JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 10 Декабри 2024 06:42

Бознишастагони саршиноси маҳаллӣ ва маҳфилдории маданӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

(мулоҳизоте дар ҳошияи 10-солагии Маҳфили фарҳангии “Дидор”-и бознишастагони саршиноси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон)

      Дар хусуси шахсиятҳои варзидаи мадании минтақавӣ ва сатҳу кайфияти маҳфилу нишастҳои мадании фарҳангиёни саршиноси маҳаллию музофотӣ  чанд матлаби иҷмолӣ навишта, дар матбуоти даврии ватанӣ, аз ҷумла ҳафтаномаи мустақили маърифатию таҳлилии “Самак” интишор дода будам (барои иттилооти иловагӣ таваҷҷуҳ шавад ба матолиби зери роқими сатрҳо: Нурзода Н. Ҳунарманде мардумӣ дар уфуқи фарҳанг. //Баҳори Аҷам №28 (325), 26 декабри соли 2014. –С.6-7; Нурзода Н. Рисолат: рӯшанфикрони миллӣ масъулияти бузурге доранд. //Баҳори Аҷам №14-15 (342), 28 апрели соли 2015. –С.7; Нурзода Н. Фидоиёни фарҳанги миллӣ (ба поси хотираи шахсияти маъруфи фарҳангӣ – бобои Искандар Абдураҳмонов). //Баҳори Аҷам № 32 (399), 2 ноябри соли 2016. –С.8; Нурзода Н. Фарҳанг аслу азму тавони вуҷуди мост. Ё худ кори рӯшангарӣ ва умед ба фардои дурахшони Ватан. //Баҳори Аҷам №27 (430), 26 сентябри соли 2017. -С.7; Нурзода Н. Пайванди наслҳо (ба умеди фардои дурахшони ҷомеаи тоҷик). //Самак №25 (346), 20 июни соли 2018. -С.2; Нурзода Н. Насли рӯшангарони музофотӣ. //Самак №16 (493), чоршанбе, 14 апрели  соли 2021.  -С.14-15; Нурзода Н. Ҳунарманде мардумӣ дар муҳити фарҳангии деҳотӣ//Илм ва ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, № 2 (20), 2020.  –С.158-163; Нурзода Н. Пас, оре, эй муаллим, худ ҷаҳон ҳастӣ! //Самак, №36 (669), 5 сентябри соли 2024. –С.14-15; Нурзода Н. Дар ҳузури ҷумлаи соҳибдилон. //Самак, №37 (670), 12 сентябри соли 2024. –С.14-15; Нуров Н. Рӯшандилон ойинаи сафоянд. //Фарҳанги Тоҷикистон, №27-28 (684), 18 сентябри соли 2024. –С.6;). Аммо ҳар қадар дар бораи афроди саршиноси рӯшангари минтақавӣ ва маҳофили фарҳангии маҳаллӣ матлаби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ пахшу нашр мекунем, ҳамон қадар худро мадюну вомдори фарҳангиёни деҳотӣ, ки новобаста ба мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ дар талоши бозсозии фикрию маърифатии ҷомеаанд, тасаввур менамоем.

