JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 15 Ноябри 2024 00:07

Туӣ пушту паноҳи мо (Ба ифтихори зодрӯзи падари бузургворам Пирмуҳаммад Нурзода)

Муаллиф: Нозим Нурзода

     Одатан, ҳар боре ки атрофи шахсиятҳои бузургу матраҳ меадешам ва тасмим мегирам, чанд сатреро сиёҳ кунам, маънаван ончунон заҷр мекашам, ки ногуфтанӣ. Албатта, чанд калимаву вожаеро ба ҳам ҷанг андохта, рӯйи коғаз овардан, мушкил нест, вале сар ба ҷайби ақл фурӯ бурда, диққат карда, мулоҳиза фармуда, чизе навиштан бароям аз аввал сахт буда ва то кунун сахт аст. Мутмаинан, хеле сахт аст. Аввалан, “фикр кардан”, ба қавли донишманди ҷаҳонӣ Алберт Эйнштейн, “мушкилтарини корҳост” ва сониян, дар мавриди наздиктарин афроду ашхоси фарҳехтаву отифӣ ва вораста аз қайдубандҳои ақидатию ҳувиятию иҷтимоию мафкуравӣ саҳифае нигоштан аз кас на танҳо қудрати ақлонию эҷодӣ, балки иродату тавонмандии отифӣ низ металабад. Ин аст, ки дар қатори соири бузургон дар бораи падари бузургворам ҳам навиштан бароям сахт гаронӣ мекунад. Бо вуҷуд, талош мекунам, ки дар ҳошияи зодрӯзи падари бузургвор – Пирмуҳаммад Нурзода (мелоди падар ба рӯзи 15 ноябр аст) чизаке дар қолиби ёддошт ё меҳрномаи ҷашнӣ рӯйи коғаз биоварам.

       Ёдам ҳаст, ки тахмин се ё чаҳорсола будам ва бо падар, ки бештар унс гирифта будам, шабҳо – то дер гоҳ интизори омаданаш мешудам ва то бозгашти ӯ аз кор бетоқатона интизорӣ мекашидам. Ҳамаро хоб мебурд ва модари бечораам (модарам – Манзураи Аҳмад (1955-2024) аз айёми туфулӣ, то замони наврасию ҷавонию миёнсолӣ нозбардори фарзандону хонавода ва дар мадди аввал нозбардори ман буд. Ёдаш бахайр ва хотираи некаш гиромӣ бод), ки аз кору бори рӯзонаи рӯзгор хеле хаста шуда, чашмонаш моили хоби ноз мегардиданд, то як поси шаб  нози мани маҳмадонои бетоқатро бурдборона бардошта, хоби ширини шабонаро бар ивази шабзиндадориҳои талх дар гарав гузошта, ба силсилапурсишоти содаву дилгиркунандаам, ки ҳамагӣ ба хотири баргашти дерҳангоми падар иртибот доштанд, самимона посух медод. Падар, ки он замон ҷавон буданду неруи зеҳнию ақлонӣ ва ҷисмию бадании қавӣ доштанд, бевақт аз кор бармегаштанд ва дар бисёр маворид бо тақозои идорӣ ва умури ҷамъиятӣ дили шаб ба хона меомаданд. Мани ба истилоҳ, эркаро бидуни падар, аслан хоб намебурд ва ҳамин ки аз кор бармегашту вориди хона мешуд, ботинан хушҳолӣ мекардам, вале зоҳиран гиряро сар дода, бо ин навъ васила-приёми отифӣ эътироз ва дар айни замон эҳсосоти хушиамро таври пӯшидаву аланӣ ба намоиш мегузоштам. Падар бо ханда оғуш мекушод ва осудаву ором дар оғуши гарми падар ба хоби ноз мерафтам. Тақрибан ҳама шаб ҳол ҳамин буд, то ҷое ки кулли  хонавода ба рафтори як кӯдаки сода одат карданд ва бедорхобию интизориҳои ман ба як одати маъмулӣ табдил ёфта, то шашсолагӣ идома пайдо кард. Баъзан барвақт бедор мешудаму падарро дар ҳоли  тамрини пагоҳирӯзӣ ва варзиши бадании саҳарӣ медидам. Аз даруни ҷойгаҳи хоб сар берун кашида, ба тамрини саҳарии падар таваҷҷуҳ мекардам. Ба сабаби мушоҳидаҳои мудавом, так-таки варзишу тамринҳои саҳарии падарро, ки  тахмин даҳ-понздаҳ дақиқа давом мекарданд, аз ёд медонистам. Мутаассифона, ин амали падарро, ки барои саломатӣ манфиатовар аст, хеле кам такрор кардаам, аниқтараш, ҳавсалаашро надоштам.

