Аз ҷониби дигар, расонидани паёми нав ба ҷомеае, ки дар хурофоту афсонаҳо ғарқ шудааст ва ҳеҷ нақдеро ба осонӣ қабул карда наметавонад, хеле мушкил ва хатарнок аст. Хусусан, дар ҳоле ки як гурӯҳ муфтхӯрони беинсофу бераҳм аз мавҷудияти хурофоту зудбоварии мардум манфиати калон гирифта, барои пойдории манофеъ кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд, равшанфикрон ҳамеша ҳадафи асосии онҳо буданду хоҳанд монд. Чунин вазъият кори равшангариро бамаротиб мушкилтар месозад. Бо вуҷуди ин, шахсоне дар ҷомеа ҳамеша вуҷуд доранд, ки бо касби дониши зиёд, фикру андешаи пайваста ҷиҳати раҳо кардани мардум аз хурофоту каҷфаҳмиҳои шинохтӣ ва расонидани меҳани худ ба пайраҳаи рушду саодат фаъолият менамоянд.
Хушбахтона, ҷомеаи тоҷик низ ҳеҷ вақт бе равшанфикру равшангар набудааст. Аз Ҷамшеду Зардушту Куруш дар даврони қадим то Маздаку Закариёи Розиву Устод Рӯдакиву Ҳаким Фирдавсиву Хайём дар асрҳои миёна то ба Устод Айниву Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзодаву Тоҳири Абдуҷаббору Лоиқ Шераливу Бозор Собиру Зафар Мирзоён дар давраи нав, ҳамагӣ дар доираи донишу қудрати илмии хеш равшангарӣ кардаанд ва ҷомеаи тоҷикро раҳнамоӣ намудаанд. Имрӯз ҳам шахсиятҳои донишманду меҳанпараст дар ростои кубидани ҷаҳолату хурофот, бегонапарастиву қаҷфаҳмиҳои шинохтӣ ва терроризму ифротгароӣ пешсаф ҳастанд ва баҳри баланд бардоштани огоҳӣ, худшиносӣ ва эҳсоси меҳанпарастии шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолияти равшангариро ба роҳ мондаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои донишманду меҳанпараст файласуф ва шоир устод Комил Бекзода мебошад, ки ба наздикӣ (9.01.2025) ба синни мубораки 80 мерасанд.
Устод Комил Бекзода аз ҷумлаи файласуфони воқеӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик мебошад. Мутаассифона, ҳастанд афроде, ки бо роҳҳои ғайриилмӣ дар соҳаи фалсафа дараҷаву унвонҳои илмиро соҳиб шуда, худро файласуф меноманд, вале андешаву боварҳои онҳо аз фалсафа фарсахҳо дур буда, дар сатҳи авом меандешанд. Дар чунин ҳолат вуҷуди файласуфи воқеие ба монанди устод Бекзода барои ҷомеаи мо хеле зарур мебошад. Устод ҳамеша ҷаҳонбинии илмиро пайгирӣ карда, дар баробари каҷфаҳмиҳои шинохтӣ дар ҷомеа ҳамеша истодагарӣ мекарду мекунад. Бо вуҷуди эътирофи бузургони асримиёнагии мо ва эҳтироми зиёд қоил шудан ба онҳо, дар баробари тақлиди куркурона аз онҳо дар асри нави илму технологияҳо садо баланд мекарду мекунад. Албатта, ин ба куҳнапарастону тақлидгарон писанд набуда, онҳо бо усулҳои ғайриилмӣ ба устод мешӯриданду то ҳол мешӯранд, вале ӯ ҳамчун равшангари масъулиятшинос аз сангандозиҳои бардавому ғайримунсифонаи рақибони фикрию ақидатӣ, ки сол ба сол шуморашон меафзояд, заррае наҳаросида, худро набохта, вазифаю рисолати хешро дар заминаи бедории фикрӣ, бозкушоии мушкилоти ақидатию ҳувиятӣ ва таҳкими раванди озодандешии миллӣ масъулиятписандона анҷом дода, фаъолияти равшангариашро ҳамчунон идома медиҳад.
