JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 29 Июни 2025 10:21

Ҳиндшиноси миллӣ ва масъулияти илмӣ-пажуҳишӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

 (чанд андеша дар ҳошияи 80-солагии ҳиндшиноси маъруфи миллӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло  Раҷабов)

   29 июн зодрӯз ва дар зимн, 80-умин солгарди ҳиндшиноси маъруфи ватанӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов мебошад. Устод миёни доираҳои илмӣ-академӣ ва ҳавзаҳои адабию мадании ҷумҳурӣ кайҳо боз ошност. Дар баробари донишманди матраҳу миёни доираҳои илмию мадании минтақавӣ соҳибнуфуз будан, хеле инсони самимӣ, отифӣ ва ахлоқист. Табиатан, ботамкин, орому маданист ва маҳз ҳамин мушаххасоти ахлоқию отифию ҳувиятӣ устодро дар байни хосу ом мақбулу маҳбуб гардонидааст. Дар воқеъ, шахсияти дӯстдоштанист. Аз фурсати муносиб истифода бурда, 80-умин солгарди умри устод Ҳабибулло Раҷабовро шодбош гуфта, барояш саломатӣ, тандурустӣ, болидахотирӣ, саодату хушбахтӣ ва хушҳолии ҳамешагиро таманно мекунем. Дар ҳошияи зодрӯзи устод чанд ҷумлаи муқаддимотиеро манзур месозем.

   Устод Ҳабибулло Раҷабов 29 июни соли 1945 дар ноҳияи Ҳисор зода шуда, соли 1962 мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо баҳои аъло хатм карда, соли 1967 Шуъбаи забонҳои ҳиндӣ ва урдуи  факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии  ба номи А.А. Жданови Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург)-ро ба итмом расонида, баъди хатми донишгоҳ тайи зиёда аз 22 сол масъулияти мудирияти кафедраи филологияи Ҳинду Покистони факултаи шарқшиносӣ (ҳозира факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо)-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда гирифта, дар омода кардани кадрҳои илмию таълимӣ ва тарҷумаю интишори адабиёти Ҳинд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст.