      Ба ин тариқ, бо падару модар ончунон одат карда будам, ки бидуни онҳо худ ва ҷаҳони зебои тифлиро тасаввур намекардам. Самимият, отифат, наҷобат, шарофат, асолат, футувват, ҷасорат, мурувват, саховат, садоқат ва инсониятро, пеш аз ҳама, аз падару модарам омӯхтам. Ман, ки бузургфарзанди хонавода будам, фикр мекардам, ки нозбардорию эркагӣ  танҳо ба шахси банда мутааллиқ аст, вале волидайн тамоми бародару хоҳарони азизам (Қурбоналӣ, Маҳбуба, Мастура, Нодира, Шарифа, Матлуба, Фозилҷон, Мутриба, Нодирҷон) ва ҳатто фарзандони писараммаам Иқболбӣ (1926-2005) – акаи Одинабек (1953-2023), акаи Давлатшоҳ (1958-2011), акаи Аъзамшоҳ (мутаваллиди соли 1961)-ро дӯст медоштанду эркагию нозҳояшонро мебардоштанд. Дар зимн, айёми туфулӣ ва наврасии мо дар муҳити мусоид ва фазои хуби хонаводагӣ, ки бо ибтикороти созандаи Бобои Мақсуди Нур (1890-1982), Бибии Иронбии Сафар (1903-1992) ва падарам Пирмуҳаммад Нурзода созмон ёфта буд, гузашт ва аз он замони тиллоӣ хотироти неки зиёде дорам. Аз ҳама муҳим, хонаводаи мо, ки аз бобою бибии падарӣ (Бобои Мақсуд ва Бибии Иронбӣ), падару модарам (Пирмуҳаммад Нурзода ва Манзураи Аҳмад), писараммаҳоям акаи Одинабек (хонумаш янгаи Нозигул, фарзандонашон Моҳира, Бунафша, Саодат, Диловар ва Султон) ва акаи Аъзамшоҳ (хонумаш янгаи Ҳамроҳ, фарзандонашон Мунира, Замира, Киромиддин, Қаландар, Нозира ва Зарифа) таркиб ёфта буд, тайи солиён дар муҳити ҳамшарикию ҳамдигарфаҳмӣ ба сар бурдааст. Якҷо хурок мехӯрдем, якҷо телевизор тамошо мекардем, якҷо бозӣ мекардем. Фасли зимистон бибиям Иронбӣ ва модарам аз болохона ангурҳои мураттаб чида ва анорҳои таги қум кардаашонро оварда, сари дастурхон мегузоштанд ва моро ба хурдан ташвиқ мекарданд. Янгаам Нозигул доимулавқот газета мехонд ва баъзан ҳодисоти дар минтақа ва ҷаҳон иттифоқ афтодаро бароямон нақл мекард. Замони сардиҳо ва айёми зимистонӣ назди печкаи оҳанӣ нишаста, аз янгаам Ҳамроҳ хоҳиш мекардем, ки бароямон афсонаҳо гӯяд. Янгаам Ҳамроҳ  китобе дошт, ки аз маҷмуаи афсонаҳо таркиб ёфта буд ва аз онҷо махсус барои мо афсонаву қиссаву ривоятҳо ҷудо намуда, хеле зебою аҷиб нақл мекард. Аҷаб рӯзҳову айёми ширине. Ёд бод, он рӯзгорон, ёд бод!