Устод Комил Бекзода ҳамчун файласуфи асил мактаби фалсафии худро дорад. Ӯ дидгоҳи фалсафии худро дар китобу мақолаҳои зиёд ба доираҳои илмии дохиливу хориҷӣ ва ҳама ҳаводорони илму фалсафа расонидааст. Фалсафаи Ҷамшедии вай тарғибгари низоми дунявӣ ва дар асоси илму хирад ба роҳ мондани умури ниҳодҳои давлатӣ ва зиндагии инсонҳо мебошад. Дидгоҳе, ки бо низоми давлатдории муосири мо созгор буда, реша дар таърихи чандҳазорсолаи миллати тоҷик дошта, барои мардуми мо бегона нест. Таҷриба ҳам нишон медиҳад, ки низоми дунявият ва рӯй овардан ба илму хирад заминаи асосии рушди устувор ва амнияти доимии кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”-ро устод Комил Бекзода ҳанӯз дар соли 1994 – замоне ки даргириҳо идома дошт ва мардуми кишвар дар ҳоли сардаргумию нобоварию беинзиботию навмедӣ ба сар мебурд, таъсис дода буд. Ин як маҳфили озоде буд, ки андешаҳои фалсафии гуногун мавриди муҳокима қарор мегирифтанд ва ба иштирокчиёни он донишу биниши нав дода, маҳорати суханронии онҳоро тақвият мебахшид. Шогирдони устод қисса мекунанд, ки дар он солҳо даҳшати ҷанг ҳамаро фаро гирифта буд ва мардум дар пайи ёфтани як пора нон буданд, вале устод дарк мекард, ки миллати моро аз ин гирдоби ҷаҳлу хушунат танҳо илму маърифат берун бароварда метавонад. Ин буд, ки устод ба хотири комил сохтани холигоҳи маънавӣ ва ба вуҷуд овардани фазои солими фикрӣ маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”-ро таъсис дод ва ба фаъолияти равшангарии хеш идома дод.
Ман дар соли 2014 ба Маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” пайваст шудам. Ин як давраи ҳассосе буд, ки бархурди андешаҳои илмӣ-фалсафӣ ва тақлидӣ-хурофотӣ ба авҷи аълои худ расида буд. Устод Комил Бекзода бо ҷамъи ҳамкорону дӯстону шогирдон фаъолияти равшангарии худро идома медоданд ва тариқи нашри мақолаву китобҳо, иштирок дар барномаҳои телевизиониву радиоӣ ва конфронсу маҳфилҳои илмӣ ба тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури интиқодӣ ва давлатдории дунявӣ машғул буданд. Дар ин даҳ соле, ки мо бо устод ҳамкорӣ дорем, чандин китобу мақолаҳои ӯ ба нашр расиданд ва дар Маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” даҳҳо донишмандони воқеии тоҷик ҳамчун гузоришгари асосӣ иштирок намуда, мавзуъҳои доғи рӯзро мавриди баҳсу баррасии илмӣ қарор доданд. Ману садҳо ҳамчун ман аз эҷодиёти устод ва баҳсу баррасиҳои илмӣ дар маҳфил баҳра мебурдем.
