JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 01 Июли 2025 06:14

Бозтоби масоили ҳассоси замонӣ дар таҳқиқот ва таҳия-тарҷумаҳои устод Ҳабибулло Раҷабов

Муаллиф: Меҳр Собириён

   Аз худ кардани дониш ва машғул шудан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пешаи як гурӯҳи махсуси одамон дар ҳама давру замон будааст. Даст задан ба ин кори заҳматталаб ва ҳамзамон судманд ба ҳадафҳои гуногун сурат мегирад, ки муҳимтарини онҳо кунҷкобии  фардӣ ва ҳалли мушкилоти ҷомеа ва инсоният мебошанд. Маълум аст, ки шавқу кунҷкобӣ олимони зиёдеро водор сохтааст, ки дунболи илму офарандагӣ раванд ва кашфиёту ихтирооти худро дар хизмати мардум гузоранд. Дар баробари ин, давлат барои пайдо намудани роҳҳалҳои илмӣ дар заминаи мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ дар ҷомеа, ниҳодҳои илмӣ ташкил мекунад ва афроди донишманду меҳанпарастро ба кор ҷалб сохта, барои онҳо фазои мусоиди кору фаъолияти эҷодиро фароҳам меоварад. Ин муҳит имкон медиҳад, ки захираҳои зеҳнии ҷомеа истифодаи самарнок шаванд ва онҳо дар ҳалли илмии мушкилоти ҷомеа саҳми арзандаи хешро дошта бошанд. Аз тарафи дигар, масоили ҳассоси замониро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода, барои онҳо роҳҳали илмӣ пайдо намоянд ва ё дар таҳаввулоти фикрию иҷтимоӣ таъсири мусбат расонида,  мушкилоти мавҷударо рафъ созанд.

Муҳимтар аз ҳама, яке аз роҳҳои ҳавасмандгардонӣ дар соҳаи илм ин эътирофи хизматҳои арзанда ва мондагори донишмандону ходимони илмии ниҳодҳои илмӣ мебошад. Эътирофу қадрдонӣ аз олимони сарсупурдаву саршинос на танҳо илҳомбахши худи онҳост, балки насли ҷавон низ дар ин касби мушкилписанд маънову арзиши баландро мушоҳида намуда, майл ба фаъолияти илмӣ-эҷодӣ пайдо мекунад.

Бо назардошти ин воқеият, имрӯз (30.06.2025) Раёсати АМИТ тасмим гирифтааст, ки дар доираи Маҳфили “Хирад” ва дар бастагӣ бо масъалаҳои ҳалталаби ҳииндшиносии муосири ватанӣ, фаъолияти илмию эҷодии донишманди муосири тоҷик ҳиндшиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабовро мавриди баррасӣ қарор дода, ба ин восита аз ибтикороти илмӣ-эҷодии 58-солаи ӯ қадрдонӣ намояд.

Дар ин матлаб махостам фаъолияти устод Ҳабибулло Раҷабовро аз ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳия-тарҷумаҳои адабӣ, мудирияту раҳбарӣ ва муаррифии шоистаи давлату миллат дар шароити соҳибистиқлолӣ мухтасаран мавриди баррасӣ қарор диҳам.

  1. Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ. Чуноне дар ин маҳфил қайд карда шуд, маҳсули эҷодии устод Ҳабибулло Раҷабов хеле зиёд аст ва ҳар як мақолаву монографияи ӯро метавон ба таври алоҳида баррасӣ намуд. Вале азбаски вақт маҳдуд аст, ман дар атрофи як асари муҳими устод мулоҳизоти худро баён карда, дар ин замина фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии ӯро баррасӣ менамоям. Ин монография таҳти унвони “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд” (-Душанбе: ЭР-граф, 2022. – 272 с.) нашр гардида, дар он яке аз масоили ҳассосу доғи ҳар давру замон -- масъалаи ифротгароии мазҳабӣ ва оқибатҳои фоҷеабори он мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