        Вақте ки калонтар шудам ва ба истилоҳ, худро шинохтам, муҳаббати падару модарро зиёдтар эҳсос намудам, то ҷойе ки дарди сари волидонро таҳаммул намекардам. Рӯзҳое, ки падарам ва ё модарам бемор мешуданд, рӯзу шаб хобам намебурд ва аз Худо илтиҷо мекардам, ки тезтар ҳоли падар ва ё модарам беҳ шавад. То сиҳат ёфтани падару модар сахт бесаранҷом будам, дарун-дарун месӯхтам ва мисли мурғи парсӯхта почак мезадам. Модарам дардро таҳаммул мекард, пуртоқат буд ва бо он ки сардарди сахт азияташ медод, худро сиҳат вонамуд карда, ба кору бори хона андармон мешуд. Падарам, одатан, айёми зимистонӣ ва ё баҳорон зуком мешуданд, баъзан таб карда, ҳарорати баданашон боло мерафт ва аз тариқи хондани суруд ва қироати шеър худро таскин дода,  шиддати дардро пойин мебурд. Танҳо як рӯзи истироҳат хоб мекарду халос. Рӯзҳои корӣ, бо он ки зуком ва дарди сар азияташон медод, ба кор мерафтанд. Одитарин таҳаммули дарди онҳоро надоштам.

    Аз он замони туфулӣ ва марҳилаи наврасию ҷавонӣ дар симои Падар – пуштибон ва Худои хонадонро дидам. Гузашта аз ин, мушаххасоти физиологию ҳувиятию ахлоқию ҳайсиятию шахсиятие мисли тарҳи рӯйи ориёӣ, қиёфаи зебои тоҷикӣ, пайкараи қавӣ, қомати баланди диданӣ, тамкину ваҷоҳати вежаи фардӣ, иффату отифати маҳаллӣ, шеваи либоспӯшӣ, сабки сухангӯйӣ, такаллуми хуби маҳаллӣ, тарзи муомилаю муносибати инсонӣ, гаштугузори махсуси ҳаррӯзӣ, хулқу атвори накуи фардӣ, ҷасорату мардонагӣ, ғурури миллӣ ва қадамзаниҳои мунҳасир ба фарди марди кӯҳистонӣ симо ва чеҳраи падарамро дӯстдоштанӣ карда буд. Либоси шинаму муносиб дар пайкараи зебою қавии падарам гӯиё нозу ишва мекарду ифтихор мефурӯхт. Ончунон зебо ва батартиб роҳ мегашт, ки ҳатто айёми шиддати  борониҳои тирамоҳию баҳорӣ ва сармои зимистонӣ, ки кулли ҷодаҳо пурбарфу лоёлуд мешуданд, пойафзораш заррае лой намегирифт. Ман борҳову борҳо кӯшидам (ва то имрӯз мекӯшам), ки мисли падарам боэҳтиёт роҳ равам, то ин ки пойафзорам лоёлуд нагардад, мутаассифона, на роҳгардии падариро ёд нагирифтаму не либоспӯшии қиблагоҳиро. Мунтаҳо, дар ин замина ба натиҷае ҳам нарасидам.

    Ҳанӯз даврони ҷавонӣ  саводу маърифати зарурӣ, ахлоқи намунавӣ, маҳорату малакаи кордонӣ, завқи баланди бадеӣ-эстетикӣ, мавқеъгирии илмӣ ва дидгоҳи миллӣ барин хасоиси фардӣ падарамро миёни доираҳои маърифатӣ ва сиёсию мадании музофотию минтақавӣ соҳибэҳтиром гардонида буд. То имрӯз, бо он ки падарам бознишаста аст, миёни муҳитҳои сиёсию маданӣ ва мактабию фарҳангии минтақавӣ эҳтиром дорад ва табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва мардуми маҳаллӣ ӯро эҳтиромонаву муаддабона “Устод” мегӯянд. Ин гуна муроҷиати  отифию самимиро нисбат ба падар зиёд мушоҳида кардаам ва аз ин навъ эҳтироми мардуми маҳаллӣ ва музофотӣ ба шахси падар зиёд ифтихор мекунам.

