ҳуқуқи башар меистад. //Ҷумҳурият, № 11 (24118), душанбе, 18 январи соли 2021. –С.1; Шарифзода И. Хурофот ва ё ҳалли хаёлии мушкил. //Самак №4 (481), чоршанбе, 20 январи  соли 2021. -С.5; Шарифзода И. Хирадгароӣ шеваи асосии хурофазудоӣ. //ИмрӯзNews, №21 (2241), 19.02.2021. –С.V1- V11; Шарифзода И. Хурофот ва ё ҳалли хаёлии мушкил. //ИмрӯзNews, №5 (2225), 19.02.2021. –С.V1- V111; Шарифзода И. Хирадсолорӣ ва дунявият. //Ҷумҳурият №60-61 (24168), 29 марти соли 2021. -С.7; Шарифзода И. Таассуб мардумонро ба нобудӣ мекашонад. //Самак №29 (507), чоршанбе, 14 июли  соли 2021. -С.7; Исомиддин Шарифзода. Ваҳдати миллӣ омили асосии рушди кишвар. //ИмрӯзNews, №92 (2312), 22.07.2021. –С. 1V-V; Шарифзода И. Исломи сиёсӣ ва ҳувияти миллӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ №4 (22), 2020. -С.82-97; Шарифзода И. Хирадгароӣ шеваи асосии хурофазудоӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (23), 2021. -С.42-53). Зимнан, ин навъ мутолиботи илмӣ-оммавӣ дар шаклгирии тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии фалсафии насли ҷавон ва умуман, ҷомеаи тоҷик корсозанд.

   Аз ин гузашта, барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир” (ҳар ҳафта саҳари рӯзи шанбе ва такроран зуҳри сешанбе аз тариқи Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” пахш мешавад), ки Исомиддин Шарифзода масъул ва муҷрии он маҳсуб меёбад, минҳайси минбари баҳсу мунозироти илмию фалсафӣ ва муколимоти адабию фарҳангӣ миёни бинандагони ватанӣ маҳбубият пайдо кардааст. Масъул ва муҷрӣ И. Шарифзода дар доираи барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир” бо ҳузури донишмандону пажуҳишгарони ватанию хориҷӣ масоили муҳими фалсафӣ, илмӣ, ахлоқӣ, адабӣ ва фарҳангиро матраҳ мекунад ва ҷиҳати ҷалби ҷомеаи маданӣ ва фаъолони фарҳангӣ ба ин пружаи телевизионӣ  аз тамоми имконот истифода мебарад. Албатта, кӯшишу иқдомоти шахсиятҳое назири Исомиддин Шарифзода аст, ки илму фалсафа ва фарҳанги миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ  нуфузи чашмгире доранд ва ҳанӯз дар банди таассубу хурофоти мазҳабӣ вогир нашудаанд.

  Дӯсти азизи мо марди чандбуъда аст: бар иловаи омӯзгор, донишманд ва муҳаққиқи варзида будан, ҳамчунин истеъдоди хуби шоирӣ дорад ва дар заминаи мутолеа ва ҳифзи ашъори бузургони назми классикию муосир тамрини шеър ҳам мекунад. Тайи зиёда аз ду соли ахир намунаҳои ашъори Шарифзодаро, ки дар жанрҳои гуногуни адабӣ – аз ғазал шуруъ карда, то қасидаю рубоию дубайтӣ ва шеъри нимоӣ иншо гардидаанд, аз тариқи саҳифаи фейсбукии муаллиф (манзур саҳифаи фейсбукии Исомиддин Шарифзода аст) мурур ва мутолеа мекунем. Мавсуф намунаҳои тамриноти манзуми хешро, ки дар имтидоди соли 2020 рӯйи коғаз омадаанд, ҷамъоварӣ намуда, дар маҷмуае таҳти унвони “Оинаи вақт” (ниг.: Шарифзода, Исомиддин. Оинаи вақт (Маҷмӯаи ашъор). –Душанбе: Мулквар, 2021. -262 саҳ.) интишор дод. Шарифзода дар қолиби суннатӣ ва нимоӣ шеър суруда, дар баробари бозгӯйии эҳсосу авотифи инсонӣ, вуҷуду ҳастии инсониро дар бастагӣ бо ҳақиқати низоми кайҳонӣ мавзӯи меҳварӣ қарор дода, дар ин замина тасвирсозӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки танаввуи мавзуӣ ва мундариҷавӣ маҷмуаи ашъори Шарифзодаро хонданбоб мекунад. Гузашта аз ин, ҳамарӯза Шарифзода дар ҷустуҷӯйи эҷодист ва тақрибан рӯзе нест, ки бо табъи саршор порашеъре, рубоие, дубайтие, ғазале, қитъае, таронае ва билохира манзумаеро иншо нанамояд ва рӯйи сафаҳоти маҷозӣ накорад. Ин аст, ки Шарифзода дар баробари хадамоти омӯзгорӣ, илмӣ, ихтисосӣ, тарбиятӣ ва рӯшангарӣ, ба эҷоди шеър низ машғул мешавад ва дар қолиби шеър адабиётро бо фалсафа дармеомезад.

       Воқеан, маҳфили  “Ҷаҳони андеша” аз вуҷуду ҳузури чунин шахсияти ҳавзаи рӯшанфикрии миллӣ ифтихор мекунад.

       Зодрӯз хуҷаста ва фархунда бод, файласуф ва рӯшангарии миллӣ Исомиддин Шарифзода!

   Бо эҳтиром ва самимият,

   аъзои маҳфили  “Ҷаҳони андеша”

  11 ноябри соли 2024  

 

        

  Рӯзи навоварист!

(Дар ҳошияи зодрӯзи дӯсти гиромӣ, шахсияти варзидаи фалсафӣ ва парвардаи мактаби рӯшанфикрии миллӣ Исомиддин Шарифзода)

 

          Эй дӯст, аз масири муҳаббат гузар кунӣ,

          Аз ҳоли зори аҳли вафо чашм тар кунӣ,

          Ин умр дар талоши худӣ пушти сар кунӣ,

          Бо нур шоми тираи миллат саҳар кунӣ,

          Такя ба илму ҳиммати аҳли назар кунӣ,

          Ханда бар иқтидори қазову қадар кунӣ,

          Ҷаҳлу хурофадовариро муштипар кунӣ,

          Шохи дарахти ҳикмати мо борвар кунӣ,

          Мафкурахушки аҷнабиро бесамар кунӣ,

          Бо азму фазлу назм адои ҳунар кунӣ,

          Дунё дигар кунӣ!

 

          Мавлуди ту мусодифи рӯзи хирадварист,

          Мавлуди ту баробари ин лафзи модарист,

          Мавлуди ту намои куҳанҳикмати дарист,

          Мавлуди ту, ки лаҳзаи атфи саросарист,

          Рӯзи саиди тантанаи меҳрпарварист,

          Рӯзи умед, рӯзи ризо, рӯзи боварист,

          Рӯзи шикасти зулмату банду ситамгарист,

          Рӯзи ғуруру қудрати озоди озарист,

          Рӯзи сухан ба минбари ҳар баҳсу доварист,

          Рӯзи дурахши чеҳраи Хуршеди Ховарист,

          Рӯзи навоварист!

 

         Бо эҳтиром,

         Нозим Нурзода

      11.11.2020, чаҳоршанбе, соати 17:20

Хондан 332 маротиба