   Устод Ҳабибулло Раҷабов пас аз хатми муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии вақти шуравӣ, дар баробари таълиму тадриси филологияи Ҳинд ба муҳити илмӣ-академии ҷумҳурӣ пайваста, солҳои 1967-1970  ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1970-1973 аспиранти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, тайи солҳои 1974-1981 дар симати ходими калони илмӣ, котиби илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 1982—1984 ба кори тарҷумонӣ ҷалб шуда, дар хориҷи кишвар хидмати расмӣ ва тарҷумониро адо намудааст. Солҳои 1984—2005 мудирияти кафедраи филологияи ҳинди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ)-ро бар уҳда дошта, тайи солҳои 2005—2008 вазифаи пурмасъули муовини аввали ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар зимма гирифтааст. Аз соли 2009 профессори кафедраи филологияи ҳинди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  буда, тули солҳои 2017-2022 мудирияти Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бар дӯш доштааст.  Соли 1998 диссертатсияи докториашро дар мавзуи “Ташаккул ва инкишофи ҳикояи муосири ҳиндӣ” бомуваффақият ҳимоя карда, сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ мегардад.      Равияи асосии илмии устод Ҳабибулло Раҷабов адабиётшиносӣ ва филологияи Ҳинд аст. Аз ҳама муҳим, устод Ҳабибулло Раҷабов аз муассисони кафедраи филологияи Ҳинд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Устод барои аввалин маротиба дар Тоҷикистон омӯзишу тадриси забонҳои ҳиндӣ ва урдуро ташкил карда, ҳамчунин таҳқиқи илмии забону адабиёти ҳиндиву урдуро роҳандозӣ намудааст.  Бад-ин тартиб, устод Ҳабибулло Раҷабов мактаби илмии ҳирфаиро дар робита бо омӯзишу таҳқиқи филологияи Ҳинд созмон дода, таҳти роҳбарии ӯ як зумра унвонҷӯён рисолаҳои номзадию докторӣ ҳимоя кардаанд. Муаллифи 17 монография ва зиёда аз 300 матлабу мақолоти илмӣ мебошад. Барои намуна ба феҳристи мухтасари мероси илмӣ-пажуҳишии устод таваҷҷуҳ мекунем: Раҷабов, Ҳ. Новеллаҳои Моҳан Ракеш. -Душанбе, 1984; Раҷабов, Ҳ. Премчанд. -Душанбе, 1995; Раҷабов, Ҳ. Ташаккул ва инкишофи ҳикояи муосири ҳиндӣ. -Душанбе, 1988; Раҷабов, Ҳ. Се насли новелланависони ҳиндӣ. -Душанбе, 2002; Раҷабов, Ҳ. Муҳовараи тоҷикӣ-ҳиндӣ. -Душанбе, 2004; Раҷабов, Ҳ. Ин аст Ҳиндустон. -Душанбе, 2007; Раҷабов, Ҳ. Пҳанишварнатх Рену. -Душанбе, 2009; Раҷабов, Ҳ. Рабиндранат Тагор. (Ҳаёт ва эҷодиёт). -Душанбе, 2012; Раҷабов, Ҳ. Дар бораи тадриси адабиёти Ҳинд дар мактаби олӣ. -Душанбе, 2013; Раҷабов, Ҳ. Адабиёти муосири Ҳинд. -Душанбе, 2014; Раҷабов, Ҳ. Даҳ сутуни адабиёти Ҳинд. -Душанбе, 2014; Раҷабов, Ҳ. Премчанд (нашри дувум). -Душанбе, 2015; Раҷабов, Ҳ. Истилоҳоти ҳиндӣ ба забони тоҷикӣ. -Душанбе: Истеъдод, 2016; Раҷабов, Ҳ. Адабиёти Ҳинд дар замони нав. -Душанбе: ЭР.граф, 2017; Раҷабов, Ҳ. Ташаккул ва инкишофи ҳикояи ҳиндӣ. -Душанбе: ЭР-Граф, 2018; Раҷабов, Ҳ. Адабиёти Ҳинди қадима. -Душанбе, 2021. Ҳамчунин, устод Ҳабибулло Раҷабов дар тарҷумаи осори адабӣ-бадеии ҳиндӣ ва урду ба забони тоҷикӣ саҳми асосӣ дошта, тайи фаъолияти пурсамари эҷодӣ осори адибони матраҳи ҳинду покистониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст (дар ин замина, ба чанд намунаи тарҷумаҳои устод таваҷҷуҳ мекунем: Раҷабов, Ҳ. Файз Аҳмади Файз. Руҳи озодӣ. /Тарҷума аз забони урду. -Душанбе, 1977; Раҷабов, Ҳ. Ҳикоёти ҳиндӣ. /Тарҷума аз забони ҳиндӣ. -Душанбе, 2002; Раҷабов, Ҳ. Биҳари Вадҷей. Қатраи борон. Шеърҳо. /Тарҷума аз забони ҳиндӣ. -Душанбе, 2006; Раҷабов, Ҳ. Рабиндранат Тагор. Мунтахаби ҳикоёт. /Тарҷума аз забони ҳиндӣ. -Душанбе, 2006; Раҷабов, Ҳ. Моҳан Ракеш. Ҳаёти талх. Ҳикояҳо. /Тарҷума аз забони ҳиндӣ. -Душанбе, 2008).  

   Тайи фаъолияти илмӣ-пажуҳишӣ ва педагогӣ-омӯзгорӣ ба бисёр кишварҳо, махсусан Ҳиндустону Покистон ва Афғонистон сафарҳо карда, бо доираҳои илмӣ ва мадании манотиқи гуногун мулоқоту вохуриҳо анҷом додааст. Инчунин, барои хидматҳои бедареғ ва тулонӣ  устод Ҳабибулло Раҷабов соҳиби мукофотҳои зиёде гардидааст, аз ҷумла: Дорандаи яке аз олитарин мукофотҳои давлатии Ҳукумати Ҳиндустон -Ҷоизаи Падма Шри (2018), Нишони сарисинагии “Барои шуҷоати меҳнатӣ” (1983), Медали “Даҳсолагии инқилоби Савр” (1988),  Медали “Аз мардуми миннапазири афғон” (1988), Нишони сарисинагии “Барои саҳм дар кори дӯстӣ”, Нишони “Ҷамъияти дӯстии халқҳои Шуравӣ” (1991), Нишони сарисинагии “Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1999).

