JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 30 Июни 2025 12:26

Ҳиндшиноси ватанӣ дар шароити соҳибистиқлолӣ

Муаллиф:

(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ таҳти унвони “Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда” ба ифтихори 58-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов)

    Гузаронидани маҳфилу нишастҳои илмию адабию фарҳангӣ ва семинар-машваратҳои фалсафию ихтисосӣ дар марказ ва пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва чанд соли ахир дар Раёсати АМИТ Маҳфили “Хирад” таъсис ёфта, дар доираи он бо ҳузури донишмандону муҳаққиқон, магистрону коршиносону донишҷӯён силсиласуҳбату гузоришҳои хуби илмӣ ироа гардида, аз ин тариқ сатҳи донишу биниши насли ҷавони муҳаққиқону пажуҳишгарони ватанӣ боло бурда мешавад.

    Бо таваҷҷуҳ ба ин, 30-юми июни соли ҷорӣ, соати 14:00 дар  маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби маҳфили “Хирад”-и Раёсати АМИТ бо ҳузури доираҳои илмию академӣ ва адабию маданӣ (аз ҷумла, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Хоҷамуродов,  файласуфи миллӣ устод Комил Бекзода, адабиётшиноси варзида Шоҳзамон Раҳмон, рӯшангари миллӣ Ҷамолиддин Саидзода ва дигарон) нишасти вежаи илмӣ таҳти унвони “Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда”, ки ба ифтихори 58-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов ихтисос дода шуд, баргузор гардид.

       Маҳфилро ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён ифтитоҳ намуда, ба таври иҷмолӣ аз вазъи ҳиндшиносии муосири миллӣ ва дар ин замина ибтикороту навовариҳои илмию эҷодии ҳиндшиноси муваффақи ватанӣ устод Ҳабибулло Раҷабов сухан ба миён оварда, сухани ифтитоҳиро ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода вогузошт. Президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронӣ бар он таъкид кард, ки ҳиндшиносии муосири ватанӣ ҳамчун шохаи муқаввои ховаршиносии миллӣ дар шароити истиқлоли давлатӣ бомаром пеш рафта, дар рушди ин соҳаи илмӣ саҳми ховаршиноси маъруфи тоҷик устод Ҳабибулло Раҷабов асосист. Президенти АМИТ, ҳамчунин зиндагиномаи илмию эҷодии устод Раҷабовро мухтасаран варақгардон карда, афзуд, ки: “Устод Ҳабибулло Раҷабов аз ҷумлаи ховаршиносони матраҳи ҷумҳурӣ ва поягузорони ҳиндшиносии ватанӣ маҳсуб шуда, пас аз хатми муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии вақти шуравӣ (Шуъбаи урду ва ҳиндии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов), ба муҳити илмӣ-академии ҷумҳурӣ пайваста, солҳои 1967-1970  ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1970-1973 аспиранти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, тайи солҳои 1974-1981 дар симати ходими калони илмӣ, котиби илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Хушвахтзода афзуд, ки тайи солҳои 1982—1984 устод Раҷабов ба кори тарҷумонӣ ҷалб шуда, дар хориҷи кишвар хидмати расмӣ ва тарҷумониро адо намудааст. Замони ифтитоҳи ниҳоди нави илмӣ-пажуҳишӣ (соли 2017) ба муҳити илмӣ-академӣ аз нав пайваста, тули солҳои 2017-2022 мудирияти Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бар дӯш доштааст. Бемуҳобо, метавон устод Раҷабовро асосгузори ҳиндшиносии  ҳирфаи ватанӣ дар ҷумҳурӣ номиду муаррифӣ намуд”.

       Баъдан, бо такя ба барномаи маҳфил ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён суханро ба устод Ҳабибулло Раҷабов ҳавола карда, устод сари мавзуи “Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда” суҳбати ҷолиби илмӣ анҷом дод. Ҳиндшиноси матраҳи ватанӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов минҷумла тазаккур дод, ки саҳми ҳиндшиносони номии ватанӣ дар омӯзишу таҳқиқи мавзуъ ва масъалаҳои муҳимми адабӣ, бадеӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ, сиёсӣ ва фарҳангии соҳати Ҳинд бениҳоят бузург аст.

    Тибқи барнома, ходими пешбари илмии Шуъбаи таҳқиқоти стратегии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Меҳр Собириён дар мавзуи “Бозтоби масоили ҳассоси замонӣ дар таҳқиқот ва таҳия-тарҷумаҳои устод Ҳабибулло Раҷабов” гузориши хуби илмӣ ироа дода, аз ҷумла гуфт, ки устод Ҳабибулло Раҷабов на танҳо дар таҳқиқи масоили муҳимми адабу фарҳангу суннату ойинҳои Ҳинд, балки дар таҳия ва тарҷумаи осори арзишманди адибони қаламрави бузурги Ҳиндустон, ҳамчунин ошноии мардуми тоҷик бо муҳити илмию адабӣ ва фарҳангии сарзамини афсонавии Шарқӣ саҳми шоиста гузоштааст. Пасон, файласуфи муосири миллӣ устод Комил Бекзода, матншинос, шоир ва муҳаққиқ Алии Муҳамммадии Хуросонӣ, фарҳангшинос Нозим Нурзода, ироншинос Олимҷон Хоҷамуродов, муаррих-шарқшинос Санавбарбону Воҳидова, доктори илми таърих, профессор Ниёзбадал Мирзоев, шеършинос Маҳмадёр Шарифов ва чанде аз донишмандону ховаршиносони варзидаи ватанӣ мулоҳизоти хешро атрофи вазъи ҳиндишносии муосири ватанӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва саҳми ҳиндшиноси маъруфи миллӣ профессор Ҳабибулло Раҷабов ҳамчун мактабдори ҳирфаӣ дар рушду нумуи ховаршиносии миллӣ ихтисоран ироа доштанд.

       Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён маҳфилро ҷамъбаст намуда, бар он ишора фармуд, ки ҳиндшиносии ватанӣ бо дарназрдошти фазои соҳибистиқлолӣ пеш меравад ва дар ин раванд нақши профессор Ҳабибулло Раҷабов назаррас аст. Омӯзиши мероси илмӣ-пажуҳишӣ ва тарҷумаву таҳияҳои устод Ҳабибулло Раҷабов дар шароити Истиқлоли давлатӣ на танҳо раванди ҳиндшиносӣ, балки ховаршиносии ватаниро таҳкиму тақвият мебахшад ва роҳро барои пажуҳишҳои ҷиддии минбаъда дар заминаи мероси адибони маъруфи қаламрави Ҳинду Покистон ҳамвор месозад.

       Ба ин тариқ, маҳфили илмӣ дар фазои муътадили фикрию эҷодӣ  ҷараён гирифт.

               

Нозим Нурзода

                Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Хондан 50 маротиба