       Маълум аст, ки интихоби ин мавзуъ аз ҷониби муаллифи китоб тасодуфӣ нест. Ду даҳсолаи охир ифротгароии динӣ-мазҳабӣ ба мушкили сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки Тоҷикистони азизи мо низ аз он зарари зиёд дидааст ва ҳоло ҳам хатарҳои зиёде моро таҳдид мекунанд. Бо назардошти ин хатарҳо муаллиф дарк намудааст, ки огоҳӣ додан ба мардум аз оқибатҳои фоҷеабори бадбинию ихтилофоти мазҳабӣ (дар мисоли бархурдҳои динӣ дар Ҳиндустон) хеле зарур мебошад. Дар воқеъ, устод Ҳабибулло Раҷабов аз уҳдаи ин кор баромада, тавонистаанд нишон диҳанд, ки чӣ тавр бадбиниҳои динӣ ва ихтилофоти ақидатӣ як ҷомеаро заиф месозанд. Ин заифӣ ҷомеаро осебпазир мегардонад. Агар авзоъ муташанниҷ ва то ба ҳадди бархурдҳои воқеӣ бирасад, раҳму шафқат ва инсонгарӣ аз байн меравад ва дар ин ҷараён ҳама қишрҳои ҷомеа ба мусибат гирифтор мешаванд. Бархурдҳои динӣ-мазҳабӣ дар ҳеҷ давру замоне пирӯзу баранда надоранд. Аз онҳо ҳама зарар мебинанд. Танҳо гурӯҳҳои манфиатхоҳи хориҷӣ аз онҳо баҳрабардорӣ мекунанду халос.

Тавре ки дар боло ишора шуд, ҳама гуна пажуҳиш ҳадафи муайянеро пайгирӣ мекунад ва ба ҳалли ягон мушкили ҷомеа равона шудааст. Пажуҳишҳои адабиётшиносӣ низ ҳамин ҳадафу мушкилотро бояд дар назар дошта бошанд. Мутаассифона, баъзе аз мавзуъҳои тадқиқотии адабиётшиносону шарқшиносони мо ба зиндагии мардум ва мушкилоти ҷомеа хеле кам рабт доранд. Онҳо адабиётро барои адабиёт пажуҳиш мекунанд ва танҳо бар мабнои вежагиҳои ҳунарию санъатӣ таҳқиқот анҷом медиҳанд. Вале китоби мазкури профессор Ҳабибулло Раҷабов чунин камбудиҳоро надорад. Ин китоб мушкили муайянеро пайгирӣ мекунад ва ҳадафи он пешгирӣ кардани бадбиниҳои динӣ-мазҳабӣ мебошад. Муаллиф бо масъулиятшиносӣ дар назди меҳани хеш ҷомеаро осебшиносӣ мекунад ва хатароти бархоста аз ифротгароии диниро ҷиддӣ дарёфта, ба мухотабони худ огоҳӣ медиҳад. Огоҳ мекунад, ки бадбиниҳои динӣ-мазҳабӣ метавонанд ҷомеаро бо фоҷеаҳои вазнин гирифтор кунанд. Далелҳоро аз таҷрибаи талхи солҳои чилуми асри гузаштаи Ҳиндустон меоварад. Нишон медиҳад, ки чунин бадбиниҳо ба ҳеҷ кас ё ба ҳеҷ дине манфиат намеоваранд. Аз он ҳама баробар зарар хоҳанд дид.

        Воқеан, китоби “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд”-и устод Раҷабов, бешубҳа дар ҳалли мушкилоти ифротишавии ҷомеа ва коҳиш додани буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ нақши худро гузошта метавонад. Умедворем, чунин асарҳои ҳадафнок ва нигаронидашуда ба мушкилоти муайян зиёд мегарданд ва мардуми мо илоҷи воқеаҳои нохушро пеш аз вуқуъ пайдо мекунанд.

       Хулоса, устод Ҳабибулло Раҷабов дар интихоби мавзуъҳои таҳқиқотӣ ҳамеша мушкилоти ҷомеа ва сиёсатҳои созандаи давлатро дар назар дошта, масъалаҳои мубрамро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад ва дар сатҳи баланди илмӣ онҳоро коркард менамояд.