     Ростӣ, замони наврасию ҷавонӣ ин навъ тасаввур дар зеҳнам ҷо гирифта буд, ки агар падар пешаму пуштам бошад, аз ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз наметарсам. Вуҷуд ва ҳузури ӯро дар хонадон ҳамчун кӯҳи побарҷо тасаввур мекардам ва ҳоло ҳам, бо гузашти солҳои тулонӣ ва саду панҷоҳ дараҷа тағйир ёфтани ҷаҳонбинӣ ҳанӯз ҳам бар он тасаввур устуворам. Будани падар басанда буд, ки аз чизе натарсам ва ба мафҳумоту хиёлоти таваҳҳумие, ки замони кӯдакӣ миёни мо марсуму мутадовил буданд, эътибор надиҳаму эътиное накунам. Падар, дар назарам, на танҳо муттакою кӯҳи побарҷо, балки мушкилкушову роҳнамои хонаводаамон буду ҳаст. Солҳои мактабхонӣ – замони дар мактаби миёнаи деҳот хонданам, мулоҳизаҳои қаҳрамони романи машҳури “Се рӯзи як баҳор”-и Саттор Турсун Усмон Азизро дар бораи қудрати падарӣ ба ёд меовардам (Усмон Азиз айёми туфулиашро ба ёд оварда, ҳодисаи гурезогурези мардуми даҳаро бар асари омадани паланг нақл мекунад ва зимни нақл бар он таъкид меварзад, ки ҳама мардуми деҳ – “Паланг омад, паланг” гуён дар гурезанд ва танҳо манам, ки бо такя ба пуштувонаи хонаводагӣ -- Падар аз ҷой намеҷунбам ва ғуруру ҳаракати он ваҳшии даррандаро бидуни тарс мушоҳида мекунам. Яъне, Усмон Азизи хурдсол чун падарро дар пушт дорад, аз паланг на танҳо наметарсад, балки ба ғуруру ваҳшаташ аслан эътиное ҳам намекунад) ва худро хушбахт меҳисобидам, ки дар зери соя ва қудрати падар пинҳон шуда, худро роҳату орому осудаву беташвиш медидам. Воқеан:

               Ту ҳастиву наметарсам ман аз шӯру шари дунё,

               Ту ҳастиву наметарсам зи амвоҷи дили дарё,

               Ту ҳастиву ҷасорат баргирифта дар дилам маъво,

               Ту ҳастиву агар мушкил пайи мушкил шавад пайдо,

                Надорам заррае парво!

         Падарам, дар воқеъ, марди қавиирода, ҷасуру пурэнержӣ буд. Бо вуҷуди он ки як дар хонавода як писар буд (бобою бибиам даҳ фарзанд зода, ҳашт фарзандро бар асари бемориҳои сироятию вогир аз даст дода буданд ва танҳо як духтар – Иқболбӣ аз чанги марг дар амон монд. Баъдан, бибиям Иронбӣ дар синни чиҳилу шашсолагӣ падарамро ба дунё меоваранд), аз мушкилоту нобасомониҳои рӯзгор заррае наҳаросида, худро аз нав сохт. Аз бозе ки худро мешиносам, падарро ҳамчун шахси муборизу муқовим ва ҷасуру баирода дарёфтам. Таки танҳо пайваста алайҳи нодонӣ, ҷаҳолат, хурофоту таассуб, бефарҳангӣ, беадолатӣ, ноинсофӣ, сифлагию тамаллуқкорӣ мубориза бурда, хидмат ба мардум ва талош дар роҳи саодату хушбахтии  башарро асли зиндагӣ ва меъёри рӯзгори инсонӣ талаққӣ мекунад. Дар воқеъ:

      Агарчи захмҳои зиндагӣ дар пайкараш пайдост,

      Агарчи ӯ тани танҳову ғам бо лашкари дунёст,

      Агарчи қисмати ширину талхаш бас хатарафзост,

      Валекин руҳи бебокаш ба рағми сифлагӣ болост,

      Ба сони кӯҳ побарҷост!

