JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 09 Январи 2025 02:32

Рисолати иҷтимоӣ ва хидмати рӯшангарӣ

Муаллиф:

 (Паёмномаи ҷашнӣ ба ифтихори 80-солагии файласуф, андешаманд ва рӯшанфикру рӯшангари муосири миллӣ Устод Комил Бекзода)

   Барои аъзои маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” 9 январ рӯзи вежаи сол аст. Дар ин рӯз поягузори маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” – Устод Комил Бекзода зодрӯз доранд ва имсол – дар оғози Сони нави мелодӣ ба синни 80 қадам мениҳанд. Дар зимн, ҳамасола дар ин рӯз дӯстону алоқамандони шахсияти Бекзода гирди ҳам омада, дар доираи нишасту маҳфили хосса сари буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ ва ҳассосиёту чолишҳои имрӯзӣ баҳс мекунанд. Устод Бекзода, ки аз унвони эҳтиромию ифтихории “Устод” сахт ҳазар доранд, бо доштани дониши фарогири илмию фалсафию ихтисосӣ дар гӯшае сокит менишинанд ва бо тавозуъу назокати вежа суҳбати дӯстону алоқамандонро мутаваҷҷеҳ мешаванд. Ҳама гуна андешаву афкори зидду нақиз ва ҳатто ғайриилмиро оромона таҳаммул мекунанд ва пасон муаддабонаву мудаббирона ба суҳбат ҳамроҳ мешаванд. Суҳбаташон одӣ, бетакаллуф, вале мудаллал аст. Бидуни далелу бурҳони илмию фаннӣ суҳбат намекунанд ва мусоҳибро ба масири муғолата намекашанд. Ин шева ва сабки сухану андешаи Устод аст.

    Устод дар тамоми нигоштаю таълифоташон, аз ҷумла дар китобҳои “Паёмбарони фарҳанги мо” (-Душанбе: Нодир, 2000. -124 с.), “Гурез аз Хайём” (-Душанбе: Нодир, 2002. -136 с.), “Аз таърихи худшиносии тоҷикон” (-Душанбе: Дониш, 2006. -149 с.), “Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ” (-Душанбе: Дониш, 2012. -433 с.), “Фалсафаи Марг ва Зиндагӣ” (-Душанбе: ҶСК “Чопхонаи Дониш”, 2015. -651 с.), “Шуубия: диссиденты средневекового ислама” (-Душанбе: “Издательство Дониш”, 2017. -395 с.), “Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи зиндагӣ бо марг (-Душанбе:  МН «Дониш», 2019. -199 с.), “Ҷаҳонбинии илмӣ” (-Душанбе: МН “Дониш”, 2024. -320 с.) сари мавзуъ ва масоили муҳимми фалсафӣ, мушкилоти ҳассоси ҳувиятӣ, озодандешӣ ва ҳувиятсозии миллӣ тамаркуз кардаанд. Ҳамчунин, мақолоти зиёди устод, ки дар рӯзномаву маҷаллоти замони Шуравӣ ва матбуоти даврии давлатӣ ва мустақили замони  истиқлол  интишор ёфтаанд, ба муҳимтарин масоили фалсафӣ, ки марбути озодию истиқлоли фикрию равонии миллианд, иртибот доранд. Зимнан, ҷомеаи мадании тоҷик хуб дар хотир дорад, ки устод Бекзода, чи дар матбуоти шуравӣ ва чи дар нашароти замони соҳибистиқлолӣ сари шиносонидани чеҳраҳои номдори илму фалсафаи Ғарбию Шарқӣ бо шумули Фридрих Нитше, Артур Шопенҳауэр, Ҷон Пол Сартр, Мартин Ҳайдеггер, Албер Камю, Бертран Рассел, Симона де Бовуар, Габриэл Марсел, Фёдор Михайлович Достоевский, Николай Фёдорович Фёдоров, Абдураҳмон Бадавӣ, Анис Мансур, Аббос Маҳмуди Аққод, Маҳмуд Амин Ал-Олим, Содиқ Ҳидоят, Иброҳим Пури Довуд, Ҷалили Дӯстхоҳ, Ҳошим Разӣ ва дигарон ҷаҳду талоши фаровон варзидааст. Бар илова, дар мавриди муаррифии шоистаи симоҳои таъсиргузори фарҳангию мадании миллию маҳаллӣ низ матолиби ҷолиб нашру пахш карда, аз ин тариқ дар бозофаринии чеҳраҳои фарҳангӣ саҳми сазовор гузоштааст (барои намуна таваҷҷуҳ шавад ба матлаби зайл: Бекзода Комил. Тулуъ ва ғуруби як рӯшноӣ. //Самак №16 (598), 27 апрели соли 2023. -С.13; Бекзода Комил. Тулуъ ва ғуруби як рӯшноӣ. //Самак №17 (599), 4 майи соли 2023. -С.11).   