  1. Таҳия-тарҷумаҳои адабӣ. Мусаллам аст, ки адабиёт ва асарҳои адабӣ дар тарбияи инсонҳои бофарҳангу соҳибтахассус ва худшинос мақоми арзандаи худро доранд. Ба воситаи ин абзор корҳои тарбиявӣ дар ҷомеа амалӣ гашта, аз ин тариқ шаҳрвандон дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, ҳалолкорӣ, масъулиятшиносӣ ва зиндагидӯстӣ тарбия меёбанд. Адабиёт дар баробари театру синамо ва Васоити ахбори омма дар ростои зеҳниятсозӣ дар ҷомеа хизмат намуда, ҳувияти миллиро боло мебарад ва таъсири падидаҳои манфие ба монанди хурофоту бегонапарастӣ ва ифротгароиву нафратпароканиро кам мекунад.Устод Ҳабибулло Раҷабов ҳамчун ҳиндшинос ва бо ҳадафи таъсиргузориву зеҳниятсозӣ дар ҷомеаи тоҷик асарҳои зиёдеро аз забонҳои ҳиндиву урду ба тоҷикӣ тарҷума намудааст. Барои намуна, метавон китоби дигари таҳиянамудаи устодро зери унвони "Ҷиҳози арӯс" (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Ҷиҳози арӯс. Маҷмуаи ҳикояҳо. -Душанбе, ЭР-граф-2023. -272 саҳ.) овард, ки он маҷмуаест, ки ҳикояҳои беҳтарин адибони тараққипарвари Ҳиндустонро фаро мегирад.

Маълум аст, ки ҳикоя яке аз жанрҳои адабие мебошад, ки ба воситаи он метавон як мушкили муайяни ҷомеаро бо матни нисбатан кутоҳу фаҳмо тасвир намуд. Устод Ҳабибулло Раҷабов низ дар муқадимаи "Ҷиҳози арӯс" мегӯяд: "...жанри ҳикоя беҳтарин воситае аст, ки бисёр ба осонӣ ва самимона дар дили мардум эҳсоси ватандӯстӣ, донистани қадру қиммати худ, чашм кушода ба ҳақиқат нигоҳ кардан, барои озодиву беҳбудӣ далерона мубориза бурдан ё ҳеҷ набошад, то андозае кӣ будани худро дуруст дарк кардан ва мисли ин андешаҳоро ҷой медиҳад". Ин жанр дар Ҳиндустон хеле маъруфияти зиёд дорад, ки дар ду садсолаи охир ҳазорҳо ва шояд даҳҳо ҳазор ҳикоя дар ин кишвар навиштаву нашр шудаанд. Барои як маҷмуа интихоби ҳикояҳо аз ин осори бешумор хеле мушкил ба назар мерасад. Вале таҳиягари маҷмуаи мазкур дар ин кори худ, пеш аз ҳама, ҳадафҳои миллиро пайгирӣ карда, ҳикояҳоеро интихоб намудааст, ки мушкилоту гирифториҳои ҷомеаи моро низ дар бар мегиранд. Ин аст, ки дар интихоби 8 нависанда ва 20 ҳикоя аз онҳо тарҷумон-таҳиягар хато накардааст ва бештари онҳо ба мушкилоти имрӯзаи ҷомеаи тоҷик рабт дошта, аҳамияти маҷмуаро боло мебаранд. Ин ҳикояҳо ба мавзуъ ва масъалаҳои суйистифода аз мавқеи иҷтимоӣ, кинаву нафрат, интиқомҷӯйӣ, ифротгароӣ, муқобилият бо навоварӣ ва амсоли инҳо ихтисос ёфтаанд.

Дар воқеъ, маҷмуаи таҳияву тарҷуманамудаи устод Ҳабибулло Раҷабов ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзи ҷомеаи тоҷик буда, бешубҳа дар тарбияи ҷомеа нақши худро хоҳад гузошт. Адабиёт маҳз бо чунин асарҳо ба ҷомеа таъсири мусбат расонида, тариқи мероси бадеӣ-эстетикӣ инсонсозиву зеҳниятсозӣ мекунад. Умедворем дар оянда чунин асарҳои адабии нигаронидашуда ба ҳалли мушкилоти ҷомеа зиёдтар мешаванд.