Бахусусус, эҳтиром мо ба қишри бознишастагони саршиноси деҳотию музофотӣ, ки қатъи назар аз бознишастагӣ, болоравии синнӣ, шиддати заъфи баданӣ, бемориҳои мухталифи ҷисмӣ ва ноҳамвориҳои зиндагӣ дар доираи маҳофили вежа гирди ҳам омада, соате чанд  атрофи масъалаҳои сиёсӣ-мафкуравӣ, ҷараёни рушди давлатдории миллӣ, шинохти воқеиёти имрӯзӣ, сатҳи бозиҳои геополитикӣ, кайфияти бархурдҳои тамаддунӣ, мушкилоти фикрию ахлоқӣ ва пешрафту камбудиҳои  фарҳангӣ изҳори назар намуда, баъзан баҳсу мунозира ва радду бадалҳои ҷилиб мекунанд, афзун мегардад. Охир, чаро аз вуҷуду ҳузури ин қишри пешрави ҷомеа ифтихор накунем ва ба так-таки онҳо эҳтиром нагузорем?! Дар ҳоле ки соири табақаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла зиёиёни миллию ватанӣ ба масъалаҳои муҳимми зиндагӣ бетаваҷҷуҳанд ва танҳо кӯр кардани рӯзро ҳадаф қарор медиҳанду халос. Силсиламасъалаҳои ҳассос бо шумули таҳоҷумоти сиёсӣ-мафкуравӣ, ташаннуҷи таассуби мазҳабӣ, пойин рафтани сатҳи саводу маърифати фардию ҷамъӣ, нуфузи чашмгири бехирадию беҳувиятӣ, заъфи озодандешӣ, нузули бедории фикрӣ, миёни насли наврасу ҷавон афзудани бемории худбохтагӣ, тақвият ёфтани раванди хурофазадагию бегонашавӣ, авлавияти манофеи миллӣ-давлатӣ ва амсоли инҳо дигар хоби касе ва ё табақаеро намепаронад. Бепарвоӣ ва бетафовутию тамошобинӣ, мутаассифона, то ба ҳадди як одати маъмулӣ расидааст ва мисли ин ки масоилу мушкилоти болоӣ ба қишри зиёиёну фарҳангиёни ватанӣ аслан марбут нест ва ҳар кӣ, ба қавли Соиби Табрезӣ, “дар фикри хару бори худ аст”. Дар ин вазъи ҳассос, ки давлат-миллатҳои ҳушёру муваффақ дар фикри худсозию бозсозии ватан ва рушду тараққии кишваранд, мо вазифадорем, ки бо таваҷҷуҳ ба имконоти фикрию тавонмандиҳои илмию эҷодӣ дар заминаи бозофаринии фарҳанги миллӣ ва пешрафтҳои тамаддунӣ саъю талоши фаровон варзида, роҳро барои тақвияти давлатдории миллию дунявӣ ҳамвор созем.

       Аз ҳама муҳим, қишри рӯшангари музофотӣ дар мисоли зиёиёни маҳаллӣ солҳост, ки маҳфилу нишастҳо доир карда, сари масъала ва мушкилоти замонӣ радду бадал мекунанд ва аз худ ҳамчун афроди фаъолу саршинос дарак медиҳанд. Албатта, дар ин кор нақши фаъолони сиёсию мадании минтақавӣ, ки дар синни бознишастагӣ қарор доранд, калидист. Ба ин тартиб, зиёда аз даҳ соли пеш, дақиқан, 21 марти соли 2014 дар Рӯзи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз шахсиятҳои маъруфи минтақавӣ – бонуи ҷасури миллӣ Зайтунаи Қаландар (мутаваллиди соли 1950) намоядагони қишри бознишастагии ноҳиявиро бо шумули пирони кори минтақавӣ Болта Нидо (мутаваллиди 1929), Саидакбар Гурез (1942-2019), Наим Ҳоким (1938-2017), Ҷангӣ Ҳоким (1942-2017), Одина Шариф (мутаваллиди соли 1938), Нозили Файзӣ (1938-2016), Маҳмад Муминович Наимов (мутаваллиди соли 1936), Мирзоқурбони Олим (мутаваллиди соли 1950), Абдушукур Сафарзода (1938-2023), Пирмуҳаммади Нур (мутаваллиди соли 1949), Ёғибеки Носир (мутаваллиди соли 1952), Зиёратшоҳи Сафар (соли таваллуд 1950), Мирзонаботи Гадо (мутаваллиди соли 1946), Давлати Маҷид (мутаваллиди 1952), Сайидамони Раҳмон (мутаваллиди соли 1950), Малланазар Парпоқов (1950-2021), Давлати Аҳмад (1938-2021), Гулмуроди Қаршӣ (соли таваллуд 1952), Нуралӣ Раҷабов (соли таваллуд 1950,), Ашурмад Эсанқулов (соли 1942-2021), Ҳикмат Давлат (соли таваллуд 1948), Зиёратшоҳ Сафаров (соли таваллуд 1950), Назир Тайлонов (соли таваллуд 1944), Ҷайлов Ҳасанов (соли таваллуд 1948), Муҳаббати Сарҳад (соли таваллуд 1950) ва дигарон сари як пиёла чойи ҷашнӣ сарҷамъ намуда, ба вуҷуди маҳфили вежае бо номи “Дидор” асос гузошт. Дар зимн, Зайтуна Қаландарова аз ҷумлаи бонувони саршиноси миллию ватанӣ буда, солҳои тулонӣ вазифаҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла раёсати Хоҷагии ба номи Дзержинский, мудирияти  Саридораи таъминоти моддӣ-техникии ноҳиявӣ – ГЛАВСНАБ, садорати Ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷро адо карда, ду маротиба вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва як маротиба вакили Шурои Олии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ -- СССР будааст. Дар ҳудуди ноҳия ва берун аз он аз эҳтироми баланд бархурдор буда, ҷиҳати оромию суботи минтақавӣ ва расидан ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақа замони даргириҳои ҷанги ҳамватанӣ заҳмати зиёд кашида, то имрӯз ҳамроҳи дигар намояндагони саршиноси маҳаллӣ дар самти таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди фарҳангу маънавиёти музофотӣ ва болоравии сатҳи созандагию ободонии миинтақавӣ талош меварзад. Зайтуна Қаландарова бонуи фарҳангии фаъол буда, ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз тариқи навсозии 6,5 километр роҳи маҳаллӣ ва бунёди Кӯдакистони музофотӣ саҳми муносиб гузоштааст – барои иттилооти муфассал дар ин замина таваҷҷуҳ шавад ба манобеи интернетии зайл: https://khovar.tj/2020/01/sobi-adori-me-nat-zajtuna-alandarova-dar-navsozii-6-5-km-ro-va-bunyodi-k-dakiston-dar-no-iyai-pan-sa-m-meguzorad/; https://sputnik.tj/20200116/Zani-nafaakhre-dar-Pan-kdakistonu-ro-mesozad-1030551649.html:). Ростӣ, бонуи маъруфи минтақавӣ ва собиқадори меҳнати ноҳиявӣ Зайтуна Қаландарова дар ҷуръатмандӣ, кордонӣ, маҳорати раҳбарӣ, соҳибмаърифатӣ, меҳанпарастӣ ва давлатмадорӣ аз ҳазорон мард болотар аст.