      Ба унвони “Файласуфи озодандеши миллӣ” муаррифӣ шудани Устод ҳанӯз аз замони шуравӣ маълуму марсум будааст. Дарвоқеъ, мақом ва ҷойгоҳи “файласуфӣ” ба Устод Бекзода лоиқу сазовор аст ва эшон ба тамоми маъно файласуфанд. Аз сӯйи дигар, забон ва услуби нигориш, гузориш ва суҳбати  устод равон, равшан, салис ва орӣ аз таоруфу такаллуф буда, аз овони ҷавонӣ то имрӯз доир ба муҳимтарин масъалаҳои илмӣ, иҷтимоӣ, динӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, равонӣ, инсоншиносӣ, табиатшиносӣ, биологӣ ва амсоли инҳо дар доираи фаҳми мардум озодона, бидуни суханбозӣ, лафзпардозӣ, худнамоӣ, ки солҳои сол махсуси як гурӯҳ зиёиёну фарҳангиёни ватанӣ гаштааст, гуфтугӯ мекунад. Устод дар майдони баҳси илмӣ ва фалсафӣ аз тариқи методу усулҳои таҳқиқу нигориши урупоӣ ҷилва мекунад, ки ин махсуси қалам ва сабки сухани ӯст. Илова бар ин, устод дар омӯзиш, таҳлил ва нақди осору орои фалосифаи башарӣ дасти тамом дошта, дар муаррифии бузургтарин чеҳраҳои фалсафаи ҷаҳонӣ дар матбуоти даврӣ саҳми асосӣ гирифтааст.

       Воқеан, аз қудрату тавонмандиҳои  фикрию фалсафӣ ва илмию ихтисосии файласуфону равшанфикрони миллие назири Устод Бекзода ҷомеаи тоҷик ҳамеша истифода мебарад ва вуҷуду ҳузури  ин гуна шахсиятҳо боиси ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнии миллат мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб 80-умин солгарди умри устодро шодбош гуфта, ба устод дарозӣ ва саодати умр, сиҳатию тандурустӣ, хонаободӣ, тавону қудратмандӣ, шӯхтабъиву болидарӯҳӣ, ҷуръату ҷасорати мудавоми илмию эҷодиро таманно дорем. Воқеан:

                  Бо тавони қалбу дил, ай файласуфи хушхисол,

                  Хидмати рӯшангариро кардаӣ ҳаштод сол!   

        Ҳаштодсолагӣ хуҷаставу фархунда бод, файласуф ва рӯшангари миллӣ -- Устод Комил Бекзодаи гиромӣ!

 

         Бо эҳтиром,

 аъзои маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 9 январи 2025

 

Пас, туро ин зиндагӣ бодо ҳалол!

(Паёмномаи назмӣ ба муносибати 80-солагии файласуфи муосири миллӣ, Устод Комил Бекзодаи Тоҷикистонӣ)

 

Ин туӣ, ай марди неку хушхисол,

Умрҳо андар пайи рушду камол,

Файласуфӣ карда касбу иштиғол,

Бо тавони фалсафидан бемалол

Баркушудӣ рози авҳому хиёл,

Тули ин ҳаштод сол!

 

Бандагӣ вазъи фалокатиштимол,

Зиндагӣ беҳинтар аз ҳар вазъу ҳол,

Сӯйи бедорӣ бидуни қилу қол

Меравӣ чашминтизору дилкашол,

Рехтӣ тарҳи ҳаёти безавол,

Тули ин ҳаштод сол!

 

Ёфтӣ бо огаҳӣ бас иттисол,

То туро будаст имкону маҷол,

Дода аз насле ба насле бехиёл,

Ҳикмати озодагонро интиқол,

Баргузидӣ расму роҳу ин ривол,

Тули ин ҳаштод сол.

 

Гирди ҳам овардани насли фаъол,

Он замони сахт буд амре муҳол,

Аз ҷанубу шарқу ғарбу аз шимол,

Маҳфиле оростӣ ваҳдатмисол,

Баҳс кардӣ, баҳс, бе ҷангу ҷидол

Тули ин ҳаштод сол!

 

Баргирифтӣ аз фари Ҷамшед фол,

Қудрати Рустам, Фаридун, Сому Зол,

Ҷуръати Фирдавсии некусигол,

То наёбад руҳи миллат ихтилол,

Кардаӣ қадди алифат ҳамчу дол,

Тули ин ҳаштод сол!

 

Зиндагӣ навгонию ишқу висол,

Марг бошад куҳнагию ибтизол,

Зистан ишқ аст, не молу манол,

Мезанӣ бо қалби чун оби зулол

Аз замин бар осмони ишқ бол,

Тули ин ҳаштод сол!

 

Ай ҳакиму зубдаи донориҷол,

Фориғ аз ҳадсу гумону эҳтимол,

Хуш, ки бар мабнои нақду эътидол,

Мебарӣ ҳар шубҳае зери суол,

Пас, туро ин зиндагӣ бодо ҳалол,

Тули ин ҳаштод сол!

Бо эҳтиром,

Нозим Нурзода

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

6 январи соли 2025, душанбе, соати 09:30

Хондан 95 маротиба