   Дар воқеъ, устод Ҳабибулло Раҷабов  дар муддати зиёда аз 50 соли  фаъолияти илмӣ 20 китоб ва беш аз 200 мақолаю матолиби илмӣ ба табъ расонида, чандин  асарҳои нависандагони машҳури Ҳиндро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда,  дар ростои равобити илмии Тоҷикистону Ҳиндустон хидматҳои шоён анҷом додааст. Китобҳои ӯ, аз ҷумла “Ин аст Ҳиндустон” (-Душанбе, 2007. -303 с.), “Таърихи  адабиёти Ҳиндустон дар давраи нав” (-Душанбе, 2017), “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимоти Ҳиндустон дар асарҳои нависандагони Ҳинд” (-Душанбе, 2022) ва амсоли инҳо дар шинохти ҷуғрофиё, адаб, ахлоқ, сиришт, фарҳанг, иқтисод, ойин, суннат ва маданияти кишвари афсонавии Ҳиндустон барои доираи васеи хонандагон мусоидат мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, устод Ҳабибулло Раҷабов барои дастовардҳои назаррас, саҳми бузург ва хизматҳои шоёнаш   дар самти ҳамкориҳои илмию фарҳангии  Тоҷикистону Ҳиндустон  дар бахши “Адабиёт ва маориф” соли 2018 бо Ҷоизаи  “Падма  Шри” (“Ордени нилуфар”) мукофотонида шудааст. Хурсандиовар он аст, ки мавсуф дар миқёси  давлатҳои Осиёи Марказӣ аз зумраи нахустин нафаронест, ки соҳиби ин ҷоиза гардидааст. Ин навъ қадрдонӣ шоҳиди он аст, ки ҳиндшиноси миллӣ Ҳабибулло Раҷабов миёни доираҳои илмию фарҳангии хориҷӣ нуфуз ва эътибори баланд дорад.

   Устод Ҳабибулло Раҷабов аз ҷумлаи ҳиндшиносон ва ховаршиносони миллиест, ки масоили баҳсӣ ва таҳқиқиро фаротар аз доираҳои филологӣ ва касбӣ-ихтисосӣ мавриди омӯзишу мутолеа қарор медиҳад. Ба ин маъно, ӯ ҳангоми таҳқиқи осору мероси адибони Ҳинд, дар баробари арзёбии ҷанбаҳои адабӣ-ҳунарӣ (филологӣ-адабиётшиносӣ), аз назару дидгоҳҳои таърихӣ, мардумшиносӣ, фалсафӣ, ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ, фарҳангшиносӣ, осебшиносии иҷтимоӣ ва соири равишҳои илмӣ кор мегирад. Ҳатто дар китоби илмӣ-оммавии “Ин аст Ҳиндустон” (-Душанбе, 2007. -303 с.), ки хусусияти иттилоотӣ-информатсионӣ, оммавӣ-публитсистӣ ва ташвиқӣ-таблиғотӣ дорад, устод Ҳабибулло Раҷабов меъёрҳои илмӣ-фаннӣ ва вежагиҳои ихтисосиро риоят кардааст. Ба сухани дигар, устод  Ҳ. Раҷабов  сабку  салиқаи  хоси омӯзишӣ, нависандагӣ, таҳқиқӣ ва эҷодӣ дорад. Танҳо ба воситаи муруру мутолеаи як китоби “Ин аст Ҳиндустон” мо бо сабку равиши ҷолиби нависандагӣ, аз ҷумла: ҳадафшиносӣ; пайдарҳамии мавзуӣ; ҷаззобияти иттилоотӣ; шеваи калимаву таркиборойӣ; равиши содаи ҷумлабандӣ; тасвироти орӣ аз такаллуфу таоруфи маъмулӣ; мураттабии маводи ахборӣ; рӯшанбаёнии муаллиф ошно мешавем. Ин аст, ки устод Ҳабибулло Раҷабов таҳлилу баррасии комплексӣ-маҷмуавии масъалаҳои мавриди назарро дар омӯзишу таҳқиқ меъёри умури таҳқиқӣ медонад, ки ин гуна вежагии илмӣ-фаннӣ дар кам нафароне мушоҳида мешавад.