         Хуб дар ёд дорам, замони бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки парешониву беинзиботӣ дар ҷомеа тасаллути комил дошта, шахси силоҳбадаст қонуну қудрати замону макон маҳсуб мешуд, падарам ҳамроҳи иддае аз сиёсатмадорону зиёиёни саршиноси минтақавӣ дар ҳудуди ноҳияи Панҷ баҳри пойдории сулҳу субот ва амнияту осоиш талош мекард. Шаби охири моҳи декабри соли 1992-ро дар минтақа хуб дар ёд дорам: вазъ ноҷур, нобовариву носозгорӣ ҳукмрон, қатлу куштор дар авҷ, бетартибию беинзиботӣ мардуми маҳаллиро ба ҳолати яъсу навмедӣ расонида буд; дар он шаби пуртаҳлукаи декабрӣ, ки соли нав аз омад-омадаш муждагонӣ медод, касе изҳори хушнудӣ намекард, чаро ки ҷангу даргириҳои бемаънӣ мардумро батамом хаставу хароб карда буд. Он шаби тулонӣ падарам ҳамроҳи чанд нафари дигаре барои ҳалли масъалаи муҳимме ба ҳамсоядеҳ рафта буд ва то дер боз наомад. Мардони деҳ як-як дар сар андешаву ташвиши зиёд дар хонаи мо ҷамъ омада, то дер гоҳе омадани ӯро мунтазир шуданд. Ман, ки он шаб мизбону меҳмондор будам, аснои дастурхондорӣ кам-кам аз гумагӯҳои мардони деҳа дар заминаи ҷангу низоъҳои дохилӣ, даргириҳои ахирӣ, қатлу кушторҳои дастаҷамъӣ ва даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ огоҳ гардидам. Посе аз шаб гузашта буду қарс-қарси садои тир аз ҳар канора ба гӯш мерасид, мардони маҳаллӣ ҳамоно падарамро мунтазир буданд. Падарам тахмин соати яку ними шаб расида омад ва миёни мардони ҷамъомада чӣ радду бадале карду пас аз гусели  онҳо ба хонаи хоб, ки он ҷо мо-фарзандон ҳамроҳи модар дар сар сад хиёли тарснок мунтазирӣ мекашидем, сокиту ором ворид гардид. Чизи тарсноке ҳам нагуфт. Тарафи мо нимнигоҳе карда, орому ботамкин садо дод, ки ҳама хуб аст, танҳо эҳтиёт бояд кард. Мо ҳам аз оптимизми падар илҳом гирифта, мисли ин ки орому осуда шудем, аммо даҳшату ваҳшати ҷангу даргирӣ ҳамоно зеҳнамонро мағшуш месохту орамидан намегузошт. Иттифоқан, то он шаб ҳанӯз ҷиддӣ будани ҷангу даргирӣ ва моҳияти бархурдҳои сиёсиро намефаҳмидам (ҳарчанд ки дар курси дувуми факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин – ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекардам) ва ҳамин ки нақлу гуфтугӯҳои мардони деҳро шунидам, даҳшату ваҳшати ҷангу даргириро сахт эҳсос кардам ва ба падарам ҳазорон маротиба таҳсину офарин хондам, ки дар он замони ҳассосу хатарбор на танҳо худро набохт, балки  баръакс, ба хотири сулҳу субот ва амну осоиш бар ҷодаи мардонагӣ шитофт. Дар воқеъ, он шабу рӯз дар минтақа ва умуман, кишвар умед аз байн рафтаву навмедӣ тасаллут ёфта буд. Мо ҳам дар ҳоли яъсу навмедӣ ба сар мебурдем ва умед ба фардоро аз даст дода будем. Аммо вуҷуду ҳузури падар дар баробари яъсу навмедӣ бароямон қуввату неруву тавону умед мебахшид. Умед ба фардои дурахшони кишвар, умед ба фардои миллат, умед ба фардои давлат... Мутмаинан, падар дар он айёми навмедӣ шуълаи умедро дар дили мо афрӯхт ва он шуълаи умед ҳанӯз ҳам қалбҳои мо-фарзандонро рӯшану мунаввар месозад. Дар ҳақиқат, кору пайкор ва амали падар барои мо намунаи ибрату мардонагист ва аз ному исми пойдевору пуштувонаи хонавода ифтихор мекунем. Ба ин маънӣ:

Баландии кулоҳи мо,

    Фарози шаъну ҷоҳи мо,

Мақоми расму роҳи мо,

Шукӯҳи интибоҳи мо

Ва нури Шеду Моҳи мо,

 Замону вақту гоҳи мо,

Падар аз ту  рифоҳи мо,

Дилу ҷонам гувоҳи мо,

              Туӣ пушту паноҳи мо!               