Корномаи ӯ дар замони даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ то имрӯз сари забонҳост. Дар он рӯзҳои пуртаҳлука, ки касе ба касе бовару эътимод надошт, ин бонуи фидокори маҳаллӣ бо ҷуръату ҷасорати фавқулодаи фардӣ паҳлуи ҷоннисорони маҳаллию ватанӣ қарор гирифта, дар пойдории сулҳу субот ва амнияту оромиши минтақа бевосита талош варзидааст. Ҳамин тур, аксари он нафароне, ки узвияти Маҳфили фарҳангии “Дидор”-ро доранд, дар он рӯзҳои ҳассос даст ба кор шуда, барои барқарории ҳукумати қонунӣ ва таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ фидокорӣ кардаанд. Аз ин ҷост, ки аксари кулли нафарони дар маҳфил аъзобуда сазовори эҳтироми мардуми маҳаллӣ гардидаанд ва насли миёнсолу солманди музофотӣ ташаббусу ибтикороти ибратбахши ин тоифаи заҳматкашу меҳнатқаринро хуб дар ёд доранд.

       Ба ин тартиб, Зайтуна Қаландарова намояндагони саршиноси қишри бознишастагии ноҳияро, ки солҳои тулонӣ дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият карда, дар рушди ноҳияву минтақаву ҷумҳурӣ саҳми муносиб гузоштаанд, ҷамъ оварда, бо ҳузури онҳо ҳам ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил кард ва ҳам маҳфили махсусеро бо номи “Дидор” таъсис дод. Аз он рӯз ба баъд маҳфили фарҳангии “Дидор” моҳе як маротиба бо ҳузури пирони сиёсату маърифату маданияти маҳаллию музофотӣ пайваста баргузор гардида, доираҳои фикрию маданиии ноҳиявиро ба ҳам меоварад. Мутаассифона, чанде аз онҳо (Сайидакбар Гурезов, Ашурмад Эсанқулов, Малланазар Парпоқов, Давлат Аҳмадов) дар миёни мо нестанд. Ёдашон ба хайр ва хотираи некашон гиромӣ бод! Дар воқеъ, ин иқдоми созандаи бонуи сазовори миллӣ Зайтуна Қаландарова тайи даҳ соли ахир (аз таъсиси Маҳфили фарҳангии “Дидор” 10 сол сипарӣ гардид) нафарони саршиноси қишри бознишастагии музофотиро ба ҳам овардааст.  Ин тоифаи фарҳангӣ моҳе як маротиба ҷамъ меоянд ва дар баробари дидор тоза кардан, роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, мафкуравӣ, адабӣ ва фарҳангӣ миёни ҳам радду бадалҳои ҷолибу омӯзанда мекунанд. Ман, ғолибан аксари нафарони дар маҳфили “Дидор” ҳузурдоштаро мешиносам: онҳо пирони барнодиле ҳастанд, ки солҳои дароз маъмурияти давлатию расмӣ дошта, то синни бознишастагӣ ҳамчун хидматчии давлатӣ дар устувории низоми сиёсӣ-давлатӣ, тақвияти умури иҷтимоию маданӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пойдории сиёсати фарҳангӣ нақши калидӣ гузоштаанд.  То имрӯз ин насли бознишастаи саршинос ба сарнавишти кишвару давлату миллат бетафовут набуда, ҳамеша бар он мекӯшад, ки дар шукуфоӣ ва пешрафти мамлакат аз тариқи иқдомоти созанда саҳми муносиб бигирад.

      Раисии Маҳфили фарҳангии “Дидор” бар уҳдаи симои матраҳу маъруфи минтақавӣ ва куҳансолтарину собиқадортарин шахсияти музофотӣ Болта Нидо (мутаваллиди соли 1929) вогузор шудааст. Бобои Болта Нидо, новобаста ба синни боло дар гирди ҳам овардан ва ҷолибу рангоранг сохтани кори Маҳфили “Дидор” саҳми шоиста дорад. Мавсуф ҳанӯз замони шуравӣ вазифаи раисии Кумитаи иҷроияи мақомоти ҳизбии ноҳиявиро иҷро карда, баъдан мудирияти Хоҷагии овозадори Якуми майи ноҳияро то синни бознишастагӣ бар уҳда дошта, минҳайси мудир-омили шоиставу намунавӣ аз тариқи барномарезиҳои санҷидашудаи корию идорӣ дар пешрафти хоҷагии халқи минтақа саҳмгузорӣ кардааст. Ин аст, ки то имрӯз байни доираҳои сиёсию иҷтимоӣ ва маърифатию мадании минтақа соҳибэҳтиром аст.