   Устод Ҳабибулло Раҷабов аз ҷумлаи адабиётшинос ва ховаршиносони миллиест, ки дар меҳвари кори таҳқиқӣ масоили ҳувиятӣ, мафкуравӣ ва маданиро, ки аз ҳар ҷиҳат ба манофеи миллӣ гиреҳ мехуранд, низ қарор медиҳад ва дар доираи равиши илмӣ-пажуҳишӣ ба муҳимтарин масъалаи рӯзгори инсонӣ дар мисоли мавзуи бархурду ихтилофоти мазҳабӣ, ки печидатарин мавзуи рӯзгори мо дар тули асрҳо будаву ҳаст, ҷиддӣ тамаркуз мекунад. Аз рӯйи имкон, мо мекӯшем, ки танҳо дар доираи як монографияи устод (манзур монографияи: Раҷабов Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимоти Ҳиндустон дар асарҳои нависандагони Ҳинд. -Душанбе: “ЭР-Граф, 2022. -272 с.) тамаркузи мавсуфро ба ин масъалаи муҳим ва ба истилоҳ, доғи рӯз арзёбӣ мекунем.

   Устод Ҳабибулло Раҷабов дар монографияи “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимоти Ҳиндустон дар асарҳои нависандагони Ҳинд” (-Душанбе: “ЭР-Граф, 2022. -272 с.). мавзуи бархурдҳои мазҳабиро дар меҳвари кори таҳқиқӣ қарор дода, дар ин замина масоили дигареро, ки ба мавзуи асосӣ ба таври бевосита ва ё бавосита тааллуқ гирифтаанд, арзёбӣ кардааст. Дар маҷмуъ, муҳаққиқ дар ду боб мавзуи бархурдҳои мазҳабиро дар осори нависандагони Ҳинд бозбинӣ ва баррасӣ мекунад. Дар боби якум – “Тасвири бархурдҳои мазҳабӣ дар асарҳои адибони Ҳинд” (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. –С.12-123) муҳаққиқ дар мисоли 10 адиби маъруфи Ҳинд бо шумули Биҳишма Саҳнӣ, Иброҳим Ҷалис, Моҳан Ракеш, Миҳир Мукҳопадҳай, Раҷендра Сингҳ Бедӣ, Вишну Прабҳакар, Абдул Бисмиллоҳ, Хушвант Синҳ, Хоҷа Аҳмад Аббос, Кришан Чандар ҳаводиси даҳшатбори бархурди мазоҳибро ҳамчун фоҷеаи миллии Ҳиндустон матраҳ мекунад. Муҳаққиқ-ҳиндшинос дар феҳристи 10 адиби тараққипарвари Ҳинд исми ду нафар нависандаи мусулмон – Абдул Бисмиллоҳ (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. С.59-62) ва Хоҷа Аҳмад Аббос (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022.  С.73-100)-ро ёдовар шуда, мавзуи ихтилофоти мазҳабӣ ва бархурдҳои диниро дар зиндагинома ва мероси адибони мазкур пайгирӣ мекунад ва ба натиҷа мерасад, ки адибони тараққипарвари Ҳинд дар ҳамбастагӣ алайҳи зулму истибдоди мазҳабӣ ва хушунатҳои динӣ мубориза бурда, парчами озодию истиқлолро бо ҳам баланд бардоштаанд. Адиби Ҳинд Абдул Бисмиллоҳ (таваллудаш 1949), ки муаллифи китоб (Ҳ. Раҷабов) бо ӯ робитаи бевоситаи дӯстию ҳамкорӣ доштааст, дар ҳикояи “Кабирдаси нав” қаҳрамонеро меофарад, ки на ҳинду ва не мусулмон аст (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022.  С.59). Аз ин тарзи офариниши эҷодӣ метавон натиҷа гирифт, ки нависандагони Ҳинд дар баррасӣ ва тасвири ҳаводис аслан ба тааллуқоти миллию нажодӣ, мавқеъгириҳои ҳизбию сиёсӣ ва эътиқодоти динию мазҳабӣ таваҷҷуҳ накарда, масъала, муаммо ва мушкилотро мунсифона пайгирӣ намудаанд.