Кумак ба ҳамкорону ҷӯяндагони илму дониш аз ҷумлаи хислатҳои устод Комил Бекзода мебошад. Дар шоҳидии мо ҳар кӣ барои мушкиле ба устод муроҷиат мекард, то ҷойе метавонист дасти кумак дароз мекард. Ёд дорам, соли 2021 буд, аз устод хоҳиш карда будам, ки тарзу усули китобхонии худро барои мо равшан тавзеҳ бидиҳад. Дар зимн, устод хеле зиёд китоб мехонанд ва дар ҳар мулоқоту вохуриҳо ва нишасту гуфтугӯҳо ҳатман муҳтавои мутолеоташро ба мо дар миён мегузорад. Зимни суҳбате, ки соли 2021 бо устод анҷом дода будам, аз мавсуф мушаххасоти марбут ба мутолеот, аз ҷумла пурсиши “Чӣ тавр китобҳои зиёди калонҳаҷмро метавон хонд ва дилгир нашуд?”-ро матраҳ кардам ва устод дар посух қисса карданд, ки ҳар китоберо барои хондан рӯйи даст мегиранд, аввал мундариҷаи онро пурра меомӯзанд. Сипас муқаддимаву хулосаи онро мехонанд. Баъдан аз мундариҷа нигоҳ карда, аввал ҳамон қисматҳоеро мехонанд, ки барои вай бештар шавқовар менамоянд. Аз аввал то охир якранг намехонанд, чунки дилгиркунанда мешавад. Ҳамин тариқ, китобҳои 700-800 саҳифагиро дар як муддати кутоҳ бе дилгиршавӣ то охир мехонанд. Ин суҳбати мо хеле ҷолиб буд ва ман ба дигарон нақл мекардам, ки чӣ тавр устод бо усулҳои ба худ хос китобҳои илмии калонҳаҷмро мутолеа мекунанд. Раҳбарияти собиқи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ин мавзуъро ҷолиб дарёфта, чанд семинаре бо иштироки устод дар ин ниҳоди илмӣ ташкил карданд ва масъалаҳои усулҳои хондани асарҳои илмӣ ва тарзу сохтори навиштани корҳои илмиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода буданд. Аз ин семинарҳо олимони ҷавони зиёде баҳрабардорӣ намуданд.
Муносибати дуруст ва инсонӣ бо дигарон, новобаста аз ҷаҳонбинии дигару ихтилофи назар доштан, аз вижагиҳои дигари устод Комил Бекзода мебошад. Ӯ ҳамеша бо дигар инсонҳо муносибати нек мекунад ва ҳангоми ироа намудани нуқтаи назари хеш ба шахсияти касе намерасад. Борҳо шоҳиди он гаштем, ки мухолифони сарсахти андешаҳои фалсафии устод нисбати шахсияти ӯ суханҳои нек гуфта, эҳтироми ӯро ба ҷой оварда, бузургиашро эътироф мекарданд. Ин хислатҳои наку ва муносибати неки устод бо дигарон аст, ки имрӯз миёни ниҳодҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва фаъолони иҷтимоию ҷомеаи маданӣ соҳибэътирофу соҳибэҳтиром мебошад. Дар остонаи ҷашни 80-солагии устод донишмандони зиёде фикру андешаҳои худро дар бораи шахсияти ӯ ва таъсири эҷодиёти ӯ ба ҷомеаи муосири тоҷик навишта, дар матбуот ба нашр расонида истодаанд. Ин нишонаи маҳбубияти устод Комил Бекзода дар байни ҷомеаи муосири мо мебошад.
Сермаҳсул будан дар ҷодаи эҷодкорӣ, доштани мактаби фалсафии худ, пойбандӣ ба принсипҳои асосии илм, муносибати хуб доштан бо дигарон ва саховатмандиву ҷавонмардии устод Комил Бекзода ҷойгоҳи ӯро дар ҷомеаи тоҷик баланд бардоштааст. Ба боварӣ метавон гуфт, ки ӯ яке аз равшанфикрони муосири тоҷик буда, идомадиҳандаи кори бузургони гузаштаи мост. Дар рӯзҳои ҷашни 80- солагӣ ба устод тансиҳативу хотирҷамъӣ ва илҳоми эҷодӣ таманно дорем. Бигзор, андешаҳои неку созандаи устод дар ҷомеаи мо ҷойгоҳи мустаҳкамтар касб намуда, огоҳии мардумро бештар намоянд, огоҳии бештар ҷомеаи моро аз банди хурофоту қаҷфаҳмиҳои шинохтӣ озод намуда, боиси ободӣ ва рушду пешрафти зиёдтар дар давлати соҳибистиқлоли мо гардад.
Меҳр Собириён
ходими калони илмии АМИТ
Бознашр аз Рӯзномаи "Самак", №52(685) аз 26.12.2024