JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 03 Январи 2025 11:08

Рӯзноманигори миллӣ ва ҷасорати эҷодӣ (Шодбошӣ ба ифтихори мелоди Зоҳири Сайфуллоҳи гиромӣ)

Муаллиф:

 Рӯзноманигори ҷавони мо, Зоҳиршоҳи гиромӣ!

   Имрӯз – 3 январ дар рӯзҳои нахустини Соли нави мелодӣ дӯсту бародари гиромии мо – Зоҳиршоҳи Сайфулло ҷашни мелод доранд. Ҷуръату ҷасорати Шумо на танҳо дар навиштану таҳия кардани маводи дархури миллӣ, балки дар муборизаву муқовимат алайҳи нодонию ҷаҳолату хурофазадагӣ сутуданист. Дар зимн, зиёд нафаронеро мешиносему медонем, ки бо хурофогту таассубу ҷаҳолату нодонӣ, ки вабои ҳамаи давру замон маҳсуб мешаванд,  созиш мекунанд, ба иддаоҳои хушкандешон посух намедиҳанд, фазлфурӯшиҳои аҳли хурофаро бошавқ гӯш мекунанд ва дар баробари хурофадовариҳо таҳаммулпазиранд, аммо Шумо-Зоҳиршоҳи азиз, новобаста ба синнусоли ҷавонӣ, ҳадафмандона бар рағми тоифаи хушкандешу беҳувияту худбохта теғи андеша баркашида, аз асолати миллӣ меросу арзишҳои аҷдодӣ, меросу фарҳанги бумӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дифоъ мекунед.

   Агар соири ҳамнаслону ҳамсолонатон, ба истилоҳ, дар фикри кӯр кардани рӯз бошанд, Шумо ҳамвора дар андешаи боло бурдани сатҳи ҳувиятию миллӣ, коҳиш додани хавфу хатароти хушкандешӣ ва аз хурофоту ҷаҳолат вораҳонидани насли наврасу ҷавони ҷомеа ҳастед. Ба ин маъно, самту сӯйи ҳаракати фикрию маънавии мутафовити дуруст аст.

   Дар радду бадалҳо ва баҳсу мунозираҳои ихтисосию рӯзмарра фаъолона ширкат варзида, ба садҳо суолоту пурсишоти матраҳ аз тариқи ашъори ноб ва шоҳбайтҳои бузургони адабиёти гузаштаву муосири миллию фаромиллӣ ҷавобу посухҳои сазовор ироа медоред. Махсусан, девони ашъори устод Лоиқро батамом ҳифз кардаву дар мавориди зарурӣ абёти бадардхури шоирро мисол мезанед ва бо ҳозирҷавобию ҷасоратмандӣ ба ҳусни нишасту маҳфилҳо ҳусни дигар зам мекунед.

    Дар ин чанд соле, ки вазифаи сардабирии ҳафтаномаи мустақили “Самак”-ро бар уҳда доред, маводу матолиби зиёди иттилоотӣ, илмӣ ва илмӣ-оммавиеро мунташир кардаед, ки ба мавзуъ ва масъалаҳои муҳимми рӯз иртибот дошта, воқеиёти зиндагии миллии моро ба намоиш гузоштаанд. Гузашта аз ин, Шумо бо пахшу нашри хабару гузоришоти дархури имрӯзӣ, инъикоси ҳассосиёти замонӣ, бозтоб додани ҳаводису воқеиёти ватанӣ ва таълифу таҳияи матолиби ҷолиби илмӣ-оммавӣ вазифа, масъулият ва рисолати ҳирфаию миллиро софдилона иҷро намуда, сарнавишти хешро ба қишри рӯшангари миллӣ пайвастед. Офарин!

     Зоҳиршоҳи гиромӣ, бо истифода аз фурсати муносиб ҷашни мелодатонро шодбош гуфта, бароятон сиҳҳатӣ, тандурустӣ, ҷуръату ҷасорати тозаи илмию эҷодӣ ва комёбиҳои беназири ҳирфаӣ-ихтисосӣ таманно мекунем. Ба ин маъно:

Қалам бар даст, ай марди тавоно,

Ба дил дорӣ ғаму андуҳи дунё.

Аҷаб хуш, чида-чида вожаҳоро,

Ба уммеди саодатрӯзи фардо.

 Ҷашни мелод фархунда!

 

      Аъзои Маҳфили фалсафии

     “Ҷаҳони андеша”

   3 январи соли 2025

 

 

Хондан 67 маротиба