JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адиб ва шоири миллӣ Адибаи Хуҷандӣ) Мусалламан, аз ҷумлаи бонуадибони муосири миллӣ хеле кам касонеро мешиносем, ки доир ба масоили доғи рӯз, бахусус мушкилоти иҷтимоию фикрии ҷомеа аз дидгоҳи илмӣ-мантиқӣ ва миллӣ-дунявӣ бархурд карда бошанд ва дар баробари таҳдиду чолишҳои муосир, ки бар ҳастию ҳайсияти миллат садама мезананд, ҷуръатмандона истод шуда, бебокона аз ҳувият ва арзишҳои миллӣ дифоъ менамоянд. Дар ҳоле ки садҳо адиб, шоир, нависанда, донишманд, муҳаққиқ, рӯзноманигор ва дар маҷмуъ, зиёие дорем, ки масруфи умури шахсию ихтисосии худ шуда, худнамоию риёкориро пеша намуда, ба сарнавишти…
(дар ҳошияи зодрӯзи дӯсти донишманд Ёрмуҳаммад Ниёзӣ) Мусаллам аст, ки дар ҳамаи давру замон неруи миллатсозу фарҳангофар зиёиён маҳсуб мешаванд ва рушду пешравии давлату ҷомеа ҳам ба ташаббусҳои созанда ва ибтикороти барномавии ин ниҳоди муассири иҷтимоӣ бастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, давлат ба ин қишри иҷтимоӣ такя карда, дар масири бунёдкорию созандагӣ ва таҳаввулоти сиёсию иҷтимоию иқтисодӣ аз ақлонияту зеҳнияти зиёӣ истифода мебарад. Дар феҳристи зиёиёни саршиноси ватанӣ, ки солҳои тулонӣ дар хидмати илму фарҳанги миллӣ камар барбаста, дар ҷодаи фарҳангпарварию илммадорӣ гомҳои устувор бардоштаанд, доктор Ёрмуҳаммад Ниёзӣ қарор дорад.
 Оре, ҳар кас барои корест, Ҳар шер сазои марғзорест. Ҷомӣ Дар ҳақиқат, ҳар касеро баҳри коре офаридаанд… Аз ин нуқтаи назар, мо мегӯем, ки Баҳодурро маҳз барои ҳунар, овозхонӣ, оҳангсозӣ халқ кардаанд, зеро тору пуди вуҷудаш аз матои ҳунар танида шудааст, ҳунари асил ва мондагор дар бустони мусиқию овозхонии тоҷик. Ба қавли шоир:
Панҷшанбе, 02 Майи 2024 08:25

Дар масири маънавиёти миллӣ!

Муаллиф:
(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи фаъоли иҷтимоӣ Фирдавси Мадё) Чанд соли қабл аз тариқи дӯсту бародари гиромӣ Меҳр Собириён бо фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯшангари ҷавони миллӣ Фирдавси Мадё ошно шудем. Аз нахустин рӯзҳои ошноӣ Фирдавс худро ҳамчун ҳимоятгари дониши илмӣ ва муҳофизи бедареғи адабу фарҳанги миллӣ ба намоиш гузошта, тавассути талошҳои пайгирона дар самти бедории фикрӣ ва тақвияти руҳияи миллӣ таваҷҷуҳи аҳли маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ро ҷалб намуд. Ин аст, ки минҳайси марде донишманд бо тафаккури илмӣ ва дидгоҳи миллӣ байни маҳфилиён маҳбубият касб кард.