        Солҳо сипарӣ гардиданд, Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол ба баракати талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ақлу хиради миллат ба марҳилаи оромию субот расид. Аммо даҳшати он солҳо, ваҳшату нофаҳмиҳо ва фурсатталабию хӯудшефтагии баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ, ки боиси сар задани ҷангу даргирӣ ва мусибату фоҷеаи миллӣ гардида буданд, ҳаргиз аз лавҳи хотири миллат ва мардуми шарифи кишвар зудуда нахоҳад шуд. Махсусан, номи фарҳехтагону зиёиёни саршиноси музофотию минтақавию ватанию миллӣ, ки дар барқарории сулҳу субот ва оромишу наҷоти миллату мардум саҳми сазовор гузоштаанд, аз дилу дидаи халқ нахоҳад рафт. Ин аст, ки  умр мегузарад, зиндагӣ чун ҷӯйи равон аз миёни мо мегузарад, инсонҳо меоянду мераванд, вале номи неку кори неки инсонҳои шарифу фарҳехта абадан боқӣ мемонад. Ифтихор аз он дорам, ки исми падари ман ҳам дар феҳристи шахсиятҳои фидокори маҳаллию музофотию минтақавӣ қарор дорад. Воқеан, ҷойи ифтихор аст, барои ман ва хонаводаи мо.

       Чун дар арафаи зодрӯзи падари бузургвор – Пирмуҳаммад Нурзода қарор дорем, аз номи хонаводаи Нурзодаҳо падарро ба ифтихори ин рӯзи фархунда шодбош гуфта, барояш умри дарози пурбаракат, сиҳатию саломатии бардавом ва тавону қудрати ҷисмию эҷодии мудавом таманно мекунем.

       Зодрӯз хуҷаста ва фархунда, падари азизу гиромӣ ва ифтихори деҳаву хонавода!

                  

Туӣ пушту паноҳи мо!

(пораназми ҷашнӣ ба ифтихори зодрӯзи падар)

 

Баландии кулоҳи мо,

Фарози шаъну ҷоҳи мо,

Мақоми расму роҳи мо,

Шукӯҳи интибоҳи мо,

Ва нури Шамсу Моҳи мо,

Замону вакту гоҳи мо,

Падар аз ту рифоҳи мо,

Савобу ҳар гуноҳи мо,

Бубахшӣ иштибоҳи мо,

Ту бошӣ хайрхоҳи мо,

Туӣ пушту паноҳи мо!

 

Таассуб авҷи беморист,

Хурофот аз гирифторист,

Ки ҷаҳл аз акл безорист,

Дурӯғи маҳзи бозорист,

Ҷаҳолат хоби ночорист,

Фазилат маҳди ҳушёрист,

Хирад дастури бедорист,

Мароми мо сазоворист,

Ғуруру нангу боорист,

Падар меҳри ту меъёрист,

Ба раг, дар хуни мо ҷорист.

 

 

Падар, сидқу сафои мо,

Ҳама кони вафои мо,

Хушо, созу навои мо,

Хушо, савту садои мо,

Рафиқу ошнои мо,

Шафиқу раҳнамои мо,

Азизу раҳкушои мо,

Туӣ мушкилкушои мо,

Гунаҳпӯши хатои мо

Ва ҳам дардошнои мо,

Ту Қонуни шифои мо!

 

 

 Бо эҳтиром,

Нозим Нурзода

пажуҳишгар

Хондан 240 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Дар масири бедорию рӯшангарӣ