   Дар боби дувум – “Тасвири бархурдҳои мазҳабӣ ва оқибатҳои он дар романи Яшпал (1903-1973) “Ҳақиқати қалбакӣ” (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. С.124-264)  муаллиф ҳаводиси мудҳиши асри гузаштаи Ҳиндро ба таври алоҳида дар романи нависандаи шуҳратёри Ҳиндустон Яшпал бозбинӣ мекунад. Ҳиндшинос Ҳ. Раҷабов ба ин нукта тамаркуз мекунад, ки Яшпал дар романи “Ҳақиқати дурӯғин” силсилаи масоилро ҷамъулҷамъ дар партави мавзуи зиддияту бархурдҳои мазҳабӣ ба риштаи тасвир бармекашад. Ин аст, ки менависад: “Яшпал маҳз ҳамин масъаларо муҳимтарин масъалаи замони зистани худ дониста, барои болои он андеша кардан қалам ба даст гирифтааст...” (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. –С.155).  Қаҳрамонони  марказии  романи  “Ҳақиқати дурӯғин”-и Яшпал Тара, Ҷайдев Пурӣ, Асад, Бантӣ ва дигарон бар он мекӯшанд, ки бо ташаббусоту ибтикороти  отифию созандаи худ сатҳи бархурдҳои мазҳабӣ ва ташаннуҷи авзоъро пойин бурда, суботу амният ва рифоҳу ҳамзистии динӣ-ақидатиро дар ҷомеа таҳаққуқ бахшанд. Аз ҳама муҳим, нависандаи романи “Ҳақиқати дурӯғин” Яшпал худ шоҳиди бевоситаи кашмакашу даргириҳо, низоъу бетартибиҳо, ваҳшату даҳшатҳо ва фоҷеаву мусибатҳои миллию мардумӣ буда, дар асоси диду бардоштҳо асари комили бадеӣ ба мерос гузоштааст. Алалхусус, панорамаи даҳшату ваҳшати даргирию бархурдҳои мазҳабӣ ва ихтилофоти фикрии дар имтидоди соли 1947 иттифоқафтода, ки сарзамини афсонавии  Ҳиндро  ба  ҳоли  парешонию  карахтӣ  расонида  буд, хонандаро бетараф  гузошта  наметавонад.  Бархурди  хунбори мазҳабӣ миёни пайравони адёну мазоҳиби гуногун, бахусус, ҳиндувону мусулмонон, ки асрҳои  аср бо  ҳам дар як сарзамин зиста, чун як хонавода шудаанд, пеш аз ҳама, боиси нигаронии аҳли зиё, аз ҷумла адибон гардид.