          Як вежагии Маҳфили “Дидор” он аст, ки дар он намояндагони матраҳи ақаллиятҳои миллию этникии музофотӣ ширкат меварзанд. Намояндагони матраҳи ақаллиятҳои этникӣ, ки аъзои Маҳфили “Дидор” маҳсуб мешаванд, забони давлатиро хуб медонанд ва дар ҷараёни суҳбатҳои маҳфилӣ ва нишастҳои маданӣ бо забони зебои тоҷикӣ такаллум карда, даврони пешинро ёд оварда, аз таҷриботи гузаштаи корию идории хеш ёдовар шуда, дӯстию меҳру муҳаббату самимияту садоқатро ташвиқу тарғиб менамоянд. Дар маҳфили “Дидор”, дар баробари тарҳи масоили иҷтимоию адабию фарҳангӣ, ҳамчунин мавзуъҳои доғи рӯз – таъсири хурофоту таассуби мазҳабӣ ба зеҳни насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷикӣ, истифодаю суъистифода аз омил-фактори дину мазҳаб дар ноҷур сохтани авзои сиёсию мафкуравӣ, раванди саноатикунонӣ ва таҳкими иқтисоди ватанӣ, роҳҳои боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ ва амсоли инҳо мавриди гуфтугӯ ва баҳсу мунозираи ҳозирон қарор мегиранд. Барои хушку хастакунанда нашудани маҳфил ҳозирон баъзан дар қолиби руҷуи лирикӣ-отифӣ шеъру сурудхонӣ ва зарофату шӯхтабъиҳо карда, ҷанбаи эстетикӣ-зебоишинохтии нишастро боло мебаранд. Иттифоқан, боре, дақиқтараш, 8 феврали соли 2016, замоне ки падарам – Пирмуҳаммад Нурзода мизбони маҳфили “Дидор” буд, аз тариқи тамошои тарҳи видеоии ҷараёни нишаст, ки аз ҷониби бародари хурдиам Нодирҷон сабту пахш гардида буд (бародари хурдиам Нодирҷон Нурзода, ки он замон дар шуъбаи режиссураи намоишҳои театронидашуда ва идҳои факултаи фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил мекард, ҷараёни маҳфилро сабти видеоӣ ва мунтаҳо, барномаи 30-дақиқаӣ намуда, дар фиттаи алоҳида ба ҳар як аъзои маҳфил тақдим намуда буд), бо шахсияти сиёсию мадании аъзои маҳфил ва мазмуну муҳтавои суҳбатҳои маҳфилиён ошно шудам. Иштирокчиёни маҳфил Бобои Болта Нидо, Зайтунаи Қаландар, Мирзонаботи Гадо, Мирзоқурбони Олим, Сайидамони Раҳмон, Ашурмади Эсанқул, Ҳикмати Давлат, Абдушукури Сафар, Одинаи Шариф ва дигарон соате атрофи масъалаҳои таърихӣ, адабӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ хеле роҳат суҳбат карданд, ки аз тарзи суҳбатороӣ ва шеваи гуфтугузори онҳо лаззат бурдам. Аз ҷумла, вақте ки бознишастагон-зиёиёни саршиноси минтақавӣ бо шумули Мирзонаботи Гадо (рӯзноманигор ва донишманди маъруфи минтақавӣ, ки солҳо мудирияти Рӯзномаи ноҳиявии “Ҳаёти нав”-ро бар уҳда дошта, дар имтидоди солҳои 1990-1991 симати котиби кумитаи ҳизбии ноҳиявиро иҷро карда, дар замони соҳибистиқлолӣ то синни бознишастагӣ масъулияти раисии Ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияро бар уҳда дошт), Мирзоқурбони Олим (яке аз равшанфикрону зиёиёни саршиноси минтақавӣ буда, солҳо дар вазифаҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла Сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон, мудири шуъбаи иқтисодиёти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раиси ноҳияи Панҷ фаъолият карда, феълан масъулияти раҳбарии Ҷамъияти собиқадорони меҳнати ноҳияро бар уҳда дорад), Сайидамони Раҳмон (солҳои дароз вазифаи раиси Хоҷагии овозадори Маданияти ноҳия ва Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Панҷро бар уҳда дошта, дар тарбияи кадрҳои ноҳиявӣ саҳми муносиб гузоштааст) ва Давлати Маҷид (собиқадори хидмати давлатӣ ва собиқ муовини раиси ноҳияи Панҷ) ва дигарон доир ба масъалаҳои сиёсӣ-мафкуравӣ, илмию маданӣ ва бавежа, сарнавишти тоҷик дар тули таърих изҳори назар карданд, хеле хушам омад. Нафарони саршиноси музофотӣ, бо он ки солҳо инҷониб бознишастаанд, сари мавзуъҳои доғи миллию фаромиллӣ таваққуф мекунанд ва аз мушкилоти фикрию ҳувиятӣ ранҷ мебаранду ғам мехӯранд. Бахши лирикӣ-отифии маҳфил бо  сурудхонию шӯхтабъию зарофатгӯйиҳои Абдушукур Сафарзода (1938-2023 -- овозхони маъруф ва рӯшангари матраҳи музофотӣ солҳои дароз вазифаи роҳбари бадеии Ансамбли тарона ва рақси “Шодӣ”-и Хоҷагии ба номи Дзержинскийи ноҳияи Панҷро адо карда, дар тарбияи фикрию маданию бадеӣ-эстетикии мардуми маҳаллӣ нақши калидӣ доштааст. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон шодравон Парда Қосим аз дастпарварону ҳампешагону дӯстони Абдушукур Сафарзода буданд) ва Одина Шариф (соли таваллудаш 1938, аз ҷумлаи рашангарону зиёиёни маъруфи минтақавӣ, ки солҳои тулонӣ вазифаи раисии ташкилоти ҳизбии Хоҷагии ба номи Дзержинскийи ноҳияи Панҷро бар уҳда дошта, то бознишастагӣ дар вазифаҳои масъули хоҷагидории музофотӣ ифои вазифа кардааст) хеле хотирмон буд. Хулоса, пас аз тамошои сабти видеоии барномаи 30-дақиқаӣ самимияту ихлосам ба аъзои маҳфили “Дидор” афзуд, ҳарчанд ки қаблан бисёре аз шахсиятҳои дар маҳфил ҳузурдоштаро, ки дӯстони падарам буданду ҳастанд, мешинохтам.