  1. Мудирияту раҳбарӣ. Мо 7 сол бо устод Ҳабибулло Раҷабов дар шуъбаи ОҶШ ИОМДОА АМИТ ҳамкорӣ доштем, ки дар ин муддат устод 5 сол мудирияти шуъбаро бар душ доштанд. Устод ҳамчун пажуҳишгари соҳибтаҷриба ва муваффақ дар муддати раҳбарии худ як фазои солими кору фаъолияти эҷодиро барои мо фароҳам оварда буданд. Дастгириву раҳнамоии ҳамкорон дар раванди омӯзишу таҳқиқ ва муносибати сатҳи баланди инсониро мо аз устод дар ин солҳо ба хубӣ мушоҳида кардем.  Дар ин муддат ҳадафҳои шуъба низ ба ҳалли мушкилоти муайян дар ҷомеа равона шуда буданд. Устод як раҳбари созанда ва як ҳамкори боэътимод барои ҳамаи ҳамкорон маҳсуб меёфт.
  2. Муаррифии шоистаи давлату миллат. Нахуст, устод Ҳабибулло Раҷабов бо хонишу омӯзиши хубу аъло ва пажуҳишҳои сатҳи баланди худ, ҳамчун намояндаи миллати тоҷик, миллати моро дар миқёси кишварҳои собиқ ИҶШС ва қаламрави мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ба таври боиставу шоиста муарифӣ кардаву мекунад. Баъдан ҳамчун раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Ҳиндустон солҳо боз миллату давлати моро барои қишрҳои гуногуни ҷомеаи Ҳиндустон муаррифӣ менамоянд. Фаъолияти ӯ дар ин ҷода борҳо аз ҷониби раҳбарияти Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди эътирофу қадрдонӣ қарор гирифтааст.

       Тирамоҳи соли гузашта дар ҷашни Дивалӣ, ки дар Кохи Суруши Душанбе Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон баргузор карда буд, мо бори дигар шоҳиди эътирофи устод аз ҷониби Ҳиндустон ва бо ин васила муаррифии бештари миллату давлати мо аз ҷониби ӯ гаштем. Дар баробари суруду мусиқӣ як нафар бояд дар бораи ҷашни Дивалӣ ва қиссаи пайдоиши он сухан мегуфт. Аз миёни садҳо ҳиндустонии дар он маҳфил ҳузурдошта, ин корро сафорати Ҳиндустон ба устод Ҳабибулло Раҷабов бовар карда супориданд, ки ин на танҳо эътирофи худи устод, балки эътирофи илми тоҷик низ буд ва табиист, ки боиси ифтихори мо – тоҷикони дар маҳфил ҳузурдошта гардид. Илова бар ин, бо ташаббуси устод даҳҳо семинару конфронсҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон ташкил карда шудаанд, ки симои ӯро ҳамчун муаррифигари шоистаи  давлату миллати тоҷик ба намоиш гузоштаанд.

Ба ин тариқ, устод Ҳабибулло Раҷабов масъалаҳои ҳассоси замониро дар тули фаъолияти илмӣ-эҷодии хеш мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода, саҳми арзандаи худро дар ҳалли онҳо ва кам кардани таъсири номатлуби онҳо гузоштааст. Илова бар ин, ҳамчун муаррифгари хуби давлату миллат устод солҳо боз фаъолият мекунанд ва бовар дорем, ки дар оянда ҳам фаъолиятҳои худро дар заминаи муаррифии шоистаи давлату миллат аз тариқи ибтикороти созандаи илмию эҷодӣ идома хоҳанд дод. Аз фурсати муносиб истифода карда, ба устод дар ҷодаи эҷодиёт муваффақият хоста, ба ӯ саломатии комил, хотири ҷамъ, қалами тез ва руҳу равони қавиро таманно мекунем.

Меҳр Собириён,

АМИТ

Хондан 88 маротиба