   Ҳамин аст, ки Яшпал ва доираи васеи адибони тараққипарвари Ҳинд хома ба даст гирифта, дар тасвири воқеӣ-реалии бархурдҳои мазҳабӣ, ки дар марҳилаи тақсимоти мамлакат (соли 1947) ба вуқуъ пайваста, мусибату фоҷеаҳоеро ба дунбол доштааст, талош варзиданд. Куштори бераҳмонаи тарафайн дар замони тақсимшавӣ ва паёмадҳои ногувори он насли мутараққӣ ва пешқадами вақти Ҳинду Покистонро бетараф нагузошта, намояндагони барҷастаи адёну мазоҳиби мухталиф, бо такя ба ақли солим ихтилофоту инҳирофоти ақидатӣ ва нобасомониҳои фикриро сахт маҳкум кардаанд. Яшпал  ҳам  манзараи  қатлу  куштор  ва бераҳмию мусибатзадагии табақаҳои гуногуни мамлакатро ба намоиш гузошта, тазаккур додааст, ки тӯдаҳои бемаърифат дар сатҳи ҳайвоноти даррандаанд ва на бар асоси ақлу ҳуш, балки бар мабнои ғариза амал карда, амну субот ва оромишу рифоҳи ҷомеаро ба ҳам мезананд. Намояндагони ақли солим, ки дар романи “Ҳақиқати дурӯғин”-и Яшпал дар симои Тара, Ҷайдев Пурӣ, Асад, Бантӣ зуҳур мекунанд, ба ҳақиқатҳои дурӯғини мазҳабӣ лаънату нафрин мефиристанд ва дар баробари тӯдаи ваҳшӣ бо садои баланди эътироз “Ин чӣ шармандагӣ! Лаънат бар шумо!” (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. С.263) муқовимату мубориза мекунанд. Муҳаққиқи адабиёти Ҳинд устод Раҷабов масоили ҳассос (тақсимшавии Ҳиндустон ва авҷи ихтилофоти динию мазҳабӣ)-ро бар мабнои тасвироти Яшпал як навъ ҷамъбаст намуда, менависад, ки: “Яшпал ишора мекунад, ки барои одитарин кас бемаънӣ будани ин тақсимот равшан аст. Ронандаи мошине, ки он ҷо Тара савор аст, ба ҳамсуҳбаташ Каушаля Девӣ мегӯяд: “Ба ин тӯдаи ба ҷаннати Покистон мерафтагиҳо нигоҳ кунед. Ҳазорон одамонро бехонумон кардан ба фоидаи кӣ бошад-а?” (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. С.262). Суоли асосие, ки ронандаи мошин матраҳ мекунад: “Ҳазорон одамонро бехонумон кардан ба фоидаи кӣ бошад-а?”, пурсиши риторикӣ-мантиқӣ аст. Ба воситаи ин гуна суолгузориҳо қаҳрамонони романи “Ҳақиқати дурӯғин” масъалаҳои ҳассосеро аз қабили саҳнасозиҳои маснуии мазҳабӣ, нақша-сенарияҳои намоишномаҳои сиёсӣ, коргардонии ҷангу даргириҳои ақидатӣ, суъистифода аз бовару эътиқодоти мардумӣ дар бозиҳои геополитикӣ, ҷаҳлу хурофазадагии қишрию табақотӣ, камбуду навоқиси каставӣ, мушкилоти ҳувиятӣ ва ҳадафу манофеи сиёсию иқтисодии мустамликадорони аҷнабӣ ва амсоли инҳоро баррасӣ мекунанд ва роҳҳои бурунрафт аз мушкилоту муаммоҳоро меҷӯянд. Ин аст, ки қаҳрамони романи “Ҳақиқати дурӯғин” Тара бад-он талош мекунад, ки парда аз ҳақиқатҳои дурӯғин бардорад ва мардумро аз воқеияти ихтилофоти мазҳабӣ ва вусъати хатару даҳшати бархурдҳои динӣ огоҳ сохта, аз ин тариқа иттиҳоду ҳамбастагиро миёни табақаҳои иҷтимоӣ ва қишрҳои маданӣ таъмин намояд.

   Устод Ҳабибулло Раҷабов минҳайси донишманду муҳаққиқи матраҳи ватанӣ ҳадафи таҳқиқро дар муқаддима ва охирсухани китоби  “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд” мухтасар ишора мекунад ва ба ақли солими ҷомеа гӯшзад менамояд, ки дар роҳи ҷилавгирӣ аз хатарҳои глобалӣ, ки маъмулан реша дар бархурдҳои мазҳабӣ доранд, бетараф набошанд ва сарнавишти хешро ба дасти худ таъйин намоянд, на ин ки бо ҳузури бегонагони истилогар мамлакатро ба гирдоби вабою балоҳои нав гирифтор созанд (ниг.: Раҷабов, Ҳабибулло. Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд. –Душанбе: “ЭР-Граф”, 2022. –С.9). Дар маҷмуъ, хатти машйи таҳқиқии устод Ҳ. Раҷабов нишон додани миқёсу масоҳат, ҷуғрофиё, решаю иллатҳои  зуҳур, паёмадҳои даҳшатбори бархурдҳои мазҳабӣ ва ихтилофоти ақидатӣ дар минтақа (манзур Ҳиндустон аст) мебошад. Албатта, муаллиф танҳо тасвири ҳаводиси соли 1947 – замони тақсимшавии Ҳиндустонро минҳайси марҷаъи таҳқиқӣ қарор дода, дар ин замина хомафарсоӣ кардааст, аммо дар доираи мавзуъ муҳаққиқ хеле фаротар рафта, бар мабнои воқеиёти имрӯзӣ ва шароити муосири бархурдҳои геополитикӣ ҷуғрофиёи баррасиҳояшро густариш бахшидааст.

   Аз ҳама муҳим, ҳиндшиноси миллӣ устод Ҳабибулло Раҷабов ҳинни баррасӣ ва таҳқиқи масъалаи бархурдҳои мазҳабӣ аз нигоҳи адибони тараққипарвари Ҳинд бо қаҳрамонони асарҳо ҳамдостон мешавад ва фоҷеаву мусибатҳои мардуми минтақаро ба унвони фоҷеаи миллии тамоми мардуми тараққипарвари ҷаҳон муаррифӣ месозад. Яъне, муҳаққиқ миқёсу густураи сарнавишти талхи мардуми Ҳиндро, ки бар асари тақсимшавии мамлакат ба ду кишвари алоҳида – Ҳиндустон ва Покистон (соли 1947) ва дар ин замина тезутунд шудани бархурдҳои мазҳабӣ шакл гирифтааст, бар мабнои тасвиркориҳои адибони маъруф Биҳишма Саҳнӣ, Иброҳим Ҷалис, Моҳан Ракеш, Миҳир Мукҳопадҳай, Раҷендра Сингҳ Бедӣ, Вишну Прабҳакар, Абдул Бисмиллоҳ, Хушвант Синҳ, Хоҷа Аҳмад Аббос, Кришан Чандар ва Яшпал мушаххас мекунад. Гузашта аз ин, устод Ҳабибулло Раҷабов дар так-таки навиштаҳои китоби “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд” пурсишҳои калидиеро аз ин даста ба ҷомеа ва бавежа, насли нави интеллигенсия арз медорад:

   -чаро инсонҳо ба ин дараҷа ваҳшиянд?;

   -то ба кай ин вазъ идома меёбад?;

   -магар ба ҳам дарафтодан ва гулӯи якдигар даридан шармандагӣ нест?;

   -чаро дигарон дар баробари ваҳшоният ва беадолатӣ сукут ва хомӯширо ихтиёр мекунанд?;

   -чаро ҷиҳати ҳалли масъала ва пойин бурдани сатҳи ҷаҳолату хурофоти мазҳабӣ ҷаҳду талош намекунанд?;

    -чаро мардум ва махсусан, аҳли зиё ва фарҳанги ҷомеа ба сарнавишти мардум ва ҷомеа бетафовуту бетарафанд?;

   -чаро мардум ба таври дастҷамъӣ ва саросарӣ бо мушкилоту хатароту таҳдидоту чолишҳои имрӯзӣ, ки ҷомеа ва мардумро ба чоҳи бетаги ҷаҳолат мекашанд, мубориза намебаранд ва муқовимату муқобилият намекунанд?;

     -чаро дар баробари барномарезиҳои геополитикии хориҷӣ гузина-алтернативаҳои муосири миллӣ таҳия, коркард ва мавриди татбиқ қарор намегиранд ё ин ки ин гуна иқдомот муассир ва корсоз нестанд?

       Ба ин тартиб, устод Ҳабибулло Раҷабов дар таҳқиқи забону адабиёт ва фарҳангу маданияти Ҳинд хидматҳои арзандаву шоистаи илмӣ-ихтисосӣ карда, хатти пайванди адабу фарҳанги моро ба мардуми Ҳинду Покистон мушаххас намудааст. Ҳар як асар ва таълифи устод Раҷабов, чи осори таҳқиқӣ ва чи мероси тарҷумавию таълимии ӯ моро ба фикр кардан сари мавзуоти муҳимми рӯз вомедоранд. Воқеан, ҳадафи таҳқиқ ҳам ҳамин аст ва гар асари илмӣ-таҳқиқӣ ва умуман, ҳар таълифи адабӣ-бадеӣ, публитсистӣ ва амсоли инҳо ҳадаф надошта бошад, ба дарде намехурад.

        Бо даст додани фурсат, шахсан аз номи худ ва аз номи кулли ҳамкорону ҳампешагону ихлосмандон 80-умин солгарди умри устод Ҳабибулло Раҷабовро табрик намуда, барояш беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

     Солрӯз хуҷаставу фархунда бод, устоди гиромӣ!

 Нозим Нурзода

 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 
Хондан 84 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Садои дӯстӣ ва қаламрави ҳамбастагӣ