       Хулоса, ҳар моҳе, ки маҳфили “Дидор” баргузор мегардад, иштирокдорони он сари мавзуъҳои муҳимми рӯз, минҷумла масъалаҳои ҳувиятию ахлоқию адабию фарҳангию миллӣ суҳбат мекунанд ва талош меварзанд, ки дар радифи хидматчиёни давлатӣ ва зиёиёни маҳаллӣ дар рушди ҷомеа ва тарбияи насли наврасу ҷавони ҷомеа саҳми арзанда бигузоранд. Офарин, сад офарин бар ин табақаи бознишаста, ки дар айёми солмандӣ ҳам, қатъи назар аз мушкилоти синнӣ ва гирифториҳои зиндагӣ, ба масоили иҷтимоию фикрию ҳувиятию ахлоқию маданӣ таваҷҷуҳ мекунанд ва дар тарбияи маънавии ҷомеа саҳм мегиранд.

      Аз фурсати муносиб истифода намуда, барои кулли аъзои нишасти фарҳангӣ 10-солагии таъсисёбии Маҳфили фарҳангии “Дидор”-ро шодбош гуфта, барояшон сиҳатӣ, тандурустӣ, болидахотирӣ, шодмонӣ, саодатмандӣ, товоноии ҷисмию эҷодӣ ва дарозумриро таманно мекунам. Дар поён, дар ҳошияи 10-солагии Маҳфили “Дидор” меҳрномаи манзумеро ироа медорам, ки ҳусни садоқату самимияту муҳаббатамро нисбат ба так-таки маҳфилиён ифода мекунад.

 

Меҳрварзӣ ҳастаи дил, зубдаи кирдори мост!

(Ба муносибати 10-солагии таъсисёбии Маҳфили “Дидор”-и бознишастагони саршиноси ноҳияи Панҷ)

 

Чун расидан боз бар дидори ҳам моро маром,

Пас, аз ин ҷо маҳфили худ карда мо “Дидор” ном,

Мешавад оғоз маҳфил бо дуруду бо паём,

Умри инсонӣ агар аз дӯстӣ ёбад давом,

Дӯстӣ моро мақом!

 

Хоби ғафлатро набинад дидаи бедори мо,

Сад ҷаҳон ғунҷида андар синаи афгори мо,

Ҳеҷ озоре надорад қалби беозори мо,

Гирди ҳам ҷамъ оварад некурафиқу ёри мо,

Маҳфили “Дидор”-и мо!

 

Некию некусиголӣ ҷавҳари пиндори мост,

Бадзабонӣ, ҳарфи бад бегонаи гуфтори мост,

Меҳрварзӣ ҳастаи дил, зубдаи кирдори мост,

Он чи андар зиндагонӣ лозиму даркори мост,

Маҳфили “Дидор”-и мост!

 

Ҷамъ меоем моҳе як маротиб гирди хон,

Мекунем аз таҳти дил мо гуфтугӯ аз ину он,

Маҳфили мо, бегумон, ҷойи ҳузури хушдилон,

Маҳфили мо маҳфили озодамардони замон,

Маҳфили озодагон!

 

Корвони умр баски меравад сӯйи адам,

Соате биншаста мо – аҳли китоб, аҳли қалам,

Мешавем аз ин тариқа сер аз дидори ҳам,

Андаке шодӣ кифоя, то занем анбуҳи ғам,

Пушти по мулки алам!

 

Мешавад аз маҳфили “Дидор” даҳ соле сипар,

Мекунем, инак, ба суҳбатҳо замоне пушти сар,

Бо умеди ин ки нахли умри мо бидҳад самар,

То набошад кори мо дар зиндагонӣ беасар,

Сахт барбаста камар!

Нозим Нурзода

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 

Хондан